Андозҳо ва дигар даромадҳои давлатӣ

Муҳимтарин шакли фаъолияти ҳар як давлат, тавре ки маълум аст, ташаккул додани (сафарбарии) даромадҳои давлатӣ мебошад.

Даромади давлатӣ – инҳо захираҳои молиявие (пулие) мебошанд, ки аз манбаъҳои гуногун ба ихтиёри давлат дохил мешаванд ва давлат онҳоро барои ҳалли масъалаҳои худ ва иҷрои ӯҳдадориҳояш истифода   мебарад.  Даромади давлат аз ҳисоби даромади андозӣ ва ғайриандозӣ, инчунин аз даромади фондҳои давлатӣ ташаккул меёбад.

Андоз аз нуқтаи назари таърихӣ шакли аввалин ва ягонаи маблағро захира карданди давлат намебошад. Ҷорӣ ва истифода намудани системаи андозҳо ҳамчун манбаи асосии даромади давлатӣ талаб менамояд, ки дар мамлакат сатҳи хеле баланди ҳуқуқдонӣ, инкишофи иқтисодиёт ва системаи назорат пойдор бошад.

Дар давраҳои аввали инкишофи давлатдорӣ манбаи асосии даромади  давлатӣ (ба ғайр аз ғаниматҳои ҷангӣ) даромади ғайримолиётӣ  аз истифода, фурӯш ва бахшиданҳои дигари баподоши доменҳо (амволи давлатӣ) ба ҳисоб мерафтанд. Дар ибтидо доменҳо моликияти давлатдор (подшоҳ) ҳисоб мешуданд, ки даромади ӯ ҳамзамон даромади  давлат буд. Ин даромади оммавии ҳуқуқӣ не, балки даромади хусусии ҳуқуқӣ ҳисоб меёфт.

Дар Тоҷикистон мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат муқаррар шудааст, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти хосаи давлат мебошанд. Давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Дар мамлакати мо ин амвол асоси доменҳоро ташкил медиҳанд.

Ба ғайр аз он, дар моликияти давлат теъдоди зиёди корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо боқӣ мондаанд, ки  тавассути онҳо даромади андозии  давлатро таъмин кардан мумкин аст.

Манбаи дигари муҳими даромади буҷет регалияҳо (иқтаъот), яъне имтиёзҳои махсуси давлатӣ мебошанд (шаклҳои фаъолият, ки пурра дар ихтиёри давлатанд). Барои ташаккули регалияҳо соҳаҳои муайяни истеҳсолот, шаклҳои фаъолият аз муомилоти гражданӣ, соҳаи фаъолияти аҳолӣ қатъ карда шуда, пурра ба ихтиёри давлат мегузаштанд.

Пештар аз давраи ҷорӣ гардидани андозҳо ва ривоҷи андозбандӣ тарзҳои гуногуни аз доменҳо ва иқтаъот (регалияҳо) ситондани даромад вуҷуд доштанд.

Регалияҳои гумрукӣ бо муқаррар кардани боҷҳои убури қаламрав ба амал бароварда шуда, шакли пешинаи боҷҳои ҳозираи гумрукӣ буданд. Регалияи судӣ бо иҷрои адолати судӣ ва  ба фоидаи  давлат гирифтани ҷаримаҳои судӣ, боҷҳо, даромад аз мусодираи молумулк вобаста буданд. Регалияи пулӣ чун нишонаи истиқлолияти давлат бо эмиссияи пул  ва аз он ба даст овардани фоида  вобастагӣ дошт.

Саноат ҳам умуман регалия эълон шуда, ӯҳдадории ба қайдгирии давлатии корхонаҳои навташкил ё ба ҷо овардани фаъолияти соҳибкории хусусӣ муқаррар карда шудааст, ки аз фаъолияти онҳо  баъд хироҷи дахлдор ситонда мешавад.

Бо мурури замон мавқеи монополии давлат дар саноат ва дигар соҳаҳои фаъолият монеаи ҷиддии рушди муносибатҳои иқтисодӣ гардиданд. Давлат аз роҳбарии бевоситаи фаъолияти истеҳсолӣ дур шудан гирифт. Танҳо ҳамон регалияҳое боқӣ монданд, ки ҷамъият ба онҳо эҳтиёҷ  дошту ба ташаббускории хусусӣ роҳ додан мумкин набуд. Дар ин сурат мақсадҳои фискалии (молиявии) онҳо набояд бартарият дошта бошанд.

Алҳол бар ивази регалияҳо бештар боҷу хироҷро истифода мебаранд, ки онҳо мақсади даромадгирии давлатиро надошта ва иҷрои вазифаи фискалии (молиявии) андоз набуда, балки пӯшондани  хароҷоти муассисаи давлатӣ ё баҷо  овардани  вазифаи иқтисодию иҷтимоии андоз мебошад (масалан, ҳимояи саноати маҳаллӣ аз саноати хориҷӣ, дастгирии содиркунандагони миллӣ ва ғайра).

 Дар замони ҳозира намудҳои бештар муҳими регалияҳо инҳоянд:

  • саноатӣ (пардохти  ҳаққи бақайдгирӣ, додани ҳаққи иҷозатномаҳо (литсензияҳо), рухсатномаҳо, даромади истеҳсолоти монополӣ);
  • судӣ (боҷу хироҷи судӣ, хизматона, даромади ҷаримаҳо ва мусодирот);
  • пулбарорӣ (даромади эмиссияи пул);
  • гумрукӣ (пардохтҳои гумрукӣ, даромади ҷаримаҳо ва мусодирот барои вайрон кардани қоидаҳои гумрук);
  • бесоҳиб (даромад аз дафинаҳо, аз амволи бесоҳиб).

Ба ҷумлаи даромади ғайриандозӣ даромади истифодаи амволе дохил карда мешавад, ки моликияти давлат ё коммуналӣ  аст, аз ҷумла:

  • маблағҳое, ки ҳамчун иҷорапулӣ ё ҳаққи аз ихтиёрдории муваққатӣ ва истифодаи моли давлатӣ ё коммуналӣ гирифташаванда;
  • маблағҳое, ки ҳамчун баҳраи  (фоизи) бақияи маблағҳои буҷетии дар суратҳисобҳои ташкилотҳои кредитӣ буда гирифта мешаванд;
  • даромаде, ки ҳамчун фоидаи саҳмияҳои давлатӣ ба даст медарояд;
  • дигар даромадҳое, ки аз истифодаи  амволи дар моликияти давлатӣ ё коммуналӣ буда гирифта мешаванд.

Ба даромади давлат ҳамчунин маблағҳои аз фурӯши мол ё дигар амволи мусодирашудаи дар моликияти давлатӣ  ё коммуналӣ  буда дохил мешаванд, аз ҷумла: 

  • маблағе, ки аз фурӯши саҳмияҳои давлат ба даст меояд;
  • маблағе, ки аз хусусигардонии моликияти давлатӣ ба даст меояд;
  • дигар даромадҳо.

Давлат  регалияҳоро истифода бурда, метавонад ин ё он соҳаи истеҳсолотро худаш истифода барад, маҳсулоташро бо нархи баланди инҳисорӣ (монополӣ) ба фурӯш расонад (масалан, истеҳсол ва фурӯши яроқ ва воситаҳои нашъаовар). Даромадҳо мумкин аст аз ҳаққи амволи ба иҷора додашуда низ ба даст оварда шаванд. Тарзи гирифтани даромад аз ситондани боҷи ҳуқуқи  истифодабарии регалияҳо (масалан, ҳаққи иҷозатномаҳо барои шикор,  истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, истифодаи манбаъҳои оби зеризаминӣ) васеъ истифода бурда мешаванд. Ҳамчунин  даромад аз расондани хизмати  пулакӣ аз ҷониби  мақомоти  идораи давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ, фурӯши шиносномаҳо, маркаҳои аксизӣ, инчунин  ҷаримаҳо, мусодиракуниҳо, ҷубронпулиҳо ва дигар намудҳои маҷбуран ситонидани маблағ дар натиҷаи татбиқи чораҳои ҷазо тибқи қонунҳои ҷорӣ, инчунин даромад ба шакли ёрии молиявии  аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва ё вилоятӣ гирифташуда манбаи буҷет шуда метавонанд.

Даромади ғайриандозии буҷет аз даромади андозӣ ба куллӣ фарқ дорад.  Тартиби муқарраркунӣ, ҳисоб ва  ситонидани он бо маҷмӯи  асноди меъёрӣ муқаррар карда мешавад. Масалан, тартиби ба буҷет ворид шудани маблағ аз  хусусигардонии моликияти давлатӣ бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонӣ, тартиби ситондани муҷозотҳои ҷудогона бо қонунҳои гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Даромади ғайриандозӣ мумкин аст ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ бошад, ихтиёран ё зӯран гирифта шавад. Дар онҳо унсурҳои зикрёфтаи андоз муайян нагардидаанд (боби 6).

Одатан, аксарияти даромади ғайридавлатӣ ба буҷетҳои дахлдор пурра ба ин буҷетҳо  гузаронида шуда, даромади худи онҳо ҳисоб  мешавад.

Таърихи истифодаи мақсадноки андоз чун шакли ташаккули даромадҳои  буҷети давлатӣ аз дусад сол беш нест. Андозҳо, гарчанд  дар давраҳои қадим низ ситонида  мешуданд,  вале онҳо аломати одами озод  набуданд. Чунин муносибат ба андоз дар Аврупо то ибтидои асри ХХ, дар Тоҷикистон бошад, то худи инқилоб вуҷуд  доштанд.

Фарзияе буд, ки дар мамолики бозаргонӣ одамон ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои он муттаҳид  мешуданд, ки амволи худро ҳифз намоянд, то онро ба шакли андоз надиҳанд. Ҳамин тавр, худи пайдоиш ва рушди ҳуқуқи андоз бо демократонии ҷамъият, инкишофи фаъолияти ҷамъиятии шаҳрвандон, бо ғояи ташкили давлати ҳуқуқбунёд вобаста буд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.