Мафҳум ва аҳамияти ҳуқуқии тавсифи унсурҳои андоз

Яке аз усулҳои (принсипҳои) асосии классикии андозбандӣ тавсифи  аниқи андоз мебошад. Барои ин тавсифи ҳар андоз бояд  маълумоти пурраеро доро бошад, ки аз рӯи  он:

– шахси мутасаддӣ, андозаи ӯҳдадории андоз ва тартиби иҷрои он;

– ҳадду андозаи талаботи давлат нисбати амвол ва даромади андозсупоранда аниқу мушаххас тасдиқ карда мешавад31.

Ноаниқӣ,  духӯрагӣ ё худ номукаммалии қонунгузории андоз боиси аз пардохти андоз саркашӣ  кардани кас ва ё роҳи суиистифодаро пеш гирифтани  мақомоти назораткунанда мегардад, ки онон нуктаву қоидаҳои қонунгузориро доманадор, васеъ маънидод мекунанд.

Ба ҳамин тариқ тамоми  андозҳои ҳатмие, ки дар Тоҷикистон  ситонида мешаванд, барои ӯҳдадориҳои худро пурра баҷо овардани андозсупорандагон дар санадҳои қонунгузорӣ бояд муфассал ва аниқ  тавсиф ва баён ёфта бошанд.

Танҳо қонунан муқаррар намудани маълумоти пурра доир ба андоз, тамоми тафсилоти заруриро дар бар  гирифтани он имкон медиҳад, ки ҳар андозсупоранда ва намояндаи мақомоти назораткунанда  тамоми  шарту шароити ҳисобкарда пардохтани андозро (унсурҳои андозро) як хел таъбиру маънидод намояд. Ва оқибат ин водор месозад, ки ӯҳдадории пардохти ҳатмию ногузир ва бебаҳси андоз ба гардани андозсупоранда бор шавад ва чораҳои зарурии ба манфиати давлат  тақсим шудани даромад амалӣ гарданд.

Унсурҳои андозеро, ки бе онҳо ӯҳдадории пардохти андоз ва тартиби иҷрои онро аниқу  муайян ҳисобидан мумкин нест, метавон унсурҳои асосии тавсифи андоз номид.

Дар назарияи ҳуқуқи андоз ин чизҳо ба унсурҳои мазкур нисбат дода мешаванд32:

  • андозсупоранда (субъекти  андозбандӣ);
  • объекти андозбандӣ;
  • манбаи андоз;
  • миқёси андоз;
  • тарзи ҳисоби манбаи андоз;
  • давраи андозсупорӣ;
  • воҳиди андозбандӣ;
  • меъёри андоз (андозбандӣ) ва тарзу усули андозбандӣ;
  • тартиби ҳисоб кардани андоз;
  • тарзу тартиби пардохти андоз (Нақши 6.1.).

Ғайр аз ин унсурҳои асосии андоз унсурҳои дигареро низ  метавон муайян кард, ки номбар накардани онҳо ба рӯшансозии қонунгузории андоз таъсир расонда наметавонанд.   Лекин    дар    ин   ҳол   кафолати   ӯҳдадории

Нақши 6.1.

Унсурҳои асосии тавсифи андозҳо

1 Андозсупорандагоншахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва  ғайра, ки ба  зиммаи онҳо вазифаи ҳуқуқии (қонунии)  пардохти андоз гузошта шудааст.
2 Объекти андозбандӣ далелҳои ҳуқуқие (амал, воқеа, ҳолат), ки меъёрҳои ҳуқуқ ба миён омадан, тағйир ёфтан ё худ қатъ  гардидани ҳуқуқу вазифаҳои андозро бо онҳо алоқаманд медонанд.
3 Мояи андозбандӣ аломатҳои хусусияти воқеиро (на ҳуқуқиро) муайян мекунад ва ин аломатҳо барои ситонидани андози дахлдор асос мешаванд.
4 Манбаи андоз –  барои ифодаи миқдори мояи андозбандӣ
5 Миқёси андоз тартиби ҳисоб кардани миқёси андоз аст
6 Тарзу усули ҳисоби  манбаи  андоз тарзу усули кассавӣ ё худ тарзу усули ҳисобу китоб (тарзу усули ҳисоби даромаду хароҷоти муҳосиботӣ).
7 Давраи андозбандӣ –  мӯҳлатест, ки дар муддати он ҷараёни ташаккули манбаи андоз анҷом меёбад ва ҳаҷму андозаи ӯҳдадории андоз  пурра муайян мегардад
8 Воҳиди андозбандӣ   воҳиди миқёсест, ки барои миқдоран муайян намудани манбаи андоз истифода  мешавад
9 Меъёри андоз ҳаҷму андозаи аз ҳар   воҳиди андозбандӣ ситонидани андозро муайян мекунад
10 Тарзу усули андозбандӣтартиби тағйир додани меъёри андоз вобаста ба афзоиши манбаи андоз аст
11 Тартиби ҳисоби андоз бо қонунгузорӣ муайян карда мешавад (маблағи андозро одатан андозсупоранда   ҳисоб мекунад).
12 Давраи андозсупорӣсоли тақвимӣ ё худ дигар давраи мутобиқ ба андозҳои ҷудогона аст, ки баъди анҷоми он манбаи андоз муайян ва маблағи андоз ҳисоб карда мешавад.
13 Тарзу тартиби пардохти андоз бо қонунгузории андоз муайян карда мешавад. Тарзу усули асосии пардохти андоз чунин аст; пардохти андоз аз рӯи  декларатсия; пардохти андоз аз манбаи пардохт;тарзу усули  кадастрии  пардохти андоз

мазкурро пурра иҷро кардани андозсупоранда хеле мекоҳад, ки ин кафолатҳо чунинанд:

  • тартиби ситонидан ва баргардонидани маблағи 

     нодуруст ситонидашудаи андоз;

  • масъулияти қонуншиканиҳои андоз;
  • имтиёзҳои андоз.

Қонунгузории  андози Тоҷикистон ҳатман аниқ ва саҳеҳ тавсиф кардани ҳар унсури андозро муқаррар нанамудааст. Дар натиҷа дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсифи баъзе андозҳои ҷорикардаи умумидавлатӣ ба назар мерасад, ки дар он унсурҳои асосии андоз аниқу мушаххас тавсиф карда нашудаанд, ки ба ин сабаб иштироккунандагони муносибатҳои ҳуқуқии андоз меъёрҳои андозро ба ду  маъно таъбир хоҳанд кард.

Бар акси ин қонунгузории Федератсияи Россия муқаррар кардааст, ки  андоз танҳо дар сурати муайян гардидани андозсупорандагон ва унсурҳои андозбандӣ, яъне:

  • объекти андозбандӣ;
  • манбаи андоз;
  • давраи андоз;
  • меъёри андоз;
  • тартиби ҳисоб кардани андоз;
  • тартибу мӯҳлати пардохти андоз  муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми зарурат дар вақти муқаррар намудани андоз дар санади қонунгузорӣ оиди боҷу хироҷ ҳамчунин имтиёзҳои андоз ва асосҳои онҳоро истифода кадани андозсупоранда пешбинӣ шуда метавонад (мод.17 КА ФР).

Қонунан аниқ муайян кардани тамоми унсурҳои бо назарияи  маъмули андозбандӣ муқарраргардидаи тавсифи асосӣ ва ғайриасосии андоз дар Тоҷикистон ба самарабахштар амалӣ гардидани қонунгузории андоз мусоидат мекард.

Дар баробари ин агар чунин қарор қабул мегардид, тартибдиҳандагон, қонунсозон мақомоти назораткунанда ва андозсупорандагон қоидаҳои қонунгузории андозро беҳтар мефаҳмидагӣ мешуданд ва миқдори баҳсу мунозираҳо аз рӯи масъалаҳои андоз камтар мешуд  ва ҳамчунин имкон медод, ки андоз бештар пардохта ва ғундошта шавад.


31 Основы налогового права. (Зери тањрири  С.Г.Пепеляев). – М: Инвест Фонд, 1995. – сањ.39).

32 Основы налогового права  (Зери тањрири С.Г.Пепеляев). – М.: Инвест Фонд, 1995. – Сањ.40-42.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.