Сохти анатомии реша

Сохти анатомии реша. Минтақаҳои реша. Реша ба дарозии худ сохти гуногун дорад. Он аз чор минтақа иборат аст. Ин минтақаҳо аз ҷиҳати сохти анатомӣ ва вазифаи физиологӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

  Минтақаи ҳуҷайраҳои тақсимшаванда;

          2) Минтақаи расиш;

         3) Минтақаи махсусгардидан ё маканда;

         4) Минтақаи гузаронанда.

Минтақаи ҳуҷайраҳои тақсимшаванда.  Ин минтақа дар нӯги реша воқеъ аст ва аз ҳуҷайраҳои меристемаи аввалин ки конуси сабзишро ташкил  медиҳанд, иборат аст. Бар акси конуси сабзиши поя, меристемаи болоии реша дар ду равия – берун аз нӯги реша ва дар дохили он ҳуҷайраҳои нав ташкил медиҳад. Аз ҳуҷайраҳои берунӣ ғилофаки реша ташкил меёбад, ки ҳангоми ба хок дохил шудан ҳуҷайраҳои  нозуки бофтаҳои пайдоишро аз зарбхӯрӣ нигоҳ медорад. Ҳуҷайраҳои ғилофаки реша дар натиҷаи вайрон шудани моддаҳои байниҳуҷайрагӣ аз ҳамдигар ба осонӣ ҷудо мешаванд ва бо таъсири омилҳои механикӣ пӯст мепартоянд. Ғилофак аз ҳисоби меристемаи болоии реша ҳамеша калон мешавад. Дар растаниҳои якпаллагӣ қабати махсуси калиптрагӣ (ғилофак) мавҷуд аст, ки ғилофакро ба вуҷуд меорад. Дар растаниҳои обӣ ғилофаки реша мавҷуд нест.

Дар натиҷаи тақсимшавӣ ва дифферентсиатсияи аввалини ҳуҷайраҳои меристемаи якум дар ин минтақа се қабат ҳуҷайраҳо – дерматоген, периблема ва плерома ташкил меёбанд, ки онҳо ба тамоми бофтаҳои доимии реша ибтидо мегузоранд.

Минтақаи тақсимшаванда 2 – 3 мм дароз мешаванд ва бо чашми оддӣ нағз дида мешавад. Зеро аз минтақаи дигар бо ранги зардча ва зичиаш фарқ мекунад. Ҳуҷайраҳои он пур аз ситоплазмаи ғафси донадор буда, қариб вакуолаҳо надорад.

Минтақаи расиш.  Дар минтақаи расиш тақсимшавии ҳуҷайраҳои меристемаи якум қатъ мегардад ва  дифферентсиатсияи онҳо сар мешавад. Онҳо ба дарозии реша кашида мешаванд ва дар онҳо вакуолаҳо пайдо мегарданд. Дар ин минтақа реша дароз мешавад. Дарозии минтақаи расиш якчанд миллиметрро ташкил медиҳад.

Минтақаи махсусгардида ё маканда.  Дар ин минтақа ҳуҷайраҳои меристемаи якум ба бофтаҳои гуногун – пӯшиш, гузаронанда, асосӣ ва ғайра табдил меёбад, ки онҳо барои сохти ибтидоии реша хос мебошанд. Дар ин ҷо эпидермис мӯякчаҳои решаро, ки аз хок обу моддаҳои минералиро макида мегиранд, ба вуҷуд меорад. Минтақаи махсусгардида то якчанд см дароз мешавад. Мӯякчаҳои реша хеле кам 10 – 20 рӯз амал мекунанд ва зуд мемиранд. Ба ҷои онҳо дар минтақаҳои реша мӯякчаҳои нав пайдо мешаванд, ки аз меристемаи аввалини конуси расиш сабзида баромаданд. Ба ҳамин тариқ ин минтақа ҳамеша участкаи дарозиаш якхеларо ишғол менамояд.

Минтақаи гузаронанда ё решаҳои паҳлӯӣ.  Минтақаи гузаронанда тамоми қисми боқимондаи реша аз минтақаи махсусгардида то  гарданаи решаро ишғол мекунад. Он ниҳоят дароз тӯл мекашад. Дар баъзе растаниҳо дарозии он ба якчанд метр мерасад. Ба воситаи он обу моддаҳои  минералӣ ба тамоми узвҳои растанӣ меравад. Дар ин минтақаи решаи растаниҳои дупалла бофтаҳое ташаккул меёбанд, ки барои сохти дуюми реша хосанд. Дар минтақаҳои гузаронанда  решаҳои паҳлӯӣ ташкил меёбанд; дар ин маврид реша асосан ба хок мустаҳкам мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.