Ҳисобгирии ҳисоббаробаркуни бо дебиторҳо

 

Ҳуҷҷатҳои асосӣ – меъёрӣ

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети дав-латии Ҷумҳзфи Тоҷикистон», ҳарсола.

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ» аз 14 май 1999, № 750.

3. Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Дастури методӣ оид ба инвентаризатсияи моликият ва ӯхдадории молиявй. Фармони Вазири молияи ҶТ аз 22,05.1997.

5. Дастурамал оид ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ дар муассисаҳои буҷетй (бо фармони Вазири молия аз 26 декабри соли 2000, №157 тасдиқ карда шудааст.

6. Дастурамал оид ба тартиби тартиб додан ва пешниҳод кардани ҳисоботи солона ва давраи бухгалтерии корхонаҳои бучавииҶТфармони №84 Вазорати молия аз 2-юми октябри соли 2006.

Ҳисобгирии ҳисоббаробаркуни бо дебиторҳо аз рӯйи даромад

Моҳияти қарздории дебиторӣ. Қарздории дебиторй-ин талаботест, ки ба харидорон, супорищдиҳандагон ва дигар шахсон барои гирифтани захираҳои иқтисодй пешниҳод ме-гарданд, Қарздории дебиторӣ ба намудҳои ҷорй ва дароз-мз‘ддат тақсим карда мешавад.

Қарздории дебиторие, ки дар давоми 12 моҳ ё як давраи амалиёт пардохт мегардад, қарздории дебитории ҷорӣ номида мешавад. Ҳамаи қарздори дебитории боқимонда ҳамчун дарозмуддат шинохта мешаванд.

Ҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ бо дебиторҳо аз рӯйи даромад дар ҳисоби 178 «Ҳисоббаробарк}™ бо дебиторҳо аз рӯйи даромад» бурда мешавад.

Ин хдсоб ба ҳисобҳои зерин алоқаманд аст:

173/1«Ҳисоббаробаркуниҳо бо дебйторҳо аз рӯйи ан-доз аз даромад»;

0бЗ-070«Ҳисоббаробаркуниҳо бо дебиторҳо аз рӯйи даромад аз молу мулк, фурӯши активҳо»;

080 «Ҳисоббаробаркуниҳо бо дебиторҳо аз рӯйи даромад аз фурӯши бозории маҳсулоти тайёр ва кор»;

400 «Ҳисоббаробаркуниҳо бо дебиторҳо аз рӯйи дигар даромадҳо».

Ҳисобгирии аналитики ҳисоббаробаркунӣ бо дебиторҳо аз рӯйи даромад дар журнал-амалиёти ҳисоббаробаркунӣ бо дебиторҳо аз рӯйи даромад, ё ин ки дар варақаи ҳисобгирии воситаҳо ва ҳиеоббаробаркуниҳо бурда мешавад.

Ҳисоб кардани даромад дар тарафи дебитии ҳисоби 178 «Ҳисоббаробаркунӣ бо дебиторҳо аз рӯйи даромад ва кредити ҳисоби 400 «Даромадҳои муассиса» инъикос карда мешавад.

Ҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи пешпардохт

 

Барои қисобгирии ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи пешпар-дохти додашуда ҳисобҳои зерин истифода карда мешавад:

176 «Ҳисоббаробаркунӣ аз руйи пешпардохти додашу-да барои дигар пардохтҳо»;

180 «Ҳисоббаробаркуни аз руйи пешпардохти додашу-да барои пардохти музди меҳнат»;

176/2 «Ҳисоббаробаркунӣ аз руйи пешпардохти дода-шуда барои хизматрасониҳои алоқа»;

173/1 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи пешпардохти дода-шуда барои хизматрасониҳои нақлиёт»;

176/3 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи пешпардохти дода-ш>’да барои хизматрасониҳои комуналӣ»;

176/4 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи пешпардохти дода-шуда барои пардохти иҷора»;

176/5 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи пешпардохти дода-шуда барои хизматрасонии нигахдории амвол»;

176/6 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи пешпардохти дода-шуда барои дигар пардохтҳо».

Ба маблағи пешпардохт шуда деети ҳисоби 180/1 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи пешпардохти додашуда» ва дар ҳисобҳои 090 «Хориҷкунии воситаҳои пули муассиса аз ҳисобҳои дар бонк буда», 130 «Хориҷкунии воситаҳои пулӣ аз ҳисоби акредитивӣ» кредит карда мешавад.

Ҳисобгирии аналитикии ҳисоббаробаркуни бо таъминкунандагон аз рӯйи пешпардохти додашуда дар журнал – аз руйи ҳисоббаробаркунӣ бо таъминкунандагон ва пудратчиён, ё ин ки дар варақаи ҳисобгирии воситаҳо ваҳисоббаробаркуниҳо бурда мешавад.

Журнали ҳисоббаробаркунӣ бо таъминкунандагон ва пудратчиён барои хдсобгирии аналитшши ҳисоббаро-баркунӣ бо таъминкунандагон ва пудрагчиён нигаронида шудааст ва дар асоси талабномаи пардохти борхатҳои моли-нақпиётӣ барои гирифтанимолҳои қиматнок, ҳисобҳои барои пардохти корҳои иҷрошуда, хизматҳои расонидашуда тартиб дода мешавад.

Дар журнал таърихи рӯз, рақам ва номгӯи ҳуҷҷат, номгӯи нишондиҳандаҳо (таъминкунанда, пудратчӣ), рақами ҳисоби ҳисобгирии буҷетӣ аз рӯйи дебет ва кредит нишон дода мешавад.

Дар охири моҳ дар журнали ҳисоббаробаркуниҳо бо таъминкунандагон маблагхо аз руйи дебет ва кредити

ҳисобҳо ҷамъбаст карда шуда, ба китоби асосй гузаронида мешавад.

Ҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ бо дебиторҳо аз руйи қарзи буҷет

Ҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ бо дебиторҳо аз рӯйи қарзи буҷет дар ҳисоби 173 «Ҳисоббаробаркунӣ бо дебиторҳо аз рӯйи қарзи буҷет» бурда мешавад.

Дар ин ҳисоб маблағи қарздорӣ аз рӯйи қарзи асосӣ, фоизҳои хдсобкардашуда, қарзҳои давлатӣ ршъикос карда мешавад.

Барои ҳисобгирии қарздорй аз рӯйи қарзи буҷет, қарзи давлатӣ ҳисобҳои зерин истифода карда мешавад: 090 «Ҳисоббаробаркунй бо дебиторҳо аз рӯйи қарзи буҷет, ба дигар системаҳои буҷет пешниҳодшуда»; 140 «Ҳисоббаро-баркунӣ бо дебиторҳо аз рӯйи қарзи давлатӣ ба ташкилотҳои байналхалқӣ пешниҳодшуда».

Маблаги пешн^гқодшуда аз буҷет – қарзи буҷетӣ, қарзи давлатиро дар тарафи дебетии ҳисоби 173 «Ҳисоббаро-баркунӣ бо дебиторҳо аз рӯйи қарзи буҷет» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 090 «Хориҷкунии воситаҳои пулии муассиса аз ҳисобҳои дар бонк буда» икъикос карда мешавад.

Ҳисобкунии фоизҳо, ҷаримаҳо аз рӯйи қарзи буҷет, қарзи давлатӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 140 «Ҳисоббаробакунӣ бо дебиторҳо аз рӯйи қарзи буҷет ва дар тарафи кредитии ҳисоби 400 «Даромадҳо аз молу мулк» инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии аналитики аз рӯйи ҳисоби 140 дар варақаи ҳисобгирии қарзҳои додашуда бурда мешавад.

Дар варақа ҳаракат ва қарздорӣ аз рӯйи қарзҳои ба ҳар як қарздор додашуда инчунин, фоизҳои барои қарз ва ҷарима баҳисоб гирифта мешавад.

Дар боби «Нишондиҳандаҳо аз рӯйи қарзи додашуда ва пардохтшуда» мақсади истифодабарии қарз, таърихи рӯз ва рақами ҳуҷҷати асосии барои додани қарз, мӯҳлати пардохти қарз бақия дар аввали моҳ, бақия дар охири моҳ нишон дода мешавад. Дар боби «Нишондиҳандаҳо аз руйи

фоизи қарз» таърихи рӯз ва раками ҳуҷҷати асосии барои додани қарз, рақами ҳисоб, фоизҳои гузошташуда барои ис-тифодаи қарз, бақия дар аввали моҳ, (аз рӯи дебет ва кредит), маблағи ҳисобкардашудаи фоизҳо ва мӯҳлати пардохт, маблағи фоизҳои пардохташуда, бақия дар охири моҳ (аз рӯйи дебет ва кредит) нишон дода мешавад.

Ҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони хисобдиҳанда

Маблағҳои ҳисобдиҳанда пулҳои пешпардохтшуда аз хазинаи ташкилот ба кормандон барои хароҷотҳои хурди хоҷагидорӣ ва хароҷотҳо барои сафари хизмати додашударо меноманд. Тартиби додани пули ба ҳисоботдиҳанда, андозаи пешпардохт ва мӯҳлати додани онҳо мувофиқи қоидаҳои амапиётҳои хазинавй бурда мешавад.

Пешпардохтҳои хдсобдиҳанда бо фармони роҳбари муассиса дар асоси аризаи хаттӣ бо нишон додани мӯҳлат ва истифодаи пешпардохт дода мешавад.

Ҳисобгарии ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳисобдиҳанда дар ҳисобҳои зерин бурда мешавад.

160 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони

ҳисобботдиҳанда»;

173/1 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳисоботдиҳанда аз рӯйи пардохти хизматрасонии нақлиётӣ»;

176 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳисобботдиҳанда аз рӯйи дигар пардохтҳо»;

176/2 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони хдсоботдиҳанда аз рӯйи хизматрасонии алоқа»;

176/3 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳисоботдиҳанда аз рӯйж пардохти хизматрасонии комуналӣ»;

176/4 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони хисобдиҳанда аз рӯйи пардохти иҷора»;

176/5 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳисобдиҳанда аз рӯйи пардохти нигохдории амвол»;

176/6 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳисоботдиҳанда аз рӯйи дигар хизматрасонӣ»;

180 «Ҳисоббаробаркунй бо шахсони ҳисобдиҳанда аз рӯйи музди меҳнат».

Додани пул ба шахсони ҳисобдиҳанда дар тарафи де-бетии хдсоби 160 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳисобдиҳавда» ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои 120 «Хориҷкунӣ аз хазина», 120/1 «Хориҷкунии ҳуҷҷатҳои пулӣ» инъикос карда мешавад. Ҳангоми бозгардонии бақияи маблаги ҳисобдиҳанда дар тарафи кредитии ҳисоби 160 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳисобдиҳанда» ва дар тарафи дебетии ҳисобҳои 120 «Дохилшавӣ ба хазина», 120 «Дохилшавии ҳуҷҷатҳои пули» инъикос карда мешавад.

Ҳисобгирии аналитикии ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳисобдиҳанда дар журнал аз рӯйи ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони Ҳ1-1собдиҳанда, ё ин ки дар варақаи воситаҳо ваҳисоббаробаркуниҳо бурда мешавад.

Қайдҳо дар журнал аз рӯйи ҳисоббаробаркуга! бо шахсони ҳисобдиҳанда дар асоси ҳисоботи пешпардохтй, ордери даромад ва хароҷоти хазинавӣ бурда мешавад. Дар ҳар як сатри графаҳои «Номгӯи нишондиҳандаҳо» насаби шахси ҳисобботдиҳанда, маблағи додашуда, хароҷотҳои бавуҷудомада, бақияи истифодашудаи пешпардохт, рақами ҳисоби ҳисобгирӣ аз рӯйи дебет ва кредит навишта мешавад. Дар охири МОҲ дар журнали ҳисоббаробаркунй бо шахсони ҳисобдиҳанда маблағҳо аз рӯйи дебет ва кредит ҷамъбаст карда мешавад.

Ҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи камомад

Ҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ маблаги камомад ва дуздидашуда дар ҳисобҳои зерин бурда мешавад:

170 «Ҳисобгирии аз рӯйи камомадӣ»;

170/1 «Ҳисобгирии аз рӯйи камомади воситаҳои асосӣ»;

170/2 «Ҳисобгирии аз рӯйи камомади активҳои ғайри-моддӣ»;

170/3 «Ҳисобгирии аз рӯйи камомади активҳои ғайри-истеҳсоли»;

170/4 «Ҳисобгирии аз рӯйи камомади захираҳои моддӣ»;

170/5 «Ҳ14Собгирии аз рӯйи камомади активҳои молиявӣ».

Ҳангоми ошкорнамоии маблағи камомад, рабурдашу-ла, гумшуда ва ғайра аз рӯйи арзиши бозорӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 170 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи камомад» ва

дар тарафи кредитии ҳисоби 400/1 «Даромад аз фурӯши активҳо» инъикос карда мешавад.

Маблағҳои аз товони зарар даромад карда шуда дар тарафи кредити ҳисоби 170 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи ка-момад» ва дар дебета ҳисобҳои 090 «Дохилшавии воситаҳои пулии муассиса дар ҳисобҳои дар бонк буда», 120 «Дохилшавии воситаҳои пули ба хазина» инъикос карда меша-. . вал.

Ҳисобгирии аналитакӣ аз рӯйи хдсоби 170 дар варақаи баҳисобгирии воситаҳо вахдсоббаробаркуниҳо аз рӯйи ҳар як шахси гунаҳкор бо нишон додани ном, насаб ва коми па-дар, вазифа санаи бавуҷудоии қарздорӣ ва маблағи камомад бурда мешавад.

Ҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ бо дигар дебиторҳо

Ҳисобгирии хисоббаробаркунӣ бо дигар дебиторҳо дар ҳисобҳои зер1ш бурда мешавад:

171 «Ҳисоббаробаркунӣ бо андоз аз арзшпи иловашу-да (ААИ) аз рӯйи ба дастории молҳои қиматнок, кор вахизматрасонӣ»;

176/1«Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи дохилшавӣ ба буҷетаз ташкилотҳои иҷрои буҷетӣ»;

120 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи амалиётҳо бо воситаҳои пулии нақдигирандаи воситаҳои буҷетӣ»;

Маблағи андози нишондодашудаи муассисаи таъмин-кунандагон аз рӯйи ба дастории активҳои ғайримолиявӣ, корҳои иҷрошуда, хизматҳои расонидашуда дар тарафи де-бетии хдссби 171 «Зиёдшавгш қарздории дебиторӣ аз рӯйи андоз аз арзиши идовашуда (ААИ) барои бадастории молҳои қиматнок, кор ва хизматрасонӣ» ва кредити ҳисоби 160 «Ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони ҳисоботдиҳанда», 150 «Ҳисоббаробаркунӣ бо таъминкунандагон ва пудратчиён»бурда мешавад.

Даромадҳои ба буҷет дохилшударо дар тарафи дебетии ҳисоби 090 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи дохилшавӣ ба буҷет аз корхонаҳо ва кредити ҳисоби 400 «Ҳисоббаробаркунӣ бо дебиторҳо аз рӯйи даромад» инъикос карда мешавад.

Ҳисобгирии аналитикии хдсоббаробаркунӣ аз рӯйи ҳисоби 171 дар варақаи ҳисобгирии воситаҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо бурда мешавад.

Ҳисобгирии хисоббаробаркунии дохилӣ аз рӯйи дохилшавии маблағҳо ба буҷет ва хориҷшавӣ аз буҷет

Ҳисоббаробаркунӣ байни ташкилотҳое, ки хизматра-сонии хазинавии иҷрои буҷетро таъмин мекунанд, инч}’нин байни ташкилотҳо иҷроиши буҷет дар ҳисоби 090 «Пулгузаронӣ аз маблағҳои буҷеги ҷумҳуриявӣ ба муассИсаҳое, ки дар тобеияти тақсимотчии асосӣ қарор до-ранд ва дигар чорабиниҳо» ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳангоми ҳисоб кардан, гузаронидани пардохти андоз ва дигар пардохтҳо аз як ташкилоте, ки хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷетро таъмин мекунад ба дигар ташкилот дар тарафи дебетии хисоби 176 «Зиёдшавии қарздории дебиторӣ аз рӯйи ҳисоббаробаркунии дохилӣ оиди дохилшавии маблағҳо ба буҷет» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 090 «Хориҷкунии воситаҳои пулӣ аз хдсоби ягонаи буҷет дар ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷетро таъмин менамоянд», ҳисоби 090/1 «Хориҷкунии воситаҳои пули буҷети дар роҳ буда» инъикос карда мешавад.

Ҳисобгирии аналитикии амалиётҳо аз рӯйи ҳисоби 090 «Ҳисоббаробаркунӣ оид ба маблағгузории буҷет барои хароҷотҳои муассиса ва дигар чорабиниҳо» дар замимаи ҳисобгирии ҳисоббаробаркуш1и дохилӣ бурда мешавад.

Дар замима санаи амалиёт, рақам ва санаи ҳуччати пардохти аз рӯйи воситаҳои пулӣ додашуда ва гирифташу-даи буҷет, мазмуни амалиёт, маблағ аз рӯйи ҳуҷҷат рақами ҳисоб аз рӯйи дебет ва кредит инъикос карда мешавад.

Дар хисоби 140 «Ҳисоббаробаркунии дохилӣ аз рӯйи хориҷкунии воситаҳои пули аз бучет» ҳисоббаробаркунӣ; байни ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинавии ичрои буче1ро таъмин менамоянд, ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳисоб кардани воситаҳои пулии ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинавии иҷрои бу^г.етро таъмин менамоянд, дар тарафи дебетии ҳисоби 176 «Зиёдшавии қарздории дебиторӣ аз рӯйи ҳисоббаробаркунии дохилӣ оиди

хоричкунии воситаҳои пули аз буҷет» ва дар тарафи креди-тии ҳисоби 090 «Хориҷкунии маблағҳо аз ҳисоби ягонаи буҷет дар ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷетро таъмин менамояд» инъикос карда мешавад.

Ҳисобгирии аналитикии амалиётҳо аз рӯйи ҳисоби 140 «Ҳисоббаробаркунӣ оид ба маблағгузорирх буҷет барои харочотҳои муассиса ва дигар чорабиниҳо» дар замимаи баҳисобгкрии ҳисоббаробаркунии дохилӣ бурда мешавад.

Мукотиботи ҳисобҳо оиди баҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ бо дебигорҳо

Амалиётхо Мукотиботи ҳисобҳо
Дебет Кредит
1. Аз хазинаи ташкилот ба шахсони ҳисобдиҳанда 160 120
2. Ҳисоботи пешпардохти оиди харҷ кардани маблағҳои ҳисобдкҳанда пешниҳод карда шуд (аз рӯинамуд) 200 160
3. Бақияи истифоданашудаи маблағҳои

Ҳисобдҳанда баргардонида шуд.

120 160
4. Дар асоси ҳуҷҷатҳои асоснокшуда оа ҳисобҳои буҷет ва ҳисобҳои дар бонк буда маблаг даромад 090 160
5. Воситаҳои пулӣ аз ҳисоби товони зарар даромад

карда шуд.

120 170
6. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда инъикос карда шуд 178 171
7. Аз тарафи кабулкунанда дар рузи охирини кори мохи декабр аз эътибор соқит намудани маблағҳои буҷетие, ки дар давоми соя хароҷот карда шудаанд. 140Д41Д43 200,201,203
8. Аз эътибор соқит намудани маблағи хароҷотҳое, ки аз тарафи тақсимотчии асоси, тақсимотчи барои муассисахои дар тобеъияти онҳо карор дошта гузаронида шудаанд 200,201,203 140,141,143
8 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.