Бофтахои механики – арматури

Гурухи хучайрахои мустахкам , ки ба узвхои гуногуни растани такьягохи механики ташкил медиханд, бофтахои механики номида мешаванд.Ин бофтахо ба растани имконият медихад, ки ба таъсири механикии шамол , борон, раъду барк барф тоб оварда ,дар айни замон вазни тамоми танаи растаниро мебардоранд. Бофтахои механики арматураи организми растани мебошанд, ки онхо гуё бофтахои кисмхои узвхоро ба хам пайвастаю мустахкам мекунанд. Ба туфайли онхо шохахо намешикананд, баргхо канда намешаванд, бофтахои ширанок намерезанд ва танаи дарахтони бузург намеафтанд. Дар танаи растани бофтахои гуногуни механики аз сабаби ягонагии ташаккули бофтахо ва холати тургории хучайрахо устувору мустахкам мебошанд.

Дар хар узв ва кисмхои он типхои дахлдори бофтахои механики чойгир мешаванд, ки онхо якчоя арматураи узви мазкурро ташкил медиханд.

Бофтахои гуногуни механики гарчанд аз хамдигар фарк кунанд хам пардаи элементхои гистологии онхо хеле гафс мешавад ва баъзан чуб мегарданд. Сабаби ин аз чихати механики устувор шуданашон мегардад.

Бофтахои механикиро ба 3 гурух таксим кардан мумкин аст: колленхима, склеренхима ва склеридхо.

Колленхима – бофтаи механикии пайдоиши якум мебошад. Вай аз хучайрахои зиндаи пардааш нихоят гафс иборат аст. Хучайрахои якуми паренхимаи пустлок, ки бевосита дар зери бофтаи пушиш чойгир аст, ба колленхима табдил меёбад. Дар хучайрахои колленхима ба туфайли мавчудияти моддахои зинда ва хлоропластхо реаксияхои мубодилави хеле фаъолона ба амал мебароянд . Чилди хучайрахои колленхима нобаробар гафс мешавад. Вай хеле барвакт гафс шуда, процесси хам ба дарози ва хам ба гафси сабзидани узви растани давом мекунад. Гафсшавии характерноки чилди хучайрахои колленхима гафсшавии типи колленхиматози номида мешавад.

Ахамияти хосияти механикии хучайрахои колленхими аз он иборат аст,ки онхо гуё роли бофтахои пружинагиро ичро мекунанд. Гафсии нобаробари чилди ин хучайрахо онхоро ба катшави тобовар мегардонад, ки ин дар вакти шамоли сахт ахамияти калон дорад.

Вобаста ба характери гафсии чилд 3 типи колленхимаро фарк мекунанд: пластинкаи, ковок ва кунчи. Бештар гафсшавии рах-рах ва кунчи, пластинкаи мушохида карда мешавад. Хангоми гафсшавии пластинкаи чилди тангенталии хучайраи колленхими гафс мешавад ва дар ин сурат деворчахои радиали тунук мемонанд. Колленхимае, ки хучайрааш бо хамин тип гафс мешавад, колленхимаи пластинкаги ном дорад. Гавсшавии пардаи хучайраи колленхима дар кунч колленхимаи кунчи номида мешавад.

Колленхимаи ковок аз кунчи ва пластинкаги ба он фарк мекунад, ки вай масофаи байнихучайрагихои калон дорад. Участкахои парда, ки ру ба масофаи байнихучайрагихо нигаронанд, гафс мешаванд. Колленхимаи ковок хам кобилияти калони пружинагиро дорад. Интипи колленхима хеле кам вомехурад.

Баъзан комбинатсияи колленхимахои пластинкаги ва кунчи мушохида карда мешавад.

Колленхима бофтаи мухими механикии пояи алафхо мебошад. Он инчунин ба думаи баргхо, гул ва баъзан дар мева хос аст . Дар хамаи холатхо кисми берунии узв дар зери бофтаи пушиш якчанд кабат чой мегирад. Баъзан бофтахои колленхиматозиро ба сифати руйбасти бандчахои баргхо дар растанихои дупалла дидан мумкин аст.

Дар дарахтон колленхимаро дар навдахои 1-2 сола то вайрон шудани пустлоки якум, пеш аз пайдоиши бофтахои дуюми пушиш – пука мушохида кардан мумкин аст . Дар ин холат хучайрахои колленхими тадричан ба хучайрахои колленхимии пустлок омехта шуда , амалиёти мустакилонаи худро гум мекунад . Гиподермаи барг шакли махсуси колленхима мебошад, ки баргхоро аз бухоршавии барзиёд мухофизат менамояд.

Колленхима бештар дар растанихои дупалла вомехурад. Колленхима баъзан дар бугумхои пояи растанихои якпалла дучор мешавад, ки ин барои ба руи замин нахобидани онхо имконият медихад.

Агар хучайрахои колленхимаро ба дарози бурида бинем, шаклан дароз мебошанд, онхо 1-2 мм-ро ташкил медихад. Чилди онхо дар катори целлюлозаги бисёр пектин хам дора два аз ин сабаб пур аз об мебошад . Дар вакти гум кардани об хачми хучайрахои колленхима хурд мешавад.Вобаста ба шароит пардаи он хучайрахо чуб шуда метавонад ва дар ин холат ба хучайрахои сангин табдил меёбад. Баъзан пардаи хучайрахои колленхима тунук мегардад ва ба хучайрахои парренхими табдил меёбад. Холатхое хам мешавад , ки хучайрахо ба харакат даромада , ба хучайрахои меристема табдил меёбанд.

Склеренхима – шакли хеле мухим ва васеъ пахнгардидаи арматураи тамоми растанихои тухми мебошад. Склеренхима дар хамаи узвхо – реша , поя , барг, мева , гул ва гайра дучор мегардад.Хучайрахои он шаклан дарозу нугтезу сурохиаш одди мебошанд. Чилди хучайрахо мустахкаму гафс аст. Баръакси хучайрахои колленхима чилди хучайрахои склеренхима сар то сар баробар гафс мешавад. Хучайрахои склеренхими хеле зич чойгир мешаванд, ва аз ин сабаб масофаи байни хучайрагихо номаълум аст . Хучайрахои чудогонаро гафсдевор ё нахи элементари номидан мумкин аст . Наххои элеиентари бештар дар паренхима бо бандчахо дар шакли ресмони алохидаи нахдор чойгиранд. Ресмонхои чудогонаи наххои склеренхимаро нахи техники меноманд.Пардаи наххои склеренхими бештар ба чуб табдил меёбад , вале целлюлоза шуда монданаш мумкин аст. Моддахои зиндаи онхо, хатто дорои пардахои целлюлозаги , бештар карахт шуда аз кор мемонанд.

Аз руи пайдоиш склеренхимаи якумин ва дуюминро фарк мекунанд. Склеренхимаи якум аз хучайрахои бандчахои прокамбияги ва ё аз наххои перицикли пайдо мешаванд. Склеренхимаи дуюмро камбия ташаккул медихад. Наххои склеренхимаро, ки дар кисми пустлоки узви тири чойгиранд, нахи лифдор меноманд. Бештар онхо ба перицикл ташаккул меёбанд ва аз ин ру перицикли номида мешаванд. Наххои перицикли чилди целлюлозагиро дер нигох медоранд ва баъзан ба чуб табдил меёбанд. Наххои склеренхими ки камбия ташаккул додааст ва дар ксилемаи чуб мавчуданд, наххои чуби номида мешаванд. Ба ин гуна наххои трахеидхои нахи ва либреформахо (лиф) дохил мешаванд. Онхо хамеша чилди чубшуда дошта, аз наххои лиф ибо хачми хеле хурдшудаи худ фарк мекунанд.

Наххои лифи дар пусти поя ва реша, думчаю руи баргхо , гулдон ва мевадон , баъзан дар мева вомехуранд. Онхо назар ба дарахтон дар пояи алафхо бештар дучор мегарданд. Наххои лифии бисёр пальмахо дар баргхо ташкил мешаванд. Хучайраи лифи хеле дароз, чилдаш нихоят гафс аст. Гафсии кабати дуюми чилди наххои лифии загирпоя 80-90 % сатхи кундалагии нахро ташкил мекдихад . Дарозии наххои лифи хар хел мешавад: нахи лифии загирпоя ба хисоби миёна 40-60 мм , кендир 2-55 мм мешавад . Наххои лифи ба кундалангиаш ба микрон чен карда мешавад.

Хосияти хуби наххои лифи (мустахками, каиши, дарозии нах, чуб нашудан) имконият дод , ки он ба саноати бофандаги истифода карда шавад. Дар ин бобат растанихое, ки наххои лифиашон нагз инкишоф ёфта , хеле дароз мешаванд , ахамияти калон доранд . Чунин растанихо , ба монанди загирпоя , канаб , хусусан дар мамлакатхои шарк (Хитой , Хиндустон , Покистон , Миср ва гайра ) чандин сол боз парвариш карда мешаванд.

Дар саноати бофандаги на хучайрахои чудогонаи наххои лифи, балки наххои техникиро истифода мебаранд.

Сифати бофандигии наххои лифии ин растанихо гуногун аст. Растанихои нахаш сахт ва нахаш мулоимро фарк мекунанд. Нахи растанихои мулоимнах, мулоим , каишу бадошт буда , истехсоли матоъхои хушсифати канаби истифода карда мешаванд. Наххои растанихои лифсахт сахт, дурушт буда нисбатан каиш нестанд. Аз ин гуна наххо газворхои дурушти нахи, аргамчин, щётка ва гайра истехсол менамоянд.

Наххои лифи пайдоиши якум ва дуюм доранд. Наххои лифии якум – перицикли, пайдоиши дуюм камбияги мешаванд. Наххои лифии пайдоиши якум – дар алафхои дупалла, наххои лифии пайдоиши дуюм дар дарахтон бисёранд. Наххои дуюми лифи назар ба якум хеле кутохтар буда, тез-тез чуб мешаванд.

Дарозии нахи лифии якуми канаб ба хисоби миёна ба 10 – 12 мм мерасад. Нахи дуюмаш бошад хамаги 2,2 мм мешавад. Наххои дуюми лифи дар липа, тус, тут ва дигар дарахтон нагз ифода ёфтаанд . Вале дар флоэмаи дуюми дарахти савр соле катори баробари наххои лифи пайдо мешавад.

Наххоичубиихамтрахеидхоинахдорвахамхучайрахоилибриформадаркисмиксилемаиичубвокеанд. Онхо назар ба наххои лифи хеле кутоханд. Дарозии онхо аз 2 мм зиёд нест. Деворчахои наххои чуби назар ба дигар элементхои чуб гафстар мешаванд.Дар байни хучайрахои либриформа ва элементхои обгузаронанда аз як тараф паренхимаи чуб ива аз тарафи дигар элементхои гузариш вомехуранд. Дар холати якуми гузариш хучайрахои либриформа бо сурохчахои сершумори хошиядор таъминанд. Моддахои зиндаи ин гуна наххои чуб барвакт мемиранд. Дар холати дуюм хучайрахои либриформа хеле кутоханд.

Бофтахои чудокунанда

Дар процесси мубодилаи моддахо дар хучайрахо баъзе моддахо чамъ мешаванд, ки онхо дар процесси сабзиш ва инкишофи растани истеъмол карда намешаванд. Бештар ин моддахо махсули пасмондаи мубодила, «моддахои аз баданмебаромадиги»- хучайрахои растани мебошандт. Бисёр моддахо партовхо мебошанд, ки дар чойхои махсуси чудокуни ё гурухи муайяни хучайрахои пайдоиши махсуси бофтаги чамъ мешаванд. Чойхои махсус ва бофтахои чудокунанда дар кисмхои гуногуни растани чойгир мешаванд. Моддахои чудо карда шуда гуногунанд ва дар бофтахои пайдоиш, ки аз чихати морфологи монанд нестанд , чамъ мешаванд. Бофтахои гуногуни чудокунанда ба 2 тип таксим мешаванд : бофтахои чудокунандаи секрецияи даруни ва бофтахои чудокунандаи секрецияи беруни .

Ба бофтахои чудокунандаи секрецияи беруни гадудхои нектари – гулдон ва гайригулдон , муякхои гадуди ва беруни – нектарникхо – асосан нектар чудо мекунанд , ки он махлули кандхои гуногунро бо омехтаи витаминхо ва дигар моддахо ташкил медихад . Баъзан дар таркиби нектар дигар моддахои чудокуни , монанди баъзе алколоидхо , дохил мешаванд ва он талх мешавад.

Муякхои гадуди равгани эфир (дар гул) моддахои часпаки шилм , дар пулакчаи мугча , думчаи гул ва пулакчаи назди гули бисёр , алколоид , секрети часпаки типи пепсин ва трипсин чудо мекунанд.Дар дигар растанихои хашаротхур <фермент>-хои хозимиро ё хучайрахои эпидермиси аппарати шикори ,ё хучайрахои секретории зериэпидермаги чудо мекунанд. Равгани эфирро дар гул гадудхои нугдори эпидермиси типи муякхои гадуд хам чудо мекунанд. Гадудхои эпидермис дар эпидермиси болоии баргхои чаъфари хам мавчуданд. Равгани эфири дар муякчахои гаду два гадудхои беруни нугдор чамъ мешудаги тадричан бухор мешавад ва хаворо хушбуй мегардонанд.Равгани эфир мачмуи гурухи моддахоеро ташкил медиханд , ки аз карбон , хидроген иборат буда , хосияти бухоршави ва буи хуш дорад. Равгани эфири хар як намуди растани буи хос дорад.Буи характерноки гули садбарг , бунафша, резеда , мехак ва гайра низ ба хамин вобаста аст.

Гадудхои беруни дар дохили пусти мева чойгиранд.Масалан , дар пусти лимон , апельсин ин гуна гадудхои равгани эфирро бухор мекунанд ва онро хушбуй мегардонанд. Дар эпидермиси меваи бихи гадудхои эфири мавчуданд , ки буи бихиро медиханд.

Ба бофтахои чудокунандаи секрецияи даруни роххои чудокунанда , гадудхои дохили , хучайрахои калони паренхими – идиобластхо ва халкачахои хучайрахои бофтахои чудокунанда дохил мешаванд , к ибо ину он секрет пур карда шудаанд. Роххои чудокунанда ва гадудхои дохили бо ду усул ташаккул меёбанд.

test

Добавить комментарий