Баҳисобгирии активҳои ғайримоддӣ

 

Активҳои гайримодцӣ ин активи гайрипулӣ шинохта-шавандае, ки шакли ҷисмонӣ надорад ва ҳангоми истеҳсол ё пешниҳоди молу хизмат, барои иҷорадиқӣ, ё ин ки мақсадҳои маъмурӣ истифода мегардад.

Нишонаҳои асосии активҳои ғайримоддӣ инҳоянд:

1. Мавҷуд набудани таҷассуми моддӣ.

2. Дараҷаи баланди номуайянӣ нисбати фонди оянда.

3. Барои фурӯш таьинот надоштан.

4. Мӯҳлати истифодабарш! тулонӣ.

5. Даркнашаванда, ҳиснашаванда ва ғайриҷисмонӣ. Объектҳои активҳои ғайримоддӣ ба баҳисобгирии

буҷетӣ аз рӯйи арзиши ибтвдоӣ, яъне аз рӯйи арзипш ҳақиқии маблағгузорӣ ҳангоми ба дастории онҳо бо баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда қабул карда мешавад.

Тағйирот дар арзиши ибтидоии объектҳои активҳои гайримоддӣ ҳангоми навоварӣ ва азнавбаҳодиҳии объектхои активҳои гайримоддӣ ба амал меояд.

Арзиши тавозунии активҳои ғайримодцӣ арзиши ибтидоии (объектҳои) онҳо бо бахдсобгирии тағйиротҳои ни-шондодашуда ба ҳисобмеравад.

Ташкилот азнавбаҳодиҳии арзиши объектхои активҳои моддиро аз рӯйи ҳолати дар аввали соли хисоботи бо рохд аз нав ҳисоб кардани арзиши тавозут1ИИ онхо ва маблағи ҳисобкардашудаи объектҳо дар вақти истифодабарии объектҳо мегузаронад.

Маблағи пасткардашудаи арзиши объектхои активҳои ғайримоддӣ дар натиҷаи азнавбаҳодихд дар тарафи дебетии ҳисоби 040 «Натичаи молиявии давраҳои ҳисоботии гузашта» ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои 031 «Активҳои ғайримоддӣ», 020 «Хӯрдашавии воситаҳои асосӣ»-и активҳои ғайримоддӣ инъикос карда мешавад.

Ба ҳар як объекти активҳои ғайримоддӣ рақами инвен-гари ягона дода мешавад, ки дар феҳристҳои баҳксобгирии буҷетӣ истйфода бурда мешавад.

Баҳисобгирии аналитики (ҷузъи)-и объектҳои активҳои ғайримодцӣ дар варақаи инвентарии баҳисобгирии «оситаҳои асосӣ бурда мешавад.

Баҳисобгирии амалиётҳо оиди аз эъ1ибор соқитгардонӣ ва аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани объектҳои активҳои ғайримоддӣ дар журнали амалиётҳо оиди аз эътибор соқитгардонӣ ва аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани активҳои ғайримолиявӣ бурда мешавад.

Дохилшавии активҳои ғайримоддӣ, аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидан дар дохили ташкилот бо ҳуҷҷатҳои ибтидоии зерин ба расмият дароварда мешаванд:

Шакли ВА – 1 санади қабул ва супоридани объектҳои воситаҳои асосӣ (ба ғайр аз бино ва иншоотҳо);

Санад оидиқабул ва супоридани гурӯҳ объектҳои воситаҳои асосӣ (ба ғайр аз бино ва иншоотҳо);

Бархат барои дар дохили ташкилот аз як ҷо ба ҷои ди-гар гузаронидани воситаҳои асосӣ.

Аз эътибор соқитгардонии активҳои ғайримоддӣ бо санад оиди аз эътибор соқитгардонӣ(хориҷкунӣ)-и воситахои асоси (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёт) (шакли ВА ~ 4) ба расмият дароварда мешавад.

Мувофиқи му\иьшяти активҳои ғайримоддӣ дар ҳуҷ-ҷатҳои оиди дохилшавӣ ва аз эътибор соқтггардонӣ (хориҷ-кунӣ)-и онҳо бояд тавсифи онҳо, тартиб ва мӯхдати истифода-барӣ, арзиши ибтидоӣ, санаи дохилшавӣ ва хориҷкунӣ аз истифодабарӣ ва дигар мушаххасот нишон дода шавад.

Баҳисобгириисинтетики (куллӣ)-и активҳои ғайримодцӣ дар ҳисоби 031 «Активҳои ғайримоддӣ» бурда мешавад.

Дохилшағии активҳои ғайримоддӣ бо қайдҳои зериш’! бухгалтер! ба расмият дароварда мешавад:

Объектҳои активҳои ғайримоддӣ дар вақти бадасторӣ (харидан), ройгон гирифтан дар тарафи дебетии хисоби 178 «Зиёдшавии арзиши активҳои ғайримоддӣ» ва дар тарафи кредитии хисоби 090 «Камшавии маблаггузории асосӣ ба активҳои ғайримоддӣ» иньикос мегардад.

Активҳои моддии дар вақти барӯйхатгирӣ ошкоркар-дашуда аз рӯйи арзиши бозорӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 031 «Зиёдшавии арзиши активҳои ғайримоддӣ» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 400 «Даромади давраи ҳисоботӣ» ба ҳисоб гирифта мешавад.

Амалиётҳо оиди аз эътибор соқит гардонидани активҳои ғайримоддӣ бо қайдҳои бухгалтерии зерин ба расмият дароварда мешавад:

Аз эътибор сокрт гардондании активҳои ғайримоддӣ ҳангоми фурӯши онҳо дар тарафи дебетии ҳисоби 090 «Камшавии арзиши активҳои ғайримоддӣ аз хдтеоби

хӯрдашавӣ» ва дар тарафи дебетии ҳисоби 400 «Даромад аз фурӯши активҳо» (бо арзиши боқиявӣ) ва дар тарафи кредитии ҳисоби 031 «Камшавии арзиши активҳои ғайримоддӣ» (бо арзиши ибтидой) инъикос карда мешавад.

Ба таври ройгон додани активҳои ғайримоддӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 140 «Ҳисоббаробаркунии дохили бай-ни маъмури асоси ва қабулкунандаи воситаҳо оиди бадасто-рии (харидани) активҳои ғайримоддӣ» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 031 «Камшавии арзиши активҳои гайримоддй» инъикос карда мешавад.

Аз эътибор СОҚИТ гардонидани активҳои ғайримоддии корношоямгардида аз рӯйи арзииш тавозунии дар тарафи дебетии ҳисоби 250 «Камшавии арзиши активҳои гайримоддй аз ҳисоби хӯрдашавӣ», 400 «Даромад аз фурӯши активҳо» ва кредити ҳисоби 031 «Камшавии арзииш активҳои гайримоддй» ршъикос карда мешавад.

Маблаггузории объектҳои активҳои гайримоддй ба сармояи оинномаи ташкилот бо андозаи арзиши бақиявии онҳо дар тарафи дебетии ҳисоби 080 «Зиёдшавии арзиши саҳмия ва дигар шаклҳои саҳмдорй ба сармоя» ва дар тарафи кредитии, ҳисоби 020 «Камшавии арзиши активҳои гайримоддй» инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии хӯрдашавии воситаҳои асосӣ вaактивҳои ғайримоддӣ

Дар вақти дар ташюшот воқеъ будани объектҳои воситаҳои асосй ва активҳои гайримоддй арзиши онҳо ба тариқи хӯрдашавӣ ҳисоб карда мешавад.

Маблағи солонаи хӯрдашавии воситаҳои асосй за активҳои гайримоддй бо рох,иҷадвали аз арзиши тавозунии воситаҳои асосй ва активҳои гайримоддй, меъёри хӯрдашавӣ вобаста аз мӯҳлати истифодабарии ин объектҳо ҳисоб карда мешавад.

Мисол: маблаги моҳонаи хӯрдашавй бо роҳи истифо-даи ҷадвали махсус муайян карда мешавад.

Арзиши тавозунии объект – 120000 сомонй. Мӯҳлати хизмат барои 10 сол муайян карда шудааст. Маблаги солонаи хӯрдашавй 12000 сомониро ташкил медиҳад (120000

сомонӣ : 10 сол), маблағи моҳона бошад – 1000 сомониро ташкил медиҳад (12000 сомонӣ:12 моҳ).

Мӯҳлати истифодбарии объектҳои воситаҳои асоси ҳаш-оми қабулкунии объектҳо бо баҳисобгирии бухгалтерй мувофиқи таснифоти объектҳои воситаҳои асосӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Барои баъзе намуди воситаҳои асосӣ, ки мӯҳлати ис-тифодабариашон муайян нест, ташкилот мувофиқи шароитҳои техники ва тавсияи корхонаи тавлвдкунандаи ин воситаҳо мӯҳлати истифодабарии онҳоро муайян менамояд.

Мӯҳлати истифодабарии активҳои ғайримоддӣ дар ташхилот аз рӯйи мӯхдати гирифтани амали патент, шаҳодатнома ва дигар мӯҳлатҳои муқарраршудаи истифодабарии объектҳои моликияти зеҳнӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Оид ба активҳои ғайримоддй, ки мӯҳлати истифодаба-риашон муайян карда нашудааст, мӯҳлати истифодабарии меъёри хӯрдашавӣ муддати 20 сол муайян карда мешавад,

Ҳисобкунии хӯрдашавии объектҳок воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримодцӣ аз 1-уми моҳе, ки ин объектҳо ба ҳисобгирии бухгалтерӣ қабул карда шудаанд, оғоз ёфта, то пардохти пурраи арзиши ин объектҳо ба амал меояд.

Дар муддати соли ҳисоботӣ хӯрдашавй барои воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддй ҳар моҳ ба андозаи маблаги солона 1 /12 ҳисоб карда мешавад.

Ҳисоб кардани хӯрдашавии объектҳои воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ дар ҳисоби 02 «Хӯрдашавии воситаҳои асосӣ» инъикос карда мешавад.Баҳисобгирииҳисоб кардани хӯрдашавӣ дар зерҳисобҳои зерин бурда мешавад:

020 «Хӯрдашавии биноҳои истиқоматӣ»;

020/1 «Хӯрдашавии биноҳои ғайриистиқоматӣ»;

020/2 «Хӯрдашавии иншоотҳо»;

020/3 «Хӯрдашавии мошин ва таҷҳизотҳо»;

020/4 «Хӯрдашавии воситаҳои нақлиёт»;

020/5 «Хӯрдашавии инвентарҳои истеҳсолӣ ва хоҷагӣ»;

020/6 «Хӯрдашавии дигар воситаҳои асосӣ»;

020/7 «Хӯрдашавии активҳои ғайримоддй».

Ҳисоб кардани хӯрдашавии объектҳои воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 031 «Хароҷотҳо барои хӯрдашавии воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ», ҳисоби «Зиёдшавии арзипш тайёркунии маводҳо, маҳсулоти тайёр (кор, хизмат)» ва дар тарафи крг-детии ҳисоби 020 «Хӯрдашавии воситаҳои асосӣ» инъикоо карда мешавад.

Баҳисобгирии аналитики аз рӯйи ҳисоби 020 «Хӯрдашавии воситаҳои асосӣ» дар замимаи гардишй оиди воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримодцӣ бурда мешавад.

Маблағи умумрш хӯрдашавӣ дар моҳи хдсоботии ҳисобкардашуда аз рӯйи воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримодцӣ дар журнали амалиёт оиди аз эътибор соқит гардонидан ва аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани активҳои 1:’айримодцӣ инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии маблағгузорӣ ба активҳои ғайримолиявӣ

Барои баҳисобгирии маблағгузорӣ дар хаҷми хароҷотҳои ҳақиқии ташкилот ба объектҳои ғайримолиявӣ ҳангоми харидан (бадасторӣ), сохтмон, навоварӣ, тайёркунӣ, ки ба ҳисобгирии бухгалтерӣ ба сифати объектҳои активҳои ғайримолиявй (воситаҳои асосй, активҳои ғайримоддӣ ва ғайриистеҳсолй, маҳсулоти тайёр) қабул карда мешаванд, ҳисоби 111 «Маблағгузорӣ ба активҳои ғайримолиявӣ» нигаронида шудааст.

Баҳисобгирии маблағгузорӣ ба активҳои ғайримолиявӣ дар ҳисобҳои зерин бурда мешавад:

090 «Маблағгузории асосӣ ба воситаҳои асосӣ»;

090/1 «Маблағгузории асосӣ ба активҳои ғайримодцӣ»;

090/2 «Маблағғузории асосӣ ба активҳои ғайриистеҳсолӣ»;

Хисоби 090 «Маблағгузорй ба воситаҳои асосӣ» барои баҳиссбгирии амалиётҳо: харидан, ройгон дохил шудан, таъмир кардан, навоварӣ, таҷҳизонидани бино ва иншоотҳо, мошин ва таҷҳизотҳо, воситаҳои нақлиёт, инвентарҳои истеҳсолӣ ва хоҷағӣ, фонди китобхона, ҷавоҳирот ва молҳои қиматбаҳо ва диғар воситаҳои асосӣ ба кор бурдамешавад.

Дар ҳисоби090/1 «Маблағгузории асосӣ ба активҳои ғайримоддӣ» амалиётҳо: ройгон дохил шудан, харидан (бадасторӣ), навкунии объектҳои активҳои ғайримоддӣ ба ҳясоб гирифта мешавад.

Ҳксоби 090/1 «Маблағгузории асосӣ ба активҳои ғайриистеҳсолӣ» барои баҳисобгирии амалиётҳо: харидан, ройгон дохил шудани объектҳои активҳои ғайриистеҳсолй нигаронида шудааст.

Дар ҳисоби 280 «Тайёркунии масолеҳ, маҳсулоти тайёр (кор, хизмат)» амалиётҳо оиди тайёркунии захираҳои масолеҳи дар доираи фаъолияти асосӣ ва маҳсулоти тайёр (кор, хизмат) аз рӯйи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар намуди фаъолият ба ҳисоб гирифта мешавад.

Баҳисобгкрии амалиётҳо оиди маблағгузорй ба объектҳои воситаҳои асосӣ, активҳои ғайримодцӣ ва ғайриистеҳсолӣ ҳангоми харидан (бадасторӣ)-и онҳо дар та-рафи дебетии ҳисобҳои 090 «Зиёдшавии маблағгузории асосй ба воситаҳои асосӣ», 090/1 «Зиёдшавии маблағгузории асосӣ ба активҳои ғайримоддӣ», 090/6 «Зиёдшавии маблағгузории асосӣ ба активҳои ғайриистеҳсолӣ» ва дар тарафи кредетии ҳисоби 031 «Активҳои ғайримоддии дар роҳ» дар ҳолати харидани объектҳои воситаҳои асосй, активҳои ғайриистеҳсолӣ ва гайримоддӣ аз рӯйи аккредитив ҳисоби 160 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони зерҳисоб» ҳисоби 150 «Ҳисоббаробаркунӣ бо таъмх-шкунандагон в пуд-ратчиён» инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии амалиётҳо оиди маблағгузорӣ ба объекгҳои активҳои ғайримолиявӣ ҳангоми ташкили кор аз ҳисоби захираҳои худӣ дар тарафи дебети ҳисобҳои 090 «Зиёдшавии маблағгузории асосӣ ба воситаҳои асосй», 090/1 «Зиёдшавии маблағгузории асосй ба активҳои ғайримоддӣ», 090/2 «Зиёдшавии арзиши тайёркунии масолеҳ, масолехд тайёр (кор, хизмат)» ва дар тарафи кредетии ҳисоби150 «Ҳисоббаробаркунӣ бо таъминкунандагон ва пудратчиён», ҳисоби 160 «Ҳисоббаробаркунй бо шахсони зерҳисоб», 020 «Хӯрдашавии воситаҳои асосӣ», ҳисоби 173 «Ҳисоббаробаркунй аз рӯйи пардохтҳо бо буҷет», ҳисоби 060 «Захираҳои масолеҳӣ» инъикос карда мешавад.

Аз эътибор соқит кардани арзиши тавозуниии ҳайвонот ҳангоми куштани онҳо барои гирифтани маҳсулот (гӯшт) дар тарафи дебетии ҳисоби «Зиёдшавии арзиши тайёркунии масолеҳ, маҳсулоти тайёр (кор, хизмат)» ва дар тарафи кредетии хисоби «Камшавии арзиши дигар захирахои масолеҳӣ» инъикос карда мешава,ц.

Объектҳои активҳои ғайримолиявии ба охир расида дар асоси санадҳо оидиқабул-супоридани объектҳои воситаҳои асосӣ шакли №ВА – 1, санад оиди қабул-супорвдани бино (иншоотҳо), санад оиди қабул-супоридани гурӯҳи объектҳои воситаҳои асосӣ, санад оиди қабули масолеҳ, талабнома-борхат дар тарафи дебетии ҳисоби 010 «Воситаҳои асосӣ» ҳисоби 031 «Зиёдшавии арзиши активҳои ғайримоддӣ», ҳисобк 060«Захираҳои масолех^ӣ», хдсоби 400 «Даромад аз фурӯши маҳсулоти тайёр (кор, хизмат)» ва дар тарафи кредетии ҳисобҳои 090 «Камшавии маблағгузории асосӣ ба воситаҳои асосӣ», 090/1 «Камшавии маблағгузорш! асосӣ ба активҳои гайримоддӣ», 090/2 «Камшавии арзиши тайёркунии масолех„ маҳсулоти тайёр (кор, хизмат)» инъикос карда мешавад.

Тайёр ка-рдани объектҳои маҳсулоти тайёр аз рӯйи арзиши аслии ҳақиқӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 080 «Зиёдшавии арзиши маҳсулоти тайёр» ва дар тарафи кредетрш ҳисоби 280 «Камшавии арзиши тайёркунии масолеҳ, махсулоти тайёр (кор, хизмат)» инъикос .карда мешавад.

Баҳисобгирии аналитики аз рӯи ҳисоби 090/1 «Маблағгузорӣ ба активҳои ғайримолиявӣ» дар варақаи бисёртарафа оиди ҳар як объекти сохташуда ё харидашудаи объектҳои ғайримолиявӣ бурда мешавад.

Қайдҳо дар варақа дар асоси журнали амалиётҳо ба амал меояд. Дар варақа: санаи журнали амалиёт; рақами журнали амалиёт; мундариҷаи қайдҳо; маблағҳок амалиётҳои бухгалтерӣ аз рӯйи кредит (дебет); бақия аз рӯйи кредит (дебет) нишон дода мешавад.

Баҳисобгирии активҳои ғайримолиявии дарроҳбуда

 

Баҳисобгирии арзиши объекгҳои воситаҳои асосӣ, активҳои ғайримодцӣ, масолеҳҳои боркардаи таъминкунан-

дагон, аммо то охири давраи ҳисоботӣ ба ташкилот ворид нашудаанд, ҳангоми мавҷуд будани ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи аккредитив, инчунин ҳангоми ҳаракати объектҳои активҳои ғайримолиявӣ аз рӯйи таъминкунии марказонвда-шуда дар ҳисоби 140 «Активҳои ғайримолиявии дар роҳ» бурда мешавад.

Маблағҳои дар ин ҳисоб инъикоскардашуда бояд бо тартиби муайян: борхати таъминкунандагон, талабномаи борхат, ҳангоми таъминкунии марказонидашуда бо огоҳинома ба расмият дароварда шаванд.

Баҳисобгирии активҳои ғайримолиявӣ дар роҳ буда ба ҳисоб гирифта дар ҳисобҳои зерин бурда мешавад:

010/1 «Воситаҳои асосии дар роҳ»;

031/1 «Активҳои ғайримоддии дар роҳ»;

060/1 «Масоххехҳои дар роҳ».

Арзиши активҳои ғайримолиявӣ, ки то охири давраи ҳисоботи ба ташкилоти қабулкунанда дар тарафи дебетии ҳисоби 010/1 «Зиёдшавии арзиши воситаҳои асосии дар роҳ», 031 «Зиёдшавхш арзиши активҳои ғайримоддии дар роҳ», хисоби 068 «Зиёдшавии арзиши масолеҳҳои дар роҳ» ва дар тарафи кредетии ҳисоби 140 «Ҳисоббаробаркунии дохилӣ байни маъмури асосӣ ва гирандаи воситадо оиди харидани воситаҳои асосӣ», 090 «Ҳисоббаробаркунии дохилӣ байни маъмури асосӣ ва гирандаи воситаҳо оиди харидани активҳои ғайримоддӣ», х,исобҳои 140-090 «Ҳисоб-баробаркуниҳои дохилӣ байни маъмури асосӣ ва гирандаи воситаҳс оиди харидани масолеҳҳо» инъикос карда мешавад.

Ҳангоми дохилшавии активҳо дар тарафи дебетии ҳисоби 090 «Зиёдшавии маблағгузории асосӣ ба воситаҳои асосӣ», ҳисоби 090/1 «Зиёдшавии маблағгузории асосӣ ба активҳои ғайримоддӣ», ҳисоби 090/2 «Зиёдшавии маблағгузории асосӣ ба активҳои ғайриистеҳсолӣ», ҳисоби 090/3 «Зиёдшавии арзиши тайёркунии масолеҳ, маҳсулоти тайёр (кор, хизмат)», хрсоби 062 «Зиёдшавии арзиши доруҳо вавоситаҳои ҷароҳатбандӣ», ҳисоби 061 «Зиёдшавии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ», ҳисоби 065 «Зиёдшавии арзиши масолеҳи сохтмонй», ҳисоби 072 «Зиёдшавии арзиши инвентарҳои мулоим», ҳисоби 064 «Зиёдшавии арзиши

масолеҳи молиданию сӯзишворӣ», ҳисоби 067 «Зиёдшавии арзиши дигар захираҳои масолеҳӣ» ва дар тарафи кредетии ҳисоби 031 «Камшавии арзиши активҳои гайримоддӣ дар роҳ», хдгеоби 060/1 «Камшавии арзиши захираҳои масолеҳии дар роҳ» инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии аналитики (ҷузъӣ)-и активҳои гайримолиявй дар роҳ оиди таъминкунандаи алохида дар варақаи маблағу микдории баҳисобгирии масолеҳи қиматнок бурда мешавад. Варақаи мазкур, инчунин барои баҳисобгирии аналитикии воситаҳои асосӣ масолеҳи қиматнок, активҳои ғайримолиявӣ дар роҳ, захираҳои масолехд, воситаҳои асосии ба иҷора додашуда исгифода бурда мешавад.

Варақа аз рӯйи: номх-ӯи, миқцор, арзиш; оиди ҳар як объекта воситаҳои асосии ба активҳои ғайримолиявии дар роҳ – аз рӯйи таъминкунандаи алоҳида; оиди ашёи хом ва масолехд бо коркард қабул кардашуда ва ғайра бурда мешавад.

Пуркунии варақа аз гузаронидани бақия дар аввали сол cap мешавад. Қайдҳо дар варақа дар асоси ҳуҷҷатҳои ибтидоии бухгалтерӣ, замимаҳо ба журнал-амалиётҳо, бо ифодаи арзипш ва миқдорӣ бурда мешавад.

9 Загрузки
test

Добавить комментарий