Андозсупоранда ҳамчун иштироккунандаи муносибатҳои ҳуқуқии андоз

Андозсупоранда дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз симои асосӣ мебошад. Дар Кодекси андоз мафҳуми «андозсупоранда» аниқ муайян карда нашудааст, агарчӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои андозсупоранда ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқии андоз, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои асосии қонунии (юридикии)  ӯ ва намудҳои масъулият дар Кодекс зикр шудаанд.

Андозсупоранда шахсест, ки мувофиқи қонун бояд андоз супорад.

Дар Молдавия андозсупоранда, субъекти  андозбандишаванда шахсест, ки  аз рӯи қонунгузории андоз бояд ҳар гуна (боҷу хироҷ, пинаву ҷаримаро) ҳисоб карда, ба буҷет гузаронад; ӯ вазифадор аст, ки мутобиқи қонунгузории андоз пардохтпулиҳои мазкурро аз даромади шахси дигар нигоҳ дорад ва ё ситонад ва ба буҷет пардозад (мод.5 КА ҶМ). Дар    Қазоқистон шахсеро андозсупоранда меноманд, ки ба буҷет андоз ва пардохти  дигари ҳатмӣ месупорад (мод.10 КА ҶҚ).

Тавсифе, ки  вазъи умумии ҳуқуқии андозсупорандаро ҳамчун унсури ифодаи андоз (субъекти андозбандӣ) пурра менамояд, дар боби 6 оварда шудааст.

Ба мақсади андозбандӣ ҳамчунин мафҳумишахсҳои ба ҳам вобастататбиқ карда мешавад. Инҳо шахсони ҳуқуқӣ ва  воқеие мебошанд, ки муносибати байни онҳо ба шароит ё натиҷаҳои иқтисодии шахсҳое, ки намояндаи  ононанд, аз ҷумла ба шахсҳои зайл таъсир расонида метавонад (мод. 23 КА ҶТ):

  • шахсҳое муассиси (иштироккунандаи) ҳамон як корхонаанд, ки агар ҳиссаи ҳар кадомашон аз 20 фоиз кам набошад;
  • як шахс бевосита ё бавосита дар шахси дигар, ки корхона мебошад, иштирок мекунад, агар саҳми иштирок аз 20 фоиз кам набошад;
  • як шахс аз рӯи мансаб ба шахси дигар тобеъ аст ё худ як шахс таҳти назорати  (мустақиман ё ғайримустақим) шахси дигар аст;
  • шахсҳо корхонаҳои фаръӣ мебошанд ё худ таҳти назорати бевосита ё бавоситаи шахси сеюм қарор доранд;
  • шахсҳо бевосита ё бавосита шахси сеюмро таҳти назорат мегиранд, агар ҳуқуқи овоздиҳии ҳар шахс аз 20 фоиз камтар набошад;
  • шахсҳоро риштаи занушӯӣ бо ҳам пайвастааст ё худ муносибати  хешутаборӣ доранд (а) зану шавҳар, (б) авлод ё ниёгон, (в) хоҳарон (бародарон), (г) ҷиянҳо (бародарзодагону хоҳарзодагон), (д) шавҳари хоҳар – язна (зани бародар – янга), (е) хоҳарони (бародарони) падару модар – аммаву хола, амаку тағо, (ж) шахсоне, ки дар натиҷаи васигии қарзӣ муносибатҳое муқаррар кардаанд, ки ба муносибатҳои байни падару модар ва фарзандон монанданд, (з) хоҳарон ва бародарони шавҳар (зан).

Ҳар навъи андоз, ки тавсифи он дар қисми махсуси Кодекси андоз оварда шудааст, ҳайати мушаххаси субъектҳои андозбандӣ ва ҳамчунин объекти мустақими андозбандиро дорост. Қонунгузорӣ вобаста ба навъҳои алоҳидаи андозҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иловагии андозсупорандагон ва ҳамчунин хусусиятҳои аз тарафи онҳо пардохтани андозро мушаххас мегардонад.

Ба ӯҳдадориҳои умумии ҳуқуқии андозсупорандагон, ки дар қонунгузории андоз пешбинӣ гардидаанд, ӯҳдадориҳои зеринро нисбат додан мумкин аст:

  • пардохтани боҷу  хироҷи бо қонун муқарраршуда (саривақт ва пурра);
  • гузаштан аз қайди мақоми андоз (яксон рақамгузорӣ кардани андозсупоранда аз тарафи мақоми андози маҳалли бақайдгирии давлатии ӯ);
  • бо тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани ҳисобрасии муҳосиботии (бухгалтерии) даромади (хароҷоти) худ ва ҳамчунин ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ  ва дигар хели ҳисоботдиҳӣ ва дар давоми 5 сол саришта карда мондани ин ҳуҷҷатҳои ҳисобрасӣ;
  • ба мақомоти андоз барои ҳисоб кардан ва пардохтани андоз пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо, ҳисоботи  муҳосиботӣ ва маълумот, аз ҷумла декларатсияи (баённомаи)  андоз аз рӯи он навъҳои андоз, ки доир ба онҳо (декларатсия) пешниҳод кардани андозсупоранда ҳатмист;
  • ба ҷо овардани талабҳои қонунии мақомоти андоз оиди бартараф намудани камбудиҳои қонунгузории андоз ва ҳамчунин монеъ  нашудан ба фаъолияти қонунии мансабдорони мақомоти андоз ҳангоми вазифаҳои хизматии худро иҷро кардани онҳо;
  • дар мавриди барҳам хӯрдани  (аз нав ташкил кардани) шахси ҳуқуқӣ ва ҳамчунин дар ҳолати  тағйир ёфтани маҳалли буду бош (барои шахси воқеӣ-ҷои истиқомат) хаттӣ хабар додан аз ин ҳолатҳо ба мақоми андози маҳалли бақайдгирӣ;
  • баҷо овардани дигар ӯҳдадориҳои ҳуқуқии пешбиникардаи қонунгузории андоз.

Андозсупорандагон барои иҷро накардан ё худ номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон аз рӯи санадҳои қонунгузорӣ ва Кодекси андоз ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Онҳо ғайр аз ӯҳдадорӣ инчунин ҳуқуқҳои қонунии бо қонунгузории андоз муқарраргардида доранд (мод.32 КА ҶТ):

  • ҳуқуқи истифода кардан аз имтиёзҳои пардохти андоз дар асоси ва бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ;
  • ҳуқуқи ба мақомоти андоз ва мансабдорони онҳо пешниҳод кардани эзоҳот барои ҳисоб кардан ва пардохтани андоз ва ҳамчунин аз рӯи санадҳои тафтишотии андоз;
  • ҳуқуқи аз мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ низ гирифтани маълумот доир ба қонунгузории ҷорӣ ва инчунин шарҳу эзоҳоти хаттию шифоҳӣ аз рӯи масъалаҳои татбиқи қонунгузории андоз;
  • ҳуқуқи аз мақомоти андоз гирифтани огоҳинома, талабномаи пардохти андоз ва ҳамчунин нусхаи  санадҳои тафтишоти андоз;
  • ҳуқуқи бо тартиби муқарраргардида шикоят кардан аз асноди (қарори) мақомоти андоз ва амали мансабдорони онҳо;
  • ҳуқуқи шахсан ҳимоя кардани манфиатҳои худ дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз ё ба воситаи намояндаи худ ва дигар ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқӣ.

Баёни муфассали ҳуқуқҳои андозсупорандагон  дар қонунгузории андоз онҳоро аз амалҳои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ   ҳамаҷониба ҳимоя менамояд.

Ҳуқуқҳои андозсупорандагон (ҳамчунин ӯҳдадориҳояшон) дар навбати худ дар Конститутсия (Сарқонун) зикр гардидаанд (дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои давлатии ҳуқуқу  озодиҳои асосии шаҳрвандон баён ёфтаанд). Меъёри моддаи 45-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он таъкид шудааст санадҳои қонунгузории муқарраркунандаи андозҳои нав ё худ бадкунандаи вазъи андозсупорандагон таъсири баръакс надоранд, дар бобати таъмини кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқҳои андозсупорандагон аз амалҳои ғайриқонунии мақомоти андоз аҳамияти калонро молик аст.

Тартиби ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагон бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  (моддаҳои 3, 4, 32 ва 90) ва бо санадҳои дигари имрӯзаи қонунгузорӣ муайян карда мешавад. Мувофиқан баҷо наовардан ё  номатлуб баҷо овардани  ӯҳдадории таъмин намудани ҳуқуқҳои андозсупорандагон барои мақомоти андоз ҷавобгарӣ дорад, ки он дар қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст ( мод.106 КА ҶТ).

Дар баробари ин андозсупоранда ҳам барои иҷро накардани  (номатлуб иҷро кардани)  ӯҳдадориҳояш масъул аст, ки онро қонунгузории андоз, маъмурӣ ва ҷиноятӣ муқаррар кардааст.

Тавсифи муфассали масъулиятҳои мазкур дар боби 9 оварда шудааст.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.