Субъекти андозсупоранда

Субъекти андозсупоранда[1]33 шахсест, ки вазифаи ҳуқуқии аз ҳисоби маблағи худ пардохтани андозро ба зимма дорад. Ин шахсро ҳамчунин андозсупоранда (хироҷӣ) меноманд. (Нақши 6.2.). Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳамаи истилоҳоти мавриди истифода тафсиру маънидод шудааст. Истилоҳи «шахс» дар қонунгузории андоз ба маъное истифода шудааст, ки ба истилоҳи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (КГ ҶТ) ҳамчун соҳаи басо умумии ҳуқуқ – ба шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ мутобиқат мекунад.

Мутобиқи моддаи 48 КГ ҶТ шахси ҳуқуқӣ шахсест, ки дар ихтиёри худ, дар хоҷагидорӣ ё дар идораи оперативиаш амволи хоса дорад ва аз рӯи тамоми ӯҳдадориҳои худ бо ин ҳама амволаш ҷавобгар аст (товони ӯҳдадориҳояшро бо ин амволаш мепардозад), метавонад аз номи худ ҳуқуқи амволӣ ва шахсии ғайриамволиро соҳиб гардад ва амалӣ гардонад, вазифадор бошад, дар суд даъвогар (муддаъӣ) ва ҷавобгар бошад.

Шахсони ҳуқуқӣ бояд баланс ё сметаи мустақим дошта бошанд. Ба сабаби иштирок кардани шахси ҳуқуқӣ дар таъсиси амвол муассисони (иштирокчиёни) он нисбати ин шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои ҳатмӣ ё худ ба амволи он ҳуқуқҳои шайъӣ дошта метавонанд.

Ширкатҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва истеъмолкунандагон, корхонаҳои воҳид, аз ҷумла корхонаю муассисаҳои фаръӣ, ташкилот (иттиҳодия)-ҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо) шаклҳои ташкилию ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ шуда метавонанд.

Ба ҳамин тариқ, инҳо нишонаҳои шахси ҳуқуқианд:

  • ягонагии ташкилӣ;
  • алоҳидагии амволӣ;
  • амал кардан аз номи худ дар муомилоти гражданӣ;
  • масъулияти мустақили амволӣ;
  • баланс ё сметаи мустақим

Баланс ё сметаи мустақим ҳамчун аломати шахси ҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки шахси ҳуқуқӣ дар амалия барҷастатар ба назар расад ва аз дигар шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ фарқ дошта бошад.

Бо мақсади андозбандӣ дар моддаи 13 КА ҶТ чунин таъинот оварда шудааст: «ташкилотҳои зерини машғули фаъолияти иқтисодӣ ё барои иҷрои чунин фаъолият таъсис додашуда корхонаҳо ба ҳисоб мераванд:

а) шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳои барпокардаи онҳо, ҳамчунин бахшҳои дигари махсусе, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил додаанд ва баланси шахсӣ ва суратҳисобҳои алоҳида доранд;

б) корпоратсияҳо, ширкатҳо, фирмаҳо ва дигар ташкилотҳои мушобеҳи онҳо, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ ташкил карда шудаанд».

Ба ҳамин тариқ, на танҳо шахси ҳуқуқӣ, балки филиалҳои он ва ҳамчунин ҳар як воҳиди алоҳидаи ин шахс, ки баланси мустақим ва суратҳисобҳои алоҳида дошта бошад, субъекти андозбандӣ шуда метавонад.

Қонунгузорӣ ҳангоми муайян кардани субъекти андозбандӣ муносибатҳои иқтисодии андозсупоранда ва давлатро ба асос мегирад (принсипи резидентӣ).

Андозсупорандагон аз рӯи ин принсип ба ду гурӯҳи зерин тақсим мегарданд:

  • шахсҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд (резидентҳо);
  • шахсҳое, ки дар ҷумҳурӣ доимӣ зиндагӣ намекунанд (ғайрирезидентҳо).

Аҳамияти ба ду гурӯҳ ҷудо кардани андозсупорандагон дар он аст, ки дар қонунгузорӣ байни тартиб ва тарзу усули андозбандии онҳо фарқ ҳаст.

Дар моддаи 14 Кодекси андоз муқаррар карда шудааст, ки «корхонаи резидентӣ корхонаест, ки ҷои таъсис додан ё идоракуниаш Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Корхонаи хориҷӣ корхонаест, ки резидентӣ ба ҳисоб намеравад.

Ба ҳамин тариқ, ҳар корхонае, ки ақаллан ҷавобгӯи яке аз ин ду меъёр бошад: маҳалли таъсис ёфтанаш (бақайдгирӣ, суроғаи ҳуқуқӣ) ва ё ҷои идоракунӣ (роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолият, идоракунии ҳамарӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи резидентӣ дониста мешавад. Боқимонда ҳамаи шахсҳои ҳуқуқӣ ғайрирезидентианд.

Барои шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё шахси воқеии (хориҷии) ғайрирезидентӣ ба мақсади андозбандӣ муассисаи доимии корхонаи хориҷӣ ё худ шахси ҳуқуқии хориҷии ғайрирезидентӣ муайян карда мешавад, ки ҳамчун маҳалли доимӣ фаҳмида мешавад, ки вай тавассути он фаъолияти соҳибкориашро пурра ё қисман иҷро мекунад (мод.17 КА ҶТ).

Аз ҷумла, муассисаҳои доимӣ инҳоянд:

  1. майдончаҳои бинокорӣ, объектҳои васлгарӣ ё пайвандкунӣ, инчунин назорати чунин объектҳо;
  2. дастгоҳҳо ва конҳои захираҳои табиӣ, таҷҳизоти пармагарӣ, ки барои кашфи захираҳои табиӣ истифода мешаванд ва ҳамчунин назорати ин ҳел объектҳо;
  3. пойгоҳи доимие, ки шахси воқеии ғайрирезидент барои соҳибкорӣ истифода менамояд.

Маҳалле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои зайл истифода карда мешавад, муассиси доимии корхонаҳои хориҷӣ ба ҳисоб намеравад:

  • анбори мол ё маснуоти корхонаи хориҷӣ;
  • анбори мол ё маснуоти корхонаи хориҷӣ ба мақсади онҳоро мавриди коркард қарор додани шахси дигар ва минбаъд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани онҳо;
  • харидани молу маснуот ба мақсади ҷамъ овардани маълумоти зарурати корхонаи хориҷӣ;
  • иҷрои ҳар гуна фаъолияти дигари дорои хусусияти тайёрӣ ё фаръӣ ба манфиати корхонаи давлатӣ (хориҷӣ);
  • тайёрӣ ба бастан ё имзо кардани қарордодҳо аз номи корхонаи хориҷӣ доир ба масъалаи қарз (вом), расондани мол ё маснуот ва ё иҷрои корҳо (хизматрасонӣ);
  • иҷрои ин ҳама навъи фаъолият дар маҷмӯъ.

Ғайр аз тақсим кардан ба гурӯҳҳо аз рӯи аломати резидентӣ шахсҳои ҳуқуқӣ аз рӯи асосҳои дигар ҳам, ки ба тартиб ва ҳаҷми андозбандӣ таъсир мерасонанд, тақсим шуда метавонанд.

Ҷамъияту ташкилотҳо вобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ташкилоту корхонаҳои буҷетӣ, хайрия ва динӣ (аз ҷумла аз рӯи фаъолияти хоҷагӣ) ба субъектҳои соҳибкории хурд тақсим мешаванд.

Дар қонунгузории миллӣ барои камтар шудани ҳодисаҳои саркашӣ аз андозбандӣ қоидаҳое пешбинӣ гардидаанд, ки онҳо имконият медиҳанд дар рафти машғул шудан бо соҳибкорӣ шахсҳои бо ҳам алоқаманд ошкор карда шаванд. Ин ба мақомоти андоз имконият медиҳад, ки нархи наво, даромад ва пардохтпулии шахсони ба ҳам алоқамандро бо тартиби муқарраргардида дар рафти муомилоташон ислоҳ кунанд.

Дар тавсифи андозҳои Кодеки андоз ҳамчун супорандагони андози амволи корхонаҳо ва андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ғайр аз корхонаҳои резидентӣ ва хориҷӣ филиалҳо ва дигар воҳидҳои ба ҳамин монанди корхонаҳое, ки баланс ва суратҳисоби мустақим доранд, муайян карда шудаанд (мод.260, 272 КА ҶТ) . Дар Кодекси андоз мафҳуми филиал маънидод карда нашудааст.

Дар моддаи 56 КГ ҶТ таъкид шудааст, ки филиал бахши алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ буда, дур аз маҳалли ҷойгиршавии он воқеъ гардидааст ва ҳамаи ё як қисми вазифаҳои шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла вазифаи намояндагиро ба ҷо меоварад. Намояндагӣ бахши алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ буда, дур аз маҳалли ҷойгиршавии он воқеъ гардидааст ва аз номи шахси ҳуқуқӣ намояндагӣ карда, манфиати онро ҳимоя менамояд, аз номи вай аҳду паймон мебандад ва дигар амалҳои ҳуқуқиро баҷо меоварад.

Мазмуну моҳияти моддаи 56 КГ ҶТ имконият медиҳад муқаррар карда шавад, ки филиалу намояндагиҳоро шахси ҳуқуқии таъсисдодаи онҳо бо амвол таъмин менамояд ва онҳо дар асоси қоидаву низомномаҳои тасдиқкардаи шахсҳои ҳуқуқӣ амал мекунанд. Ба ин муносибат масъалаи салоҳияти ҳамчун андозсупоранда эътироф намудани филиалҳо ва бахшҳои дигари ташкилотҳо ба миён меояд.

Мутобиқи моддаи 17 КГ ҶТ шахсҳои воқеӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои дигар ва ҳамчунин шахсони бетабаа ҳисоб меёбанд.

Ҳамаи шаҳрвандон баробарҳуқуқанд ва вазифаҳои гражданӣ доранд. Шаҳрванд аз рӯзи таваллуд ёфтанаш соҳибҳуқуқ мешавад ва баробари вафоташ қатъ мегардад (мод.18 КГ ҶТ).

Мазмуну моҳияти соҳибҳуқуқии шаҳрванд дар моддаи 19 КГ ҶТ рӯшан карда мешавад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад:

  • дар асоси ҳуқуқи моликият чи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи берун аз он амвол, аз ҷумла пули хориҷӣ дошта бошад;
  • амволро мерос гирад ва амволи худро васият кунад (мерос монад);
  • дар қаламрави ҷумҳурӣ озодона равуо кунад ва манзил интихоб намояд;
  • озодона хоки ҷумҳуриро тарк гӯяд ва ба он баргардад;
  • бо ҳама гуна фаъолияти манънакардаи санадҳои қонунгузорӣ машғул шавад;
  • мустақилона ё худ якҷоя бо дигар шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ шахсҳои ҳуқуқӣ таъсис диҳад;
  • ба ҳар гуна муомилоти манънакардаи санадҳои қонунгузорӣ пардозад ва дар ӯҳдадориҳо иштирок намояд;
  • ба ихтироот, асарҳои илмӣ, адабиёту санъат, ба натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ (эҷодкорӣ) ҳуқуқи моликият дошта бошад;
  • товони зиёни моддӣ ва маънавиро талаб намояд;
  • дигар ҳуқуқҳои амволӣ ва шахсӣ дошта бошад.

Шаҳрванд барои соҳиб гаштан ва амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои гражданӣ, барои худ эҷод кардану иҷро намудани вазифаҳои гражданӣ (коршоямии гражданӣ) баъди расидан ба синни ҳаждаҳ бо кору амали худ қобил мешавад.

Аз ин рӯ, аломату нишонаҳои шахси ҳуқуқӣ инҳоанд:

  • соҳибҳуқуқии гражданӣ;
  • ҳуқуқи моликият;
  • номи шаҳрванд;
  • ҷои истиқомат;
  • қобили амал будани шаҳрванд;
  • дорои масъулияти амволӣ.

Ба ҳамин тариқ, дар моддаҳои 17-19 КГ ҶТ қоидае зикр шудааст, ки мутобиқи он шаҳрванд ҳуқуқ дорад иштирокчии мустақили муносибатҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ бошад. Аммо на КГ ҶТ ва на Кодекси андоз мафҳумҳои «соҳибҳуқуқии андозсупорӣ» ва «қобили амали коршоямии андозсупорӣ» буданро муайян накардаанд, ки онҳо имконият медиҳанд шахси воқеӣ дар кадом ҳолатҳо иштирокчии мустақили муносибатҳои андоз шуда метавонад.

Аз ин рӯ, соҳибҳуқуқии андозсупориро ҳамчун қобилияти доштани ҳуқуқи андозпардозӣ ва ба зимма доштани вазифаҳои андозпардозӣ маънидод кардан мумкин аст, ки он ба тамоми шахсони воқеӣ баробар дахл дорад. Шахси воқеӣ баробари таваллуд шудан дорои соҳибиҳуқуқу вазифаи андозпардозӣ мешавад ва ин қобилияти ӯ баъд аз вафоташ қатъ мегардад.[2]34

Қобили амали андозсупор буданро метавон ҳамчун қобилияти ашхосе муайян кард, ки бо корубори (амали) худ барои андозбандӣ шуданашон шароит муҳайё мекунанд (яъне аз меҳнати худ даромад мегиранд, соҳиби амвол аз қабили хонаву ҷой, автомобил ва ғайра мешаванд)[3]35.

Ҷорӣ намудани ин мафҳумҳо имконият медиҳад супорандагони андозҳои гуногун дурусттар муайян карда шаванд. Масалан, дар моддаи 178 Кодекси андоз шахсоне ба супорандагони андози арзиши иловашуда нисбат дода шудаанд, ки бо фаъолияти иқтисодӣ машғуланду ҳаҷми амалиёти андозбандишавандаи онҳо дар давоми 12 моҳи тақвимии соли гузашта аз 12000 маоши ҳадди ақал зиёдтар аст. Ғайр аз ин ба андозсупорандагон ҳамаи шахсоне низ нисбат дода шудаанд, ки ба ҷумҳурӣ моли андозбандишавандаро ворид менамоянд.

Ғайрирезиденте, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кору хизмати супорандаи андози арзиши иловагӣ ё худ шахси ҳуқуқиро – резидентро баҷо меоварад, ҳамчунин андозсупоранда аст. Ин ашхос бояд дар мақомоти андоз ба сифати супорандагони андози арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд.

Мафҳуми субъекти андозбандӣ қариб ҳаммаънои мафҳуми ҳомили андоз (хироҷӣ) мебошад, яъне ӯ шахсест, ки дар ниҳояти кор тамоми бори андозро кашида, андозро ба буҷет аслан ӯ мепардозад.

Андозҳои мустақим (андози фоидаи шахсҳои ҳуқуқӣ, андози даромади шахсҳои воқеӣ) одатан аз ҳисоби маблағи худи андозсупоранда пардохта мешаванд ва даромади ӯро воқеан кам мекунанд. Пардохти андозҳои ғайримустақим (андози арзиши иловашуда, аксизҳо), аксаран дар ниҳояти кор ба гардани истеъмолкунандагони маҳсулот меафтад, ба ин сабаб даромади воқеии субъекти андозбандишаванда (андозпардоз) ё умуман кам намешавад ва ё андаке кам мешавад.

Талаби аз ҳисоби худ пардохтани андоз маънои онро надорад, ки андозро ҳатман бевосита худи андозсупоранда супорад. Андозро аз номи ӯ шахси дигар (намояндаи вай) ҳам супурда метавонад.

Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуди намояндагӣ – намояндагии қонунӣ ва намояндагии таъинотӣ (аз рӯи ваколатнома) муайян карда шудааст.

Мувофиқи моддаи 27 КГ ҶТ андози даромади ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсоларо намояндагони қонунии онҳо (падару модар, фарзандхондагон, васиён) ё бо розигии хаттии ин касон худи ноболиғон месупоранд.

Намояндагони қонунии андозсупоранда, яъне шахси ҳуқуқӣ ашхосе (мақомоте) мебошанд, ки ваколатдор шудаанд манфиати ин шахси ҳуқуқиро дар асоси қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсисотии он ҳимоя намоянд. Масалан, аз номи ширкати комил, агар дар шартномаи таъсисотӣ тартиби дигар муайян нашуда бошад, ҳар иштироккунандаи он амал карда метавонад (мод. 75 КГ ҶТ), фаъолияти ширкатро аз рӯи боварӣ метавонанд ширкатҳои комил идора намоянд, ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶММ) маҷлиси умумии иштироккунандагонаш ва мақоми иҷроияи роҳбари корҳои ҳаррӯза (мод.98 КГ ҶТ) роҳбарӣ мекунад, намояндаи қонунии корхонаи воҳид роҳбари он мебошад, ки ӯро молик ё вакили мақомоти молик таъин менамояд (мод.124 КГ ҶТ).

Навъи дигари намояндагӣ намояндагии таъинотӣ (аз рӯи ваколатнома) мебошад. Мутобиқи моддаи 36 Кодекси андоз намояндаи ваколатдори андозсупоранда шахси воқеие мебошад, ки андозсупоранда вайро ваколатдор сохтааст манфиатҳои ӯро дар муносибат бо мақомоти андоз, дигар иштироккунандагони муносибатҳое, ки бо қонунгузории андоз танзим гардонида мешаванд, ҳимоя намояд.

Намояндаи ваколатдори андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ ваколатҳои худро дар асоси ваколатномае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 207-214 КГ ҶТ дода мешавад, иҷро мекунад.

Намояндаи ваколатдори андозсупоранда – шахси воқеӣ ваколатҳои худро дар асоси ваколатномаи тасдиқкардаи идораи нотариалӣ ё худ дар асоси ваколатномае, ки баробари ваколатномаи додаи нотариус аст, мутобиқи моддаҳои 210-212 КГ ҶТ ба ҷо меоварад.

Дар ҳолатҳои зикркардаи қонунгузорӣ масъулияти иҷрои қонунгузории андоз метавонад ба зиммаи намояндагони андозсупоранда гузошта шавад.

Моҳияти субъектҳои андозбандиро баррасӣ намуда, як хусусияти ташкилотҳои (муассисаҳои) давлатии буҷетӣ, аз ҷумла корхонаҳои давлатиро таъкид кардан зарур аст. Ин хусусият аз он иборат аст, ки чунин ташкилотҳо аз тарафи давлат (молик) таъсис дода, маблағгузорӣ карда мешаванд.

Бинобар ин аз ташкилотҳои буҷетӣ андоз ситондан фоида надорад, зеро аз ин кор на давлат даромад мекунаду на ташкилоти буҷетӣ. Аз ин рӯ, саволе ба миён меояд, ки чунин ташкилотҳои буҷетиро субъектҳои андозбандӣ донистан салоҳ аст?

Дар баробари ин қоидаи мазкурро ба ташкилотҳои мустақили давлатӣ, ки амволи давлатро дар асоси ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ истифода мекунанд, нисбат додан лозим нест.

Агар шахсҳои воқеӣ (шаҳрвандони Тоҷикистон, шахсҳои бе табаа, шаҳрвандони хориҷӣ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як соли тақвимӣ (меъёри будубоши воқеӣ) зиёда аз 182 рӯз зиндагонӣ карда бошанд, мутобиқи Кодекси андоз воқеан резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбанд. Ҳамчунин шахсоне, ки дар хизмати давлатии берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, сарфи назар аз давомияти хизмати онҳо дар соли ҷории тақвимӣ резидент мебошанд.

Барои мақсади андозбандӣ ғайр аз аломату нишонаи резидентии шахси воқеӣ инчунин мафҳуми соҳибкори инфиродӣ (алоҳида) истифода мешавад (мод.25 КА ҶТ). Аломату нишонаи асосии ба қайдгирии давлатии шахси воқеӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ барои мақсади андозбандӣ майлу хоҳиши бо соҳибкорӣ машғул гаштан (машғулияти ҳаққонӣ), қобили ҳуқуқи андозсупорӣ будан ва қобили амали андозсупорӣ доштани ӯ мебошад.

  1. 33 Основы налогового права (зери тањрири С.Г.Пепеляев). – М.: Инвест Фонд, 1995. – с.42-49.

  2. 34 Гуреев В.И. Российское налоговое право. М.: ОАО «Нашриёти «Экономика», 1997. – с.55.

  3. 35 Гуреев В.И. Российское налоговое право. М.: ОАО «Нашриёти «Экономика», 1997. – с.56.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.