Афзоиши ғайри ҷинси ва ҷинсии растанихо

Афзоиши ғайриҷинсӣ бо ёрии спора ва зооспора ба амал меояд. Спораҳо (аз калимаи юнонии spoқae  -тухм) дар растаниҳои ҷои хушк меруяд. Онҳо ба ҳаракати мустақилона қобил нестанд ва ба масофаҳои гуногун дар натиҷаи сабук буданашон ба воситаи шамол паҳн мешаванд. Зооспораҳо (аз калимаи юнонии zoon- ҳайвонот , zoo spoқae – спораи ҳаракаткунанда) дар обзабзҳо ва замбуруғҳо ба вуҷуд меоянд. Онҳо узви ҳаракаткунанда-камчинак (жгутик) дошта, дар об озодона шино мекунанд.  Спора ва зооспорҳо дар дохили ҳуҷайраҳои махсуси растании модарӣ пайдо мешаванд, ки спорангияҳо ва зооспорангияҳо номида мешаванд. Спорангия ва зооспорангияи якҳуҷайрагӣ дар замбуруғҳою обзабзҳо пайдо мешаванд. Дар процесси эволюция дар баробари мураккаб гардидани сохти растанӣ сохти спорангия ҳам мураккаб шуд.Дар растаниҳои дараҷаи олӣ (аз ушнамонандаҳо сар карда) спорангияҳо ба узви мустақили серҳуҷайрагӣ табдил ёфтанд. Спораҳо ва зооспораҳои дар натиҷаи тақсимоти редукционӣ ташкилшуда, дар ҳолати гаплоидӣ мемонанд.

Спора ва зооспораҳои дар натиҷаи тақсимоти редукционӣ ташкилшуда, дар ҳолати гаплоидӣ мемонанд.

Спора ва зооспораҳои пайдоиши якҳуҷайрагӣ мебошанд. Цитоплазмаи спораҳо пур аз моддаҳои ғизоӣ мебошад. Дар он хусусан равған ва витаминҳо бисьёранд. Ҷилди спора ғафс буда, бо қутин олуда мебошад. Спора ва зооспораҳоаз растании модарӣ ҷудо шуда, дар шароити мувофиқ ба растании нав табдили меёбанд ва гаплоидӣ мебошанд. Бе якҷояшавии пешакии ҳуҷайраҳо, яъне бе прцесси ҷинсӣ, аз спораҳо ташаккул ёфтани растании нав афзоиши ғайриҷинсӣ номида мешавад.

Спораҳо ҳаҷми микроскопӣ доранд. Онҳоро дар шаклҳои гарди зард, симобӣ дар теппаи замбeруғҳои телпакдор, дар чалғeзаи қарағай гeшвораки чормағз, тeс ва ғайра бо чашми оддӣ дидан мумкин аст.

Спораҳои растаниҳои гуногун ҳам аз ҷиҳати морфологӣ ва ҳам аз рeи вақти пайдоиши худ фарқ мекунанд. Вақти спорапайдошавӣ ҳор як намуди растанӣ дар давраи муайяни цикли инкишофи он ба амал меояд.

Афзоиши ҷинсии растаниҳо

Моҳияти афзоиши ҷинсӣ аз он иборат аст, ки организми нав дар натиҷаи якҷояшавии ду ҳуҷйраи гаплоидии аз ҷиҳати физиологӣ фарқкунанда пайдо мешавад. ҳуҷайраҳои дар вақти афзоиши ҷинсӣ якҷояшаванда ҳуҷайраҳои ҷинсӣ буда, гаметаҳо номида мешаванд. Тафовути физиологии онҳо аз он иборат аст, ки як гамета-ҳуҷайраи ҷинсии модина ва ҳуҷайраи ҷинсии нарина мебошад.

ҳуҷайраи, ки дар натиҷаи якҷояшавии (копуляция-аз калимаи юнонии copilatio-якҷояшавӣ) ду гамета пайдо мешавад ,зигота (аз калимаи юнонии zygon-пайвастшави) ё ҳуҷайраи копуляциони ном дорад. Дар вақти копуляцияи гаметаҳо ҳуҷайраҳо на ин ки зиёд балки камшумор мешаванд. Вале аз ҷиҳати миқдор кам шудани ҳуҷайраҳо бо пайдоиши организми нав хотима меёбад. Бинобар ин ҳам процесси ҷинси бештар азнавбавуҷудоии ҷинсй номида мешавад.

Афзоиши ҷинсй ҳам дар намояндагони растаниҳои ибтидоӣ ва ҳам олӣ вомехурад. Сохти гамета ва ба ин муносибат процесси копуляцияи растаниҳои гуногун ба андозаи муайян тафовут дорад. Гаметаҳои аксарияти растаниҳои ибтидоӣ, аз ҷумла обсабзҳо, ҳаракатноканд ва дар об ба осонӣ шино мекунанд. Гаметаҳои бисьёр намояндагони растаниҳо зоҳиран фарқ намекунанд ва як хел ҳаракат менамоянд. Дар ин ҳолат гаметаи модина бо аломати «+» ва нарина бо аломати «–» ишора карда мешавад. Гаметаҳои зоҳиран фарқнадошта изогаметаҳо номида мешаванд. Онҳоро дар зери микроскоп дидан диққатангез аст. Гаметаҳои якхела, дар об бо ҳам вохурда, ҳамдигарро тела медиҳанд. Агар гаметаҳои гуногун (+) ва (-) вохуранд, дарҳол болои ҳам (аз тарафи узви шинокунанда) пайваст ва тадриҷан ба як ҳуҷайра – зигота якҷоя мешаванд. Изогаметаҳо дар обсабзи улотрикс мавҷуд аст.

Гаметаҳои модина ва наринаи дигар обсабзҳо ҳам зоҳиран ва ҳам аз руи сурьати ҳаракат фарқ мекунанд.

Гаметаи модинаи обсабзи якҳуҷаирагии хламидомонада нисбат ба наринааш калонта аст ва сусттар ҳаракат мекунад. Гамета  пур аз модаҳои захиравӣ мебошад. Ин гуна гаметаҳои ҳам ҳаҷман ва ҳам аз руи сурьати ҳаракат фарқкунандаро гетерогамета меноманд. Аксаран гаметаи модинаи обсабзҳои сохташон мураккаб тамоман ҳаракат намекунанд. ҳаҷми он назар ба гаметаи мардона хеле (аз 10 то даҳҳо ҳазор баробар ) калон аст ва пур аз модаҳои захирашавии ғизои мебошад. Гаметаи мардона бо қамчинак таьмин буда, сурьати ҳаракаташ тез аст. Дар ин ҳолатҳо гаметаи модина ҳуҷайратухм, гаметаи нарина сперматозоид номида мешавад.

Ҷои ташаккули гаметаҳо гаметангия номида мешавад. Гаметангияи бисьёр –обсабзҳо аз як ҳуҷайра иборат аст. Он дар намояндагони олиташкили обсабзҳо серҳуҷайра мешавад.Ҷои ташаккули ҳуҷайратухм –оогония, ҷои ташаккули сперматазоид антередия номида мешавад.

Якҷояшавии гаметаҳои шаклан, ҳаҷман ва аз ҷиҳати сурьати ҳаракат баробаризогамия ном дорад. Ин усули якҷояшавии ҷинсӣ дар аксарияти обсабзҳо вомехeрад.

ҳолати якҷояшавии гаметаҳои гуногун аз рeи ҳаракати ва ҳаҷм гетерогамия ном дорад. Гаметаи модина калонтар ва пур аз моддаҳои ғизои буда, суст ҳаракат мекунад. гаметаи нарина аз модина хурдтар, вале серҳаракат мебошад. Гетерогамия дар обзабзҳои якҳуҷайрагии хламидоманадҳо ва ғайра            мушоҳида карда шавад.

         Якҷояшавии ҳуҷайратухм бо сперматозоид оогамия номида мешавад. ҳуҷайратухм назар ба сперматозид хеле калон ва беҳаракат аст. Дар цитоплазмаи он моддаҳои захиравӣ бисёр аст. Сперматазоид қамчинак дорад, ки бо ёрии он зуд ва фаьол ҳаракат мекунад. Оогамия бори аввал дар обзабзҳои сабз  (эдогониум ) пас дар обзабзҳои  сиёҳтоб (фукус) пайдо мешавад. Оогамия аз ушнамонандҳо сар карда то растаниҳои пeшидатухм ва типи содда  хеле тавофут дорад. Фарқияти оогамияи растаниҳои пeшидатeхм ин бо спермаҳо иваз шудани сперматозоид мебошад. Сперма аз сперматозоид аз он фарқ мекунад, ки  қамчинак ва инчунин ҳаракати мустақилу фаъолона надорад. Дар лаҳзаи бордоршавӣ сперма ба ҳуҷайратухм бо ҳаракати пасивона гузаронода мешавад.

         Дар эволюцияи олами растаниҳо афзоиши ҷинсӣ назар ба ба дигар усулҳои афзоиш фоиданок гардид. Агар дар вақти афзоиши ғайриҷинсӣ организми нав дар асоси ирсияти як ҳуҷайра (спора) ташкил ёбад,ҳангоми афзиши ҷтнсӣ дар асоси ирсияти ду ҳуҷайра гаметаҳои наринаю модина ба вуҷуд меоянд.аз ин рe, организми аз ҳуҷайраи ҷинсӣ пайдошуда ду баробар хусусиятҳои ирсии қобилиятноки дорад. Ин гуна организм на фақат зинда мемонад, балки ба шароитҳои нобоб ҳам тобовар шуда, ба осонӣ зиёд мешавад ва барои худаш ва авлодаш ҳудуди муайянро пайдо мекунад.

         Ивазшавии авлод. Баъзе растанӣ бештар бо роҳи ғайриҷинӣ, дигараш бо роҳи ҷинсӣ ва сеюмаш баробар бо роҳҳои ҷинсию ғайриҷинсӣ меафзоянд. Дар як қатор растаниҳо, бактертяҳо ва замбуруғҳои такмилнаёфта процесси ҷинсӣ муқаррар карда нашудааст. Давраи афзиши ҷинсӣ ва ғайриҷинсии растаниҳои бо роҳи ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ афзоянда дар як вақт рост наомада балки бо навбат ба амал меояд, ки он ивазшавии авлод номида шудааст. Дар цикли инкишоф (онтогенез)-и растаниҳо фазаҳои ядроӣ бо навбат иваз мешаванд. Наслҳои растанӣ  фазаи гаплоиди иборат буда, бо насли ғайриҷинсӣ, ки дар фазои диплоидӣ воқеь аст, иваз мешавад. ҳамин тариқ дар баробари иваз шудани авлодҳои ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ фазоҳои ядроии гаплоидӣ ва диплоидии растанӣ ҳам бо навбат иваз шудан мегирад.  Муносибатҳои байниҳамдигарии наслҳои ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ, ивазшавии фазаҳои ядроии типҳои гуногуни растанӣ як хел намебошад. Эволюцияи растаниҳо дар алоқамандии зич бо эволюцияи ивазшавии фазаҳои ядроӣ, такмили усулҳои афзоиши ҷинсӣ ва  ғайриҷинсӣ  ба  амал  меояд . Дар  процесси  эволюцияи  олами  растанӣ   таносуби    фазаҳои  ядроӣ  тағьир  меёбад.  Организмхо  тамоми  умр   фазаи  диплоидиро  аз  сар  мегузаронанду мавҷудияти фазаи  гаплоидӣ  ба  он  тобеь  мебошад. Ин  холат  ба  гайр  аз  растанихои  ушнамонанд, баъзе  обсабзҳо  ва  занбуруғҳо, боз  дар  онтогенези  намояндагони  тамоми  типхои  растани  равшан  ифода  меёбад.  Онтогенези  растанихои  тухмдор  аз  тухм  сар шуда, аксари  онхо  ба  тухм  тамом  мешавад  (растанихои  яксола, дусола ва  баъзе  бисьёрсола). Аксарияти  куллии  растаниҳои  бисьёрсолаи  тухмдор , ки  чандин  карат  тухм  паӣдо  мекунанд, онтогенези  худро  ба  охир  намерасонанд.   

        Онтогенези  растаниҳои  чандин  карат  мевадиҳанда  бо  мурдани  табии   худи  растанӣ  ба  охир  мерасад. Дар  сикли  инкишоф  ( онтогенез)-и  ин гуна  растаниҳо  ивазшавии фазахои  ядроӣ  пеш  аз  хар  як  процесси  тухмдихӣ  чандин  карат  такрор  мешавад.  Диплофазаи  растаниҳои  тухмдор  ниҳоят  редукция  карда  шуда, дар  онҳо   фазаи  ядроии  диплоидӣ  бартарӣ   дорад. Онтогенези  растаниҳои  спорагӣ –обсабзхо, замбуруғҳо лишайникҳо  ва  аз  растаниҳои  оли  ушнамонандҳо  ва  аксарияти  куллии  растаниҳои  сархасмонанд   аз  супора  сар  шуда, аксарон  бо  ташаккули  спора  ба  охир  мерасад. Дар  ивазшавии  фазаҳои  ядроии  намояндагон  растаниҳои ташаккули ибтидоии спораги фазаи гаплоиди бартарӣ дорад. Дар давоми як сикли инкишоф (онтогенез)-и фард бонавбатии афзоиши ҷинсӣ бо афзоиши ғайриҷинсӣ вуҷуд дорад. Давомнокии сикли фаъолияти ҳаёти организм баъди ҳар як усули афзоиши давраи мавҷудияти насли ҷинсӣ ва ғайриҷинсиро ташкил медихад. Бонавбатии наслии намояндагони як хел растаниҳо аниқ ифода ёфтааст ва дар сикли инкишофи растанӣ он тақрибан мавқеи баробарро ишғол менамояд. Дар растаниҳои дигар бошад, як насл дигарашро нест мекунад ва дар ин ҳолат растанӣ қисми зиёди мавҷудоти худро ё дар фазаи гаплоидӣ (авлоди ҷинсӣ ё диплоидӣ) авлоди ғайриҷинсӣ мегузаронад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.