Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқии андоз

Соҳаи андозбандӣ муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро дар бар кардааст. Муносибатҳои воқеии  иқтисодӣ асоси ин муносибатҳоро ташкил медиҳанд. Мақсад аз танзими ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ ба манфиати умуман давлат ва ҷамъият  мутобиқ гардонидани  онҳост. Соҳаи андозбандӣ ё муҳити андоз соҳаест, ки ваколатҳои  идораи давлатиро оид ба муқаррар намудан ва ҷамъ овардани андоз фаро мегирад ва бо конститутсияи давлат муайян карда, бо меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ танзим гардонида мешавад.

Ба ҳамин тариқ, муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки бо меъёрҳои ҳуқуқ танзим гардонида шудаанд,  дар соҳаи андозбандӣ хусусияти муносибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла муносибатҳои ҳуқуқии андозро доро мешаванд.

Муносибатҳои ҳуқуқии андоз нишонаҳои барои тамоми муносибатҳои ҳуқуқӣ хосе доранд, аз ҷумла онҳо меъёрҳои ҳуқуқ  (дар ин маврид – меъёрҳои ҳуқуқии андоз)-ро ҳамчун асоси ба миён омадан, қатъ ёфтан ва тағйир додани муносибатҳои андозӣ дар бар мегиранд.

Муносибатҳои ҳуқуқии андоз дар хизмат ва тобеи ҳуқуқи молиявӣ ё худ маҷмӯи муносибатҳои ҳуқуқии молиявианд. Барои тамоми муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ, аз ҷумла барои муносибатҳои ҳуқуқии андоз ҳамин чиз умумист, ки онҳо дар рафти фаъолияти молиявии давлат, аз ҷумла  фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба муқаррар кардан ва ситонидани андоз ва  дигар  пардохтҳои  ҳатмие, ки ба системаи андози мамлакат (фаъолияти андозу буҷет) дохиланд, рӯи кор меоянд.

Муносибатҳои ҳуқуқии андоз хусусияти амволӣ (пулӣ) доранд, чунки онҳо бо пардохтҳои пулӣ (дар маънои васеъ – бо  дохилшавии  маблағ) алоқаманданд, ки ба хазинаи давлат меравад.

Дар баробари ин муносибатҳои  ҳуқуқии андоз мисли ҳар як муносибати ҳуқуқии соҳавӣ хусусияти хоси худро доранд. Ба ин муносибатҳо бартарӣ доштани меъёрҳои омиронаи давлатӣ, амри  омирона барин хусусиятҳо хосанд. Аз ин рӯ ҳуқуқи  андозро бинобар таъиноти ҳуқуқӣ ҳуқуқи  идоракунӣ (ҳуқуқи  идоравии андоз)  меноманд.

Дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз яке аз тарафҳо (иштироккунанда), одатан, мақоми ҳокимияти давлатӣ (дар доираи  тақсими ҳокимият амал мекунад) мебошад, ки мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дорои ваколатҳои  дахлдори амри омирона  аст.

Дар муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба муқаррар кардани андоз мақомоти дахлдори ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия иштирок мекунанд.

Дар муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба ситонидани андоз мақомоти давлатии танзими давлатӣ ва  назорат, яъне мақомоти андоз ҳатман иштирок менамоянд, ки онҳо намояндаи ҷузъу томҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (ба  истилоҳ, маъмурияти андоз ё мақомоти нозироти андоз) мебошанд. Инҳо мақомоти махсуси давлатианд, ки вазифаи асосиашон назорати иҷрои қонуни андоз, пурра ва саривақт ба буҷет ё ба фонди давлатӣ ворид гаштани даромади давлат, ба хазинаи давлат дохил шудани  пардохти андоз мебошад.

Ин ҳама нишонаҳое, ки ба муносибатҳои  ҳуқуқии андоз хосанд, асос медиҳанд, ки муносибатҳои ҳуқуқии  андозро муносибатҳои ҳуқуқии омиронаи давлатӣ, идории амволӣ (пулӣ) ҳисобем.

Танзими ҳуқуқии андозбандӣ муносибатҳои муқаррар намудани (ҷорӣ кардани) пардохти андозро бо иштироки мақомоти ҳокимияти қонунгузор (намояндагӣ) ва иҷроияи  минтақаҳои гуногуни дахлдор, иҷрои ӯҳдадориҳои пардохти андозро бо иштироки андозсупорандагон ва мақомоти андоз фаро мегирад.

Ба ин   ҳамчунин муносибатҳои ҳуқуқие дохиланд, ки бо ин чизҳо алоқаманд мебошанд:

  • бо назардошти субъекту объектҳои андозбандӣ;
  • бо фаъолияти  мақомоти назорати андоз ва шахсҳои     мансабдори онҳо;
  • бо татбиқи намуди ҷавобгарӣ барои риоя накардани      меъёрҳои қонуни андоз;
  • бо тартиби шикоят кардани андозсупорандагон аз      қарорҳои мақомоти андоз ва аъмоли шахсони  мансабдори онҳо;
  • бо баъзе муносибатҳои дигари ҷамъиятӣ, ки  бо иҷрои  вазифаҳои андозбандӣ алоқаманданд.

Ба ҳамин тариқ, муносибатҳои ҳуқуқии андоз муносибатҳои муайяни ҷамъиятии молиявие мебошанд, ки бо меъёрҳои зерсоҳаи махсуси ҳуқуқи молиявӣ – ҳуқуқи андоз танзим гардонида шуда, субъектҳои онҳо дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муайяне мешаванд, ки ҳангоми муқаррару  ҷорӣ кардан ва ситонидани андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамчунин ҳангоми амалӣ гардонидани назорати андоз ва ба ҷавобгарӣ кашидан барои риоя накардани қонуни андоз ба миён меоянд.

Мутобиқи б.7 мод.1 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати муносибатҳои ҳуқуқӣ муқаррару ҷорӣ кардан ва ситонидани пардохтпулиҳои гумрукӣ ва боҷи давлатӣ  ва ҳамчунин нисбати муносибатҳое, ки дар рафти назорат кардан ба андозҳои мазкур,  шикоят кардан аз амали (беамалии) мақомоти гумрукӣ ва  боҷситонии давлатӣ, аз амали (беамалии) мансабдорони онҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани  гунаҳкорон ба миён меоянд, қонуни андоз татбиқ карда мешавад.

Муносибати ҳуқуқии   андоз мисли ҳар муносибати дигари ҳуқуқӣ аз субъектҳо, объект ва мазмуну  моҳият иборат аст.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи субъектҳо, объектҳо ва мазмуни муносибатҳои ҳуқуқии андозро равшану возеҳ муайян намекунад. Дар асоси   назарияи ҳуқуқи андоз дар мамлакати мо мутобиқи қонуни андоз инҳо субъектҳои  (иштироккунандагони) муносибатҳои ҳуқуқии андоз  буда метавонанд:

  • андозсупорандагон, аз ҷумла намояндагони онҳо    (субъектҳои андозбандӣ):
  • мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора мутобиқи              ваколатҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва андоз, аз ҷумла мақомоти  назорати андоз ва андозғундорон муайян кардаанд;
  • шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба маъмурияти андоз бояд ахбори зарурӣ пешниҳод намоянд;
  • бонкҳо ва муассисаҳои  бонкӣ, ки пули андозро  қабул     карда, ба хазинаи давлат мегузаронанд;
  • агентҳои андоз.

          Ҳамаи ин субъектҳо дар ин муносибатҳо дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои қонунианд ва мувофиқан субъектҳои ҳуқуқи андоз мебошанд.

Мутобиқи таснифоти дар  боби 3 зикрёфтаи меъёрҳои ҳуқуқии андоз, ки муносибатҳои якхелаи сифатан ягонаи намудҳои андозро танзим мегардонанд,  барои ҳар тартиботи ҳуқуқи андоз номгӯи мушаххаси иштироккунандагони муносибатҳои ҳуқуқии андозро муайян кардан мумкин аст.

Чунончӣ, тартиботе, ки бо  ташаккулу таъмини амали системаи андози мамлакат алоқаманд аст, дар ин соҳа фаъолияти субъектҳои зеринро танзим мегардонад:

  1. Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (аз рӯи  масъалаҳои муқаррар, ҷорӣ ва бекор кардани андозҳои умумидавлатӣ, муқаррар намудани усулҳои мураттаб сохтан ва амалӣ гардонидани системаи  андози кишвар, тартиби муқаррар кардан, тағйир додан ва бекор намудани андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ, муайян кардани объектҳои андозбандӣ, иҷрои  ӯҳдадориҳои андозсупорӣ, чораҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунҳои андоз, шикоят кардан аз амали (беамалии) мақомоти андоз ва  мансабдорони онҳо, тасдиқ кардани созишномаю қарордодҳои байналмилалии соҳаи андозбандӣ);
  2. Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо (аз рӯи масъалаҳои муқаррар намудан, тағӣир додан ва бекор кардани андозҳои маҳаллӣ доир ба номгӯй ва усулҳои муайяннамудаи Кодекси андоз);
  3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  (аз рӯи масъалаҳои ташаккул ва тағйир додани  системаҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатие, ки ташаккулу амали системаи  андозро таъмин менамоянд, маоши  ҳадди ақал, авфи андозро муқаррар мекунанд);
  4.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  (аз рӯи  масъалаҳои ташаккули системаи андоз – муайян кардани пешниҳодҳо доир ба  боҷу хироҷ, андоз бо ташаббуси  қонунгузорӣ ба Парлумон фиристодани лоиҳаи қонунҳои соҳаи андозбандӣ, тасдиқ кардани дастурҳои андоз, таъмини зарурати иқтисодии тағйирот дар соҳаи андоз, дигар қарорҳо);
  5. Вазорати молия, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, Вазорати иқтисод ва савдо ва дигар мақомоти давлатӣ (аз рӯи масъалаҳои тартиб додани пешниҳодоти бамаслиҳат оид ба сиёсати андоз ва бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  манзур кардани онҳо);
  6. Бонки миллии Тоҷикистон (аз рӯи масъалаҳои андозбандии шахсоне, ки даромади асъорӣ доранд, ба буҷет ё ба фонди давлатӣ гузаронидани андозпулӣ);
  7.   Ташкилотҳои байналмилалӣ (аз рӯи масъалаҳои созишномаҳои байналмилалӣ оид ба андозбандӣ, қонунҳои намунавӣ (моделӣ), муносибатҳои ҳуқуқӣ бо мақомоти назораткунандаи мамлакатҳои дигар);
  8. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ – аз рӯи масъалаҳои ташкил ва ҷамъоварии андоз, назорат ба дигар субъектҳои андозбандӣ.

Қонуну қоидаҳои ҳифзи ҳуқуқи  андозсупорандагон муносибатҳои ҳуқуқии дахлдори андозсупорандагон, мақомоти ваколатдори давлатӣ (Вазорати молия, Вазорати даромадҳо ва  пардохтҳои давлатӣ, бахшҳои минтақавии онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратура ва системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро ба тартиб меандозанд.

Қонуну қоидаҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии  андоз муносибатҳои ҳуқуқии андозсупорандагон, мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи баҳисобгирӣ ва  ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ ва  оморӣ, андоз (Вазорати молия, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, бахшҳои минтақавии онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти омор, Бонки миллии Тоҷикистон ва  дигар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба заминсозӣ) танзим мегардонанд. Ин рӯйхати  пурраи субъекту  объектҳо ва мазмуну моҳияти муносибатҳои  ҳуқуқӣ нест.

Аз байни тамоми гурӯҳи муносибатҳои ҳуқуқии зикршудаи соҳаи андозбандӣ муносибатҳои ҳуқуқиеро ҷудо кардан лозим аст, ки ҳангоми аз андозсупорандагон ситонидани пули андоз ба миён меоянд. Ин муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҳуқуқи андозмақоми асосӣ доранд, бинобар ин онҳоро аксаран аслан муносибатҳои ҳуқуқии андоз  меноманд (ба  маънои танги сухан).

Мазмуну моҳияти асосии ин муносибатҳои ҳуқуқӣ иборат аз он аст, ки андозсупоранда бояд ба буҷети дахлдор ё фонди давлатӣ ба андозаи муқарраргардида ва дар мӯҳлати пешбинишуда маблағи  муайян (пули пардохти андоз) гузаронад ва ҳамчунин иборат аз он аст, ки мақомоти босалоҳияти давлатӣ дар навбати худ ӯҳдадоранд ба гузаронида  шудани маблағ ба хазина мусоидат намоянд.

Ин имконият медиҳад, ки муносибатҳои  ҳуқуқии андоз, ки дар мамлакат амал мекунанд, беҳтар дарк карда шаванд ва бо мақсади амалӣ сохтани ӯҳдадориҳои бо қонун муқарраргардидаи ҳуқуқи иштироккунандагони ҳар кадоми онҳо ошкору муайян карда шаванд.

Дар моддаи 49 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар  карда шудааст, ки ӯҳдадориҳои андоз вазифаи андозсупоранда оид ба супоридани андози дахлдор ба буҷет ё  фонди давлатӣ дар сурати ба ӯҳда доштани ӯҳдадориҳои дар ҳамин Кодекс ё дигар санади қонунгузории андоз нишон додашуда мебошад.

Дар  ин муносибати ҳуқуқӣ як тараф (субъект) – андозсупоранда – одатан тобеи дигар тараф (субъект) – мақоми ваколатдори назораткунанда  (мақоми андоз ё гумрук, мақоми Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) мебошад, ки он аз номи  давлат амал мекунад ва ба он мусоидат менамояд, ки андозпулӣ дар мавриди зарурат бо татбиқи шаклҳои бо қонун муқаррарнамудаи масъулият ба хазина ворид гардад.

  Асоси ба миён омадани (тағйир ёфтан ё қатъ гардидани) ӯҳдадории андоз (ба истиснои пардохти пули боҷи гумрук ва боҷи давлатӣ) ва ҳамчунин тартиб ва шартҳои иҷрои қонунгузории андозро танҳо Кодекси  андоз ё худ санадҳои дигари қонунгузории андоз муайян карда метавонанд.

Ӯҳдадории андоз ба зиммаи андозсупоранда аз лаҳзаи ба миён омадани ҳолате гузошта мешавад, ки мутобиқи талаботи қонунгузории андоз аз ҷониби  ӯ  пардохтани андозпулиро пешбинӣ менамояд. Масалан, ӯҳдадории пардохти андози даромад  – аз рӯзи даромад кардани шахси воқеӣ ва ӯҳдадории пардохти хироҷи замин аз рӯзи барои истифода вобаста карда шудани қитъаи замин ё худ якумра барои истифода мерос гирифтани амвол ба зиммааш гузошта мешавад.

Иҷрои ӯҳдадории андоз иборат аз он аст, ки андозсупоранда пули андозро дар мӯҳлати муқарраргардида, қатъи назар аз он ки дар суратҳисоби бонк маблағ ва амволи дигар  дорад ё не, мепардозад. Ӯҳдадории андозро мутобиқи қонунгузорӣ худи андозсупоранда ё худ агенти андоз (масалан, шахсе, ки даромад мепардозад) ва ё намояндаи андозсупоранда баҷо меоварад.

Қонунгузории андоз дар  ҳолати муфлис шудан, барҳам хӯрдан ва аз нав ташкил ёфтани шахси ҳуқуқӣ, фавтидан, корношоям гаштан ва ё беному нишон гум шудани шахси воқеӣ мутобиқи қоидаҳои моддаҳои 51-53 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси   гражданӣ, қонун дар бораи муфлисшавӣ ва қонунгузориҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мегардад. Аз иҷрои ӯҳдадориҳои андоз  яктарафа даст кашидан ё тартиби иҷрои онҳоро яктарафа тағйир додани андозсупоранда ё дигар шахси вазифадор мумкин нест, ба шарте, ки  ин дар қонунгузории андоз (пардохти пули андоз, бекор кардани андоз ва ғайра) пешбинӣ нашуда бошад.

Вазифаи андози қонунан муқарраршударо пардохтани андозсупоранда хеле муҳим аст, зеро он хусусияти на танҳо оммавию ҳуқуқӣ, балки хусусияти конститутсионӣ дорад (яъне дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр шудааст).

Иҷрои ӯҳдадории андоз, аз ҷумла чораҳои маҷбурияти давлатӣ ва  масъулияти   ӯҳдадориҳои андозро иҷро накардани андозсупоранда ба ҳукми  қонун даромадааст. Барои номатлуб иҷро шудани ӯҳдадории андоз мақомоти давлатие, ки баҳри ба хазина ворид гаштани пули андоз бояд тадбир андешанд, низ масъулият доранд.

Ӯҳдадории андоз бо иштироки ҳамаи иштироккунандагони муқарраргардидаи аслан муносибатҳои  ҳуқуқии андоз иҷро карда мешавад, ки ҳар кадомашон  дар ин муносибатҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои қонунӣ доранд ва субъекти  ҳуқуқи андозпардозӣ мебошанд. Вазъи (статуси) ҳуқуқии мақомоти ҳокимияту идораи давлатӣ, ки дар муносибатҳои  ҳуқуқии андоз иштирок мекунанд (аз ҷумла ҷамъоварандагони андоз), дар боби 9 баён  ёфтааст.

Дар мавридҳои муайянкардаи қонун дигар субъектҳо ҳам (чунончӣ, намояндагони андозсупорандагон) ҳамчун иштироккунандагони  аслан муносибатҳои ҳуқуқии андоз буда метавонанд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.