Ситоплазма ва харакати ситоплазма

Ситоплазма моддаи зиндаи ҳуҷайра мебошад. Дар ҳуҷайраи ҷавони навакак таркибёфта вай қариб тамоми сатҳи онро ишғол мекунад. Ситоплазмаи ҳуҷайраи растаниро ба воситаи микроскопӣ равшандиҳанда нағз дидан мумкин аст. Вай шаклан массаи нимшаффофи лӯобии ғадудмонанд буда моеъи ғализ мебошад. Ба андозаи расиш ва инкишофи ҳуҷайраҳо дар массаи ситоплазма моеъ ғун мешавад, ки он вакуолия ном дорад. Ин вакуолияҳо пур аз шираи ҳуҷайра мебошанд.

Шираи ҳуҷайра маҳсули фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра мебошад. Он аз маҳлӯли оби моддаҳои гуногуни ҳуҷайра иборат аст. Ба андозаи расиш моддаҳои якчанд вакуолияҳои хурд якҷоя шуда, якчанд ё як вакуолияи калонро ташкил медиҳанд. Ситоплазма дар ин гунна ҳуҷайра қабати назди девориро ишғол мекунад.

Дар зери микроскопи электронӣ тадқиқ карда шудани ситоплазма нишон дод, ки он элементҳои структурӣ дорад. Муайян карда шуда буд, ки ситоплазма аз массаи моеъи шаффоф – гиалоплазма (матриксӣ ситоплазма) иборат аст. Дар гиалопазма системаи махсуси найчаҳои борик мавҷуд аст. Онҳо аз турҳои дохилиплазмагӣ иборатан, ки реаксияи мураккаб, муташаккил ва мунтазам мубодилаи дохили ҳуҷайрагиро таъмин мекунанд. Тӯри дохилиплазмагӣ рибосомадор гранулярӣ ва берибосмаҳо агранулярӣ номида мешавад.

Ташакул ва сохти тӯрҳои дохилиплазмагӣ аз бисёр ҷиҳат ба расиши ҳуҷайра вобаста аст. Дар ҳуҷайраи ҷавон гиалоплазма хело зич ҷойгир аст. Дар он рибосомаҳои дар тамоми масса ҷойгир шуда бисёранд. Тӯри дохилиплазмагии он бошад аз ҳубобҳои аз ҳам ҷудо иботар аст. Дар баробари калон шудани ҳуҷайра дар ситоплазма системаи найчаҳои борик ва ғайра ташкил меёбанд ва системаи менбранагии тӯрҳои дохили плазмагӣ ба амал меоянд, ки он тамоми ситоплазмаро фаро мегирад. Рибосомаҳо дар ин давра тамоми рӯи тӯрҳои дохилиплазмагиро мепӯшонанд. Қабати берунии ситоплазмагӣ бо ҷилд маҳдуд мебошад, андаке зич шуда ба менбранаи беруни табдил меёбад. Ин қабати берунии сарҳаддии ситоплазма, ки ба ҷилд часпида меистад, плазмалемма номида мешавад. Плазмалемма мембранаи умумии ситоплазма мебошад. Вай онро аз ҷилд ҷудо мекунад. Аз вакуолияҳо ситоплазма ба воситаи мембранаи дохили ҷудо мешавад, ки он танопласт номида мешавад.

Плазмалемма ба ҳуҷайра дохилшавии моддаҳоро ба тартиб меандозад. Ин барои фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра аҳамияти калон дорад. Мембранаи ситоплазмагӣ ниҳоят борик аст. (150 А) онро танҳо дар зери микраскопи электронӣ дидан мумкин аст. Массаи асосии ситоплазма, ки дар байни празмалемма ва тонопласт ҷойгир аст, мезоплазма ном дорад.

Дар ситоплазма ҳамеша реаксияи мубодилаи моддаҳо ба амал меояд. Ба туфайли ин таркиби химиявии он мунтазам тағир меёбад. Дар протсеси фаъолияти ҳайётии ҳуҷайра дар ситоплазма моддаҳои гуногун ҷамъ мешаванд. Қисми асосии ситоплазмаро об ташкил медиҳад. Миқдори он то ба 85 – 90% мерасад. Сафедаҳоеро, ки асоси ситоплазмаро ташкил медиҳанд, сафедаҳои канститутсионӣ меноманд. Липидҳои дар таркиби ситоплазма дохилшаванда одатан моддаҳои захиравиро ташкил медиҳанд ва онҳо ҳамчун манбаи энергия истифода карда мешавад. Липидҳо бо сафедаҳо пайваста шуда, комплекси липпопротеногирии ситоплазмаро ташкил менамуд.

Яке аз моддаҳои муҳиме, ки ситоплазмаро ташкил медиҳад кислотаи рибонуклеинӣ (РНК) мебошад. Он дар тамоми реаксияи мубодилавӣ фаъолона иштирок мекунад. Дар таркиби РНК дар қатори асосҳои нитрогенӣ (аденин ё гуанин ё ситозин) қандҳои рибоза ва уратсил (асоси пирамидӣ) дохил мешаванд. РНК дар просесси синтези сафедаҳои ҳуҷайра ва барои алоқаи байни ситоплазма ва ядро роли муҳим мебозад.

Моддаҳое, ки асоси ситоплазмаро ташкил медиҳанд, дар ҳолати колоидӣ мебошанд. Ситоплазма хеле гидрофилӣ мебошад. Аз ин сабаб ҳам қобилияти баланди обгузаронӣ ва обнигаҳдорӣ дорад. Дар ҳолати зарурӣ колоидҳои ситоплазма обро сар дода ба ҳолати гелӣ (ҳолати сардӣ) мегузаранд. Дар вақти сабиши тухм колоиҳои гидрофилии ниҳоят варам мекунанд ва колоидҳои ситоплазма шаклан муътадил мегарданд. Тухмҳои баъзе растаниҳо дар ҳолати оромӣ дар ҳарорати 80-1000 С тоб меоваранд. Аммо ситоплазмаи тухмҳои коштаи худи ҳамон растаниҳо дар ҳарорати 50-600 С ба каогулятсия дучор мешаванд ва ситоплазма ба ҳалокат дучор мегардад.

Ҳаракати ситоплазма.

Ситоплазма қобилияти ҳаракаткунӣ дорад. Ҳаракати он дух ел мешавад: доиравӣ ва серҷараёнӣ (расми 5) .

Ҳаракати доиравиро фақат дар ҳуҷайраҳои ситоплаз-маашон ба девор наздик мушоҳида кардан мумкин аст.

Ҳаракати серҷараёни ситоплазмаро дар ҳуҷайраҳои вакуолияашон сершумор дидан мумкин аст. Суръати ҳаракати ситоплазма бо таъсири муҳити зоҳири ва суръату равиши ревксияҳои мубодилавӣ тағир меёбад. Аз руи мушоҳидаҳои олимони ҳинд дар ҳуҷайраи валлеснерия ва элодея бо таъсири шуои офтоб ва садои мусиқи ҳаракати ситоплазма суръатнок мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.