Баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, активҳои ғайримодди ва ғайриистеҳсоли

 

Ҳуҷҷатҳои асосии меъёрӣ

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ» аз 14 майи соли 1999, №750.

2. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи соли 2004.

3. Дастурамал оиди пешбурди бахдсобгирии муҳосибӣ дар муассисах,ои буҷетй (бо фармони Вазири молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2000, №157тасдиқ карда шудааст).

4. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири аз 3-юми майи соли 2002, №10.

5. Дастурамал оид ба тартиб додан ва пешниҳод кардани ҳисоботҳои солона ва давравии бухгалтерии корхонаҳои буҷавии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Точикистон аз 2 октябри соли 2006, №84).

6. Дастури методӣ оид ба барӯйхатгирии моликнят ва ӯхдадории молиявӣ (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.1997).

7. Низомнома доир ба ҳисоби бухгалтерӣ «Сиёсати ҳисобдорӣ дар корхонаҳо» (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Точикистон аз 24.09.1999, №135).

8. Дастурамал дар бораи ҳисоб кардани хӯрдашавӣ. Низомнома доир ба ҳисоби бухгалтерии «Ҳисоби моли-кият ва ӯхдадориҳои корхона», ки бо асъори хориҷӣ ифода шудаанд (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.12.1999, №153).

9. Низомнома доир ба ҳисоби бухгалтерӣ «Баҳисобгирии фондҳои асосӣ» (фармони Вазири молияи ^^умҳурии Тоҷикистон аз 10.04 2001, №64).

Вазифаҳо, таснифот ва баҳодиҳии воситаҳои асосӣ

Ба воситаҳои асосӣ маҷмӯи ашёҳои модции арзишӣ, ки чун воситаи меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулот, иҷрои корҳо, расонидани хизмат ё ин ки барои идоракунии корхона зиёда аз 12 моҳ истифода карда мешаванд, дохил мебо-шанд.

Ба воситаҳои асосӣ дохил мешавад:

1. Иншоотхо, биноҳо

2. Мошинҳо, тачҳизотҳои корӣ ва қуввадиҳанда

3. Асбобу воситаҳои ченкунӣ ва танзимкунанда

4. Техникаи ҳисоббарор

5. Воситаҳои нақлиёт

6. Асбобу анчоми ташкилот

7. Дарахтони бисёрсола

8.Чорвои кори ва маҳсулдиҳанда

9. Роҳҳои дохилии хоҷагӣ ва дигар воситаҳои асосӣ

10. Қитъаи замин, ки моликияти корхона ва муассиса аст

11. Дигар воситаҳои асоси.

Илова бар ин ба воситаҳои асосӣ дохил мешаванд:

1. Маблағгузории асосӣ, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати замин (обёри, хушконидани замин, ҳамвор кар-дани замин ва дигар корҳо) сарф карда шудааст.

2. Хароҷотҳо барои иҷора, биноҳо, ишпоотҳо, таҷҳизо7ҳо, дигар объектҳо, ки аз рӯйи хароҷотҳои ҳақиқӣ ба воситаҳои асосӣ дохил аст (агар дар шарт-номаи иҷора дигар чиз нишон до да нашуда бошад). Вазифаҳои асосии баҳисобгирии воситаҳои асосӣ аз

кнхо иборат аст:

• дуруст ҳуҷҷатноккунӣ ва саривақт инъикос намудани дохилшавии воситаҳои асосӣ дар феҳристҳои баҳисобгирӣ;

• эътимоднок муайян кардани натиҷаҳои фурӯш ва хориҷкунии воситаҳои асрсӣ;

• назорат аз рӯйи хдфз намудани воситаҳои асосӣ ва са-маранок истифодабарии онҳо.

Барои ташкили баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, ки ба талаботи баланд и гузошта шуда ҷавобгӯй бошад. Заминаҳои муҳими зерин таснифоти воситаҳои асосӣ, муқаррар кардани принстҳои баҳодиҳӣ ба воситаҳои асосӣ, ҳисобгирии ягонаи онхо аҳамияти муҳим дорад. Воситаҳои асосӣ аз рӯйи аломатҳои зерин тасниф карда мешаванд: на-муд, мансубия! ва истифодабарӣ.

Аз рӯйи намуд воситаҳои асосии ташкилот ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд: биноҳои истиқоматӣ, биноҳои ғзйриистиқоматӣ, иншоот, мошину таҷҳизотҳо, воситаҳои нақлиёт, фонди кктобхона ва дигар воситаҳои асосӣ.

Дар баҳисобгирии воситаҳои асосӣ онҳо аз рӯйи арзи-ши аввала, барқароркунӣ ва бақиявӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Арзиши аввала – аз хароҷотҳои ҳақиқӣ барои сохтмон ё хариди воситаҳои асосӣ, хароҷотҳо оид ба кашондан (да-страс кардан); мувофиқ ба васл кардани воситаҳои сарфшуда иборат аст. Ба таркиби арзиши аввала объектҳои сохтмони

андоз аз арзиши иловашуда дохил мешавад. Арзшли аввала ба тарики зайл муайян карда мешавад:

а) аз рӯйи розигии тарафайн (шартномаи дутарафа);

б) аз рӯйи хароҷотҳои ҳақиқии истеҳсолӣ, сохтмон ё хариди восигаҳои асосӣ, хароҷоти бор кардану фаровардан, мувофиқкунонӣ ва васлкунӣ;

в) бо роҳи эксперт (дар вақти аз дигар ташкилот бе бозгашт гирифтани воситаҳои асосӣ).

Тағйирот дар арзиши аввалаи воситаҳои асосӣ танҳо дар ҳолати азнавсозӣ, васеъ кардан, пурра таҷҳизонидани мувофиқ ба амал омаданаш мумкин аст.

Арзиши барқароркунӣ – ин арзиши такрористеҳсол-кунш-! воситаҳои асосӣ дар вақти аз нав нарх мондан аст, ки он бо қарори Ҳукумат гузаронида мешавад. Арзиши аввала ё барқароркунӣ, ки аз рӯйи он воситаҳои асосӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, арзиши тавозунӣ номида мешавад.

Арзиши бақиявӣ – ҳамчун фарқи байни арзиши авзапа ва хӯрдашавии ҷамъшудаи воситаҳои асосӣ аст.

Ҳуҷҷатноккунии воситаҳои асосӣ

Ҳаракати воситаҳои асосӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин мувофиқи шакли намунавии ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ, нишондоди мухтасар оид ба пур кардан ва истифода бурдани онх,о ба расмият дароварда мешавад.

Шакли №ВА – 1 – санади қабул ва супоридани воситаҳои асосӣ. Ин шакл барои ба расмият даровардани қабулу супоридани воситаҳои асосӣ истифода карда мешавад. Санад барои ҳар як объект тартиб дода шуда, ба бухгалтерия супорида мешавад. Бай барои бақайдгирк дар варақаи баҳисобгирии воситаҳои асосӣ асос мебошад.

Шакли №ВА – 2 бархат барои дар дохили ташкилот аз як ҷой ба чойи дигар гузаронидани воситаҳои асоси истифода бурда мешавад. Ин ҳуҷҷат дар ду нусха тартиб дода шуда, барои ба қайд гирифтан дар дафтари қайди умумӣ (инвентарӣ) асосӣ аст.

Шакли №ВА – 4 санад оид ба барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ. Дар вақти ба расмият даровардани объектҳои ҷудогонаи воситаҳои асосӣ, ки бо сабаби пурра ё қисман барҳам додан хориҷ шудааст, ин санад истифода бурда меша-

вад. Дар санад хароҷотҳо барои барҳам додани воситаҳои асхюӣ ва арзиши масолеҳи қиматнок, ки дар натиҷаи барҳам-диҳии объект гирифта шудааст, инъикос карда мешавад.

Шакли №ВА – 6 дафтари қайди умумии баҳисобгирии воситаҳои асосӣ (барои бино ва иншоотҳо) мебошад.

Дафтари қайди умумӣ барои ҳар як объекти асоси шакли №ВА – 1 санади қабул ва супоридани воситаҳои асосй ва ҳуҷҷатҳои техникии ҳамин объект мебошад.

Хулоса, барои ҳуҷҷатикунонии ҳаракати воситаҳои асосӣ боз шаклҳои зерини ҳуҷҷатҳо истифода бурда меша-ванд:

Шакли №ВА – 7 дафтари қайди умумии бақисобгирии воситаҳои асосӣ (барои мошин, таҷҳизотҳо, асбобҳо инвентарҳои истеҳсолӣ-хоҷагӣ).

Шакли №ВА – 9 дафтари қайди умумии гурӯҳии воситаҳои асосӣ.

Шакли №ВА – 10 рӯйхати дафтархои қайди умумии баҳисобгирии воситаҳои асосӣ.

Шакли №ВА – 11 китоби қайди умумии баҳисобгирии воситаҳок асосӣ.

Шакли №ВА – 12 варақаҳои баҳисобгирии воситаҳои асосӣ.

Шакли №ВА -13 рӯйхати дафтарҳои қайди умз’мии воситаҳои асосӣ аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ ва истифодаба-рии онҳо.

Баҳисобгирии аналитикии (ҷузъии) воситаҳои асосӣ

Баҳисобгирии аналитикии воситаҳои асосӣ дар дафтарҳои қайди умумии воситаҳои асосӣ ва дафтарҳои қайди умумии гурӯҳии воситаҳои асосӣ бурда мешавад.

Варақаи баҳисобгирии воситаҳои асосӣ барои ҳар як объекти баҳисобгирӣ кушода мешавад. Қайдҳо дар он дар асоси ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ: санад оид ба қабул ва супоридани воситаҳои асосй ва дигар ҳуҷҷатҳо гузаронида мешавад.

Дар қисми сарлавҳаи варақа: номи ташкилот, номи пурраи объекти баҳисобгирӣ, ташкилот – тайёркунанда, мавқеи ҷойгиршавӣ, ному насаби шахси масъулиятнок,

рақами ҳисоби баҳисобгирии буҷетӣ, рақами дафтари қайди умумӣ нишон дода мешавад.

Дар қисми мундариҷаи варақа: рақами щиноснома, са-наи барориш ва ё тайёркунӣ (барои чорво, дарахтони бисёр-сола бояд санаи тавлидёбии онҳо нишон дода шавад); сана ва рақами санад; арзиши ибтидоӣ; маълумот оид ба хӯрдашавӣ; оид ба натиҷаҳои азнавбаҳодиҳӣ, дохилшавӣ, барҳамдиҳӣ, хориҷкунии объект инъикос карда мешавад.

Дафтарҳои қайди умумиигурӯҳиивоситаҳои асосӣ барои гурӯҳи объекгҳои воситаҳои асосӣ кушода мешавад ва барои баҳисобгирии фондҳои китобхона, дафтарҳои қайди умумии истеҳсолӣ ва хоҷагӣ нигаронида шудааст.

Дар қисми мундар1щаи варақа арз1Ш1и ибтидоии объектҳо; санаи тағйирёбии арзиш дар натиҷак азнавбаҳодиҳӣ; маълумот дар бораи дохилшавӣ ва хориҷкунӣ; бақия бо ифодаи пулӣ ва миқцорӣ; маълзтмот оид ба меъёр ва маблағи хдсобкунии хӯрдашавӣ инъикос карда мешавад.

Барои фондҳои китобхона як варақа кушода мешавад. Баҳисобгирӣ дар он танҳо бо ифодаи пул™ ҷамъи маблағ бурда мешавад.

Дафтарҳои қайди умумӣ дар рӯйхати дафтарҳои кайди умумӣ оид ба баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ба қақд шрифта мешаванд. Дар он рақами варақа, ношӯй ва рақами дафтари қайди умумии объект, қайдҳо оқд ба хориҷкунии объект навишта мешавад.

Рӯйхати дафтарҳои қайди умуми1т активҳои гайримолиявӣ барои баҳисобгирии воситаҳои асосӣ (ба ғайр аз фондҳои китобхона), ҷавоҳирот ва молхои қиматбаҳо, активҳои ғайртстеҳсолӣ ва ғайримоддӣ дар чойи нигоҳдории онҳо истифода бурда мешавад. Рӯйхатро шахси аз ҷиҳати модцӣ масъул тар1иб медиҳад. Дар он ҳар як объект бо ншпондиҳии рақами дафтари қайди умумӣ ё худ рақаме, ки дар корхона дар вақти истеҳсоли мол гузоштааст, рақами дафтарҳои қайди умумӣ, номгӯйи объект қайд карда мешавад. Ҳангоми хориҷкунии объект сана ва рақами ҳуҷҷат, инчунин сабабҳои хориҷкунӣ нишон дода мешавад.

Замимаи гардишӣ оид ба акгивҳои ғайримолиявӣ барои ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи микдор ва арзиши

воситаҳои асосй, активҳои ғайримоддӣ ва ғайриистеҳсолӣ, захираҳои моддӣ ва тафтиши дурустии қайдҳои дар ҳисобҳои аналитики баамаломада бо маълумотҳои ҳисобҳои воситаҳои асосӣ, активҳои ғайриистеҳсолӣ ва ғайримоддӣ, китоби асоск истифода бурда мешавад.

Ин замима ҳар семоҳа (оид ба захираҳои моддӣ ҳар моҳ) аз тарафи шахсони аз ҷиҳати моддӣ масъул бо нишондиҳии номгӯйи объект, рақами дафтари қайди умумии объект, воҳиди ченак, микдор ва маблағ дар аввали моҳ, гардишҳо аз рӯйи дебет ва кредит, микдор ва маблағ дар охири моҳ тартиб дода мешавад.

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.