Сикли инкишофи сархасшаклони гуногунспора

 Дар намояндагони сохти  мураккабдоштаи сархасҳо спораҳо ва спорофиллҳои ҳархела пайдо шуданд. Спорофиллҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: микроспорофиллҳо ва мегаспорофиллҳо.

Дар микроспорофиллҳо – микроспораҳо (спораҳои майда ва микроспорангия)  дар мегаспорофиллҳо – мегаспораҳо,  (спораҳои калон ва мегаспорангия)  инкишоф меёбад. Сархасҳое, ки ин гуна спорофилл ва спораҳо доранд, сархасҳо гуногунспора номида мешаванд. Сархасҳои гуногунспора духонагӣ (двухдомный) мешаванд. Дар вақти сабзиши микроспора сабзаки нарина бо антеридия ва ҳангоми сабзиши мегаспора сабзаки  модинаи дорои архегонияҳо  пайдо мешаванд. Ҳамин тариқ  дар як сабзак – антеридияи дорои гаметаҳои нарина, дар дигараш архегонияи дорои ҳуҷайратухм инкишоф меёбад. Анна барои ҳамин ҳам растании сархасҳои гуногунспора якҷинса ва дуҷинса мешавад. гуногунспорагӣ ва якҷинсагии сабзак аломатҳои аз ҷиҳати эвалютсионӣ хеле пешрафта мебошад, зеро ҳангоми якҷояшавии гаметаҳои  аз фардҳои гуногун гирифташуда зигота аз организми  гуногун ирсият пайдо кард, ки ин бо имкониятҳои  васеи мутобиқкунонӣ алоқаманд  аст.

  Дар мисоли  сальвиния  бо лаҳзаҳои  асосии  такмили  афзоиши  сархасмонандҳо шиносо  шудан мумкин аст.

 Сальвиния намояндаи  мураккабсохти   сархасмонандҳо  мебошад. Ҳам  баргҳо вегетативӣ  ва ҳам  спорофиллҳои  сальвиния  махсус  гардидаанд. Баргҳои  вегетативии  он  ду  хел  мешаванд:  1) рӯиобӣ , гирда, болиштмонанд, ки дар пояи  борик  ду қатор  ҷойгиранд; 2)  зериобии  ниҳоят  аз  ҳам  ҷудо, ресмонмонанд,к ибо мӯякчаҳо  пӯшида  шудаанд. Баргҳои  рӯиобӣ  вазифаи  фотосинтез  ва  узви шиноиро  иҷро  мекунанд.  Баргҳои  зериобӣ зоҳиран  решамонанд  мебошанд  ва  об ва намакҳои минералиро  ҷабидда мегиранд. Аммо спорофиллҳо тағйироти муҳими эвалютсиониро аз сар гузаронданд. Дар қисми кӯтоҳи спорофиллҳои зериобӣ спорангия ташкил меёбад.

         Дар салвиния ду намуди спорангия – микроспорангия ва макроспорангия   (мегаспорангия) мавҷуд аст. Сорусҳои  микроспорангияҳо ва мегаспорангияҳо дар ҳиссачаҳои  спорофиллҳо  ташкил ёфта, аз ҳар тараф бо пардачаи индузияи сархасҳои  хушки гомологӣ рӯпӯш карда шудаанд. Микроспорангия ва мегаспорангия сорусҳои мустақилро ташкил медиҳанд. Сорусҳои бо пардача пӯшондашуда, узви курамонандро ташкил медиҳанд, ки он спорокарпия номида мешавад. спорокарпия бо найчаҳои кӯтоҳ дар ҳиссачаи асосии баргҳои зериобӣ ҷойгир аст. Азбаски дар ҳар спорокарпия микроспорангия ё мегаспорангия мавҷуд мебошад, спорокарпия ҳам чун микроспорокарпия ва мегаспорокарпия фарқ кунонда мешавад.

         Салвиния сархаси гуногунспора буда, он ду хел спора пайдо мекунонад: микроспора ва мегаспора. Микроспораҳо дар дохили микроспорангия ва мегаспораҳо дар дохили мегаспорангияҳо  пайдо мешаванд. Дар  микроспорангияҳо баъди тақсимоти редуксионии ҳуҷайраҳои археспория микроспораҳои сершумор пайдо мешаванд. Дар  мегаспорангияҳо ягона ҳуҷайраи археспорагӣ баъди тақсимшавии редуксионӣ чор ҳуҷайраро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо се ҳуҷайра мемирад ва мегаспора мемонад. Ҳам микро ва ҳам мегаспораҳо дар дохили споракарпия аз он берун набаромада месабзанд. Микроспора ба сабзаки нарина, мегаспора ба сабзаки модина табдил меёбад.

         Сабзаки нарина ниҳоят редуксия карда  шудааст. Қисми вегетативии он ҳамагӣ аз ду ҳуҷайра иборат аст. Дар қисми болоии сабзак ду антеридия мавҷуд аст, ки ҳар яки он чортогӣ сперматазоид медиҳад.

         Сабзаки модина серҳуҷайраи майда буда, дар шакли пластинкаи секунҷа аст. Он то охираш бо мегаспора  пайваста  мебошад. Дар бофтаи сабзак  якчанд  архегония  вуҷуд  дорад, ки онҳо дар салвиния редуксия карда шудаанд. Архегония ҳамагӣ  аз ду ҳуҷайра – ҳуҷайратухм ва як ҳуҷайраи  гарданак  иборат аст. Архегония тамоман дар бофтаи сабзак ҷойгир аст.  Бордоршавӣ дар дохили  спорангия ба амал меояд ва зигота дар спорафит месабзад.

        Афзоиши ғайриҷинсиро  спорангияҳо ба амал мебароранд, ки баъди мурдани растании  модарии ба воситаи об ба ҳар тараф кашонда мешаванд. Салвиния намояндаи растаниҳои папаротникмонанд мебошад, ки дар он марҳалаҳои дигаргуни эволютсияи растаниҳои лоӣ иъикос ёфтаанд.

      Дар процессии эволютсия  намояндагони гуногуни сархасмонандҳо ба шохаи  асосии  растаниҳои олӣ- растаниҳои тухмдор ибтидо гузоштааст. Гуногунспорагӣ ва редуксияи гаметафитҳои нарина ва модина дар эволютсияи растаниҳо эҳтимол борҳо ба амал  омада бошад. Вале спорофит мавқеи афзалиятнокро мустаҳкам ишшғол кард.

test

Добавить комментарий