Баҳисобгирии захираҳои моддӣ

 

Ҳуҷҷатҳои асосии меъёрӣ

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ» аз 14 майи соли 1999, №7.50.

2. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи соли 2004.

3. Кодекси мехнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз 3 майи соли 2002, №10.

4. Дастурамал оиди пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ дар муассисахои буҷетӣ (бо фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2000, №157 тасдиқ карда шудааст).

5. Дастурамал оид ба тартиб додан ва пешниход кардани ҳисоботҳои солона ва даврии бухгалтерии муассисаҳои буҷавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони №84, Вазо-рати молия аз 2 октябри соли 2006.

6. Дастури методӣ оид ба инвентаризатсия (барӯйхат-гирӣ)-и моликият ва ӯҳдадории молиявӣ, фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.1997.

7. Низомнома оид ба пешбурди баҳисобгирии бухгалтерӣ дар Ҷумхурии Тоҷшсистон (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1999, №163).

8. Низомнома дойр ба ҳисоби бухгалтерӣ «Сиёсати ҳисобдорӣ дар корхонахо» (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.09.1999, №135).

9. Низомнома дойр ба хисоби бухгалтери «Ҳисоби моликият ва ӯхдадориҳои корхона, ки бо арзи хоричи ифода шудаанд» (фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.12.1999, №153).

10. Низомнома дойр ба хисоби бухгалтери «Баҳисобгирии фондҳои асосӣ» (фармони Вазири молияи Ҷумхурии Тоҷикистон аз 10.04.2001, №64).

Захираҳои моддӣ, таснифот ва вазифаҳои баҳисобгирии онҳо.

Ба захирахои моддӣ дохил мешавад:

  • ашёҳое, ки ба муддати на зиёда аз 12 моҳ, новобаста аз арзишашон дар фаъолияти ташкилот истифода мешаванд;
  • ашёҳое, ки ба муддати аз 12 моҳ зиёд дар фаъолияти корхона истифода мешаванд, аммо ба таркиби воситаҳои асоси дохил намешаванд; маҳсулоти тайёр

Вазифаҳои асосии баҳисобгирии захираҳои модди аз инҳо иборат мебошад:

  • назорат аз рӯйи ҳифзнамоии маводҳои арзшинок, мувофиқати захираҳои анбор бо меъёрҳо, иҷроиши нақхлаи таъмини маводҳо;
  • ошкор кардани хароҷотҳои ҳақиқӣ, бо тайёркунии маводҳо алоқаманд;
  • назорат аз рӯйи риояи меъёрҳои истифодабарӣ; саривақт ошкор кардани маводҳои истифодашуда; гирифтани маълумоти аниқ дар бораи бақияҳои мавзӯъҳои дар анбори ташкилот ҷойгир буда ба ҳисоб меравад.

Барои ташкили дурусти баҳисобгирии маводҳо тасни-фот, баҳодихии онҳо ва интихоби ченакҳои баҳисобгирӣ аҳамияти муҳим дорад.

Таснифоти маводҳо дар таижилотҳои буҷетӣ дар асоси баҳисобгирии онҳо аз рӯйи ҳисобҳои синтетики амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад захираҳои модциро ба дору ва воситаҳои ҷарроҳатбандӣ; маҳсулоти хӯрокворӣ; сӯзипгеорӣ ва равғанҳои молиданӣ; масолеҳи сохтмонӣ; инвентари мулоим ва дигар захираҳои моддӣ; маҳсулоти тайёр тақсим мекунанд.

Баҳодиҳии захираҳои моддӣ

Захираҳои моддӣ дар ҳисобгирии бухгалтерӣ аз рӯйи арзиши ҳақиқӣ бо бахдсобгирии маблаги андоз аз арзиши иловашудаи ташкилоти таъминкунанда ва пудратчӣ қабул карда мешавад.

Ба таркиби арзиши ҳақиқии захираҳои моддӣ дохил мешавад: маблағҳои пардохташуда мувофиқи шартномаи таъминкунанда (фурӯшанда); маблағҳои пардохташуда ба ташкилотҳо барои хизматҳои ахборӣ ва машваратӣ, барои харидани маҳсулот алоқаманд; боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои барои харидани маводҳои қиматнок ба он алоқаманд; маблагҳои пардохташуда барои тайёркунӣ ва овардани захираҳои моддӣ то ҷойи истифодабарии онҳо; дигар пардохтҳо барои харидани захираҳои моддӣ алоқаманд буда дохил мешаванд.

Аз ҳисоб ба истеҳсолот баровардани захираҳои моддӣ аз рӯйи арзипш ҳақиқии ҳар як воҳид, ё ин ки аз рӯйи арзиши ҳақиқии онҳо татбиқ карда мешавад.

Баҳодихди захираҳои модцӣ аз рӯйи арзиши ҳакэиқии миёна барои ҳар як rypyx^iзахираҳо бо роҳи тақсим намудани арзиши ҳақиқии умумш-iгурӯҳи захираҳо ба миқдори ого^о ва микдори боқимонда дар аввали моҳ, дохилшавии захираҳо дар давоми моҳи ҷорӣ, дар санаи фурӯш ба амал меояд.

Мисол:

Ба 1-уми март дар ташкилот бақияи маҳсулоти «А» 100 кг-ро бо маблағи 1500 сомонӣ ташкил медод. Дар давраи мохи март чунин харидкунии маҳсулоти «А» ба амал омада буд:

2-юми март – 125 кг бо нархи 16 сомонӣ барои 1 кг, бо маблаги 2000 сомонӣ;

14-уми март – 200 кг бо нархи 17 сомони барои 1 кг, бо маблаги 3400 сомони;

24-уми март – 150 кг бон архи 18 сомонибарои 1 кг, бо маблаги 2700 сомони.

Ҳама1’ӣ дар давоми мох 475 кг маҳсулоти «А» бо маблаги 8100 харидорй карда шуд.

Дар давоми моҳ 500 кг маҳсулоти «А» сарф карда шуд, аз он ҷумла:

3-юми март – 120 кг:

15 март – 210 кг; ,

25 март-170 кг.

 

Арзипши маҳсулоти «А» ба 3-юми март чунин аст:

15 март:

25 март:

-ро ташкил дод.

Арзиши умумии 500 кг сарфшудаи маҳсулоти «А» 8114,4 сомошфо (1866,7 сом 34098,4 сом + 2838,3 сом) таш-килдод.

Барясмиятдарории дохилшави ва сарф кардани захираҳои моддӣ

 

Захираҳои моддӣ аз таъминкунавдагон, шахсони зерҳисоб бо тарзи: ҳисоббаробаркунии накдӣ харида меша-вад ва ё аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ ба ташкилот дохил ме-ша,ванд.

Барои таъмин кардани истеҳсолот ба маводҳо ташкилот бо таъминкунандагон шартнома мебандад, ки дар он ҳукуқ, ӯхдадорӣ ва ҷавобгарии тарафҳо оиди таъмини маҳсулот муайян карда мешавад.

Барои назорат аз рӯйи иҷроиши нақшаи моддӣ-техникии таъминкунӣ аз рӯйи шартнома, саривақт дохилшавӣ ва даромад кардани масолеҳ шӯъбаи таъминоти масолеҳӣ-техникӣ вуҷуд дорад. Бо ин мақсад дар шӯъбаи зa^шмaҳoи баҳисобгирии фаврии иҷроиши шартномаҳои таъминкунӣ бурда мешавад. Дар онҳо иҷроиши шартҳои шартнома ощди таъминот аз рӯйи навъи масолеҳ, микдори онҳо, нарх, мӯҳлати боркунӣ ва ғайра қайд карда мешавад. Муҳосибот аз рӯйи ташкили бахдсобгирии фаврии мазкур назорат мекунад.

Масолеҳи ба ташкилот дохилшуда ба тартиби зерин бо ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ ба расмият дароварда мешаванд.

Таъминкунанда якҷоя бо бор кардани маҳсулот чунин ҳуҷҷатҳоро равон мекунад: талабномаи пардохтӣ (дар ду нусха: як нуса барои харидор, дигар нусха ба бонк), борхат-ҳои молию автомобили ва ғайра.

Ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои бо дохилшавии масолеҳ алоқаманд ба бухгалтерия дохил мешаванд, ки дар он Ҷ0 дурустии барасмиятдарории онҳо санҷида шуда, баъди ин ба иҷрокунандаи аз рӯйи таъминкунӣ салоҳияти ҷавобгар дода мешавад.

Дар шӯъбаи таъминоти аз рӯйи ҳуҷҷатҳои дохилшуда, санҷиши мувофиқати ҳаҷм, навъ, мӯҳлати таъминкунӣ, нарх, сифати маводҳо аз рӯйи шартҳои шартнома гузаронида ме-

шавад. Дар натиҷаи сашщш дар худи ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар ҳучҷатҳо аспекти пурра ё қисман қайд карда мешавад. Ба ғайр аз ин шӯъбаи таъминоти назоратро аз рӯйи дохилшавии бор ва тафтишионҳо мебарад. Бо ин мақсад дар шӯъбаи таъминоти дафтари баҳисобгирии дохилшавии борҳо бурда мешавад. дар он рақами бақайдгирӣ, санаи қайд, номи таъминкунанда, рақам ва санаи ҳу’1ҷати нақлиёт, рақам, сана ва маблаги ҳисоб, рақам ва санаи орде-ри даромад ва гайра қайд карда мешавад.

Талабномаи пардохти пас аз санҷиш аз шӯьбаи таъминоти ба бухгалтерия супорида мешавад, хати расид, ташкилоти нақлиётӣ бошад ба ирсолгар гирифтан ва овар-дани масолеҳ дода мешавад.

Ирсолгар маводҳои овардашударо аз рӯйи микдор ва вазн қабул мекунад. Дар ҳолати охпкоркунии камомад ва вазн, зарфҳои вайроншуда, дигар маводхо ва санади тиҷоратӣ тартиб дода мешавад, ки барои пешниход намудан ба ташкилоти нақлиётӣ ё таъминкунанда ҳамчун асос ба ҳисоб меравад.

Барои гирифтани масолеҳ аз анбори дигар таъминкунандагон ба ирсолгар супоришнома ва боваринома дода мешавад. Ҳангоми қабул ирсолгар натанҳо қабули микдорӣ, балки қабули сифатӣ низ мегузаронад.

Борҳои қабулкардаро ирсолгар ба анбори ташкилот оварда ба мудири анбор месупорад, ки мувофиқати микдор ва сифати маводҳоро аз рӯйи нишондоди ҳисоби таъминкунанда месанҷад.

Молҳои қиматнок мувофиқи воҳиди ченак (вазн, хаҷм, ҷадвали, ҳисобӣ) даромад карда мешавад.

Дар ҳолате, ки миқдор ё навъи масолеҳи ба анбор дохил шуда ба маълумотҳои ҳисоби таъминкунанда мувофиқат накунад, қабули масолеҳро комиссия мегузаронад ва дар санад оиди қабули масолеҳ ба расмият медарорад, ки барои пешниҳод намудан ба таъминкунанда асос шуда метавонад. Ба ҳайати комиссия намояндаи таъминкунандаро даъват ме-намоянд. Санадро инчунин ҳангоми қабули маводҳои модцӣ ба ташкилот бе ҳисоби таъминкунанда дохилшуда тартиб медиҳанд. Санад дар ду нусха тартиб дода мешавад. як нусха ба бухгалтерияи ташкилот барои баҳисобгирии ҳаракати

молҳои қиматнок, нусхаи дуюм б а шӯъбаи таъминкунй дода мешавад.

Баҳисобгирии амалиёт аз рӯйи аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани захираҳои моддӣ дар дохили ташкилот, ба истифодабарӣ дода, аз ҳисоб баровардани онҳо дар феҳристи аналитикии захираҳои моддӣ инъикос карда мешавад:

  • талабнома – борхат;
  • талабнома барои додани маҳсулоти хӯрокворӣ;
  • замима барои додани молҳои қиматнок ба зарурати ташкилот;
  • санад оиди аз эътибор соқит гардонидани захираҳои моддӣ;
  • санад оиди аз эътибор соқит гардонидани инвентари мулоим ва хоҷагӣ;
  • варақаи сафари ронандаи автомобил.

Талабнома-борхат барои баҳисобгирии ҳаракати молҳои қиматнок дар дохили ташкилот байни қисмҳои сохторӣ, ё ин ки шахсони аз ҷиҳати моддӣ масъул истифода бурда мешавад.

Талабнома дар ду нусха тартиб дода туда, нусхаи якум ба шахси супорандаи маводҳо ва нусхаи дуюм ба шахси ба анбср қабулкунанда барои даромад кардани молҳои қиматяок супорида мешавад.

Дар талабнома шахсони супоранда ва гарандаи аз ҷиҳаи модпӣ маъсул имзо мегузоранд ва ба бухгалтерия барои бахдсобгирии ҳаракати молҳои қиматнок супорвда мешавад.

Талабнома барои додани маҳсулоти хӯрокворӣ барои ба расмият даровардани баромади маҳсулоти хӯрокворӣ ҳаррӯза мувофиқи меъёрҳои тақсимкунии маҳсулоти хӯрок-ворӣ тартиб дода мешавад.

Маълумотҳо аз талабнома барои додани маҳсулоти хӯрокворӣ баъди санҷиш ба замимаи ғункунӣ оиди сарф кардани маҳсулоти хӯрокворй гузаронида мешавад.

Охири ҳар моҳ дар замима арзиши маҳсулоти сарфшу-да муайян карда шуда, ҷамъбаст карда мешавад.

Маълумотҳок ҷамъбастии замима оиди сарфкунии маҳсулоти хӯрокворӣ дар охири моҳ дар журнали амалиёт

оиди аз эътибор соқит гардонидан ва аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани активҳои ғайримолиявӣ қайд карда мешавад.

Баҳисобгирии дохилшавии маҳсулоти хӯрокворӣ дар замимаи ҷамъбасткунанда оиди дохилшавии маҳсулоти хӯрокворӣ бурда мешавад.

Дар варақаи ҷамъбасткунӣ оиди дохилшавии маҳсулоти хӯрокворӣ: санаи дохилшавии маҳсулот, раками ҳуҷҷат, маблаги ҳамаи маҳсулоти дохил шуда, маълумот оиди маҳсулоти хӯрокворӣ (номгӯ ва рамз, вохдди ченак, микдор, маблаг), вазифа, имзои шахси тартибдиҳанда ва тафтишкунандаи ҳуҷҷат нишон дода мешавад.

Замима барои додани хӯрока ва ему хошок дар давоми моҳ барои додани хӯрока ва ему хошок барои хӯронидани чорвои кори ва дигар ҳайвонот истифода бурда мешавад.

Ҳар як хӯрока ва ему хошоки додашуда бо имзои шахси қабулкунанда тасдиқ карда мешавад. Замима аз ҷониби роҳбари ташкилот тасдиқ карда шуда, барои аз эътибор соқитгардонидани хӯрока ва ему хошоки ба сарф кардал додашуда хизмат мекукад.

Замима барои додани масолеҳи қиматнок барои зарурати ташкилот – барои ба расмият дароварданимолҳои қиматноки истифодабарй барои мақсадҳои хоҷагӣ, илмӣ ва таълимӣ додашуда истифода бурда мешавад.

Замима аз ҷониби роҳбари ташкилот тасдиқ карда шуда, барои аз эътибор соқит гардонидани молу масолеҳи қиматнок хизмат мекунад.

Санад оиди аз эътибор соқит гардонидани захираҳои моддӣ аз тавозуни захираҳои моддӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи миқдори сарфшудаи онҳо ва аз ҷониби роҳбари ташкилот тасдиқшуда истифода бурда мешавад. Санадро комиссияи бо фармони роҳбари ташкилот таъйин-шуда тартиб медиҳад ва аз тарафи роҳбари корхона тасдиқ карда мешавад.

Дар санад дар ҳар сатр номгӯи масолеҳ, воҳқди ченак, меъёри сарфкунӣ, миқцор, нарх ва арзиши ҳақиқии маводҳои сарфшуда, рамзи ҳисобҳои дебет ва кредитонида-шуда қайд кард мешавад.

Санад оиди аз эътибор соқит гардошщани инвентари мулоим ва хоҷагӣ барои аз эътибор соқит гардонидани

инвентарҳо новобаста аз арзишашон истифода бурда мешавад.

Санадро комиссия бо фармони роҳбари ташкилота таъйиншуда тартиб медиҳад ва аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешавад. Аз эътибор соқит гардонидан ҳангоми пурра кӯҳнашавии ашёҳо бо нишон додани еабабҳои аз эътибор соқитгардонӣ гузаронида мешавад. Са-над дар ду нусха ба расмият дароварда мешавад, нусхаи якум ба бухгалтерия супорида туда, нусхаи дуюм ба шахси азҷиҳати моддӣ масъул дода мешавад.

Варақаи сафари мошини сохтмонӣ дар ташкилотҳои махсусгардонидашуда барои баҳисобгирии кори мошию! сохтмонӣ ҳангоми пардохти музди соатбайъ истифода бурда мешавад. Варақаи сафариро дар як нусха коргузор ё шахси таъйиншуда менависад.

Варақаи сафари барои як бает, як рӯз ё даҳрӯза дода мешавад.

Натиҷаи кори мошини сохтмонй дар варақаи сафари инъикос карда шуда, ҳаррӯза бо имзо ва штампи фармоиш-гар тасдиқ карда мешавад.

Дар варақаи сафарии ба расмият даровардашуда мо-шинист, прораб, сардори минтақавии идораи механизатснонй, шахсони барои меъёрмони ва ҳисоббаробаркунӣ ҷавобгар имзо мегузоранд ва варақаи сафари ба буххалтерия супорида мешавад.

Варақаи сафари мопп-ши сабукрав ҳуҷҷати ибтидои барои баҳисобгирии кори мошини сабукрав ва ҳисоб карда-ни музди меҳнати ронанда ба ҳисоб меравад.

Ин варақа дар як нусха аз тарафи диспетчер ё шахси таъйиншуда навишта шуда, барои як рӯз ё як бает дода мешавад.

Ба мӯҳлати дуру дароз танҳо дар вақти сафари хизматй, вақте ки ронанда вазифаро ба мӯҳлати зиёда аз як шабонаруз иҷро мекунад, дода мешавад. Дар варақаи сафари бояд раками тартиби, санаи додан, штамп ва муҳри ташкилоте, ки. мошин дар ихтиёри вай аст хузошта шавад.

Варақаи сафари мошини сабукрав ва мошини боркаш якҷоя бо борхати молй-накдиёти, ҳучҷатҳои асосй барои баҳисобгирии ибтидой ва хдсоб кардани музди меҳнати ронанда ба ҳисоб мераванд.

Варақаҳои сафари дар ташкилот якҷоя бо ҳуҷҷатҳои моли-нақлиётй нигоҳ дошта мешавад.

Дафтари бахдсобгирии ҳаракати варақаҳои сафари дар ташкилот барои назорат аз рӯйи ҳаракати варақаҳои сафари ба ронанда додашуда ва супоридани онҳо ба муҳосибот истифода бурда мешавад.

10 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.