Тухм ва сабзиши растани

Сохти тухми растании гулнок.  Тухм узви афзоиши растаниҳои гулкунанда мебошад. Он аз муғҷатухм баъди протсесси бордоркунӣ пайдо мешавад. Тухми растаниҳ дар давраи оромӣ, мерезад, ки он барои растаниҳои гуногун ҳар хел аст.  Тухм дар ҳолати оромӣ (ҳаёти пинҳонӣ) қобилият дорад, ки шароитҳои нобобӣ ҳаётиро аз сар гузаронад ва дар вақти омадани шароити  мусоид аз нав бедор шавад.

Ҷилд ё пӯсти тухм аз пӯшишҳои муғҷатухм – интегументҳо пайдо шуда, аз як ё якчанд қабат ҳуҷайраҳо иборат аст. Ғафсию сахтии пӯсти тухми растаниҳои гуногун як хел нест. Рӯи пӯсти тухм ниҳоят гуногун аст. Он силиқ шуданаш мумкин аст ва ноҳамвор ҳам мешавад.  Пӯсти тухм инчунин дар шакли  болчарх – як ё дуто пулакча (дар дарахти хина), мӯякча (дар чигит,   биҳӣ, сафедор) дорад. Ин гунна тухмҳоро шамол ба осонӣ ба ҳар тараф мебарад.

Пӯсти тухм мулоим (нахӯд, лӯбиё), пардадор (донамева, тухмак), сахт (ангур) мешавад.

Ҷанин (эмбрион) – и тухм ин ҳолати ибтидоии растаниро дар бар мегирад. Он аз ҳуҷайратухми  бордоршуда инкишоф меёбад. Ҷанини ташаккулёфтаи тухм аз решаи ҷанини тухмпалла (як ё якчанд то) ва муғҷача иборат аст.

Аз решаи ҷанинӣ дар вақти сабзиши тухм решаи асосӣ ташкил меёбад. Тухмпаллаи ин баргҳои аввалини растанӣ мебошад. Вале он аз рӯи намуди зоҳирӣ, сохти дарунӣ ва вазифа, аз баргҳои ҳақиқӣ ба куллӣ фарқ дорад. Миқдори тухмпалла дар ҷанини тухми гурӯҳҳои гуногуни растаниҳо як хел нест. Чун қоида растаниҳои якпалла як тухмпаллаи инкишофёфта (гиёҳҳои хӯшадор), дупаллагӣ – ду тухмпалла (нахӯд, офтобпараст) доранд.

Тухмпаллаҳои растаниҳои дупалла (нахӯд, лӯбиё, дуб) вазифаи узви  моддаҳои ғизоӣ ҷамъ мекардагиро иҷро мекунанд, ки аз ҳисоби онҳо авали ҷанини сабзидаистода ғизо мегирад. Тухмпаллаи растаниҳои якпалла, масалан, гиёҳҳои хӯшадор, захираи моддаҳои ғизоӣ надорад. Вай ҳамчун узви маканда аз бофтаи махсуси ғизо – эндосперма барои ҷанини сабзидаистода моддаҳои ғизоӣ макида мегирад.

Минтақаи дар байни ҷои пайвастшавии тухмпалла ва решача воқеъ гаштаи поя банди зеритухмпаллагӣ ё гипокотил номида мешавад.  Агар банди зеритухмпалла ҳангоми сабзиши тухм кашида шавад, тухмпалларо аз хок берун мебарорад ва агар кашида нашавад тухмпалла дар зери хок мемонад.

Муғҷачаи ҷанини тухм дар байни тухмпаллаҳо ҷойгир аст. Он дар ҳолати ҷанинӣ  пояча ва  баргчаҳо   дорад. Ҳангоми сабзиши тухм аз он навдаҳо инкишоф меёбанд.

Вобаста ба ҷои воқеъгаштаи моддаҳои ғизоӣ: 1) Тухми дорои танҳо эндосперм;  2) тухми дорои танҳо перисперм;  3) тухми дорои эндосперма ва перисперм; 4) тухми бе эндоспермаю периспермро фарқ мекунанд.

Эндосперм бофтаи тухми аксарияти растаниҳои гулдор аст, ки дар он моддаҳои ғизоии барои инкишофи ҷанини тухм зарур мавҷуд мебошанд. Эндосперма дар растанихои гулдор баьди бордоршавии дуюми халтаи ҷанин пайдо мешавад. Дар ҳуҷайраи  эндосперм чунин моддаҳои  ғизоӣ, монанди сафеда, ангиштобҳо «крахмал», равған  мавҷуд аст.

Перисперм  ҳам бофтаи тухм мебошад, ки барои ғизогирии  ҷанин зарур аст. Перисперм аз нуцеллуси  тухммуғча пойдо мешавад. Баръакси   эндосперма дар он сафедаҳо ва равған нисбатан кам аст. Он асосан крахмал  дорад.

Моддаҳои захиравии ғизоии тухми дорои эндосперм дар бофтаи махсус- эндосперм гузошта шудааст, ки дар он ҷанини тухм (тухми кӯкнор, канадона ва ғайра) ҷойгир мебошад ё ҷанин ба эндосперм ҳамшафат аст (тухми растаниҳои якпалла, аз ҷумла гиёҳҳои хӯшадор: гандум, ҷавдор, ҷуворимакка, ҷав ва ғайра).

Ҷанини тухми гиёҳҳои хӯшадор (гандум, ҷуворимакка) аз се қисм иборат аст: решачаи ҷанинӣ , сипарча ва муғҷача. Қисми зиёди донакмеваро- эндосперм ва қисми ками онро ҷанин ишғол менамояд.

Тухми дорои эндосперм ба растаниҳои оилаи мехакгулҳо (мехгул, рандак, смолевка), шӯрагиҳо (лаблабу, рӯян), тиссмонандҳо (тисс) хос аст.

Тухмҳои дорои эедосперм ва перисперм хеле кам вомехӯранд. Масалан, дар намояндагони оилаи растаниҳои мускатӣ дучор мегарданд. Дар тухми чормағзи мускатӣ дар байни участкаҳои эндоспермаи зардча чинҳои  чуқури периспермаи хокистаррранг ҷойгир аст, ки бӯи хуши равғани эфир дорад.

Тухмҳои бе эндоспермаю  перисперма асосан ба намояндагони растаниҳои дупалла (лӯбиёгӣ, мураккабгул, салибгул) хос аст. Моддаҳои ғизоии захиравии тухми бе эндосперм на дар бофтаҳои махсус, балки бевосита дар худи ҷанин, дар тухмпаллаҳои он ҷойгир аст, ки аз ин сабаб ҳам вай калону сергӯшт мешавад.

Сабзиши тухм. Тухми расида ба шароитҳои боб дучор гардида, ба сабзидан сар мекунад. Сабзиши тухм протсесси ниҳоят мураккаби физиологӣ мебошад. Дар вақти сабзиш дар тухм як модда ба дигар модда ба таври биохимикӣ бадал мешавад. Бо таъсири фермантҳо моддаҳои бо душворӣ ҳалшаванда ба моддаҳои ҳалшаванда бабдил ёфта, ба ҷанин дохил мешаванд. Зоҳиран сабзиши тухм аз он иборат аст, ки поячаи ҷанин аз замин берун намебарояд ва бехи ҷанин дар хок ғӯтида реша мегирад. Ба ҳамин тариқ протсесси сабзиши тухм аз се лаҳзаи асосӣ иборат мебошад. 1. Лаҳзаи физикӣ, яъне тухм обро фурӯ мебарад; 2. Лаҳзаи биохимикӣ, яъне ба ҳолати маҳлулшаванда табдил ёфтани моддаҳои маҳлулнашавандаи захиравии ғизоӣ; 3. Лаҳзаи биологӣ, ки баъди моддаҳои ҳалшавандаи ғизоиро фурӯ бурдани ҷанин бо сабзиши он алоқаманд аст.

Барои сабзиши тухм мавҷудияти об зарур аст. Зеро бо таъсири об тухм варам мекунад, ҳаҷман калон мешавад, пӯсти он мекафад ва ҷанин аз он озод мегардад. Барои сабзиши тухм гармӣ ҳам омили муҳим мебошад. На ҳамаи тухмиҳо дар як хел ҳарорат мерӯянд. Масалан, гандум, ҷавдор, дар ҳарорати 3-40, ҷуворимакка дар ҳарорати 10-120, чигит дар ҳарорати 15-170 месабзад.

Тухми растанӣ қобилияти сабзишро дар давоми 3-5 сол нигоҳ медорад. Тухми баъзе растанҳо бошад (донник, юнучқа)  баъди 10-20 сол сабзиданаш мумкин аст. Маълумотҳое  мавҷуданд, ки баъзе тухмиҳо қобилияти сабзишро то 100 сол нигоҳ медоранд. Тухми зироати муътадилрасида, яъне нағз нигоҳдошташуда баъди 3-5 рӯзи коштан месабзад.

Тухми баъзе растаниҳо,  хусусан  растаниҳои ёбоӣ (донник, юнучқа, баъзе  навъҳои нахӯди  даштӣ),  ҳатто дар суръати  расиши мӯътадил  ҳам  нағз  месабзанд ва  бисьёрии онҳо  дар шароитҳои муқаррарӣ намерӯянд, сабаб дар он аст , ки бисьёр тухмиҳои ин  растаниҳо  пӯсти  зичу ғафс доранд, ки дохилшавии  обу  ҳаворо душвор мегардонад. Ин гуна  тухмиҳо  тухми  сахт  номида  мешаванд . Агар  пӯсти ин тухмиҳо  вайрон карда (харошида) шавад, қобилияти сабзишион хеле меафзояд. Дар  амалия тухмиҳои сахтро ё бо рег метарошанд ё аз машинаҳои махсус барабандор, ки бо  чилбур   печонда шудаанд , стартификаторҳо мегузаронанд.  Ин  усули ба кишт тайёркунии  стратификасия  номида  ме шаванд.    

Тухми сахти  бисьёр растаниҳои  мевагӣ ва дарахтонӣ ҷангалиро  бо усули стратификатсия аз ҳолати оромӣ бедор  мекунанд. Ҳангоми  бо ин усул коштан  тухм (себ , нок, олболу, олу)-ро бо регӣ нам аралаш мекунанд.  Баъд якҷоя бо зарфаш дар муддати 2 – 3 моҳ дар барф гӯр мекунанд. Тухми растаниҳои  ёбои дар давоми зимистон, ки ҳарорат тағйир ёфтан мегирад, стратификатсияи табииро аз сар мегузаронад.

Тухмпаллаҳои бисёр растаниҳои дупалла (нахӯд, лӯбиё, финдиқ, чормағз ва ғайра) хеле калону сергӯшт мебошанд. Онҳо дар вақти сабзидани тухм дар зери хок монда то пайдоиши решав а баргиҳақиқӣ барои сабзак манбаи моддаҳои ғизоӣ мегарданд. Тухмпаллаи дигар растаниҳои  дупалла (лӯбиё, соя, люпин, донвик, юнучқа, граб)  ҳангоми  сабзиши тухм аз хок берун бароварда мешаванд. Он сабз шуда, то пайдоиши баргҳои ҳақиқӣ якчанд вақт сабзакро на танҳо  бо моддаҳои ғизоӣ таъмин мекунанд, балки вазифаи баргҳои сабзро ҳам иҷро менамояд. Ин хусусиятҳои  биологиро дар вақти растанипарварӣ ба назар гирифтан лозим аст.

test

Добавить комментарий