Мафҳуми андоз, боҷу хироҷ

Чанд вақтест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз принсипи хоҷагии халқро идора кардани давлат даст кашидааст. Он вақтҳо давлат ва мақомоти он бевосита ба фаъолияти молиявию хоҷагии ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ роҳбарӣ мекарданд ва ҳамин тариқ барои иҷрои вазифаҳои ба зимма гирифтаашон маблағ мекофтанд.

Дар ин гуна шароит манбаъи бо пул таъмин намудани фаъолияти давлатӣ давра ба давра барои хазинаи умумӣ ҳисса ҷудо кардани шаҳрвандону ташкилотҳо, яъне – андоз -олоти универсалию қулайи ҷамъоварии даромадҳои давлат гардида буд.

Ашхосе, ки манбаи доимии даромад доштанду ин даромадро зери васояту ҳимояи давлат ба даст меоварданд, маҷбур буданд, ки як қисми даромади умумии худро ба давлат супоранд. Ба ҳамин тариқ ингуна пардохтҳо подоши хизмати давлат ба шаҳрвандонаш (ё худ имконоти расондани чунин хизмат дар мавриди пайдо шудани зарурат ба ингуна хизмат) буд[1].

Даромади давлат аз манбаъҳое ба мисли пардохтҳои ҳатмӣ (андозҳо) ва даромад аз фаъолияти дигар ташаккул меёбад.

Аз ин рӯ, пардохтҳои ҳатмиро дар ҳуқуқи андоз ҳамчун усули аз ҷониби давлат муқарраршудаи аз ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба шакли пул ситондани қисми даромади (фоидаи, амволи) аз фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар манбаъҳо ба дастовардааш ҳисоб кардан ҷоиз аст.

Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 5) муқаррар гардидааст, ки «андоз маблағе мебошад, ки ба буҷети давлат ё фонди махсуси давлатӣ пардохта шуда, дорои хусусияти ҳатмӣ ва ғайриэквивалентӣ мебошад, аз ҷумла ҷаримаю фоизҳое, ки қонунгузории андоз пешбинӣ намудааст, ба истиснои муҷозоти пешбининамудаи қонунгузории ҷиноӣ ва ё қонунгузории ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»18.

Дар Молдова андоз (боҷ) гуфта пардохти ҳатмии беподошро мефаҳманд, ки барои амали баҷоовардаи мақомоти ваколатдоршуда ё шахси мансабдори он ба фоидаи ё нисбати андозсупори андозро пардохта вобастагие надорад[2]19.

Дар Россия зери ибораи андоз пардохти ҳатмӣ, индивидуалии беподоше фаҳмида мешавад, ки аз ташкилот ва шахсони воқеӣ аз моликияташон, хоҷагидориашон ё идораи оперативии маблағашон ба мақсади таъминоти молиявии фаъолияти давлат ва (ё) ташкилотҳои мунисипалӣ мусодира мешавад[3]20.

Дар Қазоқистон бошад, андоз гуфта пардохтҳои пулие ба буҷет фаҳмида мешавад, ки давлат аз ҷониби худ қонунан муқаррар кардааст ва онҳо ба андозаи муайян ситонда мешаванд ва хусусияти бебозгашт ва беподош доранд[4]21.

Аз рӯи маҷмӯи нишонаҳо назарияи ҳуқуқи андоз мафҳуми «андоз»-ро чунин маънидод менамояд:

Андоз пардохти ҳатмии беподош ва бебозгашти пулие мебошад, ки мақомоти қонунгузор ва намояндагии ҳокимияти давлатӣ бо интишори асноди қонунгузорӣ аз ҷониби худ муқаррар кардаанд. Андозҳо як қисми маҳсулоти умумии дохилӣ буда, онро давлат тавассути мақомоти ваколатдораш аз ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба таври доимӣ маҷбуран меситонад ва бо роҳи гузарондан ба буҷети давлатӣ (умумиҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ) ё фонди давлатӣ даромади давлат мегардонад.

Ин таърифро аз лиҳози хусусияти ҳуқуқӣ ва тарзи юридикӣ муфассал маънидод мекунем.

Андоз пардохт аст, яъне аз як шахс ба шахси дигар гузаштани пул аст. Ин хусусияти андоз ба давлат имконият медиҳад ба ҳадафҳое, ки ҳангоми муқаррар кардани андозҳо дар пеш мегузорад, яъне ба мақсади аз нав тақсим намудани маблағ расад, ки ба ин восита вай соҳиби захираҳои иловаи пулӣ мегардад. Дар ин маврид андоз ҳамчун усули аз навтақсимкунии маблағ хизмат мекунад.

Андоз пардохти пулӣ аст, зеро он, одатан, бо пул пардохта мешавад. Ҳамзамон барои намудҳои ҷудогонаи андозҳо шакли молии (ҷинсии) пардохти андоз низ ба кор бурда мешаванд (андоз аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ). Аммо пардохти молии (ҷинсии) андозҳо имконияти давлатро дар истифодабарии маблағҳои андоз маҳдуд менамояд.

Андоз пардохти ҳатмист, яъне пардохтани андоз барои ашхоси аз тарафи қонун муқарарраршуда ҳатмӣ мебошад. Дар ин маврид давлат наметавонад аз ҳуқуқи гирифтани маблағҳо даст кашад. Барои ин, аввалан, чун қоида барои имтиёзҳои андоз, ки хусусияти фардӣ дорад, роҳ дода намешавад, дуюм, мақомоте, ки вазифадоранд аз ҷониби андозсупоранда иҷро кардани ӯҳдадориҳоеро оиди пардохти андоз бояд назорат кунанд, бояд тадбирҳое андешанд, ки ингуна ашхос ӯҳдадориҳояшонро иҷро намоянд.

Ҳуқуқи андоз муқаррар кардани Парлумон ифодаи ҳуқуқи халқ ба пардохтани андоз аст. Аммо гирифтани андози мувофиқанамудаи Парлумон чунин маъно надорад, ки он бо ҳар як аъзои ҷамъият мувофиқа гардад. Ин ҳолат тавсифоти асосии ҳуқуқии андоз – хусусияти яктарафа муқаррар карда шудани онро муайян менамояд.

Азбаски андоз барои қонеъ гардонидани талаботи фоиданоки ҷамъиятӣ гирифта мешавад, ки аз бисёр ҷиҳат аз талаботи индивидуалии андозсупорандаи мушаххас фарқ дорад, андоз пардохти беподоши индивидуалӣ мебошад. Пардохти андоз давлатро ҳеҷ ӯҳдадор намекунад, ки ба фоидаи андозсупорандаи мушаххас амалеро иҷро намояд. Дар муносибатҳои андоз байни давлат ва андозсупоранда нақшаи муносибатҳои гражданию ҳуқуқи маъмули аҳли шартномаи додугирифти беподоши табодулаи баҳамбаробар амал намекунад. Давлат барои таъмин намудани манфиати ҷамъиятӣ ночор аст аз принсипи муносибатҳои баподоши андоз даст кашида, пардохти онро барои ҳамаи ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ гардонад ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беподош эълон намояд.

Андозсупоранда бар ивази андози пардохтааш аз давлат фақат талаб карда метавонад, ки вазифаю ӯҳдадориҳо бо муносибатҳои ҳуқуқии андоз алоқаи ғайримустақим доштаро иҷро намояд.

Ин вазифаю ӯҳдадориҳо дар чорчӯбаи дигар муносибатҳои ҳуқуқии байни давлат ва шахси алоҳида (гурӯҳи шахсон) иҷро карда мешаванд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳаққи зиндагӣ, ҳимояи давлатию судӣ, дахлнопазирии манзил, маҳрамияти мукотиба, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, инчунин дигар ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Дар чорчӯбаи вазифаҳои иҷтимоӣ давлат ба шаҳрвандон барои ёрии ройгони тиббӣ, таъминоти иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, дар мавриди беморӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ, бесаробон мондан кӯмаки иҷтимоиро кафолат медиҳад. Онҳо ба таҳсили ройгони ҳамагонӣ ва миёнаи касбӣ ва ҳамчунин аз рӯи қобилият ва дар асоси озмун ба маълумоти миёнаи махсус ва олӣ ҳуқуқ доранд. Барои амалӣ гардидани ин ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ҳамаи шаҳрвандон, дар навбати аввал онҳое ба давлат муроҷиат мекунанд, ки барои адои хизмати пулакии сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ маблағи казоӣ надоранд. Андозсупорандаи алоҳида бар ивази пардохти андози муқаррарнамудаи давлат метавонад ризоияте ҳам надошта бошад.

Андоз бо шарти бебозгашт ситонида мешавад. Андозсупоранда маблағи андозро супурда, аз он ба таври доимӣ маҳрум мемонад ва ҳақ надорад, ки баргардонидани онро талаб намояд. Дар навбати худ давлат ҳам вазифадор карда намешавад, ки маблағи дар шакли андоз гирифтаашро ба андозсупоранда баргардонида диҳад. Мувофиқи қонунгузории андоз маблағи андозро дар ҳолати аз будаш зиёд пардохтани андоз ё ба сифати имтиёз баргардонидан мумкин аст, ки он ба принсипи бебозгаштии андоз мухолифат надорад, зеро ин ҳолатҳоро давлат яктарафа худаш муқаррар мекунад ва он умуман ба пардохти андоз таъсир надорад.

Азбаски андоз ҳаракати якҷонибаи маблағ аст ва принсипҳои он ба принсипҳои муомилоти гражданӣ мухолифат доранд, маҷбурият механизми андозбандӣ мебошад. Дар аксари маврид барои пардохти маҷбурии андоз зарурате нест, зеро андозсупоранда андозро ихтиёран ва мустақилона барои иҷрои қонуни қабулшуда месупорад. Аммо дар мавриди аз ҷониби андозсупоранда риоя нашудани қоидаҳои муқарраргардидаи андозбандӣ мақомоти давлатӣ метавонанд ӯро маҷбур созанд, ки ӯҳдадориҳояшро оиди пардохти андоз баҷо оварад ва нисбати ӯ муҷозоти пешбиникардаи қонунро татбиқ намояд.

Мафҳуми андозро метавон мутобиқи нақши 2.3. ифода кард.

Андоз пардохтест, ки одатан мувофиқи принсипҳои андозбандӣ муқаррар карда мешавад.

Андозро ба мақсади гирифтани даромад муқаррар менамоянд. Бо мақсади ҳосил шудани ягон хел натиҷаи дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба рафтори андозсупоранда таъсир расондан ҳадафи асосии андоз буда наметавонад. Ҳаргуна андоз метавонад ба танзимдароранда бошад. Аз ин лиҳоз аксар вақт тарзи муқаррар намудани имтиёзот ва муҷозоти молиётиро истифода мебаранд.

Андоз қобилияти пардохт доштани шахсро ба асос гирифта, берун аз доираи ӯҳдадории андозсупорӣ ба ӯ озодии амалро вомегузорад. Андоз субъекти андозбандишавандаро ба пулёбӣ водор намекунад, вай танҳо ба як ҳиссаи пули ёфтааш даъво дорад.

Андоз як қисми маҳсулоти умумии дохилиест, ки дар мамлакат дар як давраи муайян истеҳсол шудааст. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ андоз як қисми фоидаи (даромади) аз фурӯши маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо, маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба дастовардаи ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ мебошад, ки ба нафъи давлат ситонда мешавад.

Андоз пардохтест, ки ба буҷети давлатӣ (умумиҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ) ё фонди давлатӣ гузаронида шуда, даромади давлатро ташкил медиҳад.

Андоз пардохтест, ки дар рафти ба амал баровардани он шакли моликият ҳамеша ба моликияти давлатӣ тағйир меёбад. Ҳангоми пардохтани андоз ҳуқуқи моликияти андозсупоранда ба маблағи пардохтааш қатъ гардида, ба ин маблағ ҳуқуқи моликияти давлатӣ пайдо мешавад. Ҳуқуқи моликият пайдо кардани давлат ба маблағи андоз ба вай имконият медиҳад, ки маблағи ба буҷет ё фонди давлатӣ воридшударо бидуни кадом як маҳдудият, бидуни иштироки беруна ва маҳдудият бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ намояд (ба ҷуз маҳдудиятҳои муқарраркардаи худи давлат).

Андозро молик пардохт мекунад на шаҳрванд. Ҳамин тавр, пардохти андоз ӯҳдадории иҷтимоии шаҳрвандон мегардад, ки он аз ҳуқуқи моликияти хусусӣ бармеояд. Тавассути андоз моликияти хусусӣ ба нафъи ҷамъият хизмат менамояд.

Гирифтани андоз ҳуқуқи мустаснои давлат аст. Ҳеҷ каси дигар ҳуқуқ надорад ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеиро ӯҳдадор намояд, ки андоз супоранд ва ҳеҷ кас ҳангоми муқаррар кардани андоз ҳуқуқи ба давлат таъсир расонданро надорад. Ин нишонаҳо дар он зоҳир мегарданд: а) андоз дар асоси изҳори якҷанбаи иродаи давлат ва ҳокимияти сиёсии худро истифода бурдани он муқаррар мешавад; б) ҳуқуқи муқаррар кардани андозҳо ва муайян кардани тартиби ситонидани онҳоро фақат мақоми олии қонунбарор ва мақомоти маҳаллии намояндагӣ дороянд; в) ҳуқуқи назорат карданро ба пурра ва саривақт пардохтани андозҳо, инчунин ҳуқуқи зӯран андоз ситонданро мақомоти махсуси барои ҳамин мақсадҳо таъсис додашудаи андоз ва дигар мақомоти давлатӣ доранд, ки онҳо амалан иҷро шудани иродаи давлатро ҳангоми гирифтани андоз таъмин менамоянд.

Андоз воситаи ба тартиб овардани муносибатҳои андозсупору давлат мебошад. Вай ба яке аз ҷонибҳо – андозсупоранда ҳадди вазифадориашро, ба дигар ҷониб – мақомоти давлатии андоз – ҳадди рафторашро нишон медиҳад. Хусусияти маҷбурӣ доштани андоз халал намерасонад, ки он ҳамчун тарзи ҳимояи моликияти хусусӣ аз иддаои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, чун воситаи риояи мувозинаи ҳуқуқ манофеи қонунии шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо, аз як тараф ва чун ифодагари манофеи ҷамъият ва давлат, аз тарафи дигар дониста шавад.

Андоз ҳамчун механизми ҳуқуқ одатан мақсади бевосита ҷамъоварии маблағи муайяни барои пӯшондани хароҷоти давлат зарурро надорад. Ин гуна хароҷот мумкин аст пешакӣ ба нақша дароварда шавад, аммо маблағи дар назардоштаи хароҷот ба андозғундорӣ таъсир нахоҳад расонд. Ҳаҷми андози ҷамъоваришаванда на аз рӯи қонуни буҷет, балки аз рӯи маъмули тарифи андоз муқаррар карда мешавад ва он аслан маҳдудият надорад.

Мафҳуми муҷозоти андозро бо мафҳуми андоз омехта кардан мумкин нест. Муҷозоти андоз ба касоне, ки андозро сари вақт ва пурра месупоранд, раво дида намешавад. Муҷозоти андозро ваколатдорони мақомоти давлатӣ ҳамчун ҷазои риоя накардани қонуни андоз татбиқ менамоянд ва ҳол он ки андоз хусусияти ҷазодиҳӣ надорад.

Андоз ба манфиати давлат барои маблағгузорӣ намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ворид мешавад. Вай бо ин хусусияти худ аз пардохтҳое, ки бо шартҳои шабеҳи андоз гирифта мешаванду вале ин шартҳо ба манфиати ашхоси ҳуқуқии муассисаи маъмурӣ набуда муқаррар карда шудаанд, фарқ мекунад. Ин гуна пардохтҳои ғайримолиётиро парафискалитетҳо меноманд.

Намудҳои парафискалитетҳо ва ҳаҷми пардохти ҳатмии онҳо бо санадҳои ҳукуматӣ ва дигар санадҳо муқаррар карда шудаашон мумкин аст (масалан, пардохтҳои суғуртаи ҳатмии омилҳои ҷудогона ва ё амвол, пардохтҳои хизматрасонии таъминоти барқӣ, гази табиӣ, оби ошомиданӣ ва нерӯи гармидиҳанда, ҳаққи аъзогии иттифоқҳои касаба ва ғайра).

Тамоми пардохтҳои ҳатмӣ ба нафъи давлат вобаста ба тартибот ва мақсадҳои ҷорӣ кардан ва ситонида шуданашон ба се гурӯҳи асосӣ тақсимбандӣ мешаванд: андозҳо, боҷҳо, хироҷҳо.

То қабул карда шудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми андоз, боҷу хироҷ аз ҳамдигар фарқ надоштанд ва дар қонунгузорӣ таърифи якхела доштанд[5]22. Қонунгузории ҳозираи миллӣ байни андоз, боҷу хироҷ фарқи аниқ намегузорад: илова бар ин дар он мафҳумҳои «хироҷ», «боҷ» умуман таъбиру маънидод карда нашудааст.

Фарқи методии (усули) андозҳоро аз боҷу хироҷ ба шакли зайл муайян кардан мумкин аст.

Хироҷ (авориз) – пардохти пулие мебошад, ки мақомоти давлатӣ барои ҳуқуқи иштирок кардан ё истифода бурдани объектҳои моддӣ ё ғайримоддӣ аз хироҷиён меситонанд. Масалан, хироҷ мумкин аст барои ҳуқуқдор гаштан ба фаъолияти маҳдуд (литсензиякунонӣ) ситонда шавад.

Дар қонунгузории андози Россия (моддаи 8 КА ФР) хироҷ чун пардохти ҳатмии аз ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ ситонидашавандае таъбир шудааст, ки он яке аз шартҳои нисбати хироҷиён амалиёти муҳими қонунӣ, аз ҷумла додани ҳуқуқҳои муайян ё додани иҷозатномаҳо (литсензияҳо)-ро раво дидани мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, дигар мақомоти ваколатдор ё шахсони мансабдор мебошад.

Дар Молдова (моддаи 6 КА ҶМ) хироҷ пардохти ҳатмии дорои хусусияти беподош дониста мешавад ва он андоз (боҷ) намебошад.

Боҷ – пулситониест, ки аз ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии барои ин ё он амалиётро иҷро кардани мақомоти махсуси ваколатдор ва барои соҳиб гаштан ба ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ситонида мешавад.

Боҷу хироҷ одатан он аҳамияти молиявиро, ки хоси андозҳост, надоранд. Бар хилофи андоз ҳангоми пардохти боҷ ё хироҷ ҳамеша ҳадафи махсус ё манофеи махсус ҷой дорад. Ба ин маънӣ боҷу хироҷ пардохтҳои инфиродианд.

Принсипи боҷ ё хироҷ ситонидани давлат – ин пӯшондани хароҷоти муассиса мебошад, ки вобаста ба фаъолияти он боҷ гирифта мешавад. Аммо ин принсип дар амалия на ҳама вақт риоя мегардад. Аксаран боҷ (хизматона) аз хароҷоти хизматрасонӣ зиёдтар аст.

Чунин ҳолат далели он аст, ки боҷу хироҷ вобаста ба хизматрасонии алоҳида гирифта шаванд ҳам, онҳоро пардохтҳои вобаста ба ӯҳдадориҳо, пардохтҳои шартномавӣ донистан мумкин аст. Инҳо ӯҳдадориҳои пулие ҳастанд, ки вобаста ба хизматрасониҳои дорои хусусияти оммавию ҳуқуқӣ алоҳида ситонда мешаванд.

Қонунгузории миллӣ ду намуди боҷ (давлатӣ ва гумрукӣ), инчунин ба таври мубҳам (ноаниқ) боҷи бақайдгирӣ ва маҳакгузориро муқаррар кардааст.

Боҷи давлатӣ барои иҷрои амале, ки ба фоидаи боҷсупоранда буда, аҳамияти ҳуқуқӣ дорад (масалан, қабули аризаҳои даъво, дигар ҳуҷҷатҳо аз ҷониби суд, иҷрои амалҳои нотариалӣ, ба қайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, навишта додани як қатор ҳуҷҷатҳо), гирифта мешавад.

Боҷи гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумрук барои ворид ва хориҷ кардани маҳсулот аз марзи гумрукии мамлакат ситонда мешавад.

Боҷи бақайдгирӣ ҳангоми ариза навишта муроҷиат кардани шахс барои гирифтани патенти ихтироот, намунаи саноатӣ, қолибҳои лозима, аз қайд гузаронидани тамғаи (нишони) молии ширкат ё ҳуқуқи моликият ба корубори беҳуҷҷати корхонаҳо, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва ғайра гирифта мешавад.

Боҷи маҳакгузорӣ барои муайян кардани металлҳои қимматбаҳои таркиби маснуот ва гузоштани иёру маҳак гирифта мешавад.

Андозҳои мақсадноки иҷтимоӣ, ки кормандон ва корфармоён ба фонди махсуси давлат – фонди ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ месупоранд, пардохт номида мешавад. Ин пардохт ба маънои томаш пардохт намебошад, зеро онро дар асоси қобили пардохт будани андозсупоранда меситонанд ва чун дигар андозҳо аз тарафи давлат воҷиб гардонида мешавад. Пардохтгари пардохти иҷтимоӣ вобаста ба намуди даромадаш корфармо ва ё худи коргар мебошад. Ин гуна пардохтҳо аз рӯи хусусияти худ андозҳои мақсаднок ҳисоб меёбанд.

Дар баробари ин суғуртаи ҳатмии иҷтимоии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон баргардондани маблағи пардохтаашонро ба шакли нафақапулӣ, кӯмакпулии давраи бекорӣ ва дигар кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ кафолат медиҳад, аз ин ҷиҳат андозсупорандагон ҳавасманданд, ки пардохти иҷтимоиро сари вақт ва пурра пардохт намоянд. Азбаски пардохти иҷтимоиро пардохтани шаҳрвандон хусусияти шартномавӣ надорад, ҳаҷми маблағи ба давлат пардохташуда ва ҳаҷми маблағи хироҷи баргардонидашуда баробар буда наметавонад.

Аз баробари дар ҷумҳурӣ пурра ҷорӣ карда шудани суратҳисобҳои шахсии пардохти иҷтимоӣ барои шахсони воқеӣ дар сурати пардохтани ин пардохт нишонаҳои ҳуқуқӣ пайдо мешаванд, ки барои муносибатҳои шартномавӣ хосанд (имконияти ихтиёран иҷро намудани ӯҳдадории андоз).

Мувофиқи моддаи 2 Кодекси андоз системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи дар Кодекси андоз пешбинигардидаи андоз, принсипҳо ва шаклу усулҳои муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани онҳо, пардохт ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пардохти андоз, инчунин шаклу усулҳои назорати андоз ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунҳои андоз иборат мебошад.

Системаи андоз андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллиро дар бар мегирад.

Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо тааллуқ доранд:

1. андоз аз даромади шахсони воқеӣ;

2. андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

3. андоз аз арзиши иловашуда;

4. аксизҳо;

5. пардохтҳои иҷтимоӣ;

6. хироҷи замин;

7. андоз аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ;

8. андоз аз амволи корхонаҳо;

9. андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;

10. андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

11. андоз аз субъектҳои соҳибкорони хурд;

12. андоз аз фурӯши пахта ва алюминий;

13. боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;

14. боҷи давлатӣ.

Ба андозҳои маҳаллӣ инҳо тааллуқ доранд:

1. андоз аз савдои чакана;

2. андоз аз амволи гайриманқули шахсони воқеӣ;

3. андоз барои нигоҳдории нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ.

Номгӯи андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ мукаммал мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Молдова андозҳо (боҷҳо) ва хироҷҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ гирифта мешаванд (моддаи 6 КА ҶМ). Ба системаи андозҳо (боҷҳо) ва хироҷҳои умумидавлатӣ инҳо дохиланд: а) андози даромад; б) андоз аз арзиши иловашуда; в) аксизҳо; г) андози фаръӣ; д) боҷи гумрукӣ; е) хироҷҳои ба фонди роҳ гирифташаванда. Ба системаи андозҳо ва хироҷҳои маҳаллӣ инҳо шомиланд: а) андоз аз амволи ғайриманқул; б) андоз барои истифодаи сарватҳои табиӣ; в) хироҷ барои ободонии маҳалҳо; г) хироҷ барои ҳуқуқи гузаронидани музоядаҳои маҳаллӣ ва лотереяҳо; д) хироҷ аз меҳмонхонаҳо; е) хироҷ аз насби рекламаҳо; ж) хироҷ аз ҳуқуқи истифодаи рамзҳои маҳаллӣ; з) хироҷ барои ҷой додани нуқтаҳои савдо; и) хироҷи бозор; к) хироҷи истгоҳи нақлиёт; л) хироҷи истироҳатгоҳҳо; м) хироҷ аз соҳибони саг; н) хироҷ барои наворгирии кино ва телевизион; о) боҷи убур аз сарҳади давлатӣ; п) хироҷи савдо дар минтақаи гумрукӣ; р) хироҷ барои мусофиркашӣ бо нақлиёт; с) хироҷ барои тоза кардани маҳаллаҳо аз ҳаргуна борҷома, пасмондаҳои рӯзгор ва истеҳсолот.

Дар Қазоқистон (боби 11 КАҶҚ) андозҳо, хироҷҳо, пардохтҳо, боҷҳои давлатӣ ва боҷҳои гумрукӣ гирифта мешаванд. Ба феҳристи андозҳо инҳо шомиланд: 1) андоз аз даромади иттиҳодияҳо; 2) андози даромади инфиродӣ; 3) андоз аз арзиши иловашуда; 4) аксизҳо; 5) андозҳо ва пардохтҳои махсуси истифодабарандагони конҳо; 6) андози иҷтимоӣ; 7) хироҷи замин; 8) андоз аз воситаҳои нақлиёт; 9) андоз аз амвол. Феҳристи хироҷҳо аз инҳо иборатанд: 1) хироҷи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ; 2) хироҷи бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ; 3) хироҷи бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва додугирифти он; 4) хироҷи ба қайдгирии давлатии воситаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад; 5) хироҷи давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо; 6) хироҷи бақайдгирии давлатии киштиҳои баҳрӣ, дарёӣ ва қаиқҳо; 7) хироҷи бақайдгирии киштиҳои ҳавоии гражданӣ; 8) хироҷи давлатии бақайдгирии давлатии дорувориҳо; 9) хироҷ аз нақлиёти автомобилӣ барои убур аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон; 10) хироҷ аз музоядаҳо; 11) хироҷ аз коғазҳои идораи нотариалӣ; 12) хироҷ барои гирифтани ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти инфиродӣ; 13) хироҷ барои додани иҷозатномаи истифодабарии спектри радиобасомадҳо аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ. Феҳристи ҳаққи истифодабарӣ аз инҳо иборат аст: 1) истифодабарии қитъаҳои замин; 2) ҳаққи истифодабарии захираҳои оби рӯи замин; 3) ҳаққи олуда гардондани муҳити зист; 4) ҳаққи истифодаи олами ҳайвонот; 5) ҳаққи истифодаи ҷангал; 6) ҳаққи истифодаи мавзеъҳои табиии махсус муҳофизатшаванда; 7) ҳаққи истифодаи роҳҳои обии киштигард; 9) ҳаққи ҷой додани рекламаҳои аёнӣ. Боҷҳои гумрукӣ аз инҳо иборатанд: 1) боҷи гумрукӣ; 2) хироҷи гумрукӣ; 3) пардохтҳо; 4) ҳаққи гумрукӣ.

Хусусиятҳои асосии андозҳое, ки баъди қабул гардидани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуданд, дар ҳолатҳои зерин зоҳир мешаванд:

  1. андозҳо сирфан асоси ҳуқуқӣ доранд. Ҳамагуна андозҳо танҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҷорӣ карда ва барҳам дода мешаванд, ки дар баробари ин ваколатҳои фискалии (молиявии) ҳар як сатҳи мақомот аз ҷониби қонун шарҳ дода шудаанд;
  2. қонунгузории андоз андозҳоро аз рӯи сатҳи сохтори давлатӣ аниқ тақсимбандӣ кардааст;
  3. қонунгузории андоз тақсимбандии мадохилоти андозҳоро ба буҷети самтҳҳои гуногуни вобасташуда ва ба танзимоваранда пешбинӣ менамояд;
  4. системаи андоз аз рӯи принсипҳои ягона ва механизми ягонаи ситондани андозҳо тартиб дода шудааст. Назорати дуруст ҳисоб кардан, саривақт ва пурра пардохтани андозҳо ба зиммаи мақомоти ваколатдори дахлдор гузошта шудааст;
  5. тақсими ваколатҳои мақомоти ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ дар бобати татбиқи қонунгузории андоз далели муносибати якхела ба масъалаҳои ташаккули қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо вуҷуди ин механизми имрӯзаи ташаккули даромади буҷет дар асоси мадохилоти андоз беҳбудиро мехоҳад, зеро он пеш аз ҳама бо номукаммалии системаи андоз вобаста аст. Онро дар мӯҳлати ниҳоят кӯтоҳ таҳия карда буданд, ки он сабабгори пайдоиши мухолифату камбудиҳои қонунгузории андоз гардид. Кодекси андози соли 1999 ба амал ҷорӣ кардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои мӯҳлати дурудароз таҳкурсӣ ва асосҳои андозбандиро бунёд намояд, чунон механизми андозро ба миён оварад, ки он омили муҳимтарини рушди иқтисодӣ гардад.

  1. Порохов Е. Основы налогового права. (Основы государства и права Республики Казахстан). – Алматы: Жети жаргы, 1997, сањ.288.

  2. 18.Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, моддаи 5.

    19 Кодекси андози Молдова. Ќоидањои умумї, моддаи 6.

  3. 20 Кодекси андози Федератсияи Россия. Ќисми 1, моддаи 8.

  4. 21 Кодекс Республики Казахстан «О налогах и других обязательных платежаж в бюджет» (Налоговый кодекс). Часть 1, ст.10

  5. 22 Дар моддаи 2 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи асосњои системаи андоз» муќаррар шуда буд, ки андоз, бољ ва хирољ пардохти њатмии андозсупорандагон ба буљети дахлдор ва фонди давлатї бо тартиб ва шартњои асноди ќонунгузорї муќарраркарда мебошанд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.