Асосҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ

 

 Ислоҳоти бахисобгирии буҷетӣ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (феврали 2010) накшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи ислоҳоти ҷараёни буҷет дарТоҷикистон барои солҳои 2010 — 2018 қабул карда шудааст.

Қисми асосии стратегияи бахисобгирии бухгалтериро бахши давлатӣ ташкил медиҳад.

Ҳуҷҷатҳои асосии ҷараёни амалӣ гардидани ислоҳоти баҳисобгирй дар тащкилотҳои буҷетӣ аз инҳо иборат мебо-шанд:

  1. Санадҳои меъёрӣ оид ба ҷорй кардани ҳисобгирии бухгалтерӣ дар ташкилотҳои буҷетй;
  2. Дастурамал оид ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ дар муассисаҳои буҷетй бо фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2000, №157;
  3. Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисобгирии бухгалтерй» аз 14 майи соли 1999, №750;
  4. Фармони Вазири молия аз 2.10.1997, №45 «Оид ба гу-заронидани баҳисобгирии бухгалтерии амвол ва ӯхдадориҳои молиявй»;
  5. Меъёри хӯрдашавии воситаҳои асосӣ;
  6. Дастурамал оид ба тартиби сохтан ва пешниҳод кардани хисоботи солона ва даврагии муассисаҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Вазири молия аз 2.10.2006, №86;)
  7. Гурӯҳбандии даромад ва хароҷоти буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2005 (Фармони вазири молияи Ҷумҳурии Точикистон №129 аз 28.12.2004). Санадҳои меъёри дар бораи ҷорӣ кардани ҳисобгирии бухгалтерй дар субъектҳои хоҷагидорӣ;
  8. Нақшаи ҳисобҳои хисобгирии бухгалтерии фаъолияти молиявӣ-хоҷагй ва дастури методӣ дар бораи амалӣ кардани он (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии!Тоҷикистон аз 1.09.1998, №99);
  9. Нақшаи хисобҳои хисобгирии бухгалтерии (молиявй) -фаъолияти молиявии- хоҷагӣ ва нишондоди методй оид б а татбиқи он мувофики талаботи стандарти байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ. фармони Ва-зири молия аз 5.03.2004, №28);
  10. Дастурамал оид ба тартиби аз тарафи субъектҳои хоҷагидорй пур кардани ҳисоботҳои семоҳа ва солона (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2001, №124);

4. Дастурамал оид ба тартиби аз тарафи субъектхои хоҷагй пур- кардани хисоботҳои семоҳа ва солона мутобики талаботи МСФО (фармони Вазири молияи Ҷумхурии Тоҷикистон аз 24.11.2004, №141);

5. Низомнома оид ба ҷорй кардани ҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботҳои бухгалтерй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02.2003, №9);

6. Тавсияи метода оид ба гузариш ва ҷорӣ намудани ҳисобгирии бухгалтерй мувофики талаботи стандарти байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ((СБҲМ) фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи 2004, №68);

7.Стандарти байналмилалии хисоботи молиявй. Ҷилди 1-2 (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2008, №134);

8. Тавсияи метода оид ба татбики СБҲМ. Ҷилди 1-2 (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2008, №134); 9. Низомнома оид ба иҷрои молиявй (лизинга №87 аз соли 2001).

10.

Қонунҳое, ки идора кардани молияи давлатро гаявдш

Мекунанд

Номгуи конунхо Дав-

раи кабул и онҳо

Мохияти қонуихо
1 Қонуни Ҷумҳурии Точикистон дар бораи молияи дав лат Бо тағйи-роту ило-ваҳоаз 18.06.20 08 Ин қонун бо маҳсади татими давлалш молиявй, таъмини пркнсипҳои таркиби бучег, тайёр кардан ва иҷрои буҷеги ҶТ, танзими муносибатҳои байки ҳамаи дараҷаҳои буҷет, муайян кардани ҷараёни олами буҷетӣ ва инчунин оид ба муносибатҳои молиявии байни буҷетӣ ва субъекти самтҳои буҷет хизмат мекунад
2 Қонун дар бораи хазинадорй 06.03.20 01 Ин қонун асоси ҳукукии давлатии хазинадо-риро муайян карда, муносибатхои хазинадо-риро дарҶТ танзим менамояд
3 Қонун дар бораи қарзи давлатӣ 11.12.19 99 Ин қонун муносибатҳои қарзии давлатӣ ва механизми амалии онро танзим мекунад
4 Қонуни ҳарсола оид ба буҷет Ҳарсол Ин қонун механизми воридоти манбаи буҷет ва ба соҳаҳо тақсим кардани маблағҳои воридгар-дида, назарияи истифодаи дурусти максадноки маблағҳои иулиро танзим мекунад
5 Қонун оқд ба Аген-тии назорати давла-тии молиявй ва мубориза бо корру-псия 27.02.20 08 Ин қонун истифодаи мақсадноки маблағҳо вавоситаҳои пулию-молии амволи давлатиро назорат карда, ҳолатҳои роҳ надодан ба хатогиҳои зидди коррупсионӣ ва тасарруфи маблағу воситаҳоро назорату танзим мекунад
6 Қонун оид ба бонки мкллй 28.06.20 11

№722

Ин қонун асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, вазифаҳои асосӣ ва ӯхдадориҳои онро муайян мекунад
7 Кодекси андоз Ин кодекс механизми ташкилёбӣ ва тартиби ҷамъоварии андозҳоро ба низом медарорад
8 Кодекси гумрукӣ Тартиботи гумрукунониро ба низом медарорад
9 Қонун дар бораи хариди давлатӣ Тартиботи дурусти хариди равияҳои молия амвол, кори хизматрасониро танзим мекунад
10 Қонун дар бораи ҳисобдории бухга-лтерй 21.11.20 06 Ин қонун асосҳои ҳуқукии ташкил ва танзи-ми хисобгирии бухгалтериро дар муар-рар мекунад. Мақсади қонун таъмини ягона-гии ҳисобгирии бухгалтерии фаъол, ӯхдадориҳо ва транзакунӣ, ки аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо гуза-ронида мешаванд, ҷамъоварӣ ва барои исти-фода пешниҳод кардани ҳисоботи молиявӣ, ҳисоботҳои муқоисавӣ ва ахбори аниқ нисба-ти ҳолати амвол, дохилшавӣ ва сарфи онҳо мебошад.
11 Қонун дар бораи фаъолияти аудито-рӣ Ин қонун фаъолияти назорати оддитаринро дар тақсимоти муосир тазим менамояд
12 Қонун дар бораи назорати давлатии молиявй Тартиби ташкилёбӣ ва истифодаи воситаҳои молиявиро аз рӯйи стандартҳои давлатӣ танзим мекунзд.
13 Қонуни Конститу-тсионӣ оид ба идораи маҳаллии давлатй
14 Қонун дар бораи худидоракунӣ дар шаҳрҳо ва қишлоқҳо Августа 2004 Механизми худидоракуниро дар шахрҳову деҳот танзим менамояд
15 Қонучи Конститу-тсионии оид ба умури маҳаллии хокимияти давлатӣ 2004

Номгӯи дастурамалҳои асоси иҷрокунии давлатми молиявӣ ва бахисобгирии бухгалтерии муассисаҳои буҷетӣ

Номгӯи ҳуҷҷ атхо Вакги

кабули онҳо

Дастурамал оид ба ҷорӣ намудани ҳисобгирии бухгалтерии хааииадогж ва ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ 10/2005
Дасгури методӣ оид ба иҷрои фондҳо 2004
Дастур оид ба лешниҳоди ҳисоботи семоҳа ва солона мувофиқи МСФО 2004
Тавсияномаи методӣ оид ба гузаршпи ҳисобгирии бухгалтерӣба МСФО 2004
Пақшаи ҳисобҳо барои сохтори тиҷоратӣ ва методология оид ба амалӣ кардани он 2007
Фармони Вазири молия оид ба тасдиқи методологияи барӯйхатгирии амвол ва ӯҳдадориҳои молиявӣ 1997
Низомнома оид ба амалй кардани хисобгирии бухгалтерй ва _ҳисобот дарҶТ 2003
Таснифоти даромадҳо ва хароҷотҳои буҷет 1999
Дастурамал оид ба ҷорй намудани ҳисобгирӣ бухгалтерй дар ташкилоти буҷетӣ 2001
Дастурамал оид ба соқит кардани фаъолҳои асосии корно-шоям 2004
Дастурамал оид ба таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи солона ва ҷории та тшкилотҳои буҷетӣ 2006
Дастурамал оид ба пур кардани шакли хисоботҳои семоҳа ва солона 2001

Мувофиқи ин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз 1 январи соли 2005 меъёри ӯхдадориҳои буҷетӣва пулҷудокунӣдар асоси харҷномаҳо бояд таҳия карда шаванд. Хароҷотҳои хазинавй ии ҳақиқиро аз рӯи таснифоти нави буҷет бурдан лозим аст. Қоидаҳои нави таснифоти буҷетро бояд дар ҳуҷҷатҳои пулгузаронӣ нишон дод.

Вобаста ба тағйир ёфтани сиёсати буҷет зарурияти таҳлили истифодаи самараноки буҷет, баҳодиҳии таъсири он ба иқтисодиёт, идораи оқилонаи молиявй ба амал меояд. Барои ҳалли ин масъала маълумотҳои наву муҳим зарур аст, ки барои дастрас кардани он бояд системаи нави ҳисобгирӣ ис-тифода карда шавад. Ба ҷумлаи чунин маълумотҳо, пеш аз хама, ахбор оид ба даромаднокии маблағгузориро дохил кардан мумкин аст.

Барои дастрас намудани маълумот оид ба даромаднокии маблағгузорӣ низоми нави ҳисобгирй, методи

ҳисобкуние, ки дар ташкилотҳои тиҷоратӣ бештар истифода карда мешаванд, пешбинӣ шудааст. Ин усул имкон медиҳад ки ба натиҷаи молиявии фаъолияти ташкилотҳои буҷети баҳо дода, динамикаи иҷрои ӯҳдадориҳои ташкилоти болои ва гирандагони воситаҳои буҷетӣ таъмин карда шавад.

Истифодаи усули ҳисобкунй натанҳо имконият медиҳад, ки бақияи маблағҳо хиеоб карда шавад, балки ҳаракати фаъолҳо ва ӯхдадориҳо назорат карда шаванд. Дар вақти истифодаи онаҳамияти мафҳуми «даромадҳо» ва «хароҷотҳо» дигар мешавад. Даромад на қабул, воридшавӣ, rузаронидани пул ба ҳисоб, балки зиёдшавии арзиши фаъолҳои тоза ҳисоб карда мешавад.

Низоми нави бухгалтерӣ, нисбат ба кӯҳна ҷорӣкардани рамзҳои таснифоти буҷетро (КБК) пешбинӣ мекунад, ки им имконият медиҳад, ҳисобгирии иҷрокунандагони буҷет ва та- шкилотҳои буҷетӣ муттаҳид (якҷоя) карда шавад. Ғайр аз ин, назорат аз рӯйи ҳаракати воситаҳои буҷетӣ, аз рӯйи манбаи даромадҳо то охири кабулкунанда таъмин карда мешавад.

Дастурамали нав дар бораи ҳисобгирии буҷетӣ тартиби ягонаи ҷорӣ кардани баҳисобгирии бухгалтерӣ дар ташкилотҳои Ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои идораи давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилоту идораҳои давлатии минтақавӣ, ташкилотҳои худидораи маҳаллӣ ва ташкилоти буҷетй муқаррар мекунад.

Сиёсати давлатии баҳисобгарй ба воситаи дастурамалҳои зерин амалӣкарда мешавад.

-нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии буҷетй;

– тартиби инъикоси амалиётҳо оид ба иҷрои буҷети низоми буҷетӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисобҳои бахисобгирии буҷетӣ;

– тартиби инъикоси ташкилотҳое, ки хизматрасонии ха- зинавӣ, иҷрои буҷетҳо, амалиётҳо оид ба хизматрасонии хазинавӣ, иҷрои буҷет дар ҳисобҳои баҳисобгирии буҷетӣ татбиқкунанда;

– аз эътибор сокит кардани мукотиботи хисобҳои баҳисобгирии буҷетӣ;

– дигар масъалаҳои ташкили баҳисобгирии бухгалтерии буҷетӣ.

Ҳамаи амалиётҳое, ки аз тарафи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ гузаронида мешванд, дар ҳуҷҷатҳои аввала ба кайд гирифта мешаванд. Барои ҷорӣ кардани ҳисобгирии буҷавӣдар муассисаҳои буҷетӣ рӯйхатҳое, ки дар он равандҳо ва нишондодҳои ҳатмӣ инъикос ёфтааст, истифода карда мсшавад.

Шакли рӯйхатҳои баҳисобгирии бухгалтерии буҷетӣ, ки хусусияти хоси иҷрои буҷетро доранд, инчунин ҷорӣкардани онҳо аз тарафи ташкилотҳо мувофиқи низоми буҷетиҶТтасдиқ карда мешавад.

Дастурамал дар бораи баҳисобгирии буҷет аз чор қисм ибораг асг. Дар қисми якум асосҳои ташкили баҳисобгирии буҷет инъикос ёфта, фаҳмиши он дода шуда, талабот оид ба расмият даровардан ва ҷо ба ҷо кардани ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва рӯйхатҳои баҳисобгирӣ дода шуда, дар он тартиби ислоҳи хатогиҳо, ки дар вақти тартиб додани ҳуҷҷатҳо рӯй додааст мураттаб гардида, нишон дода шудааст. Ҳамин тавр, дар ин қисмзарурияти татбиқи баруйхатгирии амвол, фаъолҳо ва ӯҳдадории молиявӣ, худидоракунии бахисобгирии буҷетй нишондода шудааст.

Дар қисми 2-юми Дастурамал нақшаи нави баҳисобгирии буҷет, дар қисми 3-юм тартиби истифодаи нақшаи ҳисобҳо ва дар қисми 4-ум тартиби хисобгирии амалиётҳо дар мавриди ба таври марказонидашуда ба роҳ мондани таъмини маводҳои арзишноки ташкилотҳои буҷетӣ иньикос ёфтааст. Дар дастурамал 3 замима дохил карда шудааст: дар замимаи 1-ум мукотиботи ҳисобҳои баҳисобгирии буҷет аз рӯи амалиётҳои асосии хоҷагӣ, дар замимаи 2-юм ба як шакл даровардани (унификатсияи) ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ ва нишондод оид ба истифвдаи он, дар замимаи 3-юм номгӯйи рӯйхатҳои тавсияшавандаи баҳисобгирии буҷет бо нишондоди мушаххасоту нишондодҳои ҳатмй нишон дода шудааст.

13 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.