ФЛОЭМА

Комплекси бутуни элементҳои гистологии флоэма (калимаи юнонии-пӯстлоқ) моддаҳои органикӣ (аминокислотаҳо,равған, витаминҳо ва ғайра)-ро ба тамоми танаи растанӣ мегузаронад. Чунон ки маълум аст,ин моддаҳо дар баргҳо ва дигар қисмҳои сабзи растанӣ дар протсесси фотосинтез-синтез шуда,баъд ба тамоми танаи растанӣ гузаронда мешаванд.Хусусан дар узвҳои сабзандаи растанӣ ҳаракати интенсивӣ мушоҳида карда мешавад.Ин моддаҳо ҳам, ба бофтаҳои захиракунанда моддаҳои органикӣ ва ҳам ба мева ва тухми пухтаистода расонда мешаванд.

Флоэма дар тана ва решаи растаниҳои дупалла одатан дар пӯстлоқ ҷойгир мешавад.

Аз рӯи вақти пайдоиш флоэмаи якум (протофлоэма ва метафлоэма) ва флоэмаи дуюмро фарқ мекунанд.Флоэмаи якум дар конусҳои сабзиш аз бандчаҳои прокамбиягии меристемаҳои боло ташаккул меёбад.Флоэмаи дуюм дар натиҷаи фаъолияти камбия пайдо мешавад. Баръакс ҷараёни, “болораванда”-и  моддаҳо, ки маҳлули обакии намакҳои минералиро ба танаи растанӣ мегузаронанд ,ҷараёни моддаҳои органикӣ “поёнфароянда” номида мешавад.Элементҳои асосии флоэма найчаҳои элакшакл, ҳуҷайраҳои ҳамроҳ, паренхимаи флоэмӣ ва нахҳои механикӣ мебошанд(расми 25).

Найчаҳои элакшакл аз бандчаҳои зарфҳо бо он фарқ мекунанд, ки онҳо ҳуҷайраҳои зинда мебошанд. Деворчаҳои кӯндаланги найчаҳои элакшакл чун элак сӯрохчаҳодоранд. Аз ин сабаб элакшакл ном доранд.Дар бисёр ҳолатҳо деворҳои элакшакл дар деворчаҳои дароз ҳам пайдо мешаванд.Дар ибтидо найчаҳои элакшакл аз ҳуҷайраҳои прокамбиягӣ,ки бо қаторҳои дароз ҷойгиранд,ташкил меёбанд.дар айни замон ҳуҷайраҳои модарӣ ба дарозӣ тақсим шуда ,ҳуҷайраи ҳамроҳи найчаи элакшаклро ташкил менамояд.Баъзан ҳуҷайраи модина 2-3 бор тақсим мешавад ва дар ин вақт дар назди як найчаи элакшакл 2-3ҳуҷайраи ҳамроҳ ба вуҷуд меояд.Ҳуҷайраҳои ҳамроҳ ҳам ба кӯндалангӣ тақсим шуда 2-3метр ҳуҷайраи ҳамроҳро ташкил медиҳанд, ки бо қатори дароз дар рафторафти як найчаи элакшакл ҷойгир мешаванд.Ин ва-зифаи найчаи элакшакл онро  аз ҳуҷайраҳои муқаррарии зинда фарқ мекун-анд.Дар аввали ташкилӣёбии худ найчаи элакшакл ситоплазмаи деврӣ, ядро, вакуола ва пардаи тунук дорад.Дар баробари сар шудани вазифаи ҳаётӣ вай таранг  кашидашуда, пардааш андак ғафс мешавад.Дар баробари сабзиши ҳуҷайрае,ки ба найчаи элакшакл табдил меёбад,пардаи он таранг кашида мешаванд ва дар ин просесс дар рӯи сӯрохчаҳо чок пайдо мешавад.Найчаҳои элакшакли ташаккулёфта барои кашондани маҳлулҳои моддаҳои органикӣ баҳри пайдоиши сӯрох дар деворчаҳои кӯндаланг ёрӣ мерасонанд,то ки онҳо  ба перфорасияҳои сершумори хурдтарин табдил ёбанд.Дар натиҷа девроаи элакшакл ташаккул меёад.

Деворчаҳои кӯндаланг дар ин вақт ғафс мешаванд, онҳо дар ин вақт ғафс мешаванд, онҳо дар худ равшаниробисёр акс кунонида ялаққос мезан-анд.Аз ин сабаб ин лаҳза дар онтогенези найчаи элакшакл садафмонанд но-мида мешаванд.

Протопласти ҳуҷайра, ки ба найчаи элакшакл табдил меёбад ,аз нав ҷойгир мешавад.Риштаҳои  плазмодесмагии ҳуҷайраҳои вертикалӣ пайваст шуда,ба воситаи сурозии пайдошудаи девораи элакшакл ба нугҳои плазменна пайваст мешаванд.Ҷараёни маҳлули моддаҳои органикии ба воситаи  найчаҳои ҷавони элакшакл дохилшаванда ба хусусияти физикӣ -химиявии ситоплазмаи онҳо таъсири зур мерасонад.Ядро ва лекопластҳо маҳлул мешаванд ,ҳудуди байни ситоплазма ва вакуола барҳам мехурад,ҳамаи он ба массаи ягонаи зинда табдил меёбад,ҳаракати дохилиҳуҷайрагии худи ситоплазма қатъ мегардад.Ин ҳолати ситоплазма денатуравӣ номида мешавад.Дар ин вақт ситоплазма аз нимгузарондагӣ ба ҳолати гузаронандаи пурраи моддаҳои органикӣ ва  ва ғайриорганикӣ табдил меёбад.Бо ҳамин ташаккули наёчаҳои элакшакл асосан ба охир мерасад.

Ҳуҷайраҳои ҳамроҳ вазифаи физиологии худро дар алоқамандӣ  бо найчаҳои элакшакл иҷро мекунанд.Онҳо аз як ҳуҷайраи меристемӣякбора пайдо мешаванд.Дар вақти мурдани моддаҳои зиндаи найчаи элакшакл ҳуҷраи ҳамроҳ ҳам мемиранд.

Паренхимаи флоэмӣ яке аз элементҳои муҳими флоэма мебошад.Дар ҳуҷайраҳои он реаксияи мубодилавӣ хеле хуб мегузарад  ва моддаҳои захиравӣ тез-тез ҷамъ шуда меистанд:донаҳои крахмал ,равған пайвастаҳои гуногуни органикӣ ,таннинҳо ,катрон(смола) ва ғайра.Ҳуҷайраҳои аввалини паренхимаи флоэмӣ дарозшакл буда,бо найчаҳои элакшакл параллел ҷойгир мешаванд.

Паренхимаи дуюми флоэмӣ ба ду система ҷудо мешавад:вертикалӣ ва горезонталӣ .Системаи горизонталии паренхимияи флоэмагӣ ва шӯълаҳои флоэмагӣ ва шуълаҳои флоэмии  паренхима ташаккул  меёбад.

Дар таркиби флоэмаҳои якум ва дуюм нахҳои механикӣ ҳам дохил мешаванд,ки онҳо низ якум ва дуюм мешаванд.Дар байни ин нахҳо тафовути муайяни морфологӣ вуҷуд дорад.

Схемаи  онтогенези флоэмаҳои тақрибан чунин муайян кардан мумкин.Чун ксилемаи якум флоэмаи якум ҳам ба протофлоэма ва  метафлоэма ҷудо мешавад.Дар давраи интенсивона да дарозӣ сабзидани  узви растанӣ ҳуҷайраҳои аз бандчаҳои прокамбиягӣ пайдошуда,қисман элементҳои протофлоэма ташаккул меёбанд.Ин ҳуҷайраҳои борик ба найчаҳои элакшакл табдил меёбанд.Дар протофлоэма одатан хуҷайраи ҳамроҳ ба вуҷуд намеоянд.Ҳуҷайраҳои дар найчаҳои элакшакл ҷудошуда дарҳол ядрои худро  гум мекунанд ва дароз шуда наметавонанд.Элементҳои метафлоэма  сонитар тақрибан ҳангоми ба дарозӣ сабзидани узв пайдо мешаванд.Найчаҳои элакшакл дар метафлоэма  ба вуҷуд омада ҳуҷайраҳои ҳамроҳии фаъол доранд.Дар натиҷаи инкишоф ёфтан ва фаъолтар гардидани  элементҳои метафлоэма  бандчаҳои протофлоэма  летеризатсия мешаванд ва ё аз нав тағйир меёбанд.Онҳо дар растаниҳои дупаллагӣ тез-тез ба нахҳои механикӣ  табдил меёбанд.Тафовути байни мтофлоэмаи растаниҳои дупаллагӣ ва якпаллагӣ аз он иборат аст,ки найчаҳои элакшакл ва ҳуҷайраҳои ҳамроҳ дар растаниҳои дупаллагӣ  нағз инкишоф ёфта,он паренхимаи флоэмӣ дорад.Метафлоэмаи растаниҳои якпалла дар шакли бандчаҳои найчаҳои элакшакли дорои ҳуҷайраҳои ҳамроҳ ташаккул  меёбад.Паренхимаи флоэмӣ дар ин гуна бандчаҳо мавҷуд нест ё кам аст.Дар растаниҳои якпалла  баъзан протофлоэмае,ки танҳо аз найчаҳои элакшакли ҳуҷайраи ҳамроҳ надоштагӣ  иборат аст,аз участкаҳои  метафлоэма ҷудо ҷой мегирад.Ҳудуди байни прото ва метафлоэмаи расатаниҳои дупалла  номаълум аст.Метафлоэма дар растаниҳои якпаллатухм ,ҳамчун бофтаи гузаронандаи  фаъол меноманд.Дар онҳо бофтаи дуюми  пайдоиш ба вуҷуд намеояд ва аз ин сабаб флоэмаи дуюм  ташаккул намеёбад.

Дар растаниҳои дупалла  аз лаҳзаи сар шудани фаъолияти камбия флоэмаи дуюм ташаккул меёбад.То пайдоиши элементҳои флоэмаи дуюм дар метафлоэма  нах вуҷуд надорад.Вале дар бисёр растаниҳои дупалла дар баробари пайдоиши найчаҳои элакшакл ва дигар элементҳои флоэмаи дуюм  элементҳои метафлоэма  мемиранд,ва дар нахи чубӣ (склеринхимӣ )табдил меёбанд.

Дар флоэмаи растаниҳои лучтухм ва намояндагони ҳозираи онҳо -сӯзанбаргҳо -ҳуҷайраи ҳамроҳ вуҷуд надорад.Роли онҳоро ҳуҷайраҳои паренхимии флоэма мебозанд.Ғайр аз ин элементҳои якумин элакшакли онҳо чандон аён нестанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.