Сикли инкишофи сархасшаклон

 Сархаси оддии  ҷангалӣ – орляк, ки намояндаи  сархасҳои баробарспора мебошад, аз ушнаҳо бо аломатҳои  зерин фарқ мекунад:    1) Дар сикли инкишофи сархасмонандҳо фазаи диплоидӣ – спорофит афзалият дорад; 2) гаметофит ва спорофит узвҳои мустақил мебошад ва якҷоя зиндагӣ намекунанд.

Ивазшавии фазаҳои  ядроӣ  ва бонавбатии хели сархаси орляк ба тариқи зерин мегузарад. Спора чун ушнаҳо дар протонема месабзад; сабзак – растаничаи майдаи шаклан барги дилмонанд буда, бо ризоидҳо дар хок ҷой мегирад. Баъди якчанд вақт дар тарафи поёнии сабзак узвҳои ҷинсӣ – архегоний ва антеридий пайдо мешаванд. Архегоний дар наздиктари  асосӣ сабзак пайдо мешавад. Архегонияи  сархасҳо пояча надошта, асоси он андаке ба бофтаи сабзак дохил мешавад. бордоршавӣ фақат дар сурати мавҷуд будани намӣ ба амал меояд. Баъди бордоршавии  ҳуҷайратухм аз зигота ҷисми баргмонанди сархас – спорофит сабзида мебарояд. Дар баробари инкишофи спорофит сабзак хушк мешавад.

Баъди пурра ташаккул ёфтани баргҳо дар тарафи поёнии онҳо спорангия инкишоф меёбад. Спораи тӯда – тӯда, дар ду қатор рӯ ба рӯ ҷойгиранд. Ҳар як тӯдаи  спорангия  сорус  номида мешавад. сорусҳо аз тарафи берунӣ бо пӯсти плёнкашакл рӯпӯш карда шудаанд, ки он индузия номида мешавад. баргҳое, ки дар тарафи поёнии онҳо спорангия ташаккул меёбад, баргҳои споранок ё спорофиллҳо номида мешаванд. Дар ушнашаклон спорофитҳои баргмонанд ва спорофиллҳо мавҷуд нестанд.

Дар дохили спорангий мисли ушнашаклон бофтаи археспорагӣ пайдо мешавад, ки ҳуҷайраҳои он ба таври редуксионӣ тақсим шуда спора ташкил медиҳанд. Дар баробари пухта расидан спораҳо мерезанд ва дар шароити мувофиқ, ба протонемаи сархас   табдил меёбанд. Ҳамин тариқа авлоди ҷинсии сархас (онро гаметофит ё гаплобионт низ меноманд), ки аз сабзаки дуҷинса иборат аст, ҳамин ки ба редуксия дучор шуд, вазифаи бордоркуни пайдо мекунад. Вай инкишофи худро аз спора сар карда, бо зигота ба охир мерасонад.

Авлоди ғайриҷинсии сархас, ки онро спорофит ё диплобионт низ меноманд дар протсесси эволютсия ба прогресс расид. Он дар сикли инкишофи сархас афзалият дорад ва он онтогенези он асосан дар шакли спорофит ба амал бароварда мешавад. Спорофит инкишоф худро аз зигота  сар карда, бо ташаккули спора ба охир мерасонад.

Дар сикли  инкишофи  сархас дар вақти  ивазшавии  фазаҳои ядроӣ  диплофаза (спорофит) афзалият  дорад. Ин  роҳи  бештар прогресси  эволюсия  мебошад, ки ба бисьёр шохаҳои  растаниҳои  олӣ  ибтидо гузоштааст.

Намояндагони  сархасшаклҳои  баробарспора баргҳои якхелаи   баробар  доранд, якбора  вазифаи фотосинтез  ва ташкилдиҳии  спораҳоро иҷро мекунанд; аз ин рӯ баргҳои  вегетативӣ   баргҳои спораташкилдиҳӣ –спорофиллҳо  ҳам мебошад.

  Дар просесси  эволютсия сохти сархасҳо такмил меёфт. Минбаъд шаклҳое пайдо мешуданд, ки вазифа ва сохти морфологии баргҳоро тағйир медоданд. Сархасҳое ба вуҷуд омаданд, ки баргҳои вегетативии онҳо танҳо вазифаи фотосинтезро иҷро мекард, дар баргҳои махсус, ки хлорофилл надоранд, фақат спорангии дорои  спора ва сорус инкишоф меёфтанд. Масалан, дар нӯги сархаси пари шутурмурғи дар қатори баргҳои пармонанд спорофиллҳои зард ҷамъ омадаанд, ки спора ташкил  медиҳанд. Ин гуна сархасҳоро баробарспорагии гуногунбарги  спорадор меноманд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.