Барг хамчун узви пахлуги

Барг ҳамчун узви паҳлугии қисми руизамини баъзан таги заминаи поя Буда, ки бо якҷоягии он навдаро ташкил менамояд.Бо ёрдами барг проусеси муракаби байнашон бо муҳити атроф мегузоранд.Барг яке аз узвҳои асосии растаниҳои дараҷаи оли мебошанд, ки дар натиҷаи гузариши он ба муҳити хушки-замин,ки шароит гуногуни муҳит доранд баргҳои гуногун ба вуҷуд омад,ки иҷрои вазифаашон гуногунанд.

Барг аз тана пайдо шудааст.Дар просесияи дуру дароз таърихи вай дар натиҷаи тақсимшави ва дарозшавии навдаҳои тана дар як ҳамвори ва иҷрои вазифаи махсуси- фотосинтез нафаскаши хориҷ кардан обро дорад.

Вазифаи барг-дар ҳаёти растани аз 3 қисм иборат аст: фотосинтез, нафаскаши, ва хориҷ кардани об мебошад, ғайр аз он барг боз вазифаи ҷамъ намудани моддаҳои ғизоӣ (баргҳои сергушти карам, пиёзҳо ва дигарҳо), узви ҳимояткунанда (хорҳо), узви афзоиши нашвӣ (фикус, бегония, лимон ва дигарон).

Фотосинтез – просесси фотосинтезро олими химики англис Д .Пристил соли 1771 дар таҷрибааш мушоҳида намуд, ки ҳавои ифлосро фақат растсниҳои сабз дар офтоб ислоҳ менамоянд.

Дар омӯзиши ин просесс хизмати арзанда олими рус Тимирязев (1843 – 1920) гузоштааст, ки ба омузиши энергияи фотосинтез бахшида шудааст.

Вай нишон дод, ки фотосинтез ба қонуни нигодории ва дигаршавии энергия итоат карда ва муйаян намуд, ки просесси аз ҳама фаъоли фотосинтез на дар вақти ҷудошавии нурҳои зард балки ба ҷудошави спекторҳои сурх ки он баъдтар бо назарияи квантии равшани тасдиқ карда шуд.

Ба омузиши просесси фотосинтез бисёр олимони физиологи ватанӣ ва хориҷӣ М.С.Светлов, Сакс, В.Н.Любименко А.Л. Кирсанов ва дигарон саҳмашонро гузоштаанд. А.С.Фамински (1835-1918) якумин бор нишон дод, ки просесси фотосинтез метавонад дар шароити равшании сунъӣ низ гузарад.

Дар омузиши механизми фотосинтез ба комёбиҳои калон дар нимаи дуюми асри ХХ ноил шудаанд, ки усулҳои навтаринро истифода намудаанд (корҳои А.П. Виноградов, М. Калвин, А.А. Ничипирович, А.А Красновский, Т. Н. Годнева ва дигарон). Кушода шудани механизмии фотосинтез имконият медиҳад, ки нури равшаниро беҳтар истифода бурда бо ҳамин ҳосилнокии растаниҳои кишоварзиро баланд бардорем.

Маънои фотосинтезро мумкин аст, ки мувофиқи пешниҳоди Т.Б Буссенго ки соли 1840 пешниҳод кардааст чунин аст: энергияи + равшании офтоб + доначаҳои хлорофил С 6 Н 12 О6 + 60 2

Дар равшани аз оддитарин модаҳои ғайриорганики – об ва гази карбон – дар ҳуҷайраҳои растани (хлорофилл) моддаҳои органики (глюкоза) ва оксигени озод ба ҳаво ҷудо мешавад. Фуру бурдани нури равшани дар протсесси фотосинтез ба энергияи химияви табдил меёбад. Барои он ки дар барг моддаҳои органики хосил шавад (С02) дуоксиди карбонат лозим мебошад, ки онро аз ҳаво ба воситаи баргҳо фуру бурда мешавад, ки инро ғизои ҳавогӣ меноманд. Ғизои хоки (ғизои минерали), ки онро растани ба воситаи решааш ҷаббида мегирад.

Просеси фотосинтез ҳануз пурра омухта нашудааст. Тадкиқотҳои солҳои охир нишон дод ки фотосинтез аз як қатор реаксияҳои муракаби бо ҳам алоқаманди оксидшавию барқароршави иборат аст, ки онҳо бо тартиби муаян мегузаранд. Ғайр аз ин муаян намудаанд, ки як қисми реаксияҳо дар равшани дигарашон дар торики мегузарад. Барои ҳамин, просеси фотосинтез аз фазаҳои рушной ва торики иборат мебошад.

Реаксияи рушной ин реаксияи фотохимияви мебошад, ки он танҳо дар равшани ва фақатдар растаниҳое мегузарад, ки онҳохлорофил доранд. Дар натиҷаи реаксияи рушной энергияи равшании офтоб дар шакли алоқаи макроэнергии оденазинтрифосфат (АТФ) ба энергияи химиявӣ табдил меёбад. Ин просес фосфорикунонии фотосинтези номида мешавад. Алоқаи макроэнерги дар вақтигидролиз аз худ то 16 ҳазор калория ҷудо мекунад. Ин энергия дар тамоми просеси фаъолияти ҳаёти истифода карда мешавад Ҳангоми фосфоронидани фотосинтезӣ дар баробари синтези АТФ об низ ҷудо мешавад . Оксиген дар ин вақт ҷудо шуда, ба ҳаво хориҷ мешавад.

Растаниҳои сабзи руй замин соле то 450 МЛРД тона оксигени озодро ҷудо мекунанд, дар баробари он 175 млрд тона гази карбонатро пайваст намуда, 400 млрд тона моддаҳои органикиро синтез менамоянд.

Дар бораи аҳамияти барг дар просеси фотосинтез К.А.Тимирязев хело хуб гуфтааст: тамоми моддаҳои органики, сарфи назар аз гуногуниашон,дар растанӣ ё ҳайвонот ва ё инсон дучор мешавад,бо воситаи баргҳо гузаштаанду аз моддаҳое таркиб ёфтаанд, ки онҳоро баргҳо ҳосил намудааст. Дар табиат берун аз барг ва доначаҳои хлорофилл лабораторияе мавҷуд нест, ки дар он ҷо моддаҳои органики ҷудо мешуда бошад.

Нафаскаши. Асосгузори таълимот доир ба нафаскаши ин Н.Т.Бусенго (1797) мебошад, ки дар таҷриба нишон дод, ки растаниҳо низ ба монанди ҳайвонот нафас мекашанд. Дар просеси нафакаши моддаҳои муракаби органики бо оксиген таъсири байниякдигар расонида, турш намуда ба об ва гази дуоксиди карбон ҷудо мешаванд. Дар натиҷа энергияе ки дар дохили онҳо маҳфуз аст озод мешавад ва ин энергия дар организм барои зиндагиаш истифода мешавад.

Нафаскаши бо монанди фотосинтез ин просеси муракаби биохимиявӣ буда бо баробарии умумии онро ин тавр нишон дода

С 6 Н 12 О 6 +6О 2 =6СО 2 + 6Н 2 О+ +272,8 кҶ

Дар вақти нафаскаши оксигенро фуру бурда, ду оксиди карбонро бо як миқдор об ва 272,8 кҶ гарми хориҷ мекунанд, ки ин просеси чапаи фотосинтез мебошад, ки дар ин суръат энергияро фуру бурда, оксигенро хориҷ менамоянд.

Ҳамин хел тасавурот пайдо мешавад, ки як протсеси физиологи дигарашро нест менамояд. Дар асл бошад ин ҳодиса руй намедиҳад, чунки протсеси фотосинтез назар ба протсеси нафаскаши аз 10 то 30 маротиба зиёдтар мегузарад. Барои ҳамин просеси фотосинтез дар растаниҳо ҳама вақт ғалаба мекунад аз болои протсеси вайроншавии моддаҳои органикӣ-нафаскашӣ.

Нафаскашии растаниҳо шабу руз мегузарад, локин шабона ин протсес хело суст мегузарад. Ба ғайр аз ин агар просеси фотосинтез фақат дар қисмҳои сабзи растани гузарад, нафаскаши бошад дар тамоми қисмҳои зиндаи растани-баргҳо, реша, тана, меваҳо, тухмҳо мегузаранд. Просеси нафаскаши аз як қатор аломаҳо вобастагӣ доранд. Масалан дар ҳолати баланд шудани ҳарорат нафаскаши зиёд мешавад, локин агар ҳарорат аз 40 о С зиёд шавад ё аз О о С паст хамбад нафаскаши қад мегардад. Ин барои он руй медиҳад, ки ҳаво дар ин ҳароратҳо кам мешавд. Дар баргҳои ҷавон суръати нафаскаши тезтар буда дар баргҳои пир камтар мшаванд. Ин просес дар растаниҳои гуногун ҳар хел мегузаранд.

Траспирасия. Просеси хориҷ намудани обро транспирасия меноманд., ки ин барои растаниҳо аҳамияти калон дорад. Ба растаниҳо аз хок моддаҳои минералии дар об ҳазм шуда дохил мешавад, ки он барои ҳосл кардани моддаҳои органики ба монанди глякоза лозим мебошад. Об аз растани хориҷ мешавад, моддаҳои минералии дар об ҳазм шуда дар растани мемонад, ки натимҷаи фотосинтез ба моддаҳои гуногуни органики табдил меёбад. Дар ҳолати просеси транспирасия об дар бадани растани доимо дар ҳаракат мебошад. Барои ҳамин просеси транспирасия обро ба воситаи тана ба боло мебардорад.

Просеси транспирасия барои хунук кунонидани растаниҳои иқлимаш гарм аҳамияти калон доранд, то ки бадани растани доимо аз гармии ҳова эмин нигоҳ дошта шавад. Дар ҳолати транспирасия ҳарорати растани то 5-7 о С паст мефарояд. Растаниҳои гуногун обро як хел хориҷ намекунанд. Мисол як буто ҷуворимака дар як фасли сол то 150 кг об, офтобпараст 200 кг, нахуд-5 кг, кактусҳо обро хело кам хориҷ мекунанд, ҳамагӣ 2700 кг дар як сол.

Шакл ва ҳаҷми барг. Баргҳо аксар вақт шакли васейҳамвор доранд, ки ин иҷрои вазифаи онро осон мегардонад (доштани нурҳои офтоб, нафасгири, ва хориҷ кардани об).

Қисмҳои барг –Барги муқарарӣ иборат аст аз лаъличаи барг, думча, ва рагҳо, локин ин қисмҳои асосиро на ҳамаи баргҳо доранд.

Лаъличаи барг. Ин яке аз қисмҳои асосии барг мебошад. Вай нисбат ба дигар қисмҳои барг калонтар мебошад. Аксар вақт лаъличаи барг паҳн, баъзан найчашакл (пиёзҳо), дилшакл, гирд тухмшакл (тут,чормағз) сузаншакл (қарағай) мешаванд.

Вобаста ба хусусиятҳои канори лаъличаи баргҳо мешаванд: дандонадор, бутунканора, аррашакл, чок-чок ва ғайраҳо мешаванд.

Ба баргҳои бутунканора ҳамон баргҳое дохил мешаванд, киканори лаъличаи баргашон ҳамвор мешаванд (сирен-Ёс). Агар канори лаъличаи барг дандонадор бошад, онро дандонадор меноманд (сафедор, газна, тут, олучабандак). Вобаста ба хусусиятҳои канори лаъличаи барг мешаванд-дандонаш тез, аррашакл ва дандонаш гирдро фарқ мекунанд.

Барҳоро аз руй сохти ҷойгиршавии лаъличаашон дар думчаи барг ба баргҳои оддӣ ва муракаб тақсим мекунанд. Ба баргҳои одди ҳамон баргҳое дохил мешаванд, ки дар як думча як лаъличаи барг ҷойгир шудааст, ва ҳангоми ҳазонрези лаъличаи барг бо ҳамроҳии думчааш якҷоя меафтанд (сирен, чанор, тут ва ғайраҳо). Ба баргҳои муракаб, ҳамон баргҳое дохил мешаванд, ки дар як думчаи барг якчанд лаъличаи барг ҷойгир мебошанд ва дар вақти хазонрези аввал лаъличаи баргҳои алоҳида, баъд думчаи баргҳо меафтанд (юнучқа, люпин, шаҳтути замини, қатраборон, акасияи сафед, ва дигарон).

Баргҳои одди аз руй сохти лаъличаашон ба баргҳои бутун, паррадор ҷудо карда мешаванд.

Баргҳои бутун-лаъличаи баргашон бутун мебошанд. Онҳо метавонанд канори баргашон бутун бошанд (сирен) ё ин ки канорашон дандонадор (хаданг, липа, газанда) мешаванд.

Баргҳои парадор – лаъличаи баргҳо бо пораҳои алоҳида тақсим шудаанд, пораҳои он аз 14 қисми паҳмии лаъличаи баргро ташкил менамоянд(булут, хастут, шири харак).

Баргҳои буридашуда – лаъличаи баргҳо ба қисмҳои алоҳида бурида шудааст, ки канорҳои лаълича чуқур бурида шудааст, локин қисми бурида шуда аз 2/3 қисми паҳнии лаъличаи баргро ташкил менамояд ( геран).

Баргҳои чок – лаъличаи баргҳо чунон чокие доранд, ки то думчаи асоси омада мерасанд (картошка) ин ки баргҳояшон шакли риштамонанд мешаванд (ҷаъфари, ҷорубҳо). Буғумҳои алоҳидаи баргҳо дар баргҳои алоҳидаи растаниҳо якхела нестанд. Барои ҳамин баргҳои зеринро фарқ мекунанд-себарга баргҳо (чанораки хазанда, себарга), баргҳои панҷашакл (чанорак, чанор, банги девона), ҷуфтбаргҳо, тоқбаргҳо ва ғайраҳо мешаванд. Лаъличаи баргҳо бо рагҳо ҷиҳозонида шудааст, ки ин рагҳо ҳамчун банчаҳои гузаронанда шуда хизмат мекунанд. Аз байни лаъличаи баргҳо раги аз ҳама ғафс мегузарад, ки аз он ба тамоми лаъличаи барг рагҳои барик тақсим мешавад. Раги асоси ба думчаи барг ва танаи растани қати мешавад.

Ҷойгиршавии рагҳо дар лаъличаи баргҳои растаниҳои гуногун як хела нестанд. Дар растаниҳои ғаладонагӣ рагҳо бо тарзи параллели бо дарозии лаъличаи барг ҷойгиранд (ҷуворимака, гандум,ҷав, пиёз), рагҳои камоншакл, дар канори лаълича қариб параллель ҷойгиранд (ландыш, зуф), рагҳои элакшакл, ки мисли тури элак ҷойгирандбинобар ин аз ҳама фарқ карда меистанд (барси себи биҳи). Хусусияти рагронии баргҳо барои систематикаи растаниҳо аҳамияти калони илми доранд, дар вақти муаян намудани авлодҳо, намудҳои гуногун ва ғайраҳо. Мисол рагҳои параллели ва камоншакл ба растаниҳои якпалагӣ, рагҳои панҷашакл ва пармонанд барои растаниҳои дупалагӣ хос мебошанд.

Аҳамияти рагҳо аз он иборат мебошад, ки об ва моддаҳои дар об ҳазмшударо аз поя ба баргҳо ва аз барг ба поя моддаҳои ҳосил шудаи органикиро мегузаронад. Вазифаи дуюми баргҳо дар он аст, ки рагҳо такягоҳи лаъличаи барг буда, онро аз таъсири механики борону барф, шамол ва ғайраҳо нигоҳ медорад.

Руй лаъличаи барг бо муякчаҳо ва моддаҳои мумшакли лағжонак пушонида шудааст, ки онҳо баргро аз бухоршавии барзиёд аз таъсири баланд ва пастшавии ҳарорати ҳаво эмин медорад.

Думчаи барг –Аксари аксарияти баргҳои растаниҳо бо воситаиьдумчаи барг ба тана пайваст мешаванд. Ин хел баргҳоро думчадор меноманд. Думчаи баргҳо метавонанд дар як растани дарозу кутоҳ шаванд, ки ин барои пуратар истифодабурдани нури офтоб кумак мера сонад. Ғайр аз ин ба воситаи думча об ва моддаҳои минерали аз поя ба барг ва думчаи барг руй лаъличаи баргро ба тарафи офтоб мегардонад. Думчаи барг барои серҳаракату мустаҳакам шудани лаъличаи барг ёри мерасонад.

Баргҳо баъзан бе думча мешаванд, ки онҳоро баргҳои нишаста меноманд. Қисми поёнии чунин баргҳо васеъ шуда пояро печонида мегиранд (дар камолҳо, ҷуворимака, ғаладонагиҳо-дида мешавад).

Думчаи барг баъди афзоишёбии лаъличаи барг аз бофтаи ҳосилкунанда пайдо мешавад, ки дар қисми поёнии лаъличаи барг ҷойгир мешавад.

Қисмҳои наздибаргӣ- Аксар растани дар қисми поёнии баргашон баландии махсус доранд, ки онро қисми наздибаргӣ меноманд. Одатан дар барг ду қисми наздибаргӣ афзоиш меёбад, ки шаклан онҳо гуногунанд: дар шакли баргҳои хурд, пардача, пулакча, хор зоҳир мешаванд. Қисми назди барги нисбат ба барг (юнучқа) хело хурд мешаванд. Вале вай дар баъзе растаниҳо мисли барг калон мешаванд (мушунг).Қисми наздибаргӣ бештар ба растаниҳои дупалагиҳо хос мебошанд. Дар растаниҳои якпалагӣ ба ҷой наздибарг-забонак ё гушакча (ғаладонагиҳо) афзоиш меёбад. Забонаки барг дар натиҷай пайваста шудани ду қисми наздибарг пайдо шудаанд.

Қисмҳои наздибаргӣ пеш аз барг инкишоф меёбад, ки он барои муҳофизат кардани баргҳои ҷавони кушода нашуда аҳамияти калон доранд. Баъзан онҳо вазифаи вазифаи баргро (чинаи бе барг, мушунг) иҷро мекунанд . Дар баъзе растаниҳо онҳо дар гирдогирди поя гирдогирди поя бо ҳам пайваста сабзида, найчаи холиро ташкил медиҳанд (гречиха).

Сохти барги растаниҳои хушадор. Барги растаниҳои хушадор аз бағала, лаъличаи барг, забонак ва гушакҳо иборат аст.Бағалаи барг пояро монанди найча фаро гирифта, байни буғумҳои пояро муҳофизат мекунад, ки дар асоси он меристемаи аввалин ҷойгир аст ва баргро мустаҳакам нигоҳ медорад.

Дар қисми болой бағала лаъличаи барг пайдо мешавад. Дар ҷое ки бағала бо лаъличаи барг мегузарад, дар бисер растаниҳои хушадор пардача ба вуҷуд меояд, ки онро забонак меноманд. Дар паҳлуҳои лаъличаи барг боз ду неши борик инкишоф меёбад, ки онҳо пояро зич фаро мегиранд. Онҳо гушакҳо номида мешаванд. Шакли забонак ва гушакҳои растаниҳои хушадор хело гуногунанд.ойгир

Ҷойгиршавии баргҳо –Баргҳо дар пояи растаниҳои гуногун бо тартиби муаян ҷойгир мешаванд. Баргҳоро дар пояи растаниҳои бо 3 типи ҷойгиршавиашон фарқ кардан мумкин аст: б навбат, рӯ ба рӯ ва доиравӣ.

Ҷойгиршавии бо навбати барг-ба растаниҳое хос мебошад, ки барги онҳо тоқа-тоқа дар ҳар буғум яктогӣ ҷойгир мешаванд, ки ин баргҳоро дар поя бо таври спирали ё бо навбат ҷойгир менамояд. Ба ин аксар растаниҳои дараҷаи оли (дарахтон ва алафҳо)-себ, нок, олуболу офтобпараст, каду) дохил мешаванд.

Ҷойгиршавии рӯ ба рӯи барг –дар ҳолате дида мешавад, ки дар як буғум ду барг рӯ ба рӯ ҷойгир мешаванд (ЕС, газна, пудина).

Ҷойгиршавии ҳалқавор- доиравӣ дар ҳолате руй медиҳад, ки дар як буғум зиёда аз се барг ҳалқавор ҷойгир мешаванд (подмаренник, рундак). Ин шакли ҷойгиршавии баргҳо дар табиат назар ба ду типи аввал камтар дида мешаванд.

Ҳодисаи «хоби»-и барг-Барги аксар растаниҳо ҳодисаи «хоб»-ро аз сар мегузаронанд, ки ин ҳодисаро дар охири руз нағз мушоҳида кардан мумкин аст. Ин ҳодиса дар растаниҳое дида мешавад, ки барги муракаб доранд: себарга, юнучқа, қатраборон, ки дар охири рӯз баргҳояшон ба тарафи замин хам шуда меистанд.

Гуногунбаргӣ (гетерофилия)-Ҳар як растани сохти махсуси барги ба худ хосро дорад. Вале баъзан растаниҳое вомехуранд, ки дар як бута баргҳои аз ҷиҳати шакли морфологӣ гуногун афзоиш меёбад.

Гуногунбаргии синнусолӣ- Дар растаниҳо вобаста ба сину солаш се гуруҳи баргҳоро фарқ кардан мумкин аст: баргҳои поёни, мобайни ва болой, ки онҳо бо шаклашон, ҳаҷмашон ва бо хусусиятҳои химиявиашон фарқ мекунанд. Баргҳои поёнии дар растаниҳои пиршуда, лаъличаи баргашон хурд мешаванд, ва аксар вақт онҳо пеш аз дигар баргҳо хушк мешаванд. Баргҳои мобайни дар қабати байни растаниҳо ҷойгир мешаванд. Ин багҳо назар ба дигарашон нағз инкишоф ёфта мебошанд, онҳо барои ҳамон ратани бештар хос мебошанд. Баргҳои болой дар нуги навдаҳо ҷойгиранд ва баргҳои ғайритипӣ мебошанд. Ҳаҷми онҳо нисбат ба баргҳои мобайни хурд буда, шаклу рангашон низ дигар хел мешаванд.

Ҳаҷми баргҳо- Баргҳо ҳаҷман гуногунанд. Барги баъзе растаниҳо аз якчанд милиметр сар карда дар дигарашон то як метр ва аз ин ҳам зиёд мешаванд. Дарозии барги пальмаи бразилиягӣ то 12 м мешавад. Думчаи барги он то 4-5 метр дарози дорад. Баъзе намояндагони растаниҳои оби, баргҳои калон доранд, ки дар руй об шино карда меистанд. Растаниҳои оби викторияи рениа баргҳои гирд доранд,

ки диаметри он то 2 м мешавад. Чунин баргҳо дар об шинокунон то 30-40 кг борро бардошта метавонанд.

Давомнокии умри барг- Давомнокии ҳаёти барги растаниҳои гуногун ҳар хел мешаванд. Барги аксар растаниҳо баҳор сабзида то тирамоҳ хазон шуда мерезанд. Барги растаниҳои дигар аз 1 то 10-15 сол умр доранд Ҳато растаниҳо бо номи ҳамешасабз , ҳам баргони «абади» ном доранд. Давомнокии ҳаёти баргони растани чунин аст қарағай-2 сол, ель-5-7 сол , тсс-6-10 арчаи укария-15, булути пукагӣ-1-3 сол. Баргӣ Велвичияи африкои зиёда аз 100 сол умр мебинад.

Ҳазонрезӣ – Дар давоми сол барги растаниҳо мерезанд. Ин ҳодисаро ҳазонрези меноманд. Баргони растани ҳодисаи қонуни мебошанд. Ин ҳодиса дар тамоми минтақаҳои кураи замин мушоҳида карда мешавад. Локин он дар тамоми минтақаҳо дар як вақт ба амал намеояд. Дар минтақаи иқлимаш мутадил барги растаниҳо тирамоҳ дар баробари паст шавии ҳарорати ҳаво мерезанд. Дар ин вақт аз сабаби паст шудани ҳарорати ҳаво растаниҳо аз хок миқдори кофии обро гирифта наметавонанд, ки дар натиҷа просеси ҳаётии онҳо суст мешавад, ки ин ба ҳазонрезии оварда мерасонад ва растаниҳо ба давраи ороми рафта мерасанд. Дар минтақаҳои тропики бошад, ҳазонрези дар давраи хушки, вақте ки мудати дароз борон намеборад, ба амал меояд.

Дар баробари таъғир ёфтани шароити муҳити беруни дар тирамоҳ пигменти баргҳо вайрон мешаванд. Аввал хлорофил вайрон мешавад, каротин ва ксантофил бошад дер нигоҳ дошта мешаванд, ки ин ранги баргҳоро зард ва сурхчатоб мегардонад.

Ҳангоми хазонрези боз дар баргҳо кристалҳои намак ҷаъм мешаванд, ки дар асоси думчаи барг бофтаи ҷудокунанда пайдо мешавад. Дар шаоити номусоид моддаҳои байниҳуҷайрагии қабати ҷудокунандаи ҳуҷайра тақсим мешавад. Дар натиҷаи ин ҳуҷайраҳо аз ҳам ҷудо мешаванд ва думчаи барг аз поя ҷудо мешавад ва танҳо бандҷаҳои гузарандаи баргҳо бо поя пайваста мемонад, ки ондак шамол кифоя аст, ки барг аз поя ҷудо шуда афтад. Баъди рехтани барг дар поя захм пайдо намешавад, балки сурохии пушидаи думчаи барг боқи мемонад.

Ҳазонрези ҳодисаи муқарарии физиологии ҳаёти растанӣ мебошад, ки таърихан аз авлод ба авлод боқи монда, ин ҳодисаи биологи мустаҳакам гардидааст. Дар шароити муҳити сунъи ҳам растанӣ дар давраи муаян барҳои худро мепартояд.

Баргхои растаниҳои ҳашаротхур – Дар баини растаниҳои гуногун баъзе намудҳои растаниҳои ҳашаротхур (қариб 450 намуд) мавҷуд мебошад, ки онҳо баргони ба худ хос доранд. Ин растаниҳо якбора ба мисли растаниҳои муқарарӣ аз ҳисоби фотосинтез ва ҳам моддаҳои органики ҳашаротҳо ғизо мегиранд.

Дар ботлоқҳои торфии қисми шимолии Россия растании ҳашаротхури расянка васеъ паҳн грдидааст. Ин растании начандон калон буда, баргони хурду гирда дошта, ки дар назди реша ҷаъм шудааст. Баргони ин растани бо муякчаҳои ғадуддор пушида шудааст. Дар нуги ин муякчаҳо қатраи дуоби часпаки шафофи шабнам ҷудо мешавад. Ҳашарот ба ин қатраи луҳоби ширанок нишаста часпида мемонад. Дар натиҷаи ҳаракати ҳашарот барои наҷотёфтан муякчаҳо мутаасир шуда, дар натиҷа онҳо ба марказ қат мегарданд, ки сараки муякҳо ба ҳашарот зарба расонида онро бо луҳоб ғутонида мекушанд. Дар ин вақт баргҳои расянка ферментҳои махсусро ҷудо мекунанд, ки он пайвастаҳои сафедаро ба аминакислотаҳо тақсим менамоянд. Ин моддаҳоро растани ба осони фуру мебаранд ва аз нав ба иҷрои вазифаашон шуру менамоянд.

Шаклҳои таъғир ёфтани баргҳо. Ин ҳодисаи муқарари мебошад. Барҳо бо танобак, хор, филлодия, пулакча табдил меёбанд. Дар бисёр растаниҳо қисми болои барг ё тамоми барг ба танобакҳои оддӣ 1 муйлабчаҳои шохадор табдил меёбанд, ки ба ёрии онҳо растаниҳои дорои пояи сусту борик, ҳолати вертикалии худро нигоҳ медоранд (лубиё, мушунг, ангур) . Дар растаниҳои дигар як қисми барг ё тамоми он ба хор ҳо табдил меёбанд, ки инҳо ҳамчун узви муҳофизаткунанда хизмат мекунанд. Чунин баргҳо дар зирк, кактус, янтоқ вомехуранд.

Дигаргуншаклии баргҳоро– Филлодея меноманд, ки дар баъзе аксияҳои минтақаи хушки меруянд. Думчаи онҳо шакли баргро мегирад. Дар нуги он лаъличаи ҳақиқии нозуки барг ҷойгир мешавад.

Дар шароити биёбонҳои хушк, дар заминҳои шура растаниҳое меруянд, ки барги онҳо шакли пулакчаро дорад, ки онҳоро растаниҳои гуё бе барг меноманд (анабазис, эфедра).

Сохти анатомии барги растаниҳои дупалагӣ – Барг узви доимии растани нест. Барои ҳамин ҳам, фақат вохти аввалин дорад. Барг ҳам аз боло, ҳам аз поён бо эпидермис пушонида шудааст.Эпидермиси болой бо миқдори ками масома дошта, ҳар ҷо-ҳар ҷо бо пардаи шафофи ғафси структурӣ-кутикула пушонида шудааст. Эпидермиси поёни бошад-кутикула надорад. Дар он даҳончаҳои бисьёр ташкил меёбад, инчунин моддаи мумшакл ва муякҳо инкишоф меёбанд. Ба воситаи даҳонча ду вазифаи муҳими барг гузаронида мешаванд. Дар 1 мм2 рӯй барг одатан аз 100 то 300 даҳонча мавҷуд аст. Дар баъзе растаниҳо шумораи онҳо зиёд мешаванд. Дар байни эпидермиси болои ва поёнӣ мезофил ҷойгир аст. Мезофил аз паренхимаи асосии ассимилясиони иборат буда, бо ду типи бофтаи-сутуншакл, ки бо эпидермиси болои пайваста мешавад ва исфанҷшакл, ки бо эпидермиси поёни якҷоя мешавад, тақсим мешавадҳуҷайраҳои бофтаи сутуншакл дарозу кашидашуда буда миқдори зиёди хлоропласт дорад ва зич ҷойгир буда массофаи байниҳуҷайрагӣ надорад. Вазифаи асосии онҳо фотосинтез мебошад. Бофтаи исфанҷшакл аз ҳуҷайраҳои гирда иборат буда, ковоку масофаи байниҳуҷайрагии калон доранд. Дар ин бофтаҳо миқдори хлоропластҳо камтар мебошанд. Дар ин бофтаҳо ғайр аз фотосинтез боз мубдилаи газҳо ва транспирасия ба амал бароварда мешавад.

Мезофил бо банҷаҳои гузаронанда, ки рагчаҳо номида мешаванд, фаро гирифта шудааст. Бандчаҳои гузаронандаи барг-коллатериалӣ пушида мебошад. Баъзан дар рагӣ асосӣ баъди ташакули барг якчанд вақт камбии барик боқи мемонад. Флоэма бо руй бофтаи исфанҷшакл, ксилема бошад ба суй бофтаи сутунчашакл нигаронида шудааст.

Бофтаи механикии барг аз склеренхима иборатанд, ки аз тарвфи флоэма бандчаҳои гузаронандаро иҳота мекунанд. Дар зери эпидермис бештар калленхима, дар мезофилла бошад ҳуҷайраҳои ҷудогонаи таьякунанда –идиобластҳо вомехуранд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.