БАНДЧАХОИ ЗАРФУ НАХИ

Дар узвхои растанихо элементхои бофтахои гузаронандабо тартитиби муайян чойгир мешавад.Системаи бандчахои зарфу нахи,ки аз нуги реша сар карда то нугхои поя ва барг тамоми узвхои растанихоро фаро гирифтаанд ,боиси ин гуна тартиби муайян мешаванд. Бо туфайли бандчахои зарфк нахи тамоми узвхои растани ба як тани бутун муттахиданд ва дар организм дар баробари ичрои вазифахои сершумори гуногун процесси ягонаи мубодила ба вучуд меояд. Онхоро дар шакли рагхо  дар баргхо нагз дидан мумкин аст.Онхо дар пояхои шираноки бальзамин ялаккос зада меистанд.Бандчахои зарфу нахи на танхо дар узвхои вегетативи, баъзан дар узвхои генеративи хам ,хусусан мевачот –олуболу, олуча, зардолу ва гайра тури мураккабро ташкил медиханд. Дар хар бандча флоэма, ксилема ва нахи механики мавчуд аст. Хам флоэма ва хам ксилема дар бандча мавкеи муайянро ишгол менамоянд.Таркиби флоэма,ксилема ,мавкеи элементхои гузаронанда, паренхим ива механикии онхо ба типи организми растани ва кисман шароити экологи вобастаанд. Дар растанихои якпалла ва дупалла, ки бандчахои раги тории онхо баъзан дар катори хучайрахои дохили бандча (одатан наххо) дар атрофи тамоми бандча ё аз як тарафаш  багалаи механики инкишоф меёбад. Дар худи бандча элементхои гузаронанда ва хамрох хам ба тартиби муайян чой мегиранд. Гохе дар бандча танхо флоэма  ё  ксилема мавчуд мебошад. Ин гуна бандчахо бандчахои нопурра номида мешаванд. Агар бандча хам флоэма ва хам ксилема дошта бошад онро бандчаи пурра меноманд. Бандчахои нопурра бештар дар баргхо мещаванд.Дар ин холат бандчахои ксилемаги ва бугумхои зарфии халкашакл ва спирали ё трахеид иборат мешаванд. Флоэма ва ксилема дар бандчаи растанихои гуногун хар хел чойгир мешаванд. Вобаста ба мавкеи флоэма ва ксилема дар бандчахои пурра чор типи бандчахои зарфу нахиро фарк мекунанд.

БАНДЧАХОИ КОЛЛАТЕРАЛИ Ё ПАХЛУ БА ПАХЛУ. Дар ин бандчахо флоэма ва ксилема чунон ба хам наздик чой мегиранд,ки аз як пахлуи бандча флоэма, аз пахлуи дигараш ксилема меистад. Дар узвхои тири (поя ва реша ) ксилема ба марказа узв нигаронда шуда, ба тарики адаксиали ба марказ наздик чойгир аст. Флоэма берунтар,яъне дуртар аз марказ , ба тарики абаксиали чойгир мешавад. Дар лаъличахои барг ксилема  дар тарафи боло,флоэма  дар поён чойгир аст. Ин типи бандча хеле пахн гардидааст. Он дар тамоми растанихои дупалла ва якпаллаи  алафхою дарахтон хам вомехурад.

Бандчахои биколлатерали ё дупахлуги.Дар ин гуна бандчахо флоэма ва пахлухои ксилема дар тарафхои адаксиали  абаксиали чойгир мешавад. Тахминан бандчахои бикколатерали дар натичаи пайваста шудани ду бандчаи дорои участкахои ксилемии коллатерали пайдо шудаанд.Бандчахо биколлатерали мавчуданд, ки ксилемаи онхо дар марказ ,участкахои флоэми дар пахлухо чойгиранд.(каду, авранчихо). Флоэмаи бандчахои биколлатералии баъзе оилаи шуранхо баръакс, дар маркази бандча, дар пахлухояш бошад ,ксилема вокеъанд. Бандчахои биколлатерали чандон васеъ  пахн нашудааст.

БАНДЧАХОИ КОНСЕНТРИКИ.Дар ин холат ё флоэма ксилемаро  халкапеч мекунад (папоротник – орляк) ё ксилема флоэмаро печонда мегирад (ландыш). Бандчахои консентрики дар бисёр растанихои сархасмонанд вомехуранд. Аз растанихои якпаллаги он дар ландыш дучор мешавад.

БАНДЧАХОИ РАДИАЛИ конструксияи гайриодди дорад. Ин типи бандча дар сохти ибтидоии растанихои дупалла вомехурад. Ин гуна бандчахо дар растанихои якпалла то охири умр меистанд. Сохти бандчахои радиали мураккаб аст: участкахои флоэма ва ксилема аз руи радиус бо навбат чой гирифта, симметрияи гуё радиали- шуълагиро ташкил медиханд. Хангоми аз сохти якум ба дуюм гузаштани решаи растанихои дупалла мавкеи радиалии флоэма ва ксилема ба мавкеи коллатерали мегузарад.  Дар вакти ташкил ёфтани сохти якуми решаи растанихои гуногун пайдоиши микдори муайяни шуоъхои ксилема  ва флоэма хатмист.Дар ин сурат шумораи шуоъхои флоэма ба микдори шуоъхои ксилема баробар аст. Бандчахои радиалии якшуои (монархи), душуои (диархи), сешуои (триархи) ва бисёршуоги (полиархи ) вомехуранд. Бандчахои радиалии панчшуои (пентархи) хеле васеъ пахн гардидаанд.

Бандчахои зарфу нахи аввалин бор дар меристемахои апикали аз ресмони бандчахои прокамбияги ташаккул меёбанд.Бандчахои прокамбиягии растанихои якпалла  комилан ба элементи бандчаи зарфу нахи табдил меёбад ва дар бандча хучайрахои зиндаи меристемаги боки намемонад.Дар ин гуна бандчахо аз нав ташкилёби мушохида карда намешавад ва аз ин сабаб онхоро бандчахои пушида меноманд. Бандчахои биколлатералии типи пушида дар баъзе шуранхо дида мешавад. Дар вакти ташаккули бандчахои зарфу нахи и растанихои дупалла руи хучайрахои прокамбияги, ки дар байни участкахои пайдошудаистодаи флоэма ва ксилема чойгиранд, хусусияти меристемагии худро нигох медоранд. Баъди комилан ташаккул ёфтани бандча сатхи хучайрахои прокамбияги амал кардан мегиранд ва элементхои нави флоэмаю ксилема пайдо мекунанд. Дар ин холат ру ба руи бандчахои пушида бандчахо кушода инкишоф меёбанд. Бандчахои кушодаи коллатерали барои растанихои лучтухм хам хос мебошанд .Ковокии байни ксилема ва флоэмаи хучайрахои прокамбияги камбияи бандчаги номида мешаванд. Аз он халкаи камбиягии растанихои дупалла ва лучтухм ташкил меёбад.

  Дар феллогени растанихои спорадор ва тухмдори оли типхои бандчахои зарфу нахи хам такмил ёфтаанд. Аз типхои номбаршуда типи концентрики хеле одди буда, типи кушодаи бандчахои коллатерали аз чихати эволюциони бештар инкишоф ёфтаанд.

test

Добавить комментарий