Бофтахои растани

Бофтаҳои растанӣ ин гуруҳи ҳуҷайраҳое мабошанд, ки онҳо вазифаҳои муайяни физиологиро ба ҷо меоранд ва мувофиқан ба ин сохти морфологии  ба ҳам монанд доранд. Дар  процесси эволюцияи  олами растаниҳо дар гуруҳи растаниҳои  пeшидатухм  бофтаҳои аз ҷиҳати сохти худ хеле такмилёфта ва мураккаб ташаккул ёфтаанд .

Бофтаҳои растаниҳои пӯшидатухмро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: бофтаҳои ҳосилкунанда меристема  ва бофтаҳои нисбатан доимии  ба  дифференциация  дучоршуда. Тамоми бофтаҳои доимӣ  аз типҳои гуногуни бофтаҳои  пайдоиш  ташаккул меёбанд. Таснифот  ва номгӯи бофтаҳои чудогона ба ичрои вазифаҳои  физиологии онҳо  мувофиқ мебошад.

Бофтаҳои зеринро  фарқ мекунанд: бофтаҳои ҳосилкунанда,  гузаронанда, механикӣ, ҷудокунанда, пӯшиш, ҷаббанда, аэренхимӣ, асимилиятсионӣ, захиравӣ, млечникҳо .

Бофтаҳои  ҳосилкунанда  -меристемаҳо

   Танаи  растанӣ  дар натиxаи фаъолияти бофтаҳои  ҳосилкунанда —  меристемаҳо ( аз калимаи юнони merictos-тақсимшаванда ) ташаккул  меёбад. Дар узвҳои растанӣ  бофтаҳои  ҳосилкунанда дар давоми  тамоми ҳаёт  амал мекунанд ва онҳо аз ҷиҳати гинетикӣ  фарr доранд. Дар дарахти садсола  дар rатори  бофтаҳои хеле пир  бофтаҳои xавони  навакак  ташаккулёфтаро дидан мумкин аст. ҳуxайраҳои  меристемӣ  аз xиҳати  сохт аз ҳуҷайраи   бофтаҳои доими фарқ мекунанд. Дар  давраи  эмбрионӣ  онҳо  тунукдевор  буда, пур аз ситоплазмаи  дона—дона  мебошанд. Вакуолаҳо ҳануз  инкишоф наёфтаанд  ё хеле  каманд. Шакли  ҳуҷайраҳои  меристемагӣ  гуногун аст: росткунҷа, одатан  изодиаметри бисёркунҷа, баъзан  таблеткамонанд. Баъзе  меристемаҳо  ҳуҷайраҳои  хеле дарозу борик  доранд. Ҳуҷайраҳои меристемагӣ бисёр вақт зич ҷойгир мешаванд. Аммо дар баробари суст шудани фаъолияти меристемагӣ дар байни онҳо холигии на чандон калон пайдо шуда ковок ҷойгир мешаванд.

Аз рӯи пайдоиш меристемаҳои ибтидоӣ ва дараҷаи дуюмро фарқ мекунанд. Аз руи ҷойгиршавӣ меристемаҳои болоӣ ё апикалӣ, ё латериалӣ, интеркалярири фарқ кардан мумкин аст.

 Меристемаҳои ибтидоӣ растаниро ба вуҷуд меоварданд. Ба туфайли таrсимшавии митози ҳуҷайраҷои xанин узвҳои аввалин месабзанд. Меристемаҳои xанин оrибат дар реша ва поя монда ба конуси сабзош ё меристемаҳои нeгии узвҳои номбаршуда табдил меёбад. Баъзан конусҳои сабзиш  нуrтаи сабзиши поя ё реша меноманд.

Ҳуҷайраҳои меристемаҳои нӯгӣ гуногунанд. Қисми болотарини онро промерестема ташкил медиҳад. ҳуҷайраҳои  промерестемаҳо серrирра-паринхимb мебошанд. Онҳо хеле зич ҷойгир буда аз дигар ҳуҷайраҳои конуси сабзиш бо фаъолияти калони меристемагӣ фарқ мекунанд. Зеро rариб ҳамаи онҳо ба таври интенсивӣ тақсим мешаванд ва массаи меристемаи ибтидоиро пайдо мекунонанд.

Ҳуҷайраҳои аз ҳама болотарин баъзан ҳатто як ҳуҷайраи промеристема тамоми умр амал мекунад. Ин ҳуҷайраҳо инициалӣ (аз калимаи лотинӣ- маънояш ибтидо) номида мешаванд. баъди он ки ҳуҷайраи инициалӣ ҳуҷайраи дигари ба худ монандро ташкил медиҳад, ҳаҷм ва ҷои аввалини худро барқарор менамояд ва аз нав тақсим мешавад. Ин протссес беинтиҳо давом мекунад. Як ҳуҷайраи инциалии сархасшаклон (папоротникшаклон), ки аз рeи xойгиршавb ва ҳам шаклан аз дигар ҳуҷайраҳои промеристема фарr мекунад, аз ҳама болотар xойгир буда, шаклан секунxа мебошад. Дар болои конуси сабзиши ҳам поя ва ҳамрешаи растаниҳои пeшидатухм гурӯҳи ҳуҷайраҳои инициалӣ мавxуданд.  Ин ҳуҷайраҳо дорои цитоплазмаиuализ буда, ниҳоят зич ҷойгиранд.

Фаъолияти ҳуҷайраи меристемаи ибтидой, ки дар боло қабат-қабат xойгиранд, аз рeисхемаи худ чунин аст:

Ҳуxайраҳои инициалӣ мунтазамтаrсим шуда, ҳуҷайраҳои проме-ристемаҳоро ташкил  медиҳанд. Ин ҳуҷайраҳо низ фаъолона тақсим шуда меристемаи ибтидоиро ташаккул медиҳанд. Ин массаи асосии меристемаи болоии реша ё поя мебошанд. Ҳуҷайраҳои меристемаи ибтидой тақсимшавии митозиро давом дода, ҳуҷайраҳои нави митозиро пайдо мекунонанд, ки онҳо оқибат аз ҳуҷайраҳои промеристема дур шуда, дигар тақсим намешаванд ва  ба сасабзиш сар мекунанд.  Баъд ба ҳуҷайрахои бофтаҳои доимӣ дифферециация шуда, структураи аввалини реша ва пояро ташкил медиҳанд.

Ба меристемаи ибтидоӣ инчунин прокамбия, перицикл меристемаҳои интеркалярӣ дохил мешаванд. Проокамбия  пеш аз дифференциация шудани хучайрахои меристемаи болоӣба вуxуд меояд. Ҳуҷайраҳои прокамбиягӣ одатан чун  бандчаҳои дароз ё ҳалқаи цилиндрӣ ҷойгир мешаванд. Прокамбия дар ташаккули структураи аввалини узвҳои меҳварӣ роли калон мебозад.Перицикл гeё давоми меристемаи ибтидоӣ дар rосми реша ва поя мебошад, ки дар ин ҷо структураи ибтидоии онҳо ташаккул меёбад. Ҳуҷайраҳои перициклӣ ҳалқа-ҳалқа 1-2 , якчандrабати xойгир мешаванд.

Меристемаи интеркалярӣ  аз калимаи юнонии                (ҷойгир шудан) ин боrимондаи меристемаи болоӣ, ки дар асоси бағалаи барг ё дар қисми болоии байни буғумҳои болоӣ ҷойгир аст. Ин мерестема аз он сабаб ин тавр номида шудааст, ки вай ба ҳадди имкон сабзиши иловагии пояро таьмин мекунад.

Меристемаҳои дуюм. Ин меристемаҳои асосан баьди пайдоиши структураи ибтидоии реша ва поя аз ҳуҷайраҳои бофтаҳои доимӣ ташаккул меёбанд. Ба меристемаҳои дуюмин камбия ва камбияи пeк (феллоген) дохил мешаванд, ки чун ҳалқа дар поя ва реша ҷойгиранд. Камбия аз ҳуҷайраҳои прокамбиягӣ ва паренхимаи поя пайдо шуда, флоэма ва ксилемаро ташаккул медиҳад. Камбияи пeк (феллоген) ё аз ҳуҷайраҳои эпидермис ё аз ҳуҷайраҳои зери эпидермисӣ паренхимӣ пайдо шуда, бофтаи пeки пeшишро ба вуxуд меоваранд. Меристемаҳои захмӣ ҳам аз ҳуҷайраҳои паренхимӣ дар қисми захмдоршудаи растанӣ ташаккул меёбанд. Меристемаи пайдошудаи захмӣ чун феллоген амал мекунанд ва захм бо бофтаи пeкагӣ пушида мешавад.

Ба меристемаҳои болоӣ – апикалӣ конусҳои афзоиши навдаҳои ҳам асосӣ ва ҳам паҳлeӣ, поя ва реша дохил мешаванд. Ба меристемаҳои паҳлeӣ прокамбиягӣ, камбияи пeкагӣ ва перецикл дохил мешаванд.

Меристемаҳои интеркалярӣ ва захмиро ба меристемаҳои мобайнӣ дохил кардан мумкин аст. Бофтаҳо ва қисмҳои растаниҳо, ки ҳамчун меристемаҳои ибтидоӣ ташаккул меёбанд,пайдоиши аввалӣ ва ҳам дуюмро доранд. Меристемаҳои захмӣ ҳангоми захмдор шудани қисмҳои шираноки растанӣ пайдо мешаванд. Дар ин вақт дар зери захм як қабат пeка ба вуxуд меояд, ки ба туфайли он захм дуруст мешавад. Дар вақти ба воситаи пайвандкунӣ ва rаламча зиёд кардани дарахтон, буттаҳо ва бисёр гиёҳҳо онҳо бо корд захмдор карда мешаванд.Дар натиxаи якбгора фаьолтар гардидани ҳуҷайраҳои паренхимии бевосита дар зери захм ё захмҳои рeи он дуруст мешаванд. Дар натиxаи таrсимшавии бесистемагии ин гуна ҳуҷайраҳо дар ҳар тараф бофтаҳои варамкунанда ташкил меёбанд, ки онҳо каллюс (аз калимаи лотинии callus-обила) номида мешаванд.  

 ҳуҷайраҳои каллюс меристемагианд. Ҳуҷайраҳои меристамагии каллюсӣ феллогенро ташкил мекунанд, ки он дар рӯи пeка пайдо мешавад. Ин пeкаҳо барои дуруст шудани захм мадад мерасонанд.  Меристемаи каллюс бештар дар участкаҳои xудогона ҳам амал карда, конусҳои сабзиши решаро ташкил медиҳанд, баьзан аз бофтаҳои каллюсҳо муuxаҳо инкишоф меёбанд.

Аксар вақт захмҳои аз нешзании ҳашоротҳои гуногун пайдошуда  низ дар натиxаи пайдоиши пeка дуруст мешавад. Ин гуна пeкаро дар шакли  ҳол дар меваи себ, нок ва баргҳо мушо[ида кардан мумкин аст.

Дар боuдорӣ ҳангоми ба воситаи rаламча ва пайванд зиёд кардани растаниҳо дар вақти захмдорӣ қобилияти каллюспайдокунии онҳо истифода карда мешавад.  Каллюспайдокунӣ ҳар қадар интенсивӣ бошад, пайваст ва решагирии қаламча ба ҳамон андоза мувофиrат мекунад. Ба каллюспайдокунӣ ҳамаи растаниҳо як хел қобилиятнок нестанд. Аз ин сабаб на ҳамаи онҳо аз қаламча зиёд шуда метавонанд. Rаламчаҳои чинор, бед, сафедор, анxир –ба осонӣ, rаламчаҳои себ, нок бо душворӣ реша мегиранд.

Пайвандкунии муваффаrиятнок ба дараxаи аз ҷиҳати хешӣ ба ҳам наздик будани растании пайванд карда мешудагӣ  вобаста аст. агар растаниҳо аз ҷиҳати хешӣ ба ҳам наздик бошанд, пайванд зуд месабзад, зеро дар ин ҳолат каллюс ба осонӣ пайдо мешавад. Агар растанӣ ба регенрация rобилият дошта бошад, дар ҳол каллюс пайдо мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.