Маълумоти умумӣ оиди ҳуқуқи андози ҶТ

Нақша

1.Мафҳум, предмет ва принсипҳои ҳуқуқи андоз

2. Система ва намудҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Андоз ва боҷи гумрукӣ

4. Вазифаи андозбандӣ ва шаклҳои амалӣ гардонидани он дар

    муносибатҳои бозоргонӣ

1. Мафҳум, предмет ва принсипҳои ҳуқуқи андоз

Ҳуқуқи андоз гуфта, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиеро меноманд, ки муносибатҳои ҷамъиятии фаъолияти дар бахши андозбандӣ ба вуҷуд меомадаи давлатро танзим менамоянд. Дар давраи иқтисодиёти бозоргонӣ нақши фаъолияти давлат дар  бахши андоз, сиёсати андоз, механизми рӯёнидани андоз меафзояд, чунки андоз ба сифати сарчашмаи асосии буҷети давлатӣ баромад мекунад[1].

Сиёсати нави андоз дар ҷумҳурии мо бо ҷорӣ намудани низоми нави андоз, ки бо кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешбинӣ шудааст, алоқаманд мебошад. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав 1 августи соли 2012, №399 қабул гардида, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шудааст. Кодекси андоз аз ду қисм, 18 фасл, 50 боб ва 329 модда иборат аст.

Предмети ҳуқуқӣ андозро муносибатҳои ҷамъиятие ташкил медиҳанд, ки байни мақомоти давлатии андоз, андозсупорандагон ва намояндаҳои андоз оид ба пардохти андоз ба зинаҳои гуногуни буҷет ба вуҷуд меоянд, ташкил медиҳад.

Принсипҳои ҳуқуқи андоз гуфта асосҳои ибтидоиеро меноманд, ки мазмуни ҳуқуқи андозро таҷассум намуда, самтҳои инкишофёбии онро муайян менамоянд.

Присипҳои соҳавии ҳуқуқи андоз инҳо мебошанд:

а) принсипи қонуният;

б) принсипи қувваи баргарданда надоштани қонун;

в) принсипи андозбандии якбора;

г) принсипи имтиёзи андозбандӣ;

д) принсипи резидентӣ ва ѓайраҳо.

2.Система ва намудҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Системаи андози мамлакати мо аз маҷмӯи андозҳо, принсип- ҳо, шаклу усулҳои муқаррар намудан, таѓйир додан ва бекор кардан, пардохтан ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пардохти онҳо, инчунин, сохтори ташкилии мақомоти андоз шаклу усулҳои назорати андоз ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз иборат аст, ки дар моддаи 4 КА ҶТ дарҷ ёфтааст.

 Мувофиқи кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав низ ду намуди асосии андозро фарқ кардан зарур аст:

а) андозҳои умумидавлатӣ;

б) андозҳои маҳаллӣ.

Андозҳои умумидавлатӣ чунин андозҳое мебошанд, ки ба буҷети давлатӣ пардохта мешаванд. Маъмултарин андозҳои давлатӣ чунинанд: андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо, андоз аз фоида ва ѓайраҳо.

     Қайд кардан зарур аст, ки дар кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аниқтараш дар моддаи 6 номгӯи андозҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ оварда шудаанд ва зарурияти дар ин ҷо дарҷ намудани ин модда эҳсос карда мешавад.

Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:

1) андоз аз даромад;

2) андоз аз фоида;

3) андоз аз арзиши иловашуда;

4) аксизҳо;

5) андози иҷтимоӣ;

6) андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ;

7) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

8) андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия;

Ба андозҳои маҳаллие, ки бо КА ҶТ муқаррар шудаанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди амал қарор дода мешаванд, ки инҳо дохил мешаванд:

1) андоз аз воситаҳои нақлиёт;

2) андозҳо аз молу мулки ѓайриманқул.

      Маблаѓи аз ҳисоби андозҳои умумидавлатӣ воридгардида байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Маблаѓҳо аз ҳисоби андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои маҳаллии дахлдор ворид карда мешаванд.

Дар фасли XVI КА ҶТ дар таҳрири нав низомҳои махсуси андозбандӣ муқаррар карда шудаанд, ки тибқи онҳо категорияҳои алоҳидаи андозсупорандагон ӯҳдадоранд баъзе андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллии дар қисмҳои 2 ва 3 дар моддаи 6 КАҶТ дар таҳрири нав нишондодашударо тибқи тартиби соддакардашуда супоранд.

Ба низомҳои махсуси андозбандӣ инҳо дохил мешаванд:

– низоми андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд;

– низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;

– низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона);

– низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ.

Ҳамзамон дар фасли XVII Кодекси андоз дар таҳрири нав низомҳои имтиёзноки андозбандӣ муқаррар карда шудаанд, ки барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт додани имтиёзҳои андозии иловагиро пешбинӣ менамоянд.

Ба низомҳои имтиёзноки андозбандӣ инҳо дохил мешаванд:

1) Андозбандии сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ;

2) Хусусияти андозбандии корхонаҳои навтаъсисе, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дӯзандагӣ) машѓул мебошанд;

3) Андозбандӣ аз рӯи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот;

4) Асосҳои андозбандии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ.

Дар низоми   имтиёзноки    андозбандӣ   тартиби  махсуси андозбандӣ муқаррар шудааст, ки афзалиятҳои иловагии андозӣ – имтиёзҳои андозиро пешбинӣ менамояд.

Боҷи давлатӣ, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки тибқи қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, дар ҳаҷм ва бо тартибе пардохт карда мешаванд, ки қонунгузории зикргардида ва Кодекси андоз дар таҳрири нав муқаррар намудаанд. Расмиёти маъмурӣ оид ба назорати андоз аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдор ва мақомоти андоз ҷиҳати дуруст ҳисоб ва пардохт намудани онҳо тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси андоз ва қонунгузории дахлдор амалӣ карда мешавад.

Маблаѓҳо аз андозҳои умумидавлатӣ тибқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ тақсим карда мешаванд. Пардохтҳо аз рӯи андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ ворид мешаванд.

Ҷамъоварии андозҳои дар қисми махсуси Кодекси андоз дар таҳрири нав муқарраргардида аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда мешавад, агар қонунгузории андоз тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, андозҳо бо воҳиди пулӣ ҳисоб карда шуда, бо асъори миллӣ супорида мешаванд.

Ҷамъоварии андозе, ки дар қисми махсуси Кодекс зикр шудааст, ба истиснои андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда мешавад. Ҷамъоварии андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт аз ҷониби бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. 

     Озодкунӣ аз ҳама гуна андози умумидавлатӣ ё таѓйир додани меъёри андози пешбининамудаи кодекси андоз метавонад  бо роҳи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба кодекси андоз ва нисбати андозҳои маҳаллӣ  бошад – дар асоси қарорҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор  анҷом дода шавад.

Вобаста аз объекти андозбандишаванда, андозҳои бевоиста ва бавоситаро ҷудо кардан мумкин аст.

Андози бевосита гуфта, чунин андозеро меноманд, ки аз даромадҳои пулӣ ё бинобар доштани амволи муайян пардохта мешаванд. Андоз аз даромади аҳолӣ андоз аз молумулки шахсони  воқеӣ ва ѓайра аз  қабили чунин  андозҳоянд.

Андози бавосита бошад, ба арзиш ё нархи маҳсулот алоқаманд буда, вазнинии он ба дӯши истеъмолкунандагон гузошта мешавад. Ба чунин  намуди  андозҳо аксизҳо,  андоз аз  арзиши илова  маҳсубанд.

3.Андоз ва боҷи гумрукӣ.

Андоз пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи Кодекс ба буҷет ба ҳисоб рафта, ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад.

 Андозҳо бо воҳиди пулӣ ҳисоб карда шуда, бо пули миллӣ пардохт мешаванд, агар Кодекси андоз тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. (моддаи 7 КАҶТ)

Аз рӯи таърифи пешниҳодшуда якчанд нишонаҳои асосии андозро ҷудо намудан мумкин аст, аз ҷумла:

– пардохте мебошад, ки бо Кодекси андоз пешбинӣ шудааст ва ба буҷети давлатӣ супорида мешавад;

–  хусусияти ҳатмиро доро мебошад;

– пардохте мебошад, ки хусусияти инфиродиро дорад;

– барои пардохтгарони андоз бинобар супоридани андоз ягон подоше дода намешавад;

– андоз танҳо бо пули миллӣ пардохта мешавад, агар қонунгузории андоз тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. 

Ситонидани боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ тибқи қонунгузории гумрукӣ, Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, боҷи давлатӣ бошад тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ба танзим дароварда мешаванд. Ситонидани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки кодекси андоз муқаррар накардааст, тибқи қонунгузорӣ оиди дигар пардохтҳои ҳатмӣ танзим мегардад.

Дар қонунгузории қаблии кишвари мо ҳамаи мафҳумҳои дар боло нишондодашуда, аз қабили, андоз, боҷи давлатӣ ва боҷи гумрукӣ бо як қонун танзим мешуданд. Мувофиқи қонунгузории гузашта, зери мафҳуми андоз, хироҷ, боҷ ва пардохтҳои дигар маблаѓе фаҳмида мешуд, ки партохтгарон онро мувофиқи тартибу шартҳои муайянкардаи асноди қонунгузорӣ ба буҷети сатҳи дахлдор, ҳамчунин ба сармояи ѓайрибуҷетӣ ҳатман мепардозанд.

Новобаста аз таърифе, ки дар қонун «Дар бораи асосҳои низоми андоз» дода шуда буд, андоз, боҷ, ѓункунӣ дар  баробари хусусиятҳои умумӣ, фарқиятҳои куллӣ доранд.

Умумияташон аз он иборат аст, ки онҳо маблаѓи муайяншудаи пулие мебошанд, ки ба сатҳҳои гуногуни буҷет ворид мешаванд.

Тибқи муқаррароти моддаи 7 КА ҶТ дар таҳрири нав андоз пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи Кодекс ба буҷет ба ҳисоб рафта, ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад.

Андозҳо бо воҳиди пулӣ ҳисоб карда шуда, бо пули миллӣ пардохт мешаванд, агар Кодекси андоз тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Боҷи давлатӣ – маблаѓи пулиест, ки мақомотҳои давлатӣ аз шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ барои расонидани хизмати муайян мерӯёнанд. Масалан, гирифтани ҳуҷҷатҳо, ба расмият даровардани шартнома дар мақомоти нотариат ва ѓайра.

Боҷи гумрукӣ ҳангоми воридот ё содироти маҳсулот (мол) рӯёнида мешавад[2].

4. Вазифаи андозбандӣ ва шаклҳои амалӣ гардонидани он дар муносибатҳои бозоргонӣ

Дар замони Шӯравӣ қисми асосии буҷети давлатӣ (қариб 92 фоиз) аз ҳисоби мадохилоти корхонаҳои давлатӣ, мутобиқан, 8 фоизи даромади давлат аз ҳисоби шаҳрвандон буда, ташаккул ва хароҷоти буҷети он замон аз як «киса» ба «кисаи» дигари давлат гузоштани маблаѓи мадохиларо мемонд.

Дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, давлатӣ ва сиёсии кишвар, равнақи моликияти хусусӣ боиси ба майдон омадани вазифаи нави андозбандӣ гардиданд, ки пеш аз ҷумлаи вазифаи алоҳида набуд, балки бо вазифаҳои бештар умумӣ, хоҷагию ташкилӣ фаро гирифта мешуд. Дар шароити нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар афзудани аҳамияти андоз дар амалӣ гардидани сиёсати давлат ва иҷрои вазифаҳои он вазифаи андозбандӣ аҳамияти тамоман дигарро молик мешавад. Ташаккули буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо ва вазифаҳои дигар (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва ѓайра)-ро ба ҷо овардани давлат ба самарабахш амалӣ гардидани андозбандӣ вобаста аст. Бинобар ин вазифаи андозбандӣ дар марҳалаи ҳозира самти дуюмдараҷа (иловагӣ) не, балки яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат маҳсуб меёбад. Андоз асоси пурра кардани буҷети ҳамаи сатҳҳо мебошад. Агар буҷет ташаккул дода нашавад, давлат аз ӯҳдаи иҷрои дигар вазифаҳояш баромада наметавонад.

Вазифаи андозбандӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат оид ба ҷорӣ намудан ва ситонидани боҷу андоз ва ҳамчунин назорат ба пурра ва саривақт пардохтани онҳо мебошад. Онро аз дигар вазифаҳо хусусиятҳои объекти таъсири давлатӣ, мақсадҳои таъсиррасонӣ ва мазмуни мустақим маҳдуд карда метавонанд.

Мақсад аз вазифаи андозбандӣ ба низом даровардани раванди муқаррар намудан, ситонидани боҷу андоз ва ҳамчунин ташаккул додани буҷетҳои ҳамаи сатҳҳост. Бӯҳронҳои имрӯзаи соҳаи иқтисодиёт дар назди вазифаи андозбандӣ мақсади ҳарчӣ бештар ба хазинаи давлат ситонидани андозро ҷиддан гузошт. Дар баробари ин, ба қадри ба сомон омадани равандҳои иқтисодӣ, таъсири ба танзимоварандаи вазифаи андозситонӣ ба иқтисодиёт бояд ҳарчӣ бештар зӯр ва пайгирона бошад, чунки мақсади асосии вазифаи мазкур бояд на фақат андозситонӣ ва пурра кардани буҷет, балки ҳамчунин муҳайё намудани шароитест, ки ба пешрафти истеҳсолот ва ҳавасмандии моддии он мусоидат намояд.

Вазифаи андозбандӣ ба муносибатҳои молиявии раванди фаъолияти молиявии давлат таъсир мегузорад. Моҳияти бевоситаи он аз муқаррар ва амалӣ намудани сиёсати соҳаи андоз; ташаккул додан ва пурра кардани буҷет, пеш аз ҳама буҷети давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад: ки аз ҳисоби ҳамаи намудҳои андоз: боҷҳои давлатӣ ва ҳамчунин аз боҷи гумрукӣ иборат мебошад.

Ин вазифа бо вазифаи иқтисодӣ зич алоқаманд буда, давлат бо ёрии ин ду вазифа муомилоти хоҷагиро танзим мегардонад ва дар муносибатҳои бозаргонӣ иштирок менамояд.

Зарурати баҷо овардани вазифаи андозбандии давлат боиси ривоҷу равнақи қонунгузории молиявӣ гардид. Аз ҷумла, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бисёр санадҳои меъёрие қабул шуданд, ки фаъолияти мақомоти молиявиро ба танзим медароранд. Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки  аз 10.01.2007сол таҳти № 143 ба фаъолият шуруъ намудааст ва Раёсати аудити дохилии Кумитаи андози назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳои андоз, инчунин ба ҷо овардани санадҳои меъёрии андозбандӣ вазифадор карда шудаанд.

Вазифаи андозбандӣ аз ҷумлаи вазифаҳои дохилӣ буда, дар шакли қонунгузорӣ, иҷроия ва баъзан судӣ амалӣ мешавад. Муқаррар ва ҷорӣ намудани андоз аз рӯи қонунгузорӣ иҷро кардани вазифаи андозбандӣ аст, вале ситонидан ва назорат кардан шакли иҷроия мебошад. Агар андоз маҷбуран ситонида шавад, вазифаи андозбандӣ баъзан дар шакли судӣ амалӣ мегардад. Истифодаи шаклҳои гуногуни амалӣ гардонидани вазифаи андозбандӣ ба ҳосил шудани мақсади ягона, яъне ба муқаррар намудани андоз, тартиби пардохти он ва ҳамчунин ба таҳти назорат гирифтани пардохти пурра ва саривақти он равона шудааст.

Иҷрои вазифаи андозбандӣ аз фаъолияти қонунгузорӣ оид ба муқаррар ва ҷорӣ намудани андоз оѓоз меёбад, ки нисбати он дар КАҶТ талаботи қатъӣ муқаррар карда шудааст. Чунончӣ, андоз набояд хусусияти табъизӣ дошта бошанд; ба муқаррар намудани ҳадҳои гуногуни андоз, вобаста ба шакли моликият, шаҳрвандӣ ё маҳалли пайдоиши сармоя ба имтиёзоти андоз роҳ дода намешавад; андоз бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок бошанд ва худсарона муқаррар шуда наметавонанд; андозҳое ҷоизанд, ки монеаи аз тарафи шаҳрвандон ба амал баровардани ҳуқуқҳои конститутсионии худ мешаванд; ба муқаррар намудани боҷу андозе роҳ дода намешавад, ки фазои ягонаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор месозанд, бевосита ё бавосита дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона интиқол додани мол, кору хизматрасонӣ, ё маблаѓро  маҳдуд менамоянд. Фаъолияти қонунгузор оид ба муқаррар намудани андоз дар доираи қатъии ҳуқуқие қарор дорад, ки мақсади он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва истисно намудани имконияти беасос бойшавии давлат мебошад. Ба ибораи дигар, аз рӯи ин талабот андоз бояд оқилона ва боинсофона буда, манфиати на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеаро қонеъ гардонад.

Ситонидани андозҳо ва ҳамчунин назорати пурра ва сари вақт пардохт намудани андоз фаъолияти иҷроияи давлат буда, вазифаи андозбандӣ ба зиммаи мақомоти андоз аст. Мутобиқи банди 2 мод. 22 КА ҶТ мақомоти андоз низоми ягонаи мутамаркази назорат ба риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз, назорати дуруст ҳисоб кардан, пурра ва сари вақт ба буҷет гузаронидани маблаѓи андоз мебошад. Ҳангоми аз сарҳад гузаронидани мол вазифаи мақомоти андозро мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҷо меоваранд.

Мақомоти андоз барои ӯҳдадории андозсупории худро баҷо овардани андозсупорандагон тадбирҳои ташкилӣ меандешанд. Дар рафти андозситонӣ усули амрдиҳӣ кор фармуда мешавад ва андозсупоранда вазифадор аст дар доираи қатъӣ муқарраршуда амал намояд, агарчи қисми муайяни андозсупорандагон метавонанд на иҷборан, балки аз рӯи эътиқод, (огоҳона, бофаҳм) баҷо оваранд. Агар андозсупоранда ӯҳдадории худро ихтиёран баҷо наоварад, ӯро бо роҳи истифодаи муҷозот маҷбур месозанд. Нисбати шахсони ҳуқуқи мувофиқи КА ҶТ тартиботи бечуну чарои андозбандӣ пешбинӣ шудааст, вале аз шахсони воқеӣ андоз дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои андоз дар муҳлати дароз бо тартиби судӣ ситонида мешавад. Бинобар ин вазифаи андозбандӣ дар баъзе мавридҳо шакли иҷрои судӣ низ дорад.

Бо мақсади пешгирӣ ва барҳам додани қонуншиканӣ дар соҳаи андозситонӣ, риояи режими қонуният мақомоти андоз назорати пардохти андозро кор мефармоянд, ки он аз гузаронидани тафтишот; аз андозсупорандагон, агентҳои андоз ва боҷсупорандагон талаб кардани шартнома; тафтиши маълумоти ҳисобрасӣ ва ҳисоботдиҳӣ, аз назар гузаронидани биноҳо ва майдонҳое, ки барои гирифтани даромад истифода мегарданд, иборат мебошад. Назорати пардохти андоз барои амалӣ кардани вазифаи андозбандӣ аҳамияти калон дорад, чунки имкон медиҳад қонуншикании пардохти андоз сари вақт ошкор ва андозсупоранда барои иҷрои ӯҳдадориаш маҷбуран водор карда шавад. Ба ҳамин тариқ, вазифаи андозбандӣ метавонад ҳамчунин дар шакли фаъолияти назоратии ҳифзи ҳуқуқ анҷом пазирад. Мақомоти андоз дар ҷараёни амалӣ гардидани назорати пардохти андоз бо мақомоти  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Раёсати аудити дохилии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти гумрук ва прокуратура зич ҳамкорӣ мекунанд.


[1]Муфассал ниг.: Исмоилов Ш.М. Танзими њуќуќи фаъолияти соњибкорї дар Љуњурии Тољикистон.Васоити таълимї. Душанбе.2007. С.180-188.

[2]Раљабов М.Н. Њуќуќи гумрукии Љумњурии Тољикистон: васоити таълимї.-Душанбе.2001.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.