Афзоиши растанихо

Афзоиш яке аз хусусиятҳои ассосии организмҳои   зинда мебошад. ҳам    растаниҳои оли ва ҳам намояндагони растаниҳои одди меафзоянд. Дар олами растанӣ усулҳоӣ афзоиш гуногунанд. ҳам  намояндагони растаниҳои оддӣ ва ҳам дараxаи олии пeшидаи тухм(гулнок)  бо се усул меафзоянд: усулҳои xинсӣ, ғайриxинси  ва нашвӣ. ҳангоми афзоиши xинси организми нав дар натичаи якчоя шудани ду хучайраи xинсии аз xихати физиологи сифатан гуногун ба вуxуд меояд. Аз ин сабаб афзоиши xинсиро бештар такрористеҳсолкунии xинсӣ меноманд. ҳангоми афзоиши ғайриxинсӣ организми нав аз як ҳуxайраи гаплоидии  организм бе якxояшавии пешаки пайдо мешавад. Дар вақти афзоиши нашвӣ организм нав аз  қисми нашвии узви растанӣ ба вуxуд меояд.

         Афзоиши нашвӣ. Афзоиши нашвӣ ба регенерация — яъне ба қобилиятнокии растани барои барқарор намудани қисми гумкардаи узв асос меёбад.

         Организми нави растаниҳои оддӣ — обсабзҳо, замбуруғҳо, лишайникҳо  аз порчаи таллом, масалан, аз порчаи ресмони обсабз , гифи (ресмон) замбуруғ , қисми кандашудаи лишайник ва ғайра пайдо шуда метавонад.

         Роҳҳои афзоиши нашвии растаниҳои  олӣ , аз xумла растаниҳои пушидатухм, хеле гуногунанд. Дар шароити зироаткори ин усулҳо ба манфиати инсон такмил дода шудаанд .ҳам  дар шароити табии ва ҳам дар шароити зироаткори растаниҳои пушидатухм аз қисмҳои реша,поя, барг ва метаморфоза онҳо меафзоянд.

           Усулҳои зерини афзоиши вегетативӣ бештар паҳн гардидаанд :

         Афзоиш бо решапоя. Аксари алафҳои бисёрсола аз решапоя меафзоянд, ки ба туфайли ин усул онҳо дар муддати кутоҳ майдони васеъро ишғол менамоянд. Расиши солонаи решапояи бисёр растаниҳо аз 10-15 см (чилбуғуми саҳрои) то 150-300 см (гречихаи сахалини) мебошад.

         Афзоиш бо усули лундаҳои зеризаминӣ.Дар шароити зироаткори картошка, топинамбур, георгина ва дигар растаниҳоро бо лундаҳои зеризамини зиёд мекунанд.Дар шароити табии он растаниҳое ,ки лундареша доранд ,бо ин усул меафзоянд.

         Афзоиш бо пиёзакҳо. Ин усул дар байни растаниҳои биёбонӣ , нимбиёбон ва баландкӯҳ васеъ паҳн гардидааст.Ин растаниҳо мавсими нобоби солро дар шакли пиёзак аз сар мегузаронанд. Ҳар сол дар назди пиёзаки модарии растаниҳои бисёрсолаи пиёзакдор пиёзакҳои нав – пиёзакчакҳо ташкил меёбанд. Соли дигар пиёзакчаҳо ба растании нав ибтидо мегузоранд. Ба туфайли ин гуна афзоиш растаниҳои пиёзакдор дар муддати кeтоҳ территорияи калонро ишғол менамояд . Масалан , дар  Осиёи Миёна минтақаҳои калонро лолазор ишғол мекунад. пиёзакҳои  лола то баҳори оянда дар ҳолати оромӣ дар рег xойгиранд.

         Дар шароитҳои зироаткорӣ пиёз, сир, лилия, лола , ва ғайра бо усули пиёзак зиёд мешавад.

         Афзоиш ва навдаҳои реша. Ин усули афзоиш дар бисёр хелҳои дарахтон, инчунин баъзе алафҳо мушоҳида  мегардад. Навдаҳои аз муғxаҳои иловагии решагии ба таври эндогенӣ гузошта  мешудагӣ месабзанд. Аз ин муғxаҳо навдаҳои рeизаминӣ инкишоф меёбанд. Агар  навдаи  аз муғxаи иловагӣ   инкишофёфта бо решааш xудо карда шавад, растании  мустақил пайдо хоҳад шуд. Дар  шароити табии  растание, ки аз решанавда  инкишоф меёбанд, ба зудӣ майдони калонро ишғол менамояд. Дар растанипарварӣ ин гуна растаниҳоро аз решанавда зиёд мекунанд. Навъҳои растаниҳое, ки  навдаҳои решагиро ташкил медиҳанд, растаниҳои решанавдаи номида мешавад. Бисёр растаниҳои донакдор- олу, олуча, олуболу, инчунин сафедор, бед, санxид, аз алафҳо печак қоқу ва ғайра бо осонӣ решанавда ташкил медиҳад.

           Бисёр   растаниҳои хазанда бо воситаи танобак ва растаниҳои хобанда  ба воситаи танобак афзоянда шоҳтути заминӣ, лапчатка, себаргаи хазанда, чинораки хазанда, ва ғайра дохил мешаванд. Чунон ки маълум аст, навдаҳои хазанда дар айни замон танобчаҳо мебошад. Танобчаҳо реша гирифта, навдаи рeизаминиӣ- розетка медиҳанд. Ин розетка аз нав навдаҳои рeизамини ёзанда- танобчаҳо сар медиҳад. Дар охир  танобчаҳо, ки растаниҳои розеткадорро бо якдигар мепайванданд, мепeсад ва ҳар яки ин розетка мустақил шуда, танобчаҳои навро ташкил менамояд. Ин раванд чандин карат такрор мешавад.

          Растаниҳои дорои навдаҳои хобанда ҳам дар натиxаи ба замини намнок расидани ҳар кадом буғум ба осонӣ реша мегиранд. Дар ин ҳолат ҳам мисли растаниҳои хазанда дар натиxаи фаъолияти муғxаҳои иловагӣ аз буғумҳо растании нав пайдо мешаванд.

         Афзоиши навдагӣ дар растани дар растаниҳои кадушакл мушоҳида карда мешаванд.

          Афзоиш бо роҳи фарғон кардан. Ин усулро дар растанипарварӣ ба кор мебаранд. Ин усули афзоиш аз он иборат аст, ки аз пояи асосии растани фарғон карда, навда ва шохаро ба замин қат карда гӯр мекунанд.Баьди чанд вақт он реша давонда, аз растании модари xудо мешавад.  Ба воситаи фарғон ё баҳори барвақт ё тирамоҳ растаниҳоро зиёд мекунанд. Бо усули фарғон ток, анxир, дигар  навьҳои зоти анxир ва анорро зиёд мекунанд.

         Бисьёр растаниҳои мевадиҳанда – малина, мармиxон, крижовник, анор қорт, инчунин алафи бунафша, алафҳои хeшадори гуногун бо усули тақсим кардани буттаҳо зиёд карда мешаванд.

         Ин усули афзоиш ба он асос ёфтааст, ки аз буттаи модарӣ навда ё якчанд навдаи решадорро xудо карда мегиранд.  Ин усули зиёдкуниро дар зироаткори он вақт васеъ истифода мебаранд, ки агар аз растании модарӣ растании навро бо решааш xудо кардан муясар гардад.

         Афзоиш бо қаламча.  Қисми танаи растанӣ, ки аз растании модарӣ бо мақсади афзоиш xудо карда шудааст, қаламча номида мешавад.  Қаламча се хел мешаванд:  решагӣ, поягӣ ва баргӣ.  Бо қаламча зиёд кардани растаниро дар шароити боғдорӣ истифода мебаранд. Дар табиат ин усул баъзан ва тасодуфан ба амал меояд.  Масалан, навдаи шикаста ба замин афтодаи растанӣ дар сурати мавxудияти нами реша гирифта ба растании нав табдил ёфта метавонад.

         Дар боғдорӣ ва гулпарварӣ бо қаламча зиёд кардани растаниро васеъ истифода мебаранд.  Ин усулҳо ҳам хеле гуногунанд.  Бо усули қаламчаи поя зиёд кардани ратанӣ аз ҳама бештар ба кор бурда мешавад.

         Қаламчаи поягӣ ду хел мешаванд: сабз ва зимистона.  Дар гулпарварӣ гулҳои хонагиро бо қаламчаи сабз зиёд мекунанд.  Бо ин мақсад аз растании модарӣ як навдаи дорои 3-5 баргро бурида мегиранд.  Бофтаҳои меристемаи буғум барои тезтар решагирифтани қаламча ёрӣ мерасонад.  Қаламчаро пешакӣ дар реги нам шинондан мумкин аст.  Зеро дар реги нам қаламча зуд реша мегирад, чунки дар рег боқимондаҳои моддаҳои органикӣ мавxуд нестанд. Илова бар ин қаламчаҳои ҳануз решанагирифта аз бактерияҳои пусонанда муҳофизат карда мешаванд.

         Бо қаламчаҳои сабз баъзе хелҳои дарахтонро зиёд кардан мумкин аст.  Бо ин мақсад қаламчаҳоро дар охири баҳор ё аввали тобистон баъди комилан пайдо шудани баргҳо мегиранд.  Ин гуна қаламчаҳо тобистона номида мешаванд. Қаламчаҳои бурида гирифташуда ба дарозӣ бояд 4-7 баргдошта бошанд.  Ин қаламчаҳоро ҳам дар реги нам мешинонанд.  

Қисми зиёди дарахтони ороишӣ, мевадиҳанда ва xангалӣ бо қаламчаҳои зимистона зиёд карда мешавад. Қаламчаҳои зимистонаро аз навдаҳои 1-2 сола ё 3-4 сола мегиранд.  Қаламчаҳои зимистона назар ба тобистона дарозтар гирифта мешаванд.  Вобаста ба навъи растани қаламчаҳои зимистонаро ба дарозии 8-25см мегиранд. Баъзе навъи дарахтон – чинор, сафедор, бед, анор ва ғайра, асосан бо қаламчаҳои  зимистонӣ ба осонӣ меафзоянд, онҳоро бо дигар усул намеафзоёнанд.

Бо қаламчаҳои навдагӣ афзудани тамоми растаниҳо мумкин аст. Вале қобилияту суръати  решагирии онҳо гуногун аст.  Чунин  хелҳои дарахтон, монанди себ, нок  дарахти булут ва бук ба воситаи қаламча қариб зиёд карда намешавад.

  Қаламчаҳои решагиро барои зиёд  кардани миқдори ками растаниҳо истифода мебаранд.  Зеро ба қаламчаи реша афзудани растанӣ хеле душвор  ва меҳнатталаб аст.  Растаниҳои каучукдиҳандаи  машҳури кримсагиз, кӯксагиз ба воситаи як қисми реша ба осонӣ меафзоянд.  Бо қаламчаҳои реша хрен,  дeлона, драцена,  липа, анор, олуболу ва олуро зиёд кардан мумкин аст.  Тамоми растаниҳои дорои решанавда ба воситаи қаламчаҳои решагӣ зиёд шуда метавонанд.

Дар амалиёти гулпарварӣ миқдори ками растаниҳоро бо қаламчаи барг зиёд мекунанд.  Бо ин усул растаниҳои хонагӣ –баъзе намудҳои  бегония, эхиверий, ирезина, гулоксиния, анxибари хушбeйро ба осонӣ зиёд кардан мумкин аст.  Бо   қаламчаҳои барг на ҳамаи растаниҳои афзуда метавонанд.

Шартҳои решагирии қаламча. Барои решагирии қаламча қоидаҳои муайянро риоя намуда, шароити мувофиқро ба вуxуд овардан зарур аст. Барои ба воситаи қаламча зиёдшавии растани сифати он аҳамияти калон дорад. Қаламчаро аз растании солими дар шароити хуби агротехникӣ парваришшуда гирифтан лозим аст. Синну соли растании модарӣ ҳам аҳамияти муҳим дорад. Қаламчаҳоро аз растаниҳои нағз амалкарда гирифтан лозим аст, зеро қаламчаҳои ҳам растаниҳои xавон ваҳам куҳансол нағз реша намегиранд.Xои қаламчашинониро пешаки тайёр кардан  лозим аст.Сарфи назар аз намуди растани ,қаламчаҳои навъҳои тропики ва субтропикиро аввал дар рафҳои гармхона ё оранжереяҳо мешинонанд. ҳарорат дар ин гуна гармхона — бояд 18-250С, намии  нисбии ҳаво бояд нисбатан баланд бошад, то ки қаламчаи ҳанeз реша нагирифта обро камтар бухор кунад.

Дар баробари ташаккули каллюс  бофтаи захмдоршудаи қаламча ҳам реша мегирад.Бофтаи  захм ё меристемаи захм аввал бе тартиб месабзад.Дар баробари пайдоиши  каллюс муғча ба сабзиш медарояд ва навдаҳо ташкил меёбанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.