Санадҳои асосии қонунгузории андоз

Санадҳои асосии қонунгузории андоз ва асноди дигаре,

ки андозбандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

танзим мегардонанд

1. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 1998 №664 (бо тағйироту иловаҳои минбаъда).

2. Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар референдуми умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст. Дар референдуми умумихалқии 26 сентябри соли 1999 тағйиру иловаҳо дохил карда шудааст.

3. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми якум аз 30 июни соли 1999.

4. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми дуюм аз 11 декабри соли 1999.

5. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо назардошти тағйиру иловаҳои минбаъда).

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 №200 «Дар бораи тарифи гумрукӣ» (бо назардошти тағйиру иловаҳо).

7. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 №192 «Дар бораи ратификатсияи Асосҳои қонунгузории гумрукии давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил».

8. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1998.

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1992 №496 «Дар бораи боҷи давлатӣ» (бо назардошти тамоми тағйиру иловаҳои минбаъда).

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 1992 №698 «Дар бораи аъзои Фонди байналхалқии асъор, Бонки байналхалқии таҷдид ва рушд, Ассотсиатсияи байналхалқии Тараққиёт, Корпоратсияи байналхалқии молия ва бисёрҷонибаи кафолати амонат шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон».

11. Қарори Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 1992 №954 «Дар бораи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки таҷдид ва Рушди Европа».

12. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 №179 «Дар бораи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқии Вена».

13. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 №184 «Дар бораи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи муносибатҳои дипломатии Вена».

14. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 №336 «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Бонки исломии рушд».

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1999 №60 «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» (бо назардошти тамоми тағйиру иловаҳои минбаъда).

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 №698 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ».

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 маи соли 1999 №750 «Дар бораи ҳисобрасии бухгалтерӣ».

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1999-2002.

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 №902 «Дар бораи муқаррар кардани коэффитсиентҳои индексатсияи меъёри хироҷи (андози) замин».

20. Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукаратаи даромад ва амвол (бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 №367 тасдиқ карда шудааст).

21. Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата ва огоҳонидан аз саркашӣ кардан аз пардохти андози даромад ва сармоя (бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997 №437 тасдиқ карда шудааст).

22. Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата ва огоҳонидан аз саркашӣ кардан аз пардохти андози даромад ва сармоя (бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 №70 тасдиқ карда шудааст).

23. Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ кардан аз пардохти андози даромад ва сармоя (бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1999 №701 тасдиқ карда шудааст).

24. Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус «Дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ кардан аз пардохти андози даромад ва амвол» (бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 маи соли 1999 №773 тасдиқ карда шудааст).

25. Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи принсипҳои ситонидани андозҳои бавосита ҳангоми содироту воридоти мол, кор ва хизматрасонӣ (бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 №806 тасдиқ карда шудааст).

26. Созишнома дар бораи принсипҳои ситонидани андозҳои бавосита ҳангоми содироту воридоти мол, кор ва хизматрасонии байни давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 №807 тасдиқ карда шудааст».

27. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 №141 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби додани рақами андозсупорандагон».

28. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 1999 №186 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард».

29. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 маи соли 1999 №188 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани хироҷи (андози) замин».

30. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1999 №238 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андоз».

31. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1999 №239 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андози даромади шахсҳои воқеӣ».

32. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1999 №240 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи ҳисоб кардан ва ба буҷет пардохтани андози амволи корхонаҳо».

33. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1999 №241 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андози арзиши иловашуда».

34. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1999 №242 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт».

35. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 1999 №292 «Дар бораи муқаррар намудани маҳдудияти (лимити) зарурии андозбандинашавандаи шароби ангурӣ ва мевагие, ки шахсҳои воқеӣ месозанд ва барои истеъмоли худ истифода менамоянд».

36. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 1999 №341 «Дар бораи тасдиқ кардани тартиби пардохти андози фурӯш (пахта ва алюминий).

37. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1999 №449 «Дар бораи тартиби ҳисоб кардани андози даромад ва пардохтпулии иҷтимоӣ аз соҳибкорони инфиродӣ дар асоси патент».

38. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 №44 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд бо тартиби содда месупоранд».

39. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 №45 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1999 №241 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби ҳисоб намудан ва пардохтани андози арзиши иловашуда».

40. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1999 №253 «Дар бораи меъёрҳои ҳиссагузорӣ ба фондҳои захиравии (эҳтиётии) суғурта ва ба захираҳои маблағгузорӣ кардани чораҳои пешбинишуда аз даромади шахсҳои ҳуқуқие, ки бо фаъолияти суғурта машғуланд».

41. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 №46 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби ҳаллу фасли баҳси андозсупорандагон бо мақомоти андоз».

42. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 №48 «Дар бораи тасдиқ кардани тартиби ба режими консерватсия гузаронидани амволи корхонаҳо».

43. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2000 №61 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва ба буҷет пардохтани андози даромади шахсони ҳуқуқӣ».

44. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2000 №119 «Дар бораи тартиби ҳисоббаробаркунии марказонидашуда бо Буҷети давлатӣ аз рӯи пардохти андоз».

45. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2000 №138 «Дар бораи тасдиқ кардани Дастуруламал «Дар бораи тартиби ба ҳабс гирифтани амволи шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва ҳамчунин истифодаи он бо мақсади саривақт ба буҷет ворид шудани маблағи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ».

46. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 маи соли 2000 №216 «Дар бораи тасдиқ кардани Рӯйхати намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз онҳо андози даромад ва пардохтпулиҳои иҷтимоӣ дар шакли ҳаққи патент ситонида мешавад ва Тартиби патент гирифтани шаҳрвандоне, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданианд».

47.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 №260 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои андозбандӣ» (тағйирот ба Дастуруламалҳо доир ба масъалаҳои андозбандӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.с.99 №186, аз 18.06.с.99 №238, аз 18.06.с.99 №239, аз 18.06.с.99 №240, аз 18.06.с.99 №241, аз 04.08.с.99 №341, аз 04.02.с. 2000 №61 ворид карда шудаанд) тасдиқ гардидаанд.

48. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2000 №308 «Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Дастуруламали ҳисоб кардан ва пардохтани андози арзиши иловашуда».

49. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 №504 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Дастуруламал «Дар бораи тартиби додани рақами андозсупорандагон».

50. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000 №513 «Дар бораи тасдиқ кардани «Тартиби муайян намудани меъёри роялти ҳангоми бастани қарордодҳои конҳои канданиҳои фоиданок», «Тартиби ҳисоб кардани бонусҳо», «Тартиби муайян кардани меъёри дохилии фоида» ва «Тартиби гузаронидани экспертизаи андози қарордодҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ».

51. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 1993 №587 «Дар бораи меъёрҳои боҷи давлатӣ» (бо назардошти тамоми тағйиру иловаҳои минбаъда).

52. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 1999 №1 «Дар бораи тарифи гумрукӣ» (бо назардошти тамоми тағйири минбаъда).

53. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 №210 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи ҳисобу китоби арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон».

54. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 маи соли 2000 №222 «Дар бораи номгӯи навъҳои асосии ашёи хом, мавод, захираҳои энергетикӣ ва таҷҳизоте, ки корхонаи алюминии Тоҷикистон барои истеҳсоли алюминии хом ворид намуда, аз пардохти андози арзиши иловашуда озод карда шудаанд».

55. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 №533 «Дар бораи муқаррар кардани меъёри аксизи молҳои ҷудогонае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шуда, аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд».

56. Фармони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1999 №163 «Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи пешбурди ҳисобрасии муҳосибавӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».

57. Фармони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1999 №153 «Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи ҳисобрасии муҳосибавӣ «Оиди баҳисобгирии амвол ва ӯҳдадории корхонаҳо, ки арзиши онҳо ба асъори хориҷӣ ифода ёфтааст».

58. Низомнома дар бораи тартиби ташаккул додан ва истифода кардани фонди ҷуброни зиёни имконпазир аз рӯи қарзҳо, ки аз тарафи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон 23 декабри соли 1996 ва аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 1997 (бо назардошти тағйироти минбаъда) тасдиқ карда шудааст.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.