Ҳисобгирии соҳибкори ва дигар фаъолиятҳое, ки даромад меорад

 

Ҳисобгирии хароҷотҳо оид ба истеҳсоли маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ

Муассисаҳои буҷетӣ ҳуқуқ дорақд, ки ба фаъолияти соҳибкории дар Охшномаашон пешбинишуда машғул ша-ванд.

Ба фаъолияти соҳибкории муассисаҳои буҷетӣ инҳо

дохил мешаванд:

  • хариду фурӯш ва иҷора додани захираҳои асосӣ ва ам-воли муассисаҳои буҷетӣ;
  • савдои молҳо ва таҷҳизоти харидашуда;
  • расонидани хизмати миёнаравӣ;
  • ба даст овардани сахмияҳо, вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок, гирифтани даромад аз онҳо (ба сифати ҳаққи саҳм ба фоиз);
  • машғул шудан ба дигар фаъолиятҳои фоидаовари дар Оиннома зикршуда (кор ва хизматрасонӣ), ки ба истеҳсоли маҳсулот алоқаманд нестанд.

Барои ҳисобгирии хароҷотҳо оид ба барориш маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии ҳисоби 220 тайёрку-нии масолеҳҳо, маҳсулоти тайёр, ичрои кор ва хизматрасонӣ истифода бурда мешавад.

Дар ин ҳисоб хароҷотҳои зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:

  • хароҷотҳо барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти тайёр;
  • хароҷотҳо барои иҷрои кор ва хизматрасонӣ,
  • хароҷотҳо дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ.

Ҳисобгирии хароҷот ва комуникатсияи арзиши аслии маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар бисёр мавридҳо аз хосияти соҳавии муассисаҳои буҷетӣ вобастагӣ дорад. Барои ҳамин ҳангоми ташкили ҳисобгирии хароҷот камуникатсияи арзиши аслии маҳсулоти тайёр, кор ва хизматрасонӣ аз рӯйи ҳисоби 200 ҳучҷатҳои меъёрии соҳавӣ мақсаднок истифода бурда мешавад.

Дар доираи фаъолияти соҳибкорие, ки даромад мео-рад, қайдҳои зерини муҳосибавӣ инъикос карда мешавад.

Дар тарафи дебети ҳисоби 080 «Зиёдшавии арзиши тай-ёркунии масолеҳҳо, маҳсулоти тайёр (кор ва хизматрасонй)», ҳамаи хароҷотҳо барои тайёркунии маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонй; арзиши масолеҳи сарфшуда,маблаш хдсобкардашудаи хӯрдашавии воситаҳои асосӣ ва обективҳои ғайримоддӣ, маблаги ҳисобкардашудаи музди мехнати кор-мандони ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, ҳиссаҷудокунӣ аз рӯйи фонди музди меҳнат ва ғайра дар тарафи кредитии ҳисобҳои 080,176,067,020,176/1,180 шшюн дода мешавад.

Баъзе хароҷотҳо аз рӯйи фаъолиятҳое, ки даромад ме-орад, дар ҳисоби 200 «Хароҷотҳои муассиса нишон дода мешавад».

Дар тарафи дебетии ҳисоби 250 «Хароҷотҳо барои хӯрдашавии воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ» маблағҳои ҳисобкардашудаи хӯрдашавии воситаҳои асосӣ бо алоқамандии ҳисобҳои (кредитӣ) 020, 019, 020/1 инъикос карда мешавад.

Дар ҳисоби 200/1 хароҷоти захираҳои модцӣ, захираҳои моддӣ дар фаъолияти асосӣ ва соҳибкорӣ истифода шуда, (дар тарафи кредитии захираҳои моддӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар охири моҳ арзиши захираҳои модии

харҷшуда аз кредити ҳисоби 200/1 ба дебета ҳисобии 080 гу-зарокида мешавад.

Дар ҳисоби 200/1 «Дигар хароҷотҳо» хароҷотҳо барои пардохтҳо ба фаъолияти соҳибкор тааллукдошта ба ҳисоб гирифта мешавад:

  • андозҳо ба буҷет;
  • боҷи давлатӣ;
  • ҷаримаҳо;
  • дигар пардохтҳо.

Ҳангоми супориши (истеҳсолоти) маҳсулоти тайёр ва аз рӯЙ11 арзиши ҳақиқӣ ба анбор супоридан дар тарафи кредитаи хдсоби 178 «Камшавии арзиши маҳсулоти тайёр, иҷрои кор ва хизматрасонӣ» ва дар тарафи дебетии ҳисоби 080 «Зиёдшавю! арзиши маҳсулоти тайёр» инъикос карда мешавад.

Маҳсулоти тайёр ва баҳодиҳӣ ба он, Ҳисобгирии дохилшавиии маҳсулоти тайёр

Вазифаҳои асосии баҳисобгирии маҳсулоти тайёр аз

инҳо ибоат аст:

  • дуруст ва саривақт ба ҳисобгирии микдор ва ҳаракати маҳсулоти тайёр дар анборҳо, яхдонҳо ва дигар ҷойҳои нигохдории маҳсулот;
  • назорат аз рӯйи иҷроиши нақшаҳо ҳаҷм, навъ, сифати маҳсулоти истеҳсолшуда;
  • назорат аз рӯйи ҳифзнамоии маҳсулоти тайёр ва гайра.

Маҳсулоти тайёр чун қоида бояд ба анбор ба шахси ҳисобдиҳанда супорвда шавад.

Маҳсулоти тайёр дар хисобгирӣ аз рӯйи арзиши ҳақиқӣ дар асоси талабнома- борхат ба ҳисоб гирифта мешавад ва дар тарафи дебетии ҳисоби 400 «Зиёдашавии арзиши маҳсулоти тайёр» ва дар тарафи кредитии хисоби 178 «Камшавии арзиши маҳсулоти тайёр (иҷро, кор ва хизматрасонй) инъикос карда мешавад.

Аз ҳисоби баровардани маҳсулоти тайёр дар вақти фурӯши он дар тарафи кредити ҳисоби 400 «Камшавии арзиши маҳсулоти тайёр» ва дебетии ҳисоби 080 «Даромад аз фурӯши маҳсулоти тайёр (кор аз хизмат)» инъикос карда мешавад.

Ҳисобгирии аналитикии маҳсулоти тайёр дар варақаҳо маблағ, микдори маводҳои арзишнок қайд карда мешавад. Шахсони аз ҷиҳати моддӣ масъул ҳисобгирии маҳсулоти тайёрро дар китоби баҳисобгирии маводҳои арзишнок аз рӯйи номгӯй, навъ ва микдор мебаранд.

Маҳсулоти тайёр аз рӯйи арзиши аслии ҳақиқӣ (аз рӯйи ҳароҷотҳои барои истеҳсоли маҳулоти тайёр муайян шуда) баҳо дода мешавад.

Ҳисобгирии фурӯши маҳсулот, кори иҷрошуда ва хизматрасонй

Фурӯши маҳсулот дар асоси шаргномаҳои басташуда, ё ин ки бо роҳи савдои озод ва ба таври чакана амалй мегардад.

Дар шартномахои барои таъмини маҳсулоти тайёр таъминкунанда ва харидор, нишондиҳандаҳоро оиди маҳсулот, нарх, тартиби ҳисоббаробаркунӣ, маблағи ААИ ва дигар мушаххасот нишон дода мешавад.

Дар асоси талабнома – борхати моли – нақлиётӣ, бор-хати роҳи оҳан ва дигар ҳуҷҷатҳо барои баровардани маҳсулот ба дигар тарафҳо дар бухгалтерия якчанд нусха талабномаи пардохтй барои ҳисоббаробаркунии ба харидо-рон ба воситаи бонк тартиб дода мешавад.

Дар талабномаи пардохтй номгӯй ва ҷойи таъминкунанда ва харидор, раками шартномаи таъминкунй, маблаги пардохт аз рӯйи шартнома, тарифҳои нақлиётӣ, маблаги ААИ нишош дода мешавад.

Ҳисобкунии маблағҳои супоришдиҳандагон дар асоси шартнома ва ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ барои маҳсз’лоти тайёр, иҷрои кор ва хизматрасонй дар тарафти дебетии хисоби 178 «Зиёдшавии қарздории дебитиро аз рӯйи даромад аз фурӯши маҳсулоти тайёр, дар бозор иҷрои кор ва хизмат» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 400 «Даромади дав-раи хдсоботй» бурда мешавад.

( Дохилшавии воситаҳои пули аз фурӯши маҳсулоти тайёр, кор ва хизмат дар тарафи дебетии ҳисоби 090 «Дохилшавии воситаҳои пулии муассиса» ва ҳисоби дар бонк буда ва дар тарафи кредитии ҳисоби 178 «Камшавии қарз-дории дебитори аз рӯйи даромад аз фурӯши маҳсулоти тайёр, иҷрои кор ва хизматрасонй» инъикос карда мешавад.

Ҳисобкунии андоз аз фонда дар тарафи дебетии ҳисоби 173 «Даромад аз фурӯши маҳсулоти тайёр, дар бозор кор ва хизматрасони» ва кредита хдсоби 178 «Зиёдшавии қарздории дебиторӣ аз рӯйи андоз аз фонда» инъикос карда мешавад.

Пардохти андоз аз фонда дар тарафи дебетии ҳисоби 173 «Камшавии қарздории кредиторӣ аз рӯйи андоз аз фонда» ва кредити ҳисоби 090 «Хориҷкунии воситаҳои пулии муассиса аз ҳисобҳок дар бонк буда» ба хдсоб шрифта мешавад».

Мукотиботи ҳисобҳо оид ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар корҳо, ки даромад меорад

Амалиёт Мукотиботи

хисобҳо

Дебет Кредит
1. Музда меҳнати кормандон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ҳисбб карда шуд 200 180
2. Маҳсулоти тайёр қабул карда шуд 063 178
3. Маҳсулоти тайёр ҳаж-оми фурӯга аз ҳисоб бароварда шуд 178 063
4. Воситахок пули аз маҳсулоти тайёр, корва хизматрасони даромад карда шуд 120 080
5. Андоз аз фоида ба буҷет гузаронида шуд 400 173
6. Маблағи андоз аз фонда ба буҷет гузаронвда шуд 173 090
Маблағи ААИ ба буҷет гузаронида шуд 090 171
8, Аз эътибор соқитнамудани хароҷотҳо вобаста ба таксим намудани онхо ба зерҳисобҳои дахлдори хароҷотҳо 200,201, 220, 221, 225 210
9. Сармоякунонии хароҷот дар давоми давраи хисоботй барои таъмини эҳтиёҷот ва рущци фаъолияти асосии муассисадои таълимӣ 225 200
10. Дар асоси ҳисоботи солонаи муассжсаҳое, ки дар тобеъияти тақсимотчии асосй, тақскмотчй қарор доранд, аз эътибор соқит намудани маблағи хароҷотхо дар охири сол 230,

231

200, 201,203
Таъсис додани.маблағҳо аз ҳисоби фоида:
11. барои ҳавасмандгардонии моддӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ 410 240
барои нигохдорӣ ва рушди базаи моддию техники 410 241
12. Ворид шудани маблағхо барои мақсадҳое, ки мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуҳукӣ ба иҷроиши фаъолияти асосй алокаманданд 110 270
13. Дар охири рӯзи мохд декабр соқит намудани хароҷотҳои хақиқие, ки аз ҳисоби маблағхои аз фоида таъсисдодашуда, гузаронида шудаанд 240,

241

223
9 Загрузки
test

Добавить комментарий