Узвҳои асосии растанихои баргу поянок

Растаниҳо одатан «беҳуҷайрагӣ», якҳуҷайрагӣ, бисёрҳуҷайрагӣ ва каллониалӣ мешаванд.

         Ба гурӯҳи растаниҳо ё организмҳои беҳуҷайрагӣ асосан обсабз, миксамисентҳои  плазмашакл ва батридиум дохил мешаванд.

         Обсабзҳои беҳуҷайрагӣ асосан дар ҷойҳои нам ва дар об ҳаёт мегузаронанд.

         Пойҳои шохшакли обсабзи батридиум барои ба замин часпидан ва аз он  ҷабидани об ва моддаҳои маҳлулшуда хизмат мекунад. Ба гурӯҳи растаниҳои якҳуҷайрагӣ пеш аз ҳама бактерияҳои чӯбшакл, бактерияи батсиллӣ, вибрионӣ, сартсинӣ, спиралӣ, бактерияи сӯзонанда, коккҳо ва диплококкҳо, стрептококкҳо ва эвгленаи сабз дохил мешаванд.

         Ғайр аз бактерияҳои номбурда боз обсабзи хламидомонадаҳои якҳуҷайрагӣ ҳам мавҷуданд.  Обсабзи  клестриум  ва диатомӣ низ  якҳуҷайрагӣ  мебошанд.

         Тарзи афзоиши ҳар як организми  якҳуҷайрагӣ  ва зиндагии онҳо гуногун аст.

         Дар табиат растаниҳои бисёрҳуҷайрагӣ хеле  зиёданд. Ба онҳо аксарияти обсабзҳо ва гурӯҳҳои   растаниҳои дараҷаи олӣ дохил мешаванд.

         Растаниҳои  бисёрҳуҷайрагӣ парда (ҷилд), протоплазма, ядро ва ядроча, вакуолия, митохондрия, комплекси аппарати Голдҷӣ доранд. Ҳуҷайраҳои растаниҳои дараҷаи олӣ доимо меафзоянд ва инкишоф меёбанд. Дар натиҷаи ин узвҳои гуногуни растаниҳоро пайдо мекунанд.

         Растаниҳои гурӯҳи калониалӣ одатан аз организмҳои бисёри якҳуҷайрагӣ ҷамъ меоянд, (волвокс ва педиастриум). Шакли зоҳирӣ, вазифаҳои дохилӣ ва иҷрои вазифаи онҳо  ба ҳамдигар  мона                                   нд аст.

         Ҷисми  растаниҳои  баргу  поядори олӣ ба узвҳои алоҳида тақсим мешаванд. Ҳар як узви растанӣ вазифаи муайяни ҳаётиро  иҷро менамоянд. Вобаста ба вазифаи худ узвҳои растанӣ ба ду гурӯҳ,  муттаҳид мешаванд: узвҳои вегетативӣ (нашвӣ) ва генеративӣ.Ба узвҳои вегетативӣ реша, поя ва барг  тамоми шаклҳои  тағйирёбандаионҳо (метаморфозҳо) дохил мешаванд. Бо ёрии узвҳои  вегетативӣ растанӣ ғизо мегирад, ба таври  фардӣ (индивидуалӣ) инкишоф меёбад ва меафзояд.

         Ба узвҳои генеративӣ гул, мева ва тухм дохил мешаванд. Бо ёрии ин узвҳо афзоиши ҷинсии растаниҳо  ба  амал бароварда мешавад. Вазифаҳои узвҳои ҷудогонаи растаниҳо бо хусусиятҳои сохти морфологӣ ва анатомии онҳо зич алоқаманд аст. Аз ин сабаб морфология ва анатомияи узвҳои ҷудогона  гуногун аст.

МЕТАМОРФОЗИ  УЗВҲОИ ВЕГЕТАТИВӢ.

Сохти узвҳои вегетативии растанӣ ба вазифаи  худ комилан мувофик буда, таъсири байни ҳамдигарии растаниро бо омилҳои  муҳит таъмин менамояд. Протсесси таърихии пайдоиш намудҳои растанӣ ин тадриҷан ба шароитҳои тағйирёбандаи муҳит мутобиқшавӣ  мебошад. Дар бисёр ҳолат тағйир  ёфтани шароитҳои зиндагӣ боиси он гардид, ки ҳамон як узви растанӣ вазифаи ғайриоддиро ба ҷо орад. Иҷрои вазифаи нав узви мазкурро аз нав тағйир медиҳад, ё тамоман ба таназзул (редуксия) дучор мекунад.

Дар феллогени растаниҳои пӯшидатухм чунин ғайриоддӣ монанди пиёзак, танареша, бехмева, мӯйлабчаҳо, хор, лӯнда ва ғайра пайдо шуданд. Ин ва дигар узвҳои ғайриоддӣ метаморфозҳо ё шаклан тағйирёбии узвҳои вегетативии растанӣ мебошанд.

test

Добавить комментарий