Тартиби ҳисоб кардани андоз

Усул, мӯҳлат ва тартиби пардохти андоз

Одатан, қонунгузорӣ вазифаи ҳисоб кардани маблағи андозро ба зиммаи андозсупоранда (ва ё намояндаи ӯ) гузоштааст. Дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ вазифаи ҳисоб кардани маблағи андозро ба зиммаи мақомоти андоз (гумрук) ва агентҳои андоз гузоштан мумкин аст.

Андозро метавон аз рӯи системаи ғайрикумулятивӣ (манбаи андоз қисм ба қисм андозбандӣ мешавад – андози арзиши иловашуда, аксиз, боҷи давлатӣ ва ғайра) ва системаи кумулятивӣ ҳисоб кард (андоз аз рӯи натиҷаи торафт афзоянда аз ибтидои давра андози даромади шахсони воқеӣ ҳисоб карда мешавад).

Мақомоти андоз (гумрук) дар суратҳисоби шахсии андозсупоранда маблағи андозеро ҳисоб менамоянд, ки бояд дар давраи мушаххаси андозсупорӣ пардозад (мод. 55 КА ҶТ).

Мақомоти андоз (гумрук) ӯҳдадории андозпардозии ҳар андозсупорандаро бояд дар асоси маълумоти зайл ҳисоб карда бароянд:

  • декларатсияҳои пешниҳодкардаашон;
  • маълумотҳои доир ба пардохтҳо, маводи тафтишот;
  • маълумоти дигар.

Агар андозсупоранда маълумоти барои ҳисоб кардани андоз заруриро пешниҳод накунад, мақомоти андоз ҳуқуқ доранд, ки андозро дар асоси ҳама гуна маълумоти дастрас ҳисоб кунанд.

Дар ин сурат андозсупоранда аз ҳисоб карда баромадани ӯҳдадории андоз огоҳонида мешавад.

Дар огоҳномаи ҳисоби андоз ин чизҳо зикр мешаванд:

  • насабу ном (ё худ номи) андозсупоранда;
  • рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • санаи огоҳонӣ;
  • объекте, ки огоҳинома ба он тааллуқ дорад ва давраи андозсупорӣ;
  • маблағи андози ҳисоб кардашуда, аз ҷумла фоизу ҷаримаҳо;
  • талаби пардохти андоз ва мӯҳлати пардохти андоз;
  • маҳал ва тарзу усули пардохти андоз;
  • зикри асосҳое, ки аз рӯи онҳо андоз ҳисоб карда шудааст;

– тартиби шикоят кардан.

Нақши 6.5.

Агар андозситонӣ бо навиштани декларатсия вобаста бошад, пас дар қонунгузорӣ навиштани декларатсия, ки аз ӯҳдадории пардохти андоз далолат менамояд, ҳамчун ҳисоб карда баромадани андоз ва огоҳонидан ва талаби дар мӯҳлати муқарраршуда пардохтани андоз дониста мешавад.

Дар мавриди ситонидани андоз бо роҳи нигоҳ доштани он аз манбаи пардохт, ки андозсупоранда декларатсияи андоз пешниҳод намекунаду мақомоти андоз бошанд, маблағи андозро дар асоси маълумоти дигар ҳисоб намекунанд, ҳолати дигар пеш меояд. Дар ин ҳол мусаллам мегардад, ки мақомоти андоз ӯҳдадории андозпардозии андозсупорандаро барои як сол ба маблағи андозе, ки аз ҳисоби пардохтҳои дар як сол гирифтаи андозсупоранда рӯёнда шудааст, ҳисоб карда гузарондаанд, ба шарте, ки чунин ҳолат рӯй дода бошаду андозсупорандаро аз ҳисоб кардани андоз воқиф гардонида бошанд.

Дар қонунгузорӣ барои роҳбарони мақомоти андоз дар мавридҳои зерин ҳуқуқҳои иловагӣ муқаррар карда шудаанд, яъне агар маълумоти аниқ бошад, ки андозсупоранда барои андозбандӣ нашудан ният дорад аз ҳудуди мамлакат баромада равад, активҳояшро ба дигар шахс диҳад ва ё дигар чораҳое бинад, ки агар онҳо фавран андозбандӣ нашаванд, метавонанд монеи андозситонӣ гарданд. Дар ин ҳолат роҳбари мақомоти андоз ҳуқуқ дорад шахсро андозбандӣ кунад ва аз ӯ талаб намояд, ки маблағи андоз пештар аз рӯзи муқарраргардида фавран пардохта шавад.

Мақомоти андоз метавонанд маблағи ҳисоб кардашудаи андозро аз шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар мӯҳлати 4 соли баъди ба охир расидани давраи андозбандӣ ҳисоб кунанд ва тағйир диҳанд, маблағи ҳисобкардашудаи (ислоҳкардашудаи) андозро бошад, дар мӯҳлати 8 соли баъди ба охир расидани давраи андозбандӣ ситонанд (дар мод.23 қонуни бекоркардашудаи «Дар бораи асосҳои системаи андоз» мурури хеле кӯтоҳи даъво, яъне барои шахсони ҳуқуқӣ 4 сол ва барои шахсҳои воқеӣ 2 сол муқаррар шуда буд).

Дар Кодекси андоз ӯҳдадории мустақилона аз тарафи андозсупоранда ҳисоб карда баромадани андоз муқаррар карда нашудааст. Дар баробари ин Кодекс қоидаҳои таъсиси намояндагон (мод.36 КА ҶТ) ва ё агентҳоро (мод.22 КА ҶТ) пешбинӣ менамояд, ки метавонистанд ба ҷои андозсупоранда баъзе вазифаҳои онҳоро баҷо оваранд.

Ҳисоб кардани андози арзиши иловашуда ва аксиз аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми хонапурӣ кардани ҳисобнома –фактура пешбинӣ карда мешавад (мод.202 КА ҶТ).

Андозро ба ҳар тарзу усул ҳисоб карда баромадан мумкин аст. Аз ҷумла ҳар даромаде, ки корхона ба шахси воқеӣ медиҳад, бе назардошти даромадҳои пештар гирифтаи ӯ алоҳида андозбандӣ шуда метавонад. Ин ба ном тарзи ғайрикумулятивии ҳисоб карда баромадани андоз аст.

Ҳоло тарзи ҳисоб кардани андоз аз рӯи натиҷаи ҷамъулҷамъ хеле расм шудааст. Чунин тарз аз соли 1999 дар Тоҷикистон дар мавриди ҳисоб кардани андози даромади шахсони воқеӣ ба кор бурда мешавад. Шӯъбаи муҳосибаи корхона маблағи умумии ҳарвақтаи андозсупорандаи мушаххасро аз аввали сол муайян мекунад. Ҳангоми ба буҷет гузаронидани маблағи андоз маблағи ҳисобкардаи андоз аз маблағи андозе, ки қаблан аз ин даромад ситонида шудааст, тарҳ карда мешавад.

Андоз бояд бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонуни андоз пардохта шавад. Чунин тарзу усулҳои асосии пардохти андоз мавҷуданд:

  • пардохти андоз аз рӯи декларатсия;
  • пардохти андоз аз манбаи пардохт;
  • тарзи кадастрии пардохти андоз (хироҷ).

Пардохти андоз аз рӯи декларатсия чунин тарзест, ки андозсупоранда вазифадор карда мешавад дар бораи ӯҳдадориҳои андозсупориаш ба мақомоти андоз бо тартиби муқарраршуда аризаи расмӣ пешниҳод намояд. Мақомоти андоз дар асоси декларатсия андозро ҳисоб карда мебарояд ва ба андозсупоранда хабарномаи пардохти андозро медиҳад ё худ андозсупоранда андозро мустақилона дар мӯҳлати муқарраргардида мепардозад.

Давлат бо мақсади мадохилоти мунтазами даромади буҷет ва наздик расидани мӯҳлати пардохти андоз ба мӯҳлати гирифтани фоидаи буҷет метавонад вазифаи пардохти миёнасолии мобайнии (бунакии) андозро муқаррар намояд. Одатан, маблағи пардохти бунакӣ дар асоси маблағи андози пешпардохт муқаррар карда мешавад.

Пардохти андоз аз манбаи даромад маънои онро дорад, ки андозсупоранда даромади худро пас аз тарҳ карда шудани андози ҳисобшуда ва ситонидаи шӯъбаи муҳосибаи сохторе (корхона, соҳибкоре), ки андоз мепардозад, мегирад. Ин тарзу усул барои андозсупоранда андозситонии беихтиёр (автоматӣ), яъне нақд мебошад. Андозҳои бо ин усул ситонидашуда пешпардохт номида мешаванд, зеро андозсупоранда аслан андозро пеш аз гирифтани даромад месупорад.

Усули кадастрии пардохт (хироҷ) ба он асос ёфтааст, ки тамоми объектҳои андозбандишаванда аз рӯи нишонаҳои зоҳирӣ ба гурӯҳҳо ҷудо карда, даромади миёнаи объекти андозбандишаванда муқаррар карда мешавад. Чунончӣ, хироҷи замин бо ҳиссаҳои баробар – заминҳои шаҳр соле дар 4 мӯҳлат (15 март, 15 июн, 15 сентябр ва 15 декабр) ва аз заминҳои дигар соле дар 2 мӯҳлат (15 сентябр ва 15 декабр) пардохта мешавад.

Тартиби пардохти андоз тарзу усулҳои техникиро муайян менамояд, ки ба воситаи онҳо маблағи андоз ба буҷети дахлдор (фонди давлатӣ) гузаронида мешавад. Ин талаб менамояд, ки аз рӯи ҳар андоз гирандаи пули пардохт (буҷет, фонди давлатӣ), воситаҳои пардохти андоз (одатан андоз ба пули миллӣ пардохта мешавад), механизми пардохт (бо роҳи нақд ё ғайринақдӣ ба кассаи андозғундор ё ба ҳисоби буҷет дар бонк) аниқ муайян карда шавад.

Андоз якбора пурра ва ё бо тартиби дигари пешбининамудаи қонуни андоз супурда мешавад. Маблағи андозро андозсупоранда ё агенти андоз дар мӯҳлати муқарраргардида мепардозанд.

Дар сурати набудани бонк андозсупоранда ё агенти андоз, ки шахсҳои воқеианд, андозро ба воситаи кассаи ҷамоати деҳот ё ҷамоати шаҳрак мепардозанд.

Дар Россия аз соли 1994 бо мақсади пурра ҷамъоварӣ кардани аксизҳо ва пешгирии воридоти ғайриқонунии моли зераксиз тартиби ситонидани аксиз дар шакли фурӯши маркаҳои намунаи муқарраргардида ҷорӣ карда шудааст. Ба ҳамин тариқ, моли зераксизи дорои маркаи аксизӣ нишонаи пардохти андоз мебошад.

Соли 1998 дар Тоҷикистон ҳам марказои аксизӣ ҷорӣ карда шуда буданд, вале мақсад аз ин баён кардани легалияти машрубот ва тамокуи истеҳсолшуда буд (ғайр аз пардохти максиз). Дар Тоҷикистон низ мисли Россия молҳоеро, ки бояд тамға зада шаванд, бе тамғаи андози аксизӣ фурӯхтан манъ аст.

Барои мавридҳое, ки маблағи аксизи пардохта аз маблағи ҳисоб карда баромадаи андоз зиёдтар аст, илоҷҳои гуногун пешбинӣ шудаанд.

Дар ин ҳолат мақомоти андоз:

а) чунин афзоишро зимни дигар андозҳоро пардохтани андозсупоранда ба ҳисоб мегиранд (аз ин андозсупорандаро огоҳ менамоянд);

б) бо розигии андозсупоранда маблағи аз пардохти андозҳои дигар боқимондаро дар иҷрои ӯҳдадориҳои пардохти минбаъдааш ҳисоб мекунанд;

в) агар дар қонунгузорӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, якҷоя бо мақомоти молия маблағи боқимондаро ба андозсупоранда дар давоми 45 рӯзи баъди ариза навишта доданаш бармегардонанд.

Дар қонунгузорӣ барои пардохти қарзи андози буҷет чунин тартибот муқаррар карда шудааст: аввал фоизҳои ҳисобкарда, сипас ҷаримаҳои ҳисобкарда ва, ниҳоят, андозҳои ҳисобкарда пардохта мешаванд.

Агар андозсупоранда доир ба андози ҳисобкарда аз мақомоти андоз шикоят карда бошад, аз андозсупоранда бояд танҳо он қисми ӯҳдадории андоз ситонида шавад, ки ба он даъво надорад. Дар баробари ин ба таъхир афтодани пардохти пурра ё як қисми андози ҳисобкарда андозсупорандаро аз пардохти фоизи саривақт ба буҷет нагузаронидани ин андоз озод намекунад. Агар андозсупоранда доир ба андози ҳисобкарда ба суд ариза нависад (шикоят кунад), он тибқи расмиёти судии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ситонида хоҳад шуд.

Дар сурати пардохтани андозе, ки доир ба он андозсупоранда арзу шикоят кардааст, дар натиҷаи қонеъ гардонидани ин арзу шикоят пурра ё қисман пардохта шудани андоз муайян шуда бошад, андозсупоранда ҳақ дорад, ки маблағи аз ӯ нодуруст ситонидашуда ва фоизҳои он барояш ҷуброн карда шаванд.

Андоз ҳамчунин маҷбуран ситонида шуда метавонад.

Ҳабси амвол ҳамчун усули таъмин намудани иҷрои ӯҳдадориҳои андоз амали мақоми андоз оид ба маҳдуд намудани ҳуқуқи соҳибияти андозсупоранда нисбати амволи ӯ дониста мешавад. Амволи андозсупоранда дар сурати дар мӯҳлати муқарраргардида ӯҳдадориҳои худро оид ба пардохти андоз иҷро накардан ва дар сурати далели кофӣ доштани мақомоти андоз барои ба чунин хулоса омадан, ки ин шахс тадбирҳое меандешад, ки ғайб занад ё амволашро пинҳон кунад, ҳабс карда мешавад.

Ҳабси амвол метавонад пурра ё қисман бошад. Ҳабси пурраи амвол чунин маҳдудкунии ҳуқуқи андозсупоранда (агенти андоз) нисбати амволи ӯ дониста мешавад, ки дар рафти он ӯ ҳуқуқ надорад амволи ҳабсшударо идора кунад ва онро танҳо бо иҷозат ва таҳти назорати мақомоти андоз соҳибӣ ва истифода карда метавонад. Ҳабси қисман чунин маҳдудкунии ҳуқуқи андозсупоранда нисбати амволи ӯ дониста мешавад, ки дар рафти он андозсупоранда ин амволро мустақилона соҳибӣ карда, истифода мебарад, вале ихтиёрдории ин амвол бо иҷозат ва таҳти назорати мақомоти андоз сурат мегирад. Амволро дар сурати 15 рӯз пеш ҳатман огоҳонидани андозсупоранда ҳабс кардан мумкин аст.

Ба тамоми амволи шахси ҳуқуқӣ ва ба як қисми амволи шахси воқеӣ (ба истиснои амволе, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҳабс кардан мумкин нест), метавонад чораи ҳабс истифода карда шавад. Танҳо амволе ҳабс карда мешавад, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои андоз зарур ва кофист.

Ҳар шахс метавонад аз мақомоти андоз дар хусуси бекор кардани ҳабси амвол дархост намояд, ки мақомоти андоз мувофиқи он қарори мусбӣ қабул мекунад. Дар ин ҳолат андозсупоранда шахсе мешавад, ки бекор карда шудани чораи ҳабсро дархост намудааст (б.14. мод.64 КА ҶТ).

Мақомоти андоз метавонад маблағи пардохтнашудаи андозро аз ҳисоби амволи андозсупоранда ситонад. Амволро ба ҳисоби андоз танҳо баъди ҳабси амвол, ки дар ин ҳолат андозсупоранда бояд 15 рӯз пештар огоҳонида шавад, ситонидан мумкин аст.

Агар гумони қотеъ бошад, ки андозситонӣ зери хатар аст, мақомоти андоз дар як вақт бо огоҳномаи (хаттии) андозсупоранда метавонад аз вай фавран супоридани андозро талаб кунад. Дар сурати насупоридани андоз мақомоти андоз метавонад дарҳол ба ситонидани амволи андозсупоранда шурӯъ намояд.

Мақомоти гумрук аз рӯи огоҳномаи (хаттии) мақоми андоз, ки дар он қарори ҳабси пурраи амволи андозсупоранда оварда шудааст, муомилоти содиротии ӯро ба мӯҳлати дар мактуби мақомоти андоз зикршуда манъ кунад. Чунин огоҳнома ба шахсони сеюм (аз ҷумла ба бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитии андозсупоранда) фиристода шуда метавонад, ки он вазифадор менамояд ҳар гуна маблағи барои ин ё он андозсупоранда таъингардидаи шахсони сеюм дар давоми 10 рӯз бевосита ба буҷет гузаронида шавад.

Бақияи андоз ҳамчунин аз маблағи барои андозсупоранда таъингардидаи шахсони сеюм ситонида шуданаш мумкин аст (мод.68 КА ҶТ). Дар баробари ин мувофиқи огоҳномаи мақомоти андоз шахси сеюм вазифадор мегардад, ки маблағи барои андозсупоранда таъиншударо дар давоми 10 рӯз бевосита ба буҷет пардозад.

Мутобиқи қонунгузорӣ қарзҳои боқимондаро аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо мақомоти дахлдори андоз дар ҳолатҳои зерин аз ҳисоб мебароранд:

а) ба охир расидани мӯҳлати мурури ситонидани андоз;

б) қатъ гардидани ӯҳдадории андоз мутобиқи қонунгузорӣ;

в) дар мавридҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мод.71 КА ҶТ).

Вале дар ин масъала мавриду тартиби аз ҳисоб баровардани бақияпулиҳои андози маҳаллӣ на ба ихтиёри ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки бояд аз ин даромад мекарданд, балки ба ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд. Ғайр аз ин, тартиби (механизми) аз ҳисоб баровардани ҷаримаву фоизҳои андоз муайян карда нашудааст (то қабул гардидани Кодекси андоз қарори аз ҳисоб баровардан ё худ тағйир додани шартҳои (реструктуриконии) қарзи андоз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешуд).

Агар ягон навъи маблағи андоз дар мӯҳлати муқарраршуда супорида нашуда бошад, андозсупоранда вазифадор мешавад, ки аз ин маблағ барои давраи аз рӯзи оғози мӯҳлати пардохт то рӯзи пардохти андоз фоизи ин маблағро супорад. Фоизи маблағи зиёдатӣ ба андозсупоранда аз рӯи додани аризаи баргардонидани маблағи зиёдатӣ сар карда то рӯзи гирифтани он (зиёда аз 45 рӯз) пардохта мешавад. Фоиз аз бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ки ба андозсупоранда хизмат мерасонад, барои ба буҷет дер гузаронидани пули андоз, риоя накардани навбати аз ҳисоб баровардани маблағи андоз ва ғайра ситонида мешавад.

Меъёри фоиз ба андозаи 125 фоизи муқаррарии маблағи кредити музоядаи қарздиҳии байнибонкии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (меъёрҳои маблағгузорӣ) соли 2001 дар сурати 20 фоиз будани меъёри маблағгузории такрорӣ (бозтамвилӣ) андозаи фоизи солона 25 фоизро ташкил дод (дар як рӯз 25/360=0,07 фоиз, ҳол он ки соли 1992-юм 0,5 фоизро ташкил дода буд).

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.