Главная / Фанни Биология. / Организм ҳамчун як воҳиди том

Организм ҳамчун як воҳиди том

Организм ҳамчун як воҳиди том

Усулҳои танзими функсияҳои организм. Дар организми одам ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, аъзо ва системаи онҳо ҳамчун як чизи ягона ва бутун кор мекунанд. Кори онҳо бо ду роҳ: ҳуморалӣ (моддаҳои химиявӣ тавассути моеъи муҳити дохилии организм – хун, лимфа, моеъи байниҳуҷайра сурат мегирад) ва асабӣ танзим карда мешавад.

Моддаҳои кимиёвӣ ба ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳо ва умуман дигар равандҳои организм таъсир расонида, кори онҳоро танзим ме- намоянд. Миқдори ками моддаҳо қобилияти баланди таъсиркунӣ доранд. Бинобар ин онҳоро моддаҳои фаъоли биологӣ меноманд, ки ҳуҷайраҳои махсуси организм аз худ ҷудо мекунанд. Ба ин узвҳо, пеш аз ҳама, гадудҳои тарашшӯҳи (секретсия) дохилӣ тааллуқ доранд.

Аз ҷиҳати тарашшӯҳ онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Ғадудҳои тарашшӯҳи берунӣ маҳсули худро ба ковокиҳои бадан хориҷ мекунанд. Ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ маҳсули худро фақат ба хун медиҳанд,

Ба ғадудҳои тарашшӯҳи берунӣ ғадудҳои луоби даҳон, ашкбарор, арақҷудокунанда, ҷигар ва ғадудҳои меъдаю рӯдаҳо дохил мешаванд (расми 6).

Танзими асабии вазифаҳо. Мағзи сар ва ҳароммағз тавассути торҳои асаб тамоми узвҳои организмро бо ҳам алоқаманд мекунанд. Системаи асаб ҳам ба монанди ҳормонҳо ба узвҳо таъсир расонида, корашонро тез ё суст мекунад. Бинобар мав- ҷудияти мағзи сар организм аз тағйирёбии шароити муҳит мунтазам бохабар мешавад, чунки байни мағзи сар ва тамоми узвҳо алоқамандии тарафайн мавҷуд аст.

Танзимкунандаҳои асабӣ ва ҳуморалӣ алоқамандии дутарафа ва кори бо ҳам мувофиқи системаи узвҳоро амалӣ мегардонанд. Аз ҳамин сабаб организм ҳамчун як чизи бутун (том) амал мекунад. Ин ду система пойдории муҳити дохилӣ ва устувории тамоми вазифаҳои организмро дар натиҷаи худтанзимкунӣ таъмин мекунанд. Худтанзимкунӣ гуфта, ҳолатеро меноманд, ки ҳар як дигаршавии таркиби муқаррарии муҳити дохилии организмро системаи асабӣ ва ҳуморалӣ ба ҳолати аввалааш бармегардонад. Мисол, дар вақти зиёд шудани миқдори қанд (глюкоза) дар хун системаи асабӣ ва ҳуморалӣ ба кор даромада, миқдори қандро кам мекунанд.

 

Организм ва хосиятҳои асосии он

Инсон ва табиат. Мувофиқи гуфтаи падари физиологияи рус, олими бузург И.М.Сеченов, мавҷудияти организм бе муҳити беруна ғайриимкон аст. Барои он ки дар байни организм ва муҳит мунтазам мубодилаи моддаҳо ба амал оянд, организм бояд аз муҳит оксиген ва моддаҳои ғизоӣ гирад. Аз ҳисоби онҳо ҳуҷайраҳои нав ба вуҷуд меоянд, ки кори узвҳо, масалан мушакҳоро таъмин менамоянд. Дар баробари ин организм ба муҳити беруна маҳсулоти нодаркор, моддаҳо ва гармии зиёдатиро хориҷ мекунад. Ба организм инчунин омилҳои гуногуни табиӣ: тағйирёбии ҳарорати ҳаво, намнокӣ, нурҳои радиоактивӣ – нурҳои офтоб, боридани барфу борон, тӯфон, тундбод, сӯхтор,заминҷунбӣ таъсир мерасонанд. Ҳангоми каме тағйир ёфтани ҷои зист организм кори худро тағйир дода, ба шароити нав мутобиқ мешавад. Масалан, ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво нафаскашӣ ва кори дил тез шуда, аз бадан бештар арақ ҷудо мешавад.

Одам бо баробари ба вуҷуд овардани шароити хуби зиндагӣ (манбаи доимии гармӣ, об, нерӯ, манзил, асбобҳои гуногуни меҳнат, сарулибос, дору, нақлиёт) нисбат ба дигар организмҳои зинда метавонад худро ба омилҳои номусоиди муҳити табиӣ бештар одат кунонида, воситаҳои аз он муҳофизаткуниро ба вуҷуд орад.

Ҳамаи ин шароити мусоид дар натиҷаи фаъолияти мақсадноки тамоми ҷамъияти инсонӣ дар давоми ҳазорсолаҳо ба вуҷуд оварда шуд. Ба туфайли ин одам тавонист, ки дар ҳар хел минтақаҳои ҷуғрофии Замин: дар Шимоли Дур ва биёбонҳо, дар рӯи замин ва зери об, дар водиҳо ва ноҳияҳои баландкӯҳ, дар зери замин ва коинот зиндагӣ кунад. Одам бе ягон тайёрии махсус дар ҳарорати ҳавое, ки то ба 60° (аз +50°С то +70°С) тағйир меёбад, зиндагӣ карда метавонад. Дар чунин ҳолат одам на танҳо зиндагӣ мекунад, балки дар шароити табии барояш ғайримуқаррарӣ босамар кор ҳам карда метавонад.

Одам чун як ҷузъи зинда бо табиат ҳамкорӣ мекунад. Аз табиат нафту газ, маъдану масолеҳи бинокорӣ гирифта, онҳоро чун маҳсули меҳнати худ истифода мебарад. Барои ҳаёти одамон инчунин маҳсулоти наботот ва ҳайвонот зарур аст. Ҳамин тавр, одам нисбат ба муҳити табиӣ истеъмолкунанда мебошад. Дар айни ҳол одам заминҳоро обёрӣ карда, дар пеши роҳи маҷроҳои харобиовар бандҳо месозад, баҳрҳои сунъӣ ба вуҷуд оварда, табиатро тағйир медиҳад.

Муносибати тарафайни одаму табиат масъалаи нисбатан изтиробовари ҷамъияти имрӯза мебошад. Ин маълум аст – табиат муҳити сукунати одам мебошад. Ба он на танҳо ҳолати саломатии имрӯзаи аҳолии рӯи замин, балки ояндаи инсоният вобаста аст. Муносибати тарафайни одаму табиат бояд ба қоидаҳои оқилона ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва беҳтар кардани муҳит асос ёбад. Амалиёти тарафайни табиату одам бояд на номуташаккилона, балки бо раванди назорати ҷиддӣ ба амал бароварда шавад. Одам барои пурра нигоҳ доштани муҳити табиат, мақсаднок тағйир додани он масъул аст. Дар мамлакати мо муҳофизати табиат кори умумихалқӣ буда, онро қонун муайян кардааст. Тадбирҳои муҳофизати табиат ба таври илмӣ асоснок ва амалӣ гардонида мешаванд. Нигоҳ доштани тозагии ҳаво, захираҳои об, хок, олами набототу ҳайвонот гарави саломатии ҷисмонӣ ва маънавии насли инсоният аст.

Табиати биоиҷтимоии одам. Одам зери назорати ду барнома – биологӣ ва иҷтимоӣ ба камол мерасад.

Барномаи биологӣ хусусияти сохт ва физиологияи организми одамро муайян мекунад. Вай дар раванди таҳаввулоти дуру дароз ба миён омадааст. Хромосомаҳо ирсияти биологӣ буда, ба одам аз волидайнаш мегузаранд.

Барномаи иҷтимоӣ аз таъсири муҳит ва одамони гирду атроф ташаккул ёфтани шахсияти одам вобаста мебошад. Моҳияти иҷтимоии одам аз чунин сифатҳо, ба монанди ахлоқ, виҷдон, ватандӯстӣ, маълумот, фарҳанг ва ғайра иборат аст. Барномаи иҷтимоиро тамоми инкишофи ҷамъиятию таърихии инсоният ба миён оварда, он аз насл ба насл намегузарад. Х,ар як одам дар давоми умри худ дар байни одамони ба худ монанд, яъне ҷамъияти одамон зиндагӣ карда, онро тадриҷан меомӯзад. Х,ар насли калонсол дар ташаккул ёфтани шахсияти насли хурдсол саҳм мегузорад. Дар ҷараёни ин зуҳуроти ботинии одам муносибати ӯ ба таъсири шароити беруна низ ташаккул меёбад. Дар корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ иштирок кардани одам дар ташаккул ёфтани шахсияти ӯ нақши ҳалкунанда мебозад.

Вазифаи ҳар як ҷамъияти пешқадам аз тарбия намудани насли солим, аз ҷиҳати эҷодӣ ва маънавӣ ғанӣ гаштани инсони ҳақиқӣ иборат мебошад. Ташаккул ёфтани чунин шахсият раванди дуру дароз ва мураккаб аст,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *