Главная / Фанни Биология. / Шиносоии умуми бо растанихои гулдор

Шиносоии умуми бо растанихои гулдор

Узвҳои растанӣ

Аз оғози баҳори некуфарҷом то охири тирамоҳ мо дар муҳити гирду атрофамон растаниҳои гулдорро мушоҳида мекунем. Бойчечак, гули наврузй, к,оку, сиёҳгӯш ҳамчун қосид ва навиди баҳорон хело барвақт гул мекунанд, Сипае, бунафшаи боғӣ, гули лола, савсан ба табиат ҳусну таровати фараҳбахш зам мекунанд.

Бо таваҷҷӯҳи хоса ягон растании гулдор (вазирак, алафи гулзардак, бунафшаи серангаИ)-ро бо решааш аз хок кофта гирифта, аз назар мегузаронем. Ин растаниҳо чун растаниҳои дигар реша, поя ва барг доранд. Реша, поя ва баргузвҳои асосии растанӣ ба ҳисоб мераванд. Дар қисми болоии поя як ё якчанд гул ҷой гирифтааст, ки аз онҳо меваю тухм ҳосил мешаванд. Растаниҳоеро, ки дар давраи ҳаётгузарониашон ақаллан як маротиба гул мекунанд, растаниҳои гулдор меноманд. Дар баробари ин баъзе растаниҳо, аз қабили арча,санавбар, ушнахр, сарахсшаклон ва ғайраҳо, дар фаъолияти ҳаётиашон ҳеҷ гоҳ гул ҳосил намекунанд. Онҳо ба растаниҳои бегул мансубанд.

Ҳамин тавр, ба ҷуз мавҷудияти чунин узвҳо – реша, поя, барг, доштани гул ва мева фақат ба растаниҳои гулдор хос мебошад ■

Узвҳои якхелаи растаниҳои гулдор вобаста ба хусусиятҳои хосашон метавонанд зоҳиран хеле гуногун шаванд. Решаҳои сершумори пиёз, сирпиёз (чеснок) ва барги зулф ба риштаҳои борик монанданд, бехи нахӯд,- қоқу ва пахта бошад, тиррешаи дарозу шохаронда аст.

Агар пояи гандум ва ҷуворимакка рост ба боло қад кашад, пояи каду, бодиринг, тарбуз ва баъзе дигар растаниҳои полизй ба боло набаромада, дар рӯи замин паҳн мешаванд. Растании барги зулф (филгуш) гуё тамоман поя надорад, яъне пояаш хеле кӯтоҳ буда, баргҳояш дар рӯи замин хобидаанд. Барой дидани пояи кӯтоҳи барги зулф қисми болоии гарданаки решаро ба дарозӣ барқад буридан лозим мешавад. Пояи дарахтон – тана хеле нағз инкишофёфта аст. Онҳо хеле баланд қад кашида, мустаҳкам мешаванд. Танаи баъзе субборҳо (кактусҳо) ба сутунчаҳо ё кураҳои сабзи сермағз (сергӯшт) шабоҳат дошта, баргашон ба хор табдил ёфтааст. Кактусҳо дар пояашон об захира мекунанд, Сохти гул 2 дар растаниҳои гуногун ҳар хел мешавад. Гул одатан навдаи шаклдигаркарда буда, аз он мева пухта мерасад. Афзоиши растаниҳои гулдор тавассути тухмашон амалӣ мегардад.

Агар гулҳои растаниҳои гуногунро муқоиса кунем, монандии сохти онҳоро пай мебарем, Сохти гул и шалғамча ё алафи бегонаи маъмул – турбкоҳакро аз назар мегузаронем. Мебинем, ки гул дар гулпоя (думчаи гул), ки қисми гулбандаш паҳн шудааст, инкишоф меёбад. Дар гулбанд ҳамаи узвҳои дигари гул ташаккул меёбанд. Диққати моро тоҷгули хушранги гули вазирак, ки аз чор гулбарг иборат аст, ба худ ҷалб мекунад. Поёнтар аз тоҷгул косагул ҷой гирифтааст. Косагул аз чор баргчаи сабз-косабарг иборат аст.

Тоҷгул ва косагулро дар якҷоягӣ гулпӯш мегӯянд, ки вай қисмҳои дарунии гулро аз шуои тафсони офтоб ва дигар шароитҳои номусоид ҳифз намуда, метавонад ҳашароти

гардолудкунандаро ҷалб намояд.

Тухмдон (узви модина) ва гардбарг (узви нарина) – ҷузъҳои асосии гул 2 ба ҳисоб мераванд. ҳар як гардбарг аз поячаи борик ва гарддон иборат аст. Гарди гул дар гарддон ҳосил мешавад. Ғӯрак (буни паҳни тухмдон), сутунчаи борик ва гардгирак дар якҷоягӣ, тухмдонро ташкил медиҳанд.

Ҳар як гул дар соқа ё гулпоя ҷойгир мешавад. Гулҳое, ки дар соқа яктоӣ ҷойгир шудаанд, гулҳои тоқа номида мешаванд. Масалан, гулҳои лола 3 , кӯкнор ва ғайраҳо.

Гулҳое, ки гурӯҳ-гурӯҳ ҷойгиранд, тӯдагул 4 номида мешаванд. Тӯдагулҳо хеле гуногунанд. Масалан, дар олуболу, сабзӣ, шибит онҳо соябоншакланд. Тӯдагули қот, ливондар хӯшашакл ва тӯдагули офтобпараст, марямгул сабадшакл мешаванд.

Ҳамин тавр, аз аввали баҳор cap карда, то охири тирамоҳ дар беша, саҳро, боғ ва гулбоғҳо растаниҳо гул мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *