Ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқӣ

Соҳибкорони алоҳида (инфиродӣ) намояндагони онҳо ва намояндагони андозсупоранда (агенти андоз) дар баробари ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (минбаъд – КҲМ).

Ҷавобгарии маъмурӣ як навъи ҷазои ҳуқуқӣ аст. Он танҳо ҳангоми ҳуқуқвайронкунӣ сар мезанад. Намудҳои гуногуни рафтору кирдори ғайриқонунӣ боиси татбиқи ҷавобгарии гуногуни ҳуқуқуқӣ мегардад.

Ҷавобгарии маъмурӣ як қатор хусусиятҳо дорад:

  1. Он назар ба ҷавобгарии ҷиноӣ сабуктар буда, боиси ба суд кашидани шахсе намегардад, ки нисбаташ татбиқ мешавад. Лозим ба таъкид аст, ки оқибати  ҳуқуқии ҷазои маъмурӣ додан аз рӯи қонунгузорӣ бо фосилаи мӯҳлати яксола  муайян карда шудааст.
  2. Ҷавобгарии маъмурӣ дар ҷазои махсус додани шахс –  на ҷазои маҳз маъмурӣ ифода меёбад.
  3. Ҷазои маъмуриро мақомоте (шахси мансабдоре) медиҳад, ки гунаҳкор аз рӯи хизмат тобеи он нест.
  4. Чораҳои ҷавобгарии маъмуриро мақомот ва мансабдорони ваколатдор  татбиқ менамоянд.
  5. Қоидаи  баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба мурофиаи  ҷиноятӣ ва гражданӣ осонтару оҷилтар аст.

Гунаҳкор барои ҳуқуқвайронкунӣ  ба шарте ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ки агар хусусияти ин ҳуқуқвайронкунӣ мувофиқи қонунҳои ҷорӣ сабабгори ҷавобгарии ҷиноятӣ нагардад.

Муқаррар гардидааст, ки (мод.8 КҲМ) асноде, ки ҷавобгариро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сабук ё бекор мекунанд, қувваи ақибгард (таъсири баръакс) доранд, яъне нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳое ҳам татбиқ карда мешаванд, ки пеш аз баровардани ҳамин аснод содир шудаанд. Асноде, ки ҷавобгариро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар ё пурзӯр менамоянд, қувваи ақибгард (таъсири баръакс) надоранд.

Мутобиқи мод. 35 КҲМ дар сурати аз тарафи як шахс содир шудани ду ё зиёдтар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ҳар як  ҳуқуқвайронкунӣ ҷазои маъмурии  алоҳида дода мешавад.

Агар шахс якчанд ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир карда бошад, ки парвандаи онҳо дар як вақт баррасӣ мешавад, ҷазо дар доираи муҷозоте таъин карда мешавад, ки барои ҳуқуқвайронкунии  ҷиддитар муқаррар  шудааст. Қонунгузории маъмурӣ бар хилофи қонунгузории андоз ва ҷиноятӣ  имконияти якҷоя кардани  ҷазоҳои барои чанд ҳуқуқвайронкунӣ таъиншударо пешбинӣ наменамояд.

Шахс мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи мод. 35 КҲМ, ба истиснои  ҳолатҳое, ки парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниро худи ҳамон як  мақом (шахси мансабдор) дида мебарояд, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Аз шахсе, ки аз рӯзи тамом шудани иҷрои ҷазо дар давоми    як сол  ба ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ роҳ надодааст, доғи ҷазои маъмурӣ бардошта мешавад.

Аз рӯи қонун қарори додани ҷазои маъмурӣ барои гунаҳкор боиси оқибати муайяни ҳуқуқӣ  мегардад. Чунончӣ, дар давоми як сол такроран содир кардани ҳуқуқвайронкунии  якхелае, ки шахс барояш гирифтори ҷазои маъмурӣ шуда буд, яке аз ҳолатҳое дониста мешавад, ки ҷавобгарии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вазнин месозад.

Моддаи 37  КҲМ  муқаррар менамояд, ки  ҷазои маъмурӣ на дертар аз се моҳи баъди содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ дода мешавад ва агар  ҳуқуқвайронкунӣ давом дошта бошад, баъди се моҳи ошкор шудани он дода шуданаш мумкин аст.

Дар мавриди сар накардан ё худ қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ба шарте, ки рафтори шахси гунаҳкор аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дошта бошад, ҷазои маъмурӣ на дертар аз як моҳи қабул гардидани қарори сар  накардан ё қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ дода шуданаш мумкин аст.

Ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқӣ барои қонуншикании андоз дар моддаҳои 164, 164 (1), 165 ва 165(2) КҲМ пешбинӣ шудааст. Дар ин моддаҳо намудҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҳуқуқӣ (қонуншикании ҳуқуқи маъмурӣ) барои қонуншикании андоз ва муҷозоти он оварда шудаанд.

Бояд    дар назар дошт, ки агар қонуншикании ҳуқуқи андоз ҷавобгарӣ дошта бошад, ки дар ин маврид  андозаи музди меҳнати андозбандинашаванда ҳисоб карда шудааст, пас   ҷазоҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва ҳуқуқи ҷиноӣ ба андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат ҳисоб карда мешавад53.

Бисёр  намудҳои  ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқӣ ва ҷиноятии ҳуқуқӣ  барои риоя накардани қонунгузории андоз бо намудҳои дахлдори ҷавобгарии  молиявии ҳуқуқӣ монанди объекти қонуншиканӣ, ҷиҳати объективии қонуншиканӣ, ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ доранд.

Фарқи калони байни онҳо иборат аз он аст, ки дар ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқӣ ва ҷиноятии ҳуқуқӣ барои қонуншиканӣ субъекти қонуншиканӣ  шахсҳои воқеӣ –  соҳибкори алоҳида (инфиродӣ), намояндагони  қонунӣ ё ваколатдори андозсупоранда, ё худ агенти андоз ва ё бонк ё ин ки дигар муассисаи молиявии кредитӣ мебошанд.

Муҷозоти андоз, ки бо санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, дар асоси  тафтиши ҳуҷҷатҳои андозсупорандагон аз тарафи мақомоти андоз, ки бо ҳисоб кардан ва пардохтани андоз вобастаанд ва ҳамчунин таҳқиқи ҳар гуна бинои истеҳсолию тиҷоратӣ, анбор ва дигар биноҳои андозсупоранда, ки бо гирифтани фоида (даромад) ё дигар объектҳои андозбандишавандаи ҳамаи ташкилотҳо,  қатъи назар аз шаклҳои моликият, алоқаманданд, татбиқ карда мешавад.

Ғайр аз талабҳои барҳам додани қонуншиканӣ, ки иҷрояшон барои андозсупоранда ҳатмӣ аст ва ҳамчунин пешниҳоди гузаронидани маблағи андоз барои объекти андозбандинашудаи пинҳондошта ва ё ба ҳисобнагирифта, дар санади тафтишот бояд ҷазои қонуншикании пешбининамудаи қонунгузории андоз зикр шуда бошад.

Аз рӯи қонуншиканиҳое, ки бояд мақомоти андоз гунаҳкоронро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, нисбати  ҳар шахси мансабдор ё шахси воқеӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маводи тафтишот замима карда мешаванд54

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин намудҳои ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқиро барои қонуншикании андоз пешбинӣ намудааст:

1. Қисми якуми мод. 164 муқаррар менамояд, ки барои риоя накардани тартиби машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, барои бидуни бақайдгирӣ машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ба андозаи аз 10 то 30 ҳадди ақалли музди меҳнат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Мутобиқи моддаи 31 Кодекси андоз шахсҳои воқеӣ -соҳибкорон ва шахсҳои ҳуқуқӣ бояд ба мақомоти  андоз барои гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда дар давоми 10 рӯзи баъди бақайдгирӣ (барпо кардани) ё худ оғоз кардани фаъолияти соҳибкорӣ муроҷиат намоянд. Ин ашхос ӯҳдадор мешаванд, ки рақами мушаххаси андозсупорандаро дар декларатсияи  (баённомаи) андоз, ҳисобнома-фактураҳо, мукотибот бо мақсади андоз ва ҳуҷҷатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузорӣ зикр кунанд. Мутобиқи моддаҳои 177-181 Кодекси андоз ҳамаи шахсони воридкунандаи мол ва  супорандагони ААИ (андози арзиши иловашуда) бояд дар мақомоти андоз ба мақсади ААИ ба қайд  гирифта шаванд.

Дар моддаи 103 Кодекси андоз мақомоти андоз вазифадор карда шудаанд, ки андозгирандагон ва объектҳои андозбандишавандаро пурра ва саривақт ба ҳисоб гиранд.  Риоя нашудани ин ӯҳдадории андозсупоранда боиси раво дидани муҷозоти мазкур мегардад.

Ин муҷозот аз нуқтаи назари ҳуқуқ нисбати ҳар қонуншикание, ки ҳангоми фаъолияти соҳибкорӣ ба он роҳ дода шудааст, татбиқ карда шуда метавонад, чунки меъёри он аниқ муайян карда нашудааст.

Дар қисми дуюми  мод.164 КҲМ пешбинӣ шудааст, ки барои дар давоми сол такроран роҳ додан ба чунин қонуншиканӣ аз 30 то 50 ҳадди ақалли музди меҳнат ҷарима андохта мешавад.

Дар қисми сеюми ҳамон моддаи КҲМ пешбинӣ гардидааст, ки  дар сурати бе иҷозати (литсензияи)  махсусе, ки он зарур буда, бо қонун муқаррар карда шудааст, машғул шудан бо соҳибкорӣ ё худ машғул шудан бо намудҳои манъгардидаи фаъолияти соҳибкорӣ ба андозаи аз 50 то 100 ҳадди ақалли музди меҳнат ҷарима андохта, маҳсулоти тайёркарда ва асбобу ускунаи соҳибкорӣ мусодира карда мешавад.

Қонунгузорӣ навъҳои фаъолиятеро пешбинӣ кардааст, ки соҳибкор танҳо дар сурати доштани иҷозати (литзензияи) махсус ба онҳо машғул шуда метавонад. Навъҳои фаъолияти литсензияшаванда дар санадҳои гуногуни қонунгузорӣ (чунончӣ, дар қонунҳои «Дар бораи энергетика», «Дар бораи нақлиёт», «Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ» ва ғайра муқаррар карда шудаанд. Литсензияро мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

Ғайр аз ин, дар қонунгузорӣ навъҳои муайяни фаъолияте муайян  гардидаанд, ки сохторҳои тиҷоратӣ бо онҳо машғул шуда наметавонанд (масалан,  эмиссияи пул, фаъолияти  гумрук ва андоз).

Ин муҷозот ҷавобгарии ёдшударо дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои машғул шудани андозсупорандагон бо фаъолияти литсензияшаванда ё худ манъшуда пешбинӣ менамояд.

2. Дар қисми якуми мод. 164 (1) пешбинӣ гардидааст, ки шахс (андозсупоранда) барои надоштани ҳисобрасии даромад ё аз рӯи тартиби муқарраргардида ҳисобрасӣ накардани он, пешниҳод нанамудан ё худ  дер пешниҳод кардани декларатсия, ҳисоботу баланс ва ҳуҷҷатҳои дигар ё ки ба декларатсия, ҳисоботу баланс ва ҳуҷҷатҳои дигар дохил  намудани   маълумоти ғалат ба андозаи аз 30 то 50 ҳадди ақалли музди меҳнат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида  мешавад.

Мутобиқи моддаи 43 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахс вазифадор аст, ки муомилотеро, ки боиси ба миён омадани ӯҳдадории андозсупории он шахс шуда метавонад, бо ҳуҷҷат асоснок намояд. Ин ҳуҷҷатҳоро шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд мутобиқи санадҳои  меъёрии   Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати даромадҳо ва  пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нависанд. Ҳуҷҷатҳои мазкур бояд 5 сол нигоҳ дошта шаванд.

Декларатсияҳои андозро, ки дар он маблағи ӯҳдадории андозсупорӣ ҳисобрасӣ карда шудааст, андозсупоранда (агенти андоз) бояд хонапурӣ намуда, дар мӯҳлати муайянкардаи қонун аз рӯи намунаю тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мақомоти андоз пешниҳод кунанд (мод.44 КА ҶТ)

Ин вазифаро иҷро кардани андозсупоранда (агенти андоз) ба мақомоти андоз имконият медиҳад, ки вазифаи худро доир ба назорати ғайриозимии  (сайёри) дурустии ҳисобкунӣ, пурра ва саривақт пардохтани андоз ба буҷет (фонди)  давлатӣ баҷо оваранд.

Қисми дуюми моддаи  164(1) барои  пинҳон доштани (кам нишон  додани) фоида (даромад), пинҳон доштани дигар объектҳои андозбандӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, сари вақт ба буҷет нагузаронидани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки боиси андохтани ҷарима ба маблағи аз 50 то 100 ҳадди ақалли музди меҳнат мегардад, ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар менамояд.

Муҷозот шахсони мансабдори андозсупоранда – шахсони   ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ – соҳибкорони алоҳида (инфиродӣ)-ро маҷбур  месозад, ки  ӯҳдадории андозсупориро дар назди давлат пурра ва сари вақт ба ҷо оваранд. Муҷозот ҳама гуна аъмоли ғайриқонунии содиркарда ва ошкоргардида – пинҳон доштан ё худ кам нишон додани фоида (даромад) ва ё пинҳон доштани дигар объектҳои андозбандишаванда ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ё ин ки саривақт ба буҷет нагузаронидани пули андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пешгирӣ мекунад.

Пинҳон доштани даромад  (фоида) ҳамчун қонуншикании молиётӣ пеш аз ҳама дар ҳисобрасии шӯъбаи муҳосиба инъикос наёфтани пули савдо (маҳсулот, хизматрасонӣ, фондҳои асосӣ) ва даромад аз муомилоти амалинашуда: (а) ба дафтари мадохил надаровардани маблағи воридшуда; (б) ба дафтари мадохил надаровардани моли бартерӣ; (в) ба фоидаи балансӣ надаровардани даромади муомилоти амалинагардида; (г) ба дафтари ҳисоб надаровардани маблағи аз ҳисобномаҳо гузарондашуда ҳангоми гузашт кардани талабот ва гузаронидани қарз ба контрагент мебошад.

Кам нишон додани даромад (фоида) нодуруст ҳисоб кардани манбаи молиётии даромад зимни дар ҳисоб дуруст инъикос ёфтани пули савдо (фурӯш) мебошад. Ҷолиби диққат аст, ки кам нишон додани даромад боиси кам  пардохтани боҷу хироҷҳои  дигар намегардад.  

Усулу воситаҳои басо маъмули кам нишон додани даромад чунинанд: (а) ғайриқонунӣ ба арзиши аслӣ нисбат додани хароҷот; (б) инъикос накардан ё  худ нодуруст инъикос кардани фарқи қурби асъор аз рӯи муомилот; (в) дар сурати  мавҷуд будани фонди таъмир ба арзиши аслӣ нисбат додани хароҷоти таъмир; (г) нодуруст аз ҳисоб баровардани зиён; (д) ба манбаи андоз дохил накардани даромади амалинашудае (дастнадодае), ки дар дафтари ҳисоби шӯъбаи муҳосиба дар ҳисобномаҳои дигар дарҷ ёфтааст; (е) саҳви ҳисобкунӣ ҳангоми ҳисобу китоби фоида бо мақсади кам нишон додани он.

Пинҳон доштан ё худ ба ҳисоб нагирифтани объекти андозбандишаванда ба ҳамаи объектҳо, ғайр аз  даромаду фоида дахл дорад. Дар ин ҳолат маблағи андоз ва ҷарима ба ҳамон миқдор ситонида мешавад. Нишонаи асосии пинҳон доштани объект – дар дафтари ҳисоби корхона дарҷ наёфтани маълумоти ибтидоии далелнок доир ба ин ё он объекти андозбанди-шаванда аст. 

Ҳамаи тарзу усулҳои пинҳон доштани даромад (фоида) боиси пинҳон доштани объектҳои андозбандишаванда аз рӯи андозҳои гуногун (масалан, андози арзиши иловашуда, аксиз, андози истифода кардани роҳи автомобилгард) мегардад.  Ба дафтари мадохилот дарҷ накардани сарватҳои моддӣ боиси пинҳон доштани объекте мешавад, ки аз рӯи он андози амвол месупоранд.

3.Қисми якуми мод. 165 КҲМ барои тартиби кушодани суратҳисоби шахсҳои ҳуқуқиро риоя накардани муассисаҳои бонкӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ менамояд, ки он боиси аз 30 то 50 ҳадди ақалли музди меҳнат андохтани ҷарима мегардад.

Қисми дуюми мод.165 КҲМ барои маълумотро оид ба суратҳисобҳои бонкӣ ба мақомоти андоз пешниҳод накардан ё худ дер пешниҳод кардани муассисаҳои бонкӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ кардааст, ки он боиси аз 50 то 70 ҳадди ақалли музди меҳнат андохтани ҷарима мегардад.

Қисми  сеюми мод. 165 КҲМ барои иҷро накардан ё кашол додани иҷрои супориши андозсупорандагон (дар сурати  будани маблағ дар суратҳисоби онҳо) доир ба буҷет гузарондани пардохтҳои андоз, барои ҳамчун захираи кредитӣ истифода кардани маблағи ба буҷет нагузарондаи пардохти андоз ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ менамояд, ки дар натиҷаи он роҳбарони муассисаҳои бонкӣ ба андозаи маоши  вазифавӣ барои ҳар 10 рӯзи кашол додани иҷрои супориш ҷарима карда мешаванд.

Ин ҷавобгарии маъмурӣ ба ҷавобгарии молиявии ҳуқуқӣ, ки мод.83 Кодекси андоз барои муассисаҳои бонкӣ муқаррар кардааст, монанд аст.

4. Дар мод. 165(2) КҲМ ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани талабҳои қонунии мақомоти андоз ва шахсҳои мансабдори онҳо ё худ барои монеъ шудан ба амалӣ гардонидани ҳуқуқи онҳо пешбинӣ шудааст, ки он боиси аз 10 то 20 ҳадди ақалли музди меҳнат, ба роҳбарон ва шахсони мансабдору андозсупорандагон – шахсони ҳуқуқӣ бошад, ба андозаи аз 20 то 50 ҳадди ақалли музди меҳнат андохтани ҷарима мегардад.

Ин шакли ҷавобгарии маъмурӣ ба ҷавобгарии молиявии ҳуқуқии муқаррарнамудаи моддаҳои 84 ва 86 Кодекси андоз монанд аст.

Дар мод. 242(2) КҲМ муқаррар карда шудааст, ки мақомоти андоз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки дар моддаҳои 164, 164(1), 165 ва 165(2) пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.

Ҳуқуқи баррасӣ кардани парвандаҳои ҳуқуқвайрон-куниҳои маъмурӣ ва андохтани ҷаримаи маъмуриро  аз рӯи масъалаҳои андозбандӣ шахсҳои мансабдори зерин доранд: (1) роҳбарони мақомоти андоз ва ҷонишинони онҳо; (2) сардорони раёсатҳои (шӯъбаҳои) Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ ва бахшҳои он дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, дар ш.Душанбе ва ҷонишинони онҳо; (3) сарнозирони андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ.

Дигар шахсон ҳуқуқи баррасӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва андохтани ҷаримаи маъмуриро аз рӯи масъалаҳои андозбандӣ надоранд. Дар қонунгузорӣ ба каси дигар вогузоштани чунин ҳуқуқ пешбинӣ нашудааст.

Умуман номгӯи намудҳои ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқӣ барои қонуншикании молиётӣ, ки дар КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, барои  ситонидани пули андозҳои муқарраргардида ба буҷет ё фонди давлатӣ пурра ва кофианд.


53 Соли 2002 њадди аќалли  даромади андозбандинашаванда баробари 2 сомонї буд, вале њадди аќалли   музди мењнат ба андозаи 4 сомонї муќаррар шуда буд.

54 Данилкевич Л.И., Балеевских М.М., Степанова Л.А.  Уплата налогов. Практика  применения современного налогового законодательства РФ.-М.: Книжный мир, 1998.-с.18-19.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.