Сохти ибтидоии реша

Дар сохти ибтидоии реша эпидермис (эпиблема) – пӯстлоқи ибтидоӣ ва силиндри марказиро фарқ мекунанд.

Эпидермис (эпиблема). Эпидермиси реша аз қабати зоҳирии ҳуҷайраи конуси  расиш,  яъне аз дерматоген, инкишоф меёбад. Сохти ҳуҷайраҳои эпидермис бо иҷрои вазифаи дар ин минтақа макидагирии реша зич алоқаманд аст. Пӯсти онҳо тунук аст, обро ба осонӣ мегузаронад вакутикула надорад. Дар эпидермиси реша сӯрохиҳои пӯст мавҷуд нест. Ҳуҷайраҳои эпидермис қобилиятноканд, ки мӯякчаҳои реша қобиланд,  растаниҳои обӣ ин гуна  қобилият надоранд. Дар онҳо мӯякчаҳои реша ё тамоман мавҷуд  нестанд ё ба миқдори кам вуҷуд доранд.

Мӯякчаи реша аз варамчаи ҳуҷайраи эпидермис меруяд ва аз 0,15 то 1 см дароз ва ба кӯндалангӣ якчанд микрон мешаванд..

Мезодерма аз ҳуҷайраҳои ковок ҷойгиршудаи паренхимаи фурӯбаранда иборат буда, массаи  асосии пӯстлохи ибтидоии решаро  дар бар мегирад. Ба воситаи ҳуҷайраҳои паренхимаи фурӯбаранда обу моддаҳои  минералӣ, ки мӯякчаҳои реша аз хок ҷудо карда мегиранд, ба зарфчаҳои силиндрӣ марказии реша равон карда мешаванд. Дар ҳуҷайраҳои мезодерма захираҳои калони моддаҳои ғизоӣ мешавад.

Эндодерма қабати дохилии пӯстлоқи ибтидоии реша мебошад ва силиндри марказиро иҳота мекунад. Одатан эндодерма аз якқабати ҳуҷайраҳои зич иборат аст. Деворчаҳои ҳуҷайраҳои эндодерма  баръакси деворчаҳои берунӣ, ба эпидермис нигаронида шудааст. Онҳо ғафс ва пӯка мешаванд, моддаҳои зиндаи ҳуҷайраҳо мемиранд. Дар ҳалқаи эндодерма  рӯ ба рӯи шӯълаҳои ксилема ҳуҷайраҳои махсуси гузаронандаи дорои пӯсти тунуки селлюлозагӣ ва моддаҳои зинда мавҷуданд. Ба воситаи онҳо об ба силиндри марказӣ дохил мешавад. Ба ҳамин тариқ мубодилаи моддаҳо  дар байни пӯстлоқи ибтидоӣ ва силиндри марказӣ танҳо ба воситаи ҳуҷайраҳои гузаронандаи эндодерма ба амал бароварда мешавад.

Силиндри марказӣ.  Силиндри марказии реша аз плеромаҳо – қабати дохилии ҳуҷайраи конуси расиш ташаккул меёбад. Қабати берунии силиндри марказии реша аз перисикл иборат мебошад. Перисикли  аксарияти растаниҳо аз як қабат ҳуҷайраҳои  зиндаи тунукдевор иборат буда, бофтаи пайдоиши давра ба давра амалкунандаро дар бар мегирад. Перисикл қабати пайдоиши реша  мебошад, зеро дар он решаҳои паҳлӯӣ гузошта мешаванд. Перисикл инчунин дар вақти гузаштан ба сохти дуюми реша баъзан камбияи пӯка ва мӯғҷаҳои иловагӣ, ки дар навдаҳои реша инкишоф меёбанд, ба камбий ибтидо мегузорад. Бандчаҳои радикалӣ барои решаҳои сохти ибтидоӣ системаи гузаронанда мебошанд. Вобаста ба миқдори шӯълаҳои ксилема ва миқдори участкаҳои аз паси онҳо будаи флоэма бандчаҳои як, дув а сешӯълагӣ ва ғайраро фарқ мекунанд. Агар шумораи шӯълаҳо аз 4 то зиёд бошад, бандча бисёршӯъла  номида мешавад. Хусусияти  бандчаи радиалӣ  азон иборат аст, ки камбий  надорад.  Дар маркази реша  мавҷуд  будани найчаи  калон  ё  ҳуҷайраи паренхимаи  чӯб мумкин аст, ки дар онҳо баъзан  моддаҳои ғизоӣ ҷамъ  мешавад.

Сохти дуюми реша. Сохти  якуми решаи растаниҳои  якпалла на  танҳо дар минтақаи  махсусгардӣ  (фурӯбарӣ), балки дар  минтақаи махсусгардӣ (фурӯбарӣ),  балки дар минтақаи  гузаронанда  ҳам  мушоҳида  карда  мешавад,ки дар натиҷа  решаи онҳо  барои ғафсшавии дуюм қобилияташонро  гум мекунанд. Ба растаниҳои дупалла  дар  минтақаи гузаронанда  сохти дуюми реша характернок аст, ки ғафсшавиионро таъмин мекунад.  Гузаштан   ба сохти дуюми аз  пайдоиши меристемаи  дуюм – камбий сар мешавад. Расми .40. Ба камбий перисикл  ва ҳуҷайраи бофтаи асоси реша ибтидо  мегузорад. Дар натиҷаи ин  сар то қабати камбий  ташкил мешавад, ки аввал шакли дуруст надорад. Камбий чунон ҷойгир мешавад. ,ксилемаи якум аз он дур дар марказ ,флоэмаи якум бошад,дар рӯи реша воқеъ мегардад. Дар байни шӯълаҳои ксилемаи  якум (дар зери флоэмаи якум)камбий флоэмаи дуюм ва ксилемаи  дуюмро ташкил медиҳад.,ки ба  тариқи коллатералӣ ҷойгиранд. Дар болои  шӯълаҳои ксилемаи якум камбий ҳучайраҳои паренхимии шӯълаҳои радиалиро ташаккул медиҳад. Азбаски элементҳои ксилемаи дуюм назар ба элементҳои флоэмаи дуюм бисьёртар ташкил меёбанд, камбий тадриҷан шакли дурусти мудавварро  мегиранд. Дар айни замон элементҳои дуюм ба флоэмаи якум фишор оварда ва он тадриҷан барҳам мехӯрад. Ксилемаи якум дар маркази реша нигоҳ дошта, бевосита бо ксилемаи дуюм пайваст мешавад. 

Ҳангоми гузаштан ба пӯстлоқи якум реша мемирад ва партофта мешавад. Ин дар натиҷаи аз перисикл пайдо шудани камбии пӯкагӣ ба амал меояд, ки дар зери эндодермаи бофтаи пӯка ташкил меёбад. Пӯка, ки аз ҳуҷайраҳои мурдагӣ иборат аст, пӯстлоқи аввалинро аз бофтаҳои дигари реша ҷудо мекунад ва боиси мурдану партофта шудани он мешавад. Пӯслоқи якум бо пӯстлоқи дуюм иваз мешавад, ки он ба туфайли фаъолияти камбий пайдо мешавад. Ин протсессро бештар пӯстпартоии реша меноманд.

Сохти бехмеваҳо.  Бехмеваҳо вазифаи ҷамъ намудани моддаҳои ғизоиро иҷро менамоянд ва ба ин муносибат бо баъзе хусусиятҳои анатомӣ фарқ мекунанд. Се типи сохти бехмеваҳоро фарқ мекунонанд: турб, сабзӣ ва лаблабу.

Типи турб.  Дар бехмеваи типи турб (шалғам, турб, брюква, турнепс) моддаҳои ғизоӣ дар паренхимаи ксилема ҷамъ мешаванд, ки дар натиҷаи ин қисми зиёди бехмеваро ксилема ишғол менамояд. Флоэма суст инкишоф меёбад ва қабати борики беруниро ишғол мекунад. Дар байни флоэма ва ксилема ҳалқаи камбий ҷойгир  аст.

Типи сабзӣ. Дар бехмеваи типи сабзӣ(петрушка, сабзӣ, пастернак) моддаҳои ғизоӣ дар флоэмаи паренхимаи пӯсти дуюм ҷамъ мешаванд. Аз ин сабаб флоэма ниҳоят инкишоф ёфтааст ва бар ксилема афзалият дорад.

Типи лаблабу. Хусусияти сохти бехмеваи лаблабу аз он иборат аст, ки дар он якчанд ҳалқаҳои камбий якбора амалкунанда ба амал меоянд. Ба ин ҳалқачаҳо перисикл ва бофтаҳои асосӣ ибтидо мегузоранд. Дар натиҷаи амалиёти ҳалқачаҳои камбий бандчаҳои гузаронандаи  алоҳида ба вуҷуд меоянд, ки аз ҳар тараф бо бофтаҳои асосӣ иҳота шудаанд. Бархилофи бехмеваи типи сабзӣ ва турб моддаҳои ғизоӣ дар бехмеваи лаблабу берун аз флоэма ва ксилема дар бофтаи махсуси захиракунанда, ки он бандчаҳои гузаронандаро иҳота карда ҳалқа  ташкил менамояд, ҷамъ мешаванд. Дар бурриши кӯндалангии лаблабуи озуқавӣ паи ҳам пайдошавии ҳалқаҳои равшан (камбий ва бандчаҳои ташкилкардаи онҳо) ва ҳалқаҳои тира (паренхимаи захиракунанда) нағз аён  аст. Шумораи ҳалқаҳои камбий дар баъзе навъҳои лаблабу ба 8 – 10 ва аз он ҳам зиёд мешавад. Ба туфайли мавҷудияти якчанд қабати камбий ин гуна сохти бехмева сохти сеюми реша но дорад.

Истифодабарии решаҳо. 

Инсон решаҳои растаниро ба эҳтиёҷоти худ васеъ истифода мебарад. Дар саноати қанд бехмеваи лаблабуи қандро истифода мебаранд. Инсон дар хӯрок бехмеваҳои гуногун – сабзӣ, шалғам, лаблабу, турб,  шалғамча ва ғайраро истеъмол менамояд. Бехмеваҳо ба хӯрокии чорво ҳам аҳамияти калон доранд. Решаҳои растаниҳои гуногун дар тиб ҳам барои тайёр кардани доруҳои ҳархела (валериан, женшен, алтей, чукрӣ ва ғайра) истифода карда мешаванд. Аз решаи баъзе растаниҳои каучук, гуттаперча (куксагиз, тағсагиз кримсагиз ва ғайра) тайёр мекунанд. Решаи растаниҳои гуногунро одам ба дигар мақсадҳо ҳам истифода мебарад.

test

Добавить комментарий