Решаи растани

Мафҳуми реша. Реша узви вегетативии растанӣ мебошад. Дар ҳолати ибтидоӣ он дар ҷанини тухм мебошад. Аломати фарқкунандаи характерноки реша дар он мавҷуд набудани баргҳо ё ягон хел шакли дигаршудаи вай мебошад. Одатан реша дар хок инкишоф меёбад. Нӯги реша бо ғилофаки решагӣ ба охир мерасад, ки он дар поя ҳаргиз пайдо намешавад.

Решаи асосии растанӣ қувваи кашиши замин (геотропизм) – ро ба таври мусбат инъикос менамояд, аз ин сабаб ҳам чун қоида бо нӯги худ аз замин чуқур месабзад. Ҳол он ки пояи растанӣ бар хилофи реша ба кашиши замин ба таври манфӣ ҷавоб дода, бо нӯги худ аз хок берун ба баланди месабзад. Решаи асосӣ бо фототропизми манфиаш фарқ мекунад, яъне он ба таври вертикалӣ ба поён ба тарафи акси равшанӣ месабзад. Ҳангоми мӯътадил набудани намии хок реша ба тарафи намии зиёд инкишоф меёбад. Решаи растанӣ то пайдоиши баргҳои поя ба ташаккулёбӣ ва сабзиш сар мекунад.

Решаи растаниҳо дар протсесси инкишофи таърихии онҳо, дар вақте пайдо шудааст, ки растаниҳо аз об баромада, ба хушкӣ мерӯидагӣ шудаанд. Растаниҳои ибтидоӣ (обсабзҳо, замбурӯғҳо, лишайникҳо, мохҳо) реша надоранд. Ба ҷои реша дар онҳо ризоидҳо – пайдоишҳои ресмонмонанд ё мӯякмонанд мавҷуданд.

Вазифаҳои реша. Реша ду вазифаи асосиро иҷро менамояд: 1) бо ёрии реша растанӣ дар хок мустаҳкам мешавад; 2) реша аз хок обӣ бо моддаҳои ғизоӣ маҳлулшударо макида гирифта бо онҳо растаниро таъмин мекунад. Ғайр аз ин решаи баъзе растаниҳо вазифаи иловагиро ба ҷо меорад, он барои афзоиши вегетативӣ ёрӣ мерасонад. Реша инчунин ҷои синтези баъзе моддаҳои органикӣ мебошад. Масалан, дар решаи дарахти каучуковар кӯксагиз ҳосил мешавад, дар решаи тамоку никотин.

Дар протсесси фаъолияти ҳаётии решаи растаниҳо дар хок моддаҳои гуногун ҷудо мекунад, қисми асосии таркибии он гази карбонат мебошад. Реша инчунин кислотаҳои гуногуни органикӣ (кислотаи себ, сирко, қанд ва ғайра) ҷудо мекунад. Моддаҳои реша ҷудо мекардагӣ барои ҳал шудани моддаҳои душвор ҳалшавандаи дар хок мавҷуда ёрӣ расонда, онҳоро дастраси растанӣ мегардонанд. Ин моддаҳои реша ҷудо мекардагӣ инчунин ба инкишофи микроорганизмхои хок ёрӣ мерасонад, ки фаъолияти онҳо барои ғизогирии растанӣ аҳамияти калон дорад.

Решаи растаниҳо бевосита дар назди худ минтақае ташкил медиҳад, ки он барои микроорганизмҳо қуллай аст. Ин минтақаи назди решаро ризосфера (доираи реша) меноманд. Растаниҳои гуногун ба воситаи реша дар хок моддаҳои гуногун ҷудо мекунанд. Аз ин сабаб ҳам ризосфераи онҳо дорои таркиби гуногуни микроорганизмҳо мебошад.

Ба туфайли фишори решагӣ он дар ҳаракати об ва моддаҳои дар об ҳалшуда дар ҷисми растанӣ бевосита иштирок менамояд. Фишори решагӣ ин қувваест, ки ба воситаи он реша барои ба боло ба пояи растанӣ расондани об қобилият дорад. Одатан фишори решагӣ ба 2 – 3 атм. Баробар аст. Дар баъзе растаниҳо он ба 15 атм. мерасад, ки ба баландии 115 метр ва аз он баландтар расонида обро таъмин менамояд. Ба воситаи реша ба болои растанӣ додани об хусусан баҳорон дар танаи дарахтони бурида нағз маълум мешавад ,ки дар рӯи онҳо ба миқдори зиёд чакраҳои обро дидан мумкин аст.

МОРФОЛОГИЯИ РЕША.

Одатан реша дар шакли решачаи ибтидоӣ ҳанӯз дар ҷанини тухм гузошта мешавад. Дар вақти сабзидани тухм аз решачаи ҷанин решаи асосӣ инкишоф меёбад. Реша шакли силиндри борик дорад. Решаи асосии ниҳолҳои ҷавони растаниҳои дупалла назар ба поя бориктар мешавад. Аз ин сабаб ҷои аз реша ба поя гузариши растанӣ айнан аён аст. Ин учаскаи гузариши реша ба поя гарданаи поя номида мешавад.

Шохронии реша. Решаи асосӣ қобилият дорад, ки шохаҳо сар диҳад. Шохаҳои решаи асосиро решаҳои паҳлуӣ меноманд. Дар баробари расиши решаи асосӣ решаҳои паҳлӯии қатори якум пайдо мешаванд. Решаҳои паҳлӯии қатори якум ҳам башохаҳо тақсим шуда, дар навбати худ решаҳои қатори дуюм ва ин решаҳо решаҳои қатори сеюм ва ғайраро иашкил медиҳанд. Решаҳое, ки аз ҷанини тухмӣ пайдо мешаванд, решаҳои ҷанинӣ номида мешаванд.

Решаҳои иловагӣ.

Бештар растанӣ ғайр аз решаҳои асосӣ ва паҳлӯгӣ боз решаҳои иловагӣ пайдо мекунад ,ки онҳо баръакси решаҳои асосӣ ва паҳлӯгӣ на дар реша ,балки дар дигар узвҳои растанӣба вуҷуд.

Решаҳои аввалини иловагӣ ҳанӯз дар поячаи ҷанини тухм гузошта шуда, дар вақти сабзиши тухм, баробари решаи асосӣ инкишоф меёбанд.

Решаҳои иловагӣ дар поя,барг,кундаи растаниҳои ҷавон ва калон пайдо шуда ,онҳо дар решаҳои асосӣ ва иловагӣ ҳаргиз инкишоф нахоҳанд ёфт.

Решаҳои иловагӣ зоҳиран аз решаҳои муқаррарӣ фарқ намекунанд ва худи ҳамон як вазифаро ба ҷо меоранд. Системаи решаҳои бисёр растаниҳо, монанди растаниҳои якпалла (растаниҳои хӯшадор, лилиягулҳо, ғешагиҳо) бештар аз решаҳои иловагӣ иборат аст. Инчунин решаҳои иловагӣ дар растаниҳои папаротникмонанд (папаротникҳо, чилбуғум) ташкил меёбанд. Решаҳои иловагӣ баъзан массаи асосии решаҳои растаниҳои дупалларо ҳам ташкил медиҳанд. Масалан, вақте, ки картошка ба ҳосил медарояд, танҳо решаҳои иловагӣ пайдо мешаванд. Дар вақти ба таври вегетативӣ яъне ба воситаи қаламча зиёд кардани растаниҳо навдачаи решагирифта, танҳо решаҳои иловагӣ пайдо мекунад.

Системаи решаҳо. Тамоми решаҳои як растанӣ ва шохаҳои он якҷоя системаи реша номида мешавад. Иқтидор ва сохти системаи реша ба хусусияти шохасардиҳии решаҳо, пайдоиши решаҳои иловагӣ ва ба шароити зоҳирӣ (хок, ғизодиҳӣ) вобастааст. Ду типи асосии системаи решаро фарқ мекнонанд: решаи асосӣ ва решаи хурдтарин.

Системаи решаи асосӣ бо мавҷудияти решаҳои паҳлуӣ фарқ мекунад, ки он асоси системаи решаҳоро ташкил медиҳад. Решаҳои асосӣ аз ҷиҳати шакл ва шохасардиҳӣ гуногун мешаванд. Системаи решаҳои асосӣ ба оилаи растаниҳои дупалла хос аст. Он хусусан дар дарахтон нағз инкишоф ёфтааст.

Системаи решаҳои хурд баръакси системаи решаи асосӣ решаи нағз инкишофёфтаи меҳварӣ надорад. Аз ҷанини тухми растаниҳои дорои решаҳо хурд (растаниҳои хӯшадор – гандум, ҷавдор, ҷав ва ғайра) якчанд решаи ибтидоӣ ташаккул меёбад. Яке аз решаҳои бештар инкишофёфтаи онҳо решаи асосӣ ҳисоб меёбад.

Дар баробари сабзиши растанӣ ғайр аз решаҳои ибтидоӣ, ки одатан тамоман мемиранд, решаҳои иловагии сершумор пайдо мешаванд. Ин решаҳои иловагӣ инкишоф ёфта системаи ниҳоят тараққикардаи решаҳои худро ташкил медиҳанд ва вазифаи асосӣ – аз хок макида гирифтани моддаҳои ғизоиро иҷро менамоянд.

Ғайр аз растаниҳои хӯшадор решаҳои лилиягулҳо, мисли пиёз ва савсан баъзе растаниҳои дупалла (чинорак, зулф) ҳам системаи решаҳои хурд доранд.

Решаи растаниҳо ба хок чуқур медарояд ва ба бар нағз месабзад. Решаи чунин растаниҳо монанди ғалладона (гандум, ҷавдор, ҷав, ҷуворимакка) ба чуқурии 1,2 – 2,0м даромада метавонанд. Аз алафҳо решаи юнучқа – то 5 – 10м., янтоқ дар заминҳои регӣ ба чуқурии 15 – 20м. медарояд. Аммо ҳаҷми асосии решаҳои растаниҳои яксола дар сатҳи шудгор шуда, дар чуқурии 10 – 15м ва аз он ҳам чуқуртар ҷой мегирад.

Диаметри майдони ишғолкардаи системаи решаҳои растанӣ ҳам калон аст. Диаметри майдони ишғолкардаи системаи решаҳои дарахтон назар ба диаметри шоху барги онҳо калон буда, ба 10 – 18м мерасад. Одатан диаметри паҳншавии решаҳои дарахтон назар ба диаметри шоху баргҳо 2 – 5 баробар зиёд аст.

Аз сабаби он ки решаҳо сершоха мебошанд, онҳо сатҳи калони макидагирӣ доранд. Дар ин бобат мисолҳои зерин далолат мекунанд.

Растаниҳои ғалладона (гандум, ҷавдор, ҷав) дар шароитҳои муқаррарӣ системаи решаҳое доранд, ки дарозии умумии он дар як растанӣ ҳангоми якҷоя кардани тамоми решав а мӯякчаҳои решагӣ ба 20км тӯл мекашад. Инкишофи решаҳои растанӣ ба муҳити зоҳирӣ вобаста аст. Ба тақсимшавӣ ва чуқурдохилшавии реша хусусан об таъсири калон мерасонад. Масалан, дар шароити биёбон решаи янтоқ хеле чуқур дохил меравад. Дар заминҳои ботлоқӣ, ки намиаш барзиёд аст, решаи растаниҳо асосан дар қабатҳои болоӣ инкишоф меёбад.

Дар инкишофи реша хок ҳам аҳамияти калон дорад. Дар хоки регии сабук системаи решаҳо чуқур меравад. Дар шароити Шимоли Дур, ки яхи замин дар давоми тобистон то чуқурии 50 – 100 см об мешавад, системаи решаҳо на вертикалӣ, балки ба горизонталӣ месабзад. Дар сиёҳзамини хокаш пур аз моддаҳои ғизоӣ системаи решаи растаниҳо калону бақувват месабзад. Инкишофи системаи решаҳои растаниҳои зироатӣ ба сифати шудгори замин, ғизодоҳӣ, обдиҳӣ ва парвариши растанӣ вобаста аст.

Ҳосили тамоми растаниҳои зироати бевосита ба инкишофи системаи решаҳо вобаста мебошад. Системаи решаҳо чӣ қадаре, ки инкишоф ёбад, макидагирии онҳо чӣ қадаре, ки пуриқтидор бошад, ба ҳамон қадар ба қисми рӯизаминии заминӣ миқдори зиёди моддаҳои ғизоӣ дохил мешавад ва ба ҳамон андоза ҳосил ҳам меафзояд.

Шаклан тағйир ёфтани реша. (метаморфоз). Решаи бисёр растаниҳо аз ҷиҳати морфологӣ тағйир меёбад. Ин ба як қатор сабабҳо вобаста мебошад. Реша аз сабаби иҷрои вазифаҳои иловагӣ аз ҷиҳати морфологӣ тағйир ёфта меистад. Шаклан тағйир ёфтани реша чунин аст: решаҳои захиракунанда, решаҳои роҳгард, решаҳои нафасгирӣ, решаҳои ҳавоӣ, решаҳои макиш ва ғайра.

Решаҳои захиракунанда. Дар решаҳои баъзе растаниҳо моддаҳои ғизоӣ ҷамъ мешаванд. Аз ин сабаб онҳо сохту шакли ба худ хос доранд. Решаҳои захиракунанда ниҳоят ғафс мешаванд. Шаклан решаҳои захиракунанда ба бехмева, лӯндаҳои решагӣ, ё чалғӯза монанданд.

Бехмеваҳо. (лаблабу, турб, сабзӣ, шалғам ва ғайра) аз решаи асосии ғафс, ширанок, сергӯшт иборатанд. Бехмеваҳо шаклан конусмонанди чаппа, силиндршакл, дукмонанд, шалғаммонанд мешаванд. Бехмеваҳо дорои миқдори зиёди моддаҳои ғизоӣ мебошад. Аз ин сабаб одамон

Онҳоро дар хӯрок, хӯрокии чорво, барои ҳосил кардани қанд (лаблабуи қанд) истифода мебаранд.

Қисми болоиро сари бехмева меноманд, ки он баргу муғҷаҳои баргӣ дорад. Аз ҷиҳати морфологӣ сари бехмеваҳо аз пояи кӯтоҳ иборат аст. Дар он миқдори зиёди баргҳо пайдо мешавад, ки якҷоя розеткаи наздирешагии баргҳо номида мешавад.

Дар зери бехмева гардана воқеъ аст. Он силиқ ва баргу реша надорад. Гарданаи бехмеваҳо шаклан гуногун мешавад. Он ҳам пайдоиши поягӣ (гипокотиль) дорад. Танҳо қисми поёнии бехмева реша мебошад, ки он ниҳоят ғафс аст. Решаи асосӣ решаҳои сершумори паҳлӯгӣ дорад.

Бехмева аксар вақт дар растаниҳои дусола (лаблабу,сабзӣ ва ғайра ) пайдо мешавад. Дар соли якуми ҳаёташон дар онҳо моддаҳои ғизоӣ ҷамъ мешаванд.

Бехмеваи растаниҳои дусолаи ёбоӣ зимистон дар зери хок меистад. Бехмеваи зироатӣ (лаблабу, сабзӣ ва ғайра)-ро тирамоҳ канда гирифта, бебарг дар анборҳои махсус нигоҳ медоранд. Баҳор соли дуюм бехмеваҳоро ба замин мешинонад ва онҳо пояҳои генеративӣ мебароранд, ки ҳосил ва тухм медиҳанд.

Лӯндаҳои реша, чалғӯза шаклан лӯндаҳои картошкаро ба хотир меоранд. Вале аз лӯндаҳои картошка ба он фарқ мекунанд, ки чашмак надоранд. Чунин растаниҳо монанди георгиня, батат, аконит ва ғайра лӯндаҳои реша доранд. Дар вақти пайдоиши онҳо на фақат решаи асосӣ балки дигар решаҳо ҳам ғафс мешаванд.

Решаҳои роҳгард. Ин гуна решаҳо дар растаниҳои тропикии анбаҳ (манго) инкишоф меёбанд. Дар шароититропикии ҷануб чунин растаниҳо дар ҷойҳои пасити мадди баҳр буттаҳои сершумор пайдо мекунанд. Дар ин растаниҳо ба миқдори зиёд решаҳое ташаккул меёбанд, ки нимаш дар гил ҷой мегирад. Онҳо решаҳои роҳгард номида мешаванд.

Решаҳои нафасгирӣ. Решаҳои паҳлугии баъзе растаниҳо аз хок берун месабзанд. Ин гуна решаҳо одатан дар растаниҳое, ки дар ҷойҳои сероб меруянд, мушоҳида карда мешаванд. Онҳо хусусан дар растаниҳои тропикӣ нағз инкишоф ёфтаанд. Дар хокҳои сернам решаи растаниҳо барои нафасгири аз хок ба миқдори кофӣ оксиген гирифта наметавонад. Вазифаи нафасгириро қисман решаҳои нафасгири иҷро мекунанд, ки ба онҳо оксигени ҳаво ба воситаи чечивичкаҳо дохил мешаванд.

Решаҳои ҳавоӣ. Бисёр растаниҳои тропикӣ решаҳои махсуси ҳавоии иловагдоранд. Ин решаҳо бо бофтаи махсуси болои аз бухори ҳаво обро фуру мебаранд. Решаҳо бештар дар шохаҳои растанӣ пайдо мешаванд ва аз боло ба поён месабзанд; чунин решаҳои баъзе растаниҳоба замин даромада, реша мегиранд ва ба он ҳам такягоҳ ва ҳам узви ғизогиранда мешаванд. Решаҳои ҳавоӣ дар растаниҳои эпифит ҳам пайдо мешаванд. Эпифитҳо растаниҳое мебошанд, ки дар танаи дигар растаниҳо месабзанду онҳоро онҳоро ҳамчун субстрат истифода мекунанд, вале онҳо парзит нестанд. Ин эпифитҳо мустақилона ғизо мегиранд. Растаниҳои эпифит дар дар ҷойхои тропикӣ васеъ паҳн гардидаанд. Онҳоро дар минтақаҳои иқлимаш мӯътадил ҳам дидан мумкин аст. Ба растаниҳои эпифитӣ орхидеяҳо, банан, баъзе мохҳо, лишайникҳо, обсабзҳо дохил мешаванд.

Решаҳои часпанда. Ин решаҳо шакли дигари решаҳои ҳавоӣ мебошанд. Онҳо хусусан дар растаниҳои тропики дорои пояҳои дарозу борик инкишоф меёбанд (лианҳо). Бо ёри решаҳои часпанда лианҳо ба дарахтони дар паҳлу буда мустаҳкам ҷойгир мешаванд ва ҳолати вертикалии худро нигоҳ медоранд. Решаҳои часпанда ба даруни растании асосӣ дохил шуда, моддаҳои ғизоии онро макида мегиранд, ки дар натиҷа растании асосӣ мемирад. Зардпечак, текома, погремок ва ғайра решаҳои часпанда доранд.

Навдаҳои решагӣ. Бисьёр растаниҳо дар решаҳои худ муғчаҳои иловагӣ мебароранд. Аз ин муғчаҳо ниҳолҳои рӯизаминӣ месабзанд, ки онҳо навдаҳои решагӣ номида мешаванд. Растаниҳое , ки навдаҳои решагӣро ба вуҷуд меоранд, решаҳои навдадиҳанда ном доранд. Ба ин гуна растаниҳо ёс, осина,акацияи зард, олуболу ва ғайра дохил мешаванд. Ар байни решаҳои навдадиҳанда алафҳои бегона (алафи печак, бодяг, молочай ва ғайра) бисёранд, ки онҳо майдонро хеле ифлос мекунанд ва муборизаи зидди онҳо душвор мегардад.

Симбиози реша.

Реша узвест, ки ба воситаи он растаниҳои олӣ бо бактерияҳо ё занбӯруғҳо симбиоз мекунанд. Навъи хеле паҳнгардидаи симбиози реша микориза ва симбиоз бо бактерияҳои лӯнда мебошад.

Микориза. Бисёр вақт дар дохил ё рӯи решаи бисёр растаниҳо занбӯруғҳо ҷой мегиранд, ки алоқаи онҳо бо решаҳо мураккаб аст. Ин гуна симбиози решаи растаниҳои олӣ ва занбӯруғ микориза ё занбӯруғреша номида мешавад. Моҳияти чунин симбиоз аз он иборат аст, ки бисёр занбӯруғҳои хокӣ дар зери решаи растаниҳои олӣ ҷой гирифта, онро бо риштаи худ печоида мегиранд ва ғилофи зичро ба вуҷуд меоранд. Гифҳои занбуруғ ба ба реша чуқур даромада барои бо обу намакҳои мениралӣ таъмин намудани растанӣ ёрӣ мерасонад. Растанӣ бошад занбуруғро бо моддаҳои органикии беазот таъмин мекунад.

Дар баъзе расатниҳо, хусусан дарахтон (қарағай, булут, осина) микориза ҳатман мавҷкд аст; бе микориза ин растаниҳо хеле суст месабзанд, зеро дар ин дарахтон типи махсуси ғизо – микотрофӣ инкишоф ёфтааст. Мкоризаҳо нафақат дар дарахтон, балки ба растаниҳои алафӣ – алафҳои ғалладона ваг ғайра мавҷуданд.

Дар табиат вобаста ба навъҳои гуногуни растанӣ навъҳои махсуси занбуруғҳои ҳархела мушоҳида карда мешавад: дар решаҳои ин ё он намуди растанӣ намуди муайяни занбуруғ намуди муайяни замбӯруғ ҷой мегирад. Аз ин сабаб ҳам замбӯруғҳо дар зери осина- дар осиназор , зери тӯс дар тӯсзор мерӯянд ва ғайра.

Аз рӯи сохт ду типи асосии микоризаро фарқ мекунанд; типии зоҳири (экзотрофӣ) ва типи дохилӣ (эндотрофӣ). Дар микоризаи берунӣ замбӯруғ нӯгҳои решаи растаниҳоро монанди ғилоф зич печонда мегирад ва аз он ба ҳар тараф тӯри зичи гифи риштамонанд паҳн мешавад. Ин шакли микориза асосан дар решаҳои дарахтон (тӯс, липа, булут, осина «сиёҳбед» ва ғайра) паҳн гардидиаст. Ҳангоми мавҷудияти микоризаи берунӣ мӯякчаҳои реша мемиранд ва вазифаи онҳоро занбӯруғ иҷро мекунад. Митселияи варам карда баромадаи занбӯруғ қисми ҷабандаи решаро васеъ мекунад, ки ин барои ба растанӣ зиёдтар дохил шудани об ва моддаҳои минералии дар он ҳалшуда ёрӣ мерасонад. Дар вақти микоризаи дохилӣ (эндотрофӣ) замбӯруғ на дар ҷойгир нашуда, балки ба он чуқур дохил мешавад. Ҳуҷайраҳои реша, ки ба онҳо замбӯруғ медарояд зинда мемонад, аммо гифҳои замбӯруғ тадриҷан вайрон мешаванд ва моддаҳои дар он мавҷударо растанӣ аз худ менамояд. Микоризаи дохилӣ бештар дар алафҳо ба вуҷуд меоянд. Микоризаро бори аввал олими рус М.Ф.Каменский (1881) тасвир намуда, сонитар профессор М.С.Воронин (1885) бо навъҳои муайяни долу дарахт дар алоқамандии зич сабзидани замбӯруғҳои телпакчадор кашф намуд.

Симбиоз бо бактерияҳои лӯндагӣ.

Ғайр аз микориза растаниҳои олӣ бо бактерияҳо симбиоз мешаванд. Ин шакли симбиоз асосан ба растаниҳои лӯбиёгӣ (аккатсия, юнучқа, нахӯд ва ғайра) хос аст. Дар симбиоз бо бактерияҳои лӯндагӣ дар решаҳои растаниҳои лӯбиёгӣ ҷоғарҳо (варам) пайдо мешаванд, ки одатан лӯнда номида мешаванд. Ин лӯндаҳо аз сабаби фаъолияти бактерияҳои махсуси лӯнда, ки дар решаҳои растаниҳои лӯбиёгӣ ҷой мегиранд, пайдо мешаванд. Ин бактерияҳо ба решаи растаниҳо ба воситаи деворчаҳои тунуки мӯякчаҳои реша аз хок дохил мешаванд.

Бо таъсири бактерияҳо ҳуҷайраҳои паренхимии канори реша, ки дар онҳо бактерияҳо ҷой мегиранд, ниҳоят зиёд ва шаклан калон мешаванд. Дар натиҷа ҳуҷайраҳои реша калон ва дар онҳо ҷоғарҳо – лӯндаҳо пайдо мешаванд. Бактерияҳои лӯнда ҳам монанди замбӯруғҳои микориза ташкилдиҳанда махсус мешаванд. Дар решаи намудҳои ҷудогонаи растаниҳои лӯбиёгӣ хелҳои муайяни бактерияҳо ҷой мегиранд, ки онҳо боиси пайдоиши лӯндаҳои шаклан гуногуни реша мешаванд. Масалан бактерияҳои лӯндаи нахӯд дар решаҳои лӯбиё ё люпина зиндагӣ карда наметавонанд.

Лӯндаҳо ҳаҷман сари сарсӯзан ё нахӯд барин мешаванд. Роли физиологии бактерияҳои лӯнда аз он иборат аст, ки онҳо нитрогени озоди ҳаворо аз худ ва пайваста карда метавонанд, ки ба ин кор хатто растаниҳои олӣ ҳам қобилият надоранд. Бактерияҳо нитрогени ҳаворо ба чунин пайвастаҳое табдил медиҳанд, ки онҳоро решаи растаниҳо ба осонӣ аз худ менамоянд. Ба ҳамин тариқ бактерияҳои лӯнда дар натиҷаи симбиоз бо растаниҳои лӯбиёгӣ ғизои азотии онҳоро беҳтар мекунанд ва ҳангоми мурдани решаҳо бактерияҳои лӯнда заминро аз азот бой мекунанд. Ин дар навбати худ барои сабзиши хуби растаниҳои дигар аҳамияти калон дорад.

test

Добавить комментарий