Сикли инкишофи растанихои пушидатухм

ГУЛ. Гул аз навдаи бешохаи кӯтоҳ иборат аст, ки барои афзоиши ҷинсӣ ва пайдоиши тухми нав ва мева мувофиқ кунонда шудааст. Узвҳои гул баргҳои шаклан тағьирёфта мебошанд, ки яке аз онҳо ба спораташкилдиҳӣ қобил аст ва дигараш баргҳои пӯшиши соф мебошад.Баргҳои спораташкилкунанда–спорафиллҳо ду навъ мешаванд: микроспорафиллҳо ва мегаспорафиллҳо.

Микроспорафиллҳои гул-наринаи гул

Мегаспорофиллҳо – мевабарг номида мешаванд.

Одатан мевабарг аз канор месабзад ва камераи пӯшидаро ташкил медиҳад, ки дар дохили он тухм инкишоф меёбад. Ин камера узви нав мебошад,ки танҳо дар растаниҳои пӯшидатухм вомехӯрад ва модина номида мешавад. Баъди бордоршавӣ модина ба мева табдил меёбад.

Қисмҳои гул. Гул дар поягулҳои махсуси навдаҳо ҷой мегирад. Агар поягул надошта бошад, онро гули нишаст меноманд. Тамоми қисмҳои гул дар навдаи кӯтоҳи гул ҷойгиранд, ки он гулгоҳ номида мешавад. Гулгоҳ гӯё давоми поягул мебошад.

Узвҳои гул ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: баргҳои пӯшиш ва баргҳои спора ва гамета ташкилдиҳанда.

Баргҳои пӯшиши гул косабарг ва гулбарг мебошанд. Косабарг (caleҷ) ва гулбарг тоҷгулро (coқolla) ташкил медиҳанд. Баъзан дар чунин растаниҳо монанди пахта косачаи гул дуқабата мешавад. Дар ин ҳолат косачаи берунии гул зерикосача номида мешавад. Косачаи гули пахта 5-барга ва зери он 3-баргааст. Косабарг қариб ҳамеша сабз буда баъзан рангнок мешавад. Гулбарг ранги сурх, нилобӣ, норинҷӣ, сурхча ва ғайра дорад.

Баргҳои пӯшиши гул (косача ва тоҷгул) якҷоя назди гулро ташкил медиҳанд, ки он дар вақти дар гул мавҷуд набудани косача ё гулбарг оддӣ ё якпӯшишидор мешавад. Дар ин ҳолат наздигули оддӣ мумкин ба дараҷае гулбаргмонанд (лилия,лола) ё косачашакл сабз (растаниҳои хӯшадор, булут, тӯс) ва ғайра.

Агар дар гул косача ва тоҷгул мавҷуд бошад, пешгул дучанда мешавад. Баъзан дар дар гул пӯшиш намешавад, ин гуна гулро бепӯшиш меноманд.

Нарина ва модинаи гул ба баргҳои спораташкилдиҳанда дохил мешаванд. Онҳоро шартан узвҳои ҷинсии гул меноманд.

Наринаҳои гулро якҷоя- андросей (аз калимаи юнонии «андрос» – мардина) ва баргҳои ҳосилдиҳандаи онро гинесей (аз калимаи юнонӣ « гинее» модина) меноманд.

Агар дар гул ҳамаи ин узвҳои номбаршуда мавҷуд бошанд, гули пурра ва дар сурати мавҷуд набудани яке аз ин узвҳо гули нопурра номида мешавад.

Ҳам дар гули пурра ва ҳам нопурра нектардон- узви махсус мавҷуд аст, ки нектар ҷудо мекунад. Бисёр растаниҳо нектарро ба воситаи бофтаҳои ғадуд ҷудо мекунанд. Ин бофтаҳо на дар узвҳои махсус нектардонҳо, балки дар узвҳои асосии гул, монанди асоси модина, ҷои ба думча пайвастшавии гул, нарина ва ғайра инкишоф меёбанд. Дар бисёр растаниҳо нектардон вуҷуд надорад.

Аз ҷиҳати мутаносибӣ дар гул ду навъи сохтро фарқ мекунонанд. Аксарияти гулҳо таносуби радиалӣ дорад, яъне онро ба самти радиалӣ ба ду қисми мутаносиб тақсим кардан мумкин аст. Ин гуна гулҳоро гулҳои дуруст ё актиноморфӣ меноманд. Гулҳои себ, биҳӣ, ландиш, пахта гулҳои актиноморфӣ мебошанд.

Дар дигар ҳолат гул сохти моносимметрӣ дорад. Ин гуна гулҳо нодуруст ё зигоморфӣ номида мешаванд. (ҳино, орхидея, орхис, райҳон ва ғайра).

Формула ва диаграммаи гул. Дар ботаника бо мақсади мухтасар ифода кардани сохти гул қисмҳои гулро ба воситаи формула ва диаграмма мефаҳмонанд.

Дар ботаника номгӯи растаниҳо ва узвҳою қисмҳои ҷудогонаи он бо калимаҳои лотинӣ ифода карда мешавад.

Формулаи гулро бо ҳарфҳо нишон додан мумкин аст. Ҳар як узви гул бо ҳарфи аввали номи он узвҳо ишора меёбад. Масалан, қисми назди гул – бо ҳарфи Р (Peқigoniғm) косача – Са (Callyҷ) тоҷгул – С (Coқolla) нарина – А (Andқoceғm) модина – Г (гинетсей) (Gyneoceғm) ифода карда мешаванд.

Ғайр аз ин миқдори аъзои гулро дар ҳар доира бо рақамҳо ва нишонаҳои махсус маълум мекунанд.

Агар шумораи аъзои гул зиёда аз 12 то бошад, онро бо аломати беинтиҳо () нишон медиҳанду мавҷуд набудани ину он аъзоро бо нишони 0 (сифр) ифода менамоянд ё ки он тамоман нишон дода намешаванд.

Барои муайян кардани аъзоҳои сабзидаи гул аломати қавс () истифода мешавад. Аломати плюс «+» нишон медиҳад, ки қисмҳои муайяни гул дар як чанд доира ҷамъ оварда шудаанд. Ғураки болоиро – ба воситаи хат кашидани зери рақами гинесей, ғураки поёниро бошад бо хат кашидани болои рақами гинесей нишон медиҳанд. Гули дуруст (актиноморфӣ) , ки як чанд сатҳи мутаносибӣ дорад – бо ситорача (*), ё доирачаиселибдор (с)маълум карда мешавад. Гули нодуруст (зигоморфӣ) бо стрелкача () ё бо хати вартикалии дар паҳлӯяш ду / :/:/ нишон дода мешавад, гулҳои якҷинсаи модина бо аломати / / гулҳои якҷинсаи нарина бо аломати / /ва гулҳои дуҷинса бо аломати / / ишора карда мешавад.

Якчанд мисол меорем, ки сохти гули растаниҳои гуногунро бо аломатҳои шартӣ нишон медиҳад:

Чинорак Са5 Со5 А G =

Сурепка Са 2+2 Со4 А2+4 G(2)

Себ Са 5 Со 5 А10+5+5 G (5)

Ба ҷои формула гулҳоро бештар бо диаграммаҳо нишон медиҳанд. Дар вақти тартиб додани диаграммаи гул аломатҳои шартиро истифода мебаранд, ки онҳо дар расми 66 нишон дода шудаанд.

Тӯдагул. Гули растанӣ фақат баъзан яктогӣ ҷойгир мешавад. Масалан, гули лола ва кӯкнор. Гули бештар дар растанӣ гурӯҳ-гурӯҳ якчантогӣ ҷой гирифта, тӯдагулро ташкил медиҳад.

Тӯдагул – гурӯҳи гулҳое мебошад, ки дар растанӣ бо тартиби муайян ҷамъ оварда шудааст.Намояндагони оилаҳои гуногуни растаниҳо одатан бо шакли ба он хоси тӯдагул муайян ва тӯдагули номуайян.

Тӯдагули номуайян. Бо ибораи дигар ин тӯдагули паҳлӯи инкишоф меёбад ва бо аломатҳои зерин характерноконида: навдаҳои он моноподиалӣ буда, меҳвари асосиаш бо гул не, балки бо конуси сабзиш тамом мешавад. Барои ҳамин ҳам муддати дароз месабзад. Гулҳои ҷудогонаи ин гурӯҳ якбора кушода намешаванд. Аввал гулҳои поёнии он кушода шуда, баъд гулкунӣ болои он сар мешавад. Ба ҳамин тариқ гулҳои аз ҳама пештар кушодашудаи тудагули паҳлӯӣ дар асоси он, гулҳои ҷавон бошанд да нӯг ҷойгиранд. Ба тӯдагули паҳлӯӣ инҳо дохил мешаванд: хӯша, сута, гӯшвор, султон, дастшакл, ҷорӯбак, сипаршакл, соябонгул, сарак, сабадча. (расми 68)

Хӯша. Хӯшаи оддӣ ва мураккабро фарқ мекунонанд. Агар дар меҳвари асосии борик ХУША ҷойгир бошанд, хӯшаи оддӣ ташкил меёбад (зулф). Меҳвари сараки хӯшаи мураккаб рост набуда. Зинадор мебошад, ки дар ҳар як зина як дона гул не, балки хӯшаи якчанд гул ҷойгир аст. (гандум, ҷавдор).

Сӯта. Ин тӯдагул ба хӯша монанд аст. Бар хилофи он меҳвари хӯшагиаш ғафс, гӯштнок мебошад. (тӯдагули модинаи ҷуворимакка).

Гӯшвор. Ин тӯдагул ба хӯшаи оддӣ монанд аст. Аммо дар меҳвари асосии тӯдагул гулҳои алоҳида ё тӯдагули майдаҷойгир шудаанд. (сафедор, чормағз).

Султон. (хӯшаи қалбакӣ). Бар хилофи хӯшаи мураккаб гулҳои ин тӯдагул дар поягули ниҳоят кӯтоҳ нишастаанд, аз ҷиҳати сохти худ. Султон мавқеи мобайнии хӯша ва ҷорӯбакро ишғол мекунад.

Дастшакл. Дар асоси меҳвари ин тӯдагул гулҳои ҷудогона часпидаанд, ки онҳо дар поягулҳои дарози каму беш як хела пайвастаанд (черемуха, рапс).

Ҷорӯбак. Ин тӯдагул ба тӯдагули дастшакл монанд аст. Вале баръакси он, меҳвари марказии ҷорӯбак сершоха аст.

Сипаршакл. Ин тӯдагул ҳам ба дастшакл монанд аст. Вале поягулҳои поёнии сипаршакл нисбат ба болоӣ дарозтар буда, аз ин рӯ гулҳои он ба дараҷаи баробар ҷойгиранд (рябина, нок, калина, дӯлона).

Соябонгул. Ин тӯдагул оддӣ ва мураккаб мебошад. Гулҳои соябонгули оддӣ дар поягулҳо нишастаанд, ки аз ин ҷо баромада, дарозиашон қариб як хел аст (олуболу, пиёз). Дар ҳолате, ки дар шӯълаҳои аввалини соябонгул на гул, балки соябонҳои оддӣ нишаста бошанд, он соябонгули мураккаб ном дорад. Ба соябонгули мураккаб сабзӣ, шибит ва ғайра дохил мешаванд.

Сарак. Ин тӯдагулест, ки дар меҳвари асосии хеле кӯтоҳу ғафси он гулҳои нишаста ё қариб нишаста ҷойгиранд (юнучқаи сурх).

Сабадча. Ин тӯдагулест, ки дар меҳвари асосиаш ниҳоят ғафс мебошад. Дар ин меҳвари паҳн гулҳои нишаста ҷойгиранд. Ин тӯдагул ба намояндагони растаниҳои мураккабгул хос аст (офтобпараст, бобуна, василек).

Тӯдагули муайян. Ин тӯдагул шохаҳои симподиалӣ дошта, меҳвари асосии он бо гул тамом мешавад. гулҳои бештар кӯҳнаи ин тӯдагул дар боло, гулҳои ҷавон бошанд дар поён ҷойгиранд. Тӯдагули болоӣ дар олами растаниҳо назар ба тӯдагули паҳлӯӣ камтар дучор мешавад. ба тӯдагули болоӣ ҷудошуда, тобхӯрда, печида ва соябонгули қалбакӣ дохил мешаванд.

Тӯдагули ҷудошуда. Ин тӯдагул чунин сохт дорад: дар зери гули меҳвари асосӣ ду шохаи рӯ ба рӯ ҷойгир шудаанд, ки ҳар кадоми он бо гул тамом мешавад. Минбаъд ҳар кадоми ин меҳвар ду меҳвари рӯ ба рӯ ҷойгиршударо пайдо мекунанд.

Тобхӯрда. Дар ин тӯдагул танҳо як меҳвари паҳлӯӣ ташкил меёбад, ки аз меҳвари асосӣ сабзида мегузарад ва бо гул тамом мешавад. шохаҳои паҳлӯӣ баъзан ба рост ва баъзан ба чап равон мешаванд. (гладиолус, савсан).

Тӯдагули печида. Ин тӯдагул ба тобхӯрда монанд аст. Танҳо шохаҳои паҳлӯии он ба як тараф нигаронида шудаанд. (незабудка).

Соябонгули қалбакӣ ё бологул. Дар поении гулҳои ин тӯдагул, ки дар меҳвари асосӣ ҷойгиранд, якчанд меҳвари паҳлӯӣ инкишоф меёбад. Ин меҳварчахр нисбат ба меҳвари асосӣ дарозтар мешаванд (молочай).

Онтогенези гул. Гул асосан аз муғҷаи берунии бағала инкишоф меёбад. Қисмҳои гу дар ҷои ба думча пайвастшавии гул дар шакли лӯндачаҳо ташаккул меёбанд. Лӯндачаҳо дар шакли доира гузошта мешаванд, ки онҳо ба доираи қисмҳои ҷудогонаи гул (косабарг, нарина, модина) мувофиқанд. Қисмҳо таркибии ҷудогонаи гул тадриҷан аз тарафи берунии ҷои ба думча пайвастшавии гул сар карда, ба даруни он ташкил меёбанд (расми 69). Аввал дар ҷои ба думча пайвастшавии гул лӯндачаҳо гузошта мешаванд, ки онҳо ибтидои косабаргҳо мебошанд. Баъд бо навбат қисмҳои боқимондаи гул инкишоф меёбанд. Дар нарина аввал гарддон, баъд риштаи нарина ташаккул меёбад.

Сербаргии гул. Шаклан дигаргун шудани гулро сербаргии гул меноманд, ки дар ин сурат тоҷгул аз ҳисоби ба гулбарг табдил ёфтани нарина ва модина зиёд мешавад. Ба гулбарг табдил ёфтани нарина ва модина пурра ва қиман шуданаш мумкин аст. Ҳангоме, ки тамоми нарина ва модинаи гул сабзида ба гулбарг табдил меёбанд, гули сербарг тухм дода наметавонад ва растанӣ танҳо бо роҳи вегетативӣ зиёд карда мешавад. Бисёр гулҳои сербарг е вомехӯранд, ки дар чунин маврид ё танҳо нарина (садбарг, чинорак, пеон, кӯкнор ва ғайра), ё танҳо модина (намояндагони оилаи растаниҳои садбарггул) ба гулбарг табдил меёбанд. Сербаргӣ ҳодисаи васеъ паҳнгардидаи байни растаниҳои ороишӣ мебошад (садбарг, кӯкнор, пеон, мураккабгулҳо). Сабаби пайдоиши ин ҳодиса ҳанӯз аниқ муайян карда нашудааст. Муайян карда шудааст, ки ба сербаргии гул аз ҳад зиёд ғизогирии растанӣ ёрӣ мерасонад. Ҳодисаи сербаргӣ бештар дар гулҳое вомехӯрад, ки ба воситаи ҳашарот гарднок карда мешаванд.

Пролифиратсия. Яъне сабзиши гул аз он иборат аст, ки меристемаҳои иловагии бағалаи гул фаъол гардида, ба қабати якум , баъзан дуюм, сеюм ва чорум гул ибтидо мегузорад. Ҳодисаи пролефиратсия дар гулҳои садбарг , мураккабгулҳо, хусусан рамашка, чинигул тез – тез дучор мегардад. Гулҳои пролефиратсияшанда хеле зебо мешаванд.

Пайдоиши гул. Дар бораи пайдоиши гул якчанд ақида мавҷуд аст. Аз онҳо се назария – стробилярӣ, псевдантӣ ва талломӣ хеле паҳн гардидааст.

Назарияи стробиярӣ ё эуантӣ пайдоиши гулро ҳамчун навдаи шаклан тағъирёфта муайян менамояд, бо ибораи дигар он назарияи гули ҳақиқӣ номида мешавад. Мувофиқи ин назария гул бори аввал дар шакли хоси худ дар беннетитҳо пайдо шудааст. Ин растаниҳои лучтухми мурда рафтагӣ, ки навдаҳои кӯтоҳи спорофиллдор доштанд, номида шуданд, стробилҳо (чалғӯзаҳо). Ин назария ҳам номи худро аз онҳо гирифтааст. Ҳар як стробили ҷудогона чалғӯзаро ба хотир меорад. Аз рӯи ин назария гулҳои аввалин калону ба ҷои думча гулгоҳи дароз дошта, дуҷинса ва дорои миқдори зиёди наринаю модина буданд. Аз растаниҳои ҳозираи пӯшидатухм магнолиягиҳо, савсанҳои сафед, чиноракҳо ҳамин хел гул доранд. Ин растаниҳо ба тартиби бисёрмевагиҳо дохил мешаванд. Мувофиқи назарияи стробилӣ баргҳои шаклан тағйирёфта қисмҳои гул мебошанд. Аз барг чун навдаи метаморфозии барг сабзидани гулро бори аввал олим Гёте нишон дода буд. Баъдтар стробилии пайдоишигулро Бессу ва Галлир кор карда баромадаанд.

Назарияи псевдантӣ ё назарияи гули қалбакиро Веттштейн кор карда баромадааст. Мувофиқи ин назария гул дар фаҳмиши ҳозира бояд тӯдагули бутунро ифода намояд, ки дар он ҳар як мевабарг ва ҳар як нарина гули оддӣ ҳисоб карда мешавад. аз арстаниҳои ҳозираи пӯшидатухм мувофиқи назарияи мазкур растаниҳои дорои гулҳои майдаи хира, ки дар онҳо қисмҳои гул хеле каманд (тӯс, бук, чормағз) аз ҳам қадимтарин мебошанд. Аммо ин тахминҳои назариявии Веттшейн боа мал исбот карда нашуд.

Назарияи теломии пайдоиши гул аз ҳама ҷавонтар аст. Мувофиқи ин назария қисмҳои гул аз узвҳои цилиндрии меҳварӣ пайдо мешаванд, ки онҳо дар растаниҳои мурда рафтагии олӣ – псилофитҳо телом, яъне пояи бебарг номида мешавад. Ба ҳамин тариқ аз рӯи назарияи теломӣ қисмҳои гул пайдоиши на баргӣ, балки поягӣ (меҳварӣ) доранд ва танҳо косабаргҳо баргҳои шаклан дигар ҳисоб карда мешаванд.

Аз назарияҳои дар бобати гул зикршуда айни замон ботаникҳо назарияи стробиляриро бештар эътироф менамоянд.

Инкишофи нарина.

Наринаи гул аз теппачаҳои гулгоҳ пайдо мешавад. Аввал аз ин теппачаҳо гарддон, баъд риштаи нарина инкишоф меёбад.

Гарддон дар натиҷаи процесси мураккаб инкишоф меёбад. Дар ибтидои инкишофёбӣ гарддон аз ҳуҷайраҳои якхела иборат мебошад ва аз бол обо эпидермиси якқабата пӯшода шудааст. Дар зери қабати эпидермис тадриҷан қабати махсуси фиброзӣ (рагнок) инкишоф меёбад, ки он аз ҳуҷайраҳои зичи шаклан квадратии дорои деорчаҳои ғафсиаш нобаробар иборат мебошад. Қабати фиброзӣ барои кушода шудани гарддон ёрӣ мерасонад. Чуқуртар аз қабати фиброзӣ боз қабати ҳуҷайраҳои калон қабати фаршӣ (тапетум) пайдо мешавад. дар байни қабатҳои фиброзӣ ва фаршӣ қабати ҳуҷайраҳои мемурдагӣ ҷойгир аст, ки шаклан дароз мебошанд. Дар баробари расидани гарддон дар лоначаҳо бофтаи махсуси спорогенӣ инкишоф меёбад, ки он археспория номида мешавад. Минбаъд аз бофтаи спорогенӣ (археспория) донаҳои гарддонӣ (гард) ё микроспораҳо ташаккул меёбанд. Аз мобайн ба воситаи тамоми гарддон бандчаи зарфӣ мегузарад.

Дар вақти пухта расидани гарддон қабати фиброзӣ мекафад ва гардча ба берун мепарад.

Дар гарддони ҷавон дар ҳар як чор лоначаи он бо ҳуҷайраҳои диплоидӣ бофтаи махсуси спорогенӣ ташкил меёбад. Ҳар як ҳуҷайраи археспория паи ҳам ду бор тақси мешавад: якум – тақсимшавии редуксионӣ, дуюм – тақсимшавии кариокинезӣ. Дар натиҷа чор ҳуҷайраи гаплоидӣ ҳосил мешавад, ки онҳо дафътан аз ҳам ҷудо нашуда, чортогӣ ё тетрадӣ мехобанд. Дар вақти пухта расидани гардҳо аксарияти растаниҳо тетрадҳо ба ҳуҷайраи алоҳида ҷудо мешаванд, ки онҳоро донахои гард ё микроспория меноманд. Аз ин рӯ ҳар як ҳуҷайраҳои ҷудочапаи тетред аз як донаи гард иборат будааст. Ин донаҳои ҷудогонаи гард ҳам дар вақти бордоркунӣ кашонда мешаванд, вале тетрадҳои гарди баъзе растаниҳо ҳангоми пухта расидан аз ҳам ҷудо мешаванд ва донаҳои гард чортогӣ мерезанд (брусника, черника).

Дар вақти тадқиқи анатомӣ ба осонӣ муайян кардан мумкин аст, ки ҳар як донаи пухтарасидаи гард ҷилди дуқабата- берунӣ ва дохилӣ дорад. Ҷилди берунӣ – экзина, ва ҷилди дохилӣ- энтина намида мешавад. Экзина хеле ғафстар, кутинадор вар ангин мешавад. Вале ҳар ҷо ҳар ҷои он ғафс аст, баъзе ҷояш борик мебошад, дар ин ҷойҳо сӯрохҳо пайдо мешаванд, ки дар вақти расиши гардчаҳо пеш аз протсесси бордоркунӣ аҳамияти калон доранд.

Гарддони пухта расида бо донаҳои ҷудогонаи гард пур мешавад, ки онҳо якҷоя гард номида мешаванд. Донаҳои гарди растаниҳои гуногун шаклан ҳар зел мешаванд.

Шакл ва сохти берунии донаҳои гарди оилаи растаниҳои гуногун як хел нест. Масалан, гарди растаниҳои мураккабгул – хордор, лӯбиёгӣ силиқ буда, гарди лабгул элакшакл мешавад. Ин хусусияти сохти гард имконият медиҳад, ки растаниҳои полеоботаникӣ бо усули таҳлили гард муайян карда мешаванд (расми 72).

Вазифаи асосии гарл иборат аз иштирок дар бордоркунӣ мебошад.

Мевадон ё модина. Гул як ё якчанд модина дорад, ки он дар қисми марказии гул ҷойгир аст. Якҷоя тамоми модина гинецей номида мешавад. Модина дар натиҷаи ба ҳам ғафс сабзидани баргҳои шаклан тағъирёфта пайдо мешавад, ки он мевабарг номида мешавад. Аз ғӯраки модина баъди бордоршавӣ мева пайдо мешавад ва аз ин сабаб ҳам модинаро баъзан мевадон меноманд. Растаниҳое мавҷуданд, ки гули онҳо модина надоранд (гули наринаи каду, бодиринг, тарбуз ва ғайра).

Модинаи оддӣ аз се қисм иборат аст: қисми поёнии васеи он ғӯрак, қисми мобайнии борики он сутунча ва болоиаш гардгирак комида мешавад. Ҳамаи ин қисми модина аз ҷиҳати сохти морфологӣ гуногун мешавад (расми 73).

Модинаро як (лӯбиёгӣ) ва якчанд мевабарг (лабгулҳо, мехгулҳо, дикагиҳо) ташкил медиҳад. Дар гули баъзе растаниҳо якчандто ин гуна модинаи ҷудогонаи, масалан дар чиноракҳо, ташкил шуда метавонад. Ин гуна гинесей модинаи ночаспида ё апокарпӣ номида мешавад. Вақте ки гинесей дар натиҷаи пайваста ба ҳам расидани якчанд мевабарг ташаккул меёбад, ценокарпӣ намида мешавад.

Вобаста ба ҷойгиршавии ғӯрак нисбат ба дигар қисмҳои гул ду типи асосии ғӯракро фарқ мекунонанд. 1. Ғӯраки болоӣ; 2. Ғӯраки поёнӣ. (расми 74).

Ғӯраки болоӣ барои он гулҳое хос аст, ки тамоми қисмҳои онҳо (косабарг, баргҳои тоҷгул ва нарина) дар поении ғӯрак ҷойгиранд. Аз ин рӯ ғӯраки болоӣ дар нӯги ҷои ба думча пайвастшавии гул (пахта, марҷумак, нахӯд, мехгул) воқеъ аст. Ғӯраки поёнии чунин ғӯрак мебошад, ки тамоман дар ҷои ба думча пайвастшавии гул воқеъ буда, якҷоя бо он месабзад ва тамоми қисмҳои гул дар нӯги ғӯрак мустаҳкам мешавад (бодиринг, тарбуз, офтобпараст).

Боз типҳои мобайнии ғӯракҳо мавҷудаданд, ки онҳо апикарпӣ, синокарпӣ номида мешаванд. Синокарпӣ боз ба се типи зерин тақсим мешавад: 1) синкарпӣ, 2) паракарпӣ, 3) лизикарпӣ.

Дар дохили ғӯрак ковокӣ ё лона пайдо мешавад. Ғӯрак як, ду ва бисёрлонагӣ шуданаш мумкин аст. (Расми 75).

Ғӯраки яклонагӣ аз як ва аз якчанд мевабарг пайдо шуда метавонад. Агар канори як мевабарг ба даруни ковокӣ чуқур дохил нашуда ва онро ба лонаҳо тақсим накарда бошад, ғӯраки як лонагӣ номида мешавад. ғӯраки яклонагӣ бо якчанд мевабарг ташкил шуда метавонад.

Дар ин вақт канори сабзидаи он дар даруни ковокӣ дохил намешавад.

Агар канори мевабарг ба ковокии ғӯрак ҷуқур дохил шуда, бошад ва ҳангоми сабзиш бо нӯгҳои худ онро ба якчанд камера ҷудо кунад, ғӯраки бисёрлонагӣ номида мешавад (помидор).

Дар дохили ғӯрак як ё якчанд муғҷатухм мавҷуд аст,ки аз онҳо баъди протсесси бордоршавӣ тухм пайдо мешавад. Аз ин сабаб муғҷа тухм бо ибораи дигар ибтидои тухм (мегаспорангия) номида мешавад. Миқдори муғҷатухм дар ғӯрак вобаста ба намуди растанӣ ҳар хел мешавад.Як намуди растаниҳо дар ғӯрак – як муғҷатухм (гандум , ҷавдор,ҷав), дигараш якчанд муғҷатухм доранд (пахта). Баъзе растаниҳо (кӯкнор) миқдори зиёди муғҷатухм доранд.Вобаста ба миқдори муғҷатухми ғӯраки растанӣ як(гандум) ё зиёда тухм (кӯкнор) ҳосил мешавд. Мавҷудияти якчанд муғҷатухм дар себ нағз аён аст.

Он ҷои ғӯрак,ки дар он муғҷатухм пайваст мешавад, пласента ном дорад. Ба воситаи пласента бамуғҷатухм моддаҳои ғизоӣ дохил мешавад.

Дар вақти тадқиқи анатомии муғҷатухм қисмҳои зерини таркибии онро фарқ мекунанд: поятухм, нутселлус, пӯшиш, микропиле, халаза ва халтаи ҷанин.(расми 76)

Поятухм аз поячаи кӯтоҳи муғҷатухм иборат аст, ки бо ёрии он ба пласента мечаспад.

Нутселлуси муғҷатухм бофтаи инкишофёфтаи паренхмӣ мебошад, ки он қисми марказии ҷисми муғҷатухмро ишғол менамояд. Тамоми тарафҳои нутселлуси муғҷатухм пӯшиш дорад, ки аз ҳуҷайраҳои махсус иборат аст. Пӯшишро ибораи дигар интегументҳо меноманд. Он якто ё дуто –берунӣ ва дохилӣ мешавад. Аксарияти растаниҳои дупалла як интегумент, якпаллагӣ ду интегумент дорад.

Интегумент нуселлусро сар то сар намепӯшонад. Аз як тарафи муғҷатухм, бештар аз боло интегументҳо пайваст намешаванд ва сӯрохии начандон калонро ташкил медиҳанд, ки он микропиле ё гарддаро номида мешавад.

Он қисми тухммуғҷа, ки дар рӯ ба рӯи гарддаро ҷойгир аст, халаза номида мешавад.

Баъди бордоршавӣ тухммуғҷа бошад шакли гирдаро мегирад. Аз ҷиати мавқеаш муғҷатухм нисбат ба поятухм ба муғҷатухми рост, чаппа ва каҷ тақсим мешавад.

Муғҷатухм дар мевабарг дар шакли теппачаи хурд пайдо мешавад. ин теппача сабзида, аввал ба нутселлус ибтидо мегузорад, сонӣ интигументҳо – пӯшишҳо ташкил меёбанд. Минбаъд дар дохили нутселлус халтаи ҷанин ташкил мешавад.

Қисми дарунтарини тухммуғҷаро халтаи ҷанин ишғол менамояд, кидар растаниҳои пӯшидатухм ва гаметофити модина иборат аст.

Халтаи ҷанин дар муғҷатухм дар баробари ташаккули бофтаи пайдоиши археоспора инкишоф меёбад. Археспорияҳо аз ҳуҷайраҳои субэпидермалии нуселлус пайдо мешавад, ки он бевосита дар зери эпидермис ҷойгир аст.

Ядрои ҳуҷайраи ибтидоии археспорагӣ ба тариқи редуксионӣ ба ду тақсим мешавад, ки он ба ду ҳуҷайра ибтидо мегузорад. Баъд ядро ба худи ҳуҷайраҳо боз якбор тақсим мешаванд ва чор ҳуҷайраи калон пайдо мешавад. Ин чор ҳуҷайра болои ҳам дар як қатор ҷойгир шуда, минбаъд аз онҳо танҳо як ҳуҷайраи поёнӣ (дохилӣ) ташкил меёбад, ки он ҳуҷайраи модарии халтаи ҷанин номида мешавад.

Ҳуҷайраи модина, ки дар натиҷаи тақсимшавии ядро аз худи ҳуҷайраҳо пайдо мешавад, зуд сабзида, тадриҷан се ҳуҷайраи боқимондаро маҷақ мекунад ва ин ҳуҷайраҳо мемиранд. Аз ҳуҷайраҳои модина ё мегаспораҳо бо роҳи мураккаб халтаи ҷанин меафзояд.

Мегаспораи васеъшуда дар ҳолати оромӣ намемонад ва таъғироти калон дучор мешавад.

Дар дохили ҳуҷайраи якядрогии модинаи халтаи ҷанин ядро аввал ду тақсим мешавад. Ҳар яки ядрои аз нав ташкилёфта ба самтҳои гуногун – яке ба самти микропилярӣ, дигараш ба тарафи халаза меравад.

Дар ин вақт халтаи ҷанин дароз мешавад ва шакли як ҳуҷайраи дарози дар қутбҳо ду ядродорро мегирад, ки дар байни онҳо вакуолияи калон пайдо мешавад.

Ҳар яки аз ин ду ядро минбаъд ба усули митозӣ боз ду тақсим мешавад, ҳамин тариқ дар дохили халтаи ҷанин ядро паиҳам се бор тақсим мешавад ва дар натиҷаи ин дар ҳар қутби халтаи ҷанини дарозшуда 4- тогӣ ядро ташкил меёбад.

Бо ҳамин протсесси ташаккули ҷанин ба охир мерасад. Халтаи ҷанин комилан ташаккул ёфта аз 8 ядро иборат аст, ки дар ду қутби халтаи ҷанин 4- тогӣ қутби он воқеъ мебошад.

Минбаъд, пеш аз протсесси бордоршавӣ ё дар ибтидои он аз ҳар як қутб ядро ба мобайни халтаи ҷанин ҳаракат мекунад, ҳар яки он қутбӣ номида мешавад. Дар ин ҷо ин ду ядрои қутбӣ якҷоя шуда, як ядроро ташкил медиҳанд, ки он ядрои дуюми халтаи ҷанин ё ядрои марказӣ номида мешавад. Он миқдори диплоидии хромосомро дорад.

Дар як қутби халтаи ҷанин минбаъд 3 – тогӣ ядро боқӣ мемонад. Ҳар яки инядроро тадриҷан протоплазма иҳота мекунад ва ҳуҷайраҳои луч ташкил меёбанд, ки онҳо ном вазифаҳои гуногун доранд. Се ҳуҷайраи дар микопиле гирд омада минбаъд аппарати тухмро ташкил мекунанд. Яке аз онҳо калонтаринаш—ҳуҷайратухм (гаметаи модина) номида мешавад. Ду ҳуҷайраи дигар, ки аз паҳлӯҳои ҳуҷайратухм ҷойгиранд, синергиҳо ё ҳуҷайраи ҳамроҳ номида мешаванд. (Расми 77)

Се ҳуҷайраи дар дигар тарафи халтаи ҷанин, яъне назди халаза, гирдомадаро ҳуҷайраҳои антипод меноманд. Аз ин рӯ ҳанӯз пеш аз протсесси бордоршавӣ халтаи ҷанин аз 7 ҳуҷайра иборат мебошад. Дар халтаи ҷанин на танҳо 3 антипод, балки зиёдтар ташкил ёфтанаш мумкин аст. Ядрои дуюми халтаи ҷанин на аз ду ядро, балки аз он зиёдтар (то 14) ташкил шуда метавонад.

Гардолудшавӣ. Аз гарддонҳои пухтарасида ба гардгираки модинаи гул гузаронидани гардҳои протсесси гарднокшавӣ мебошад. Дар протсесси эволютсияи дурру дароз дар растаниҳои пӯшидатухм ҳар гуна гулҳо пайдо шуданд, ки ба гарднокшавии гуногун қобиланд. Ду усули асосии гарднокшавӣ мавҷуд аст: худгарднокшавӣ – автогамия ва аз ҳамдигар гарднокшавӣ – ксеногамия.

Худгардолудӣ. Ба гардгираки модинаи гули худ афтодани гард мебошад. Бешубҳа худгарднокшавӣ дар гулҳои дуҷинса ба амал меояд, ки сохти гули онҳо ба ин мувофиқ кунонда шуда бошад. Аввал гарддонҳо болотар аз гардгирак ҷойгиранд, сонӣ гарддон ба тарафи гардгирак кушода мешавад ва гард ба гардгирак бемалол мерезад. Ғайр аз ин ба амал баромадани худгарднокшавӣ дар байни гардак ва ҳуҷайратухм бояд мувофиқати физиологӣ мавҷуд бошад, ки якбора пухта расидани онҳоро таъмин намояд.

Дар натиҷаи худгарднокшавӣ худбордоршавӣ ба амал меояд. Ба воситаи гардаки худ бордор шудани ҳуҷайратухм автогамия номида мешавад.

Бисёр растаниҳои хӯшадор, монанди хелҳои гуногуни гандум, ҷавдор, худгарднок мешаванд. Худгардоншавии ҷав то аз бағала баромадани хӯша ба амал меояд. Бисёр растаниҳои лӯбиёгӣ – нахӯд, лӯбиё ва ғайра низ худ аз худ гарднок мешаванд. Баъзан гули ин растаниҳо нашукуфта дар ғурак худгарднокшавӣ ба амал меояд. Дар ин ҳолат аз қисми гардгираки пухтарасида ба гардгираки дигар гул дохил мешавад ва дар натиҷа гибридизатсияи табиӣ ба амал меояд. Гули баъзе растаниҳо тамоман кушода намешаванд ва дар ин вақт худгарднокшавӣ ба амал омада, худбордоршавӣ таъмин мегардад. Ин гуна гулҳои кушоданашаванда клестогамӣ номида мешаванд. Гулҳои арахис, баъзе навъҳои гули бунафша ва дигар растаниҳои клестогамӣ дух ел мешаванд: Клейстогамӣ ва хазмогамӣ. Гули бунафша ҳам ду хел мешавад: бунафшаи баҳорӣ ба воситаи ҳашарот гарднок гардида, гулҳои норавшани тобистонӣ клестогамӣ мебошанд. Гулҳои клестогамӣ дар қисми поёнии поя пайдо шуда, ҳаргиз кушода намешаванд. Дар ин гулҳо гардак ба миқдори кам ташкил меёбад, гарддон ҳатто кушода намешавад ва гард ба гардгирак дучор шуда, дар гарддон месабзад. Донаҳои гард сабзида, аз гарддон рост ба поя, аз он ҷо ба мӯғҷа гузашта, бордор мешавад ва тухм ташкил меёбад. Гулҳои хазмогамӣ дар қисми болоии растанӣ пайдо мешавад. Онҳо калон, рангин буда, кушода мешавад, вале ҳосил намедиҳанд (стрелӣ мебошанд). Поячаи модинаи арахис—гинофор баъди бордоршавӣ бошиддат инкишоф меёбад ва ба замин хам мешавад. Баъд ба он дохил шуда, тухм ва мева ташкил медиҳад. Дарвин клестогамияи 55 навъи растаниҳоро тасвир кардааст.

Бисёр растаниҳо дар зери замин гул мекунанд (нахӯди сиёҳ, чина ва ғайра). Дар ин ҷо ҳам худгарднокшавӣ мушоҳида карда мешавад.

Худгарднокшавӣ барои нигоҳ доштани навъи тоза аҳамияти калон дорад. Ин гуна растаниҳоро паҳлӯи ҳамдигар коштан зарар надорад, зеро бо гарди ҳамдигар гарднокшавии растаниҳои худгарднокшаванда тасодуфан ба амал меояд.

Растаниҳои худгарднокшаванда назар ба растаниҳои бо гарди якдигар гарднокшаванда хеле каманд.

Аз ҳамдигар гарднокшавӣ. Моҳияти ин роҳи гарднокшавӣ аз он иборат аст, ки гарди як гул ба гардгираки модинаи гули дигар растанӣ гузаронда мешавад. Вобаста ба усули гузаронидани гард чунин растаниҳои бо ин усул гарднокшавандаро фарқ мекунанд: растаниҳои ба воситаи парранда – орнитофилия ва ба воситаи об – гидрофилия гарднокшаванда.

Шамол гарди растаниҳои ба воситаи гарднокшавандаро аз як растанӣ ба дигараш мегузаронад. Ба растаниҳои ба воситаи шамол гарднокшаванда ё анемофилия бисёр растаниҳои ёбоӣ ва зироатӣ: тӯс, сафедор, канаб, бисёр алафҳо (костер, тимофеевка, ежа сборная ва ғайра), чунин ғалладона, монанди ҷавдор, ҷуворимакка ва ғайра медарояд. Гулҳои растаниҳои ба воситаи шамол гарднокшаванда чандон равшану рангин нестанд, онҳо номаълуманд, бештар ҳарду сабзанд, ки ба ранги баргу поя монанданд. Нектардон надоранд ва ё он хеле инкишоф ёфтааст. Гарддони ин растаниҳо ба миқдори зиёд гард ҷудо мекунанд. Гард хурду пардаи силиқу ҳамвор мебошад, ба ҳеҷ чиз дакка намехӯрад ва ба воситаи шамол ба осонӣ паҳн мешавад. гарди баъзе растаниҳо дар шакли халтача воситаи махсус дорад, ки он пур аз ҳаво мебошад ва парвози онро осон мекунад.

Қисми зиёди гарди растаниҳои ба воситаи шамол гарднокшаванда бефоида сарф мешавад. зеро шамол гардро бевосита аз гарддон ба гардгирак намебарад, балки ба миқдори зиёд ба баргҳо, поя ва дигар чизҳои бегона мерасонад. Дар гардгираки растании даркорӣ бошад қисми хеле ками гард мерезад. Аз ин сабаб агар растаниҳои ба воситаи шамол гарднокшаванда гарди кам ҷудо кунанд, гулҳои гарднокшудаи онҳо ҳам хеле кам мешавад.

Ба воситаи шамол гарднокшавии растаниҳо назар ба гарднокшавии онҳо бо воситаи ҳашарот дертар ба вуҷуд омадааст. Аз ин сабаб ҳам сохти гули ин растаниҳо бори дуюм тағйир ёфтааст. Модина ва наринаи растаниҳои дуҷинсаи ба воситаи шамол гарднокшаванда одатан дар як вақт намепазанд ё бештар гардгирак баландтар аз гарднок ҷой гирифта аст. Дигар мутобиқатҳо ҳам мавҷуданд. Масалан: гарддони сабзи ҷавдор аз гул ҳанӯз дар ҳолати пӯшида намоён мешавад ва ба воситаи ресмонҳои дароз ҳаракат мекунад. Дар ин ҷо кушода мешавад. Гард аз гарддони пухтарасида мерезад ва ба воситаи шамол кашонда мешавад. Гардгираки модина бошад назар ба гарддони ҳамон гул дертар мепазад ва аз ин сабаб аз гарди дигар гулҳо гарднок мешавад.

Гули растаниҳои ба воситаи шамол гарднокшаванда дар тӯдагулҳои аз шамол ба осонӣ ҷунбонанда – гӯшвор, ҷорӯбак, хӯша гирд оварда шудаанд, ки онҳо чун қоида дар нӯги растаниҳо ҷойгиранд. Бисёр растаниҳои ин гурӯҳ то пурра сар додани барг гул мекунанд (осина, тӯс, олха ва ғайра), ки ин ба гардгирак афтодани гардро осон мегардонад.

Бисёр растаниҳои ба воситаи шамол гарднокшаванда баргҳои наздигул надоранд, ки ин ҳам ба гардгирак афтидани гардро мекунад. Гарддони ин растаниҳо бештар калон аст, дорои риштаҳои дароз мебошанд ва ҳангоми кушода шудан гардро бо зӯрӣ мепартоянд. Ғайр аз ин растаниҳои ба воситаи шамол гарднокшаванда бо гурӯҳҳои калон месабзанд (майдонҳои ҷангал, буттазорҳои калон, алафзорҳо).

Гардгираки модинаи растаниҳои бо шамол гарднокшаванда барои дошта гирифтани гарди хушк қобиланд. Он одатан берун аз гул ҷойгир аст, шохаҳои бисёр дорад, ки бо мӯякчаҳо пӯшонда шудааст. Бо ин гардгирак гард ба осонӣ дошта мешавад.

Гарди растаниҳои бо шамол гарднокшаванда ба масофаҳои дур расонда мешавад. Дар натиҷаи гузаронидани таҷрибаҳои махсус муайян карда шудааст, ки гарди тӯс то ба масофаи 30 – 35 км паҳн мешавад. ҳодисаи (дар Замини Нав) ба мосафаи то 400 км расонда шудани гарди ольха, финдиқ маълум аст. Вале ин гард қобилияти сабзиши худро на ҳамеша нигоҳ медорад. Гарди растанӣ нами ҳаворо ба худ гузаронда, варам карда, мекафад ва қобилияти сабзиши худро гум мекунад. Ба парвози тези гард ҷангалзор, кӯҳсор, обанборҳо ҳам халал мерасонанд.

Ба воситаи ҳашарот гарднокшавии растаниҳо бо ибораи дигар энтомофилӣ номида мешавад. гулҳои ин растаниҳо ҳам бисёр хусусиятҳои биологӣ доранд, ки барои ба воситаи ҳашарот бо гарди ҳамдигар гарднок шудан ёрӣ мерасонанд. Дар назар доштан лозим аст, ки ҳашарот ба гул асосан барои хӯрок менишинад, хӯроки онхо нектар ва гардҳо мебошад. Нектарии гулҳоро зпнбӯри асал барои тайёр намудани асал истифода мебарад. Гардро бошад занбӯри асал ҳамчун хӯроки худ ва бачаҳояш ба кор меравад.

Бо мақсади ҷутуҷӯи хӯрок ҳашарот ба миқдори зиёди гулҳо менишинад. Ба ҳамин тариқ гул ва ҳашарот ба ҳамдигар хизмат мекунанд. Мувофиқати байниҳамдигарии ҳашарот ва гулҳои бо ин ҳашарот гарднокшаванда мушоҳида карда мешавад.

Растаниҳои энтомофилӣ пеш аз ҳама бо мавҷудияти тоҷгули рангорангу калон фарқ мекунонанд, ки он аз дурр намоён аст. Баргҳои наздигул одатан шаклан ба тоҷгул монанданд, ки ин ба воситаи ҳашарот гарднокшавиро осон мегарданад.

Гули ин растаниҳо инчунин бӯи хуш доранд, миқдори зиёди нектарро хусусан ҳашарот ба осонӣ меёбад. Ба бӯи гул ҳашарот як хел муносибат намекунад. Баъзе ҳашарот чунин бӯи гулро дӯст медорад, ки ба дигараш он тамоман маъқул нест. Масалан, магасҳои гуногун ва бисёр гамбускҳо, ки ба лошахӯрӣ одат кардаанд монанди ангури сагак ва бузина растаниҳои гулаш бадбӯйро дӯст медоранд.

Пардаи гарди растаниҳои энтомофилӣ шахшӯл, хор ва қуноқакдору аксар часпак мебошад, ки ин ба ҷисми ҳашарот часпидани онро осон мекунад.

Аксаран сохти гули ин гурӯҳи растаниҳо низ дигаргун аст. Одатан ин гуна гулҳо сохти зигоморфии нодуруст доранд. Ҳашарот барои дохил шудан ба нектардони ин гуна гулҳо бояд зӯр зада баргҳои тоҷгулро аз ҷояш ҷунбонад, ки ин барои аз шиками ҳашарот ба гардгираки модина рехтани гарди гули растанӣ ёрӣ мерасонанд.

Барои бо гарди гули якдигар гарднокшавии растаниҳои энтомофилӣ мавҷудияти дихогамия ва гетростилия ҳам мадад мекунад.

Дихогамия ҳодисаи дар як вақт пухта нарасидани нарина ва модинаи як гул мебошад. Ё нарина пештар аз модина ва ё модина пеш аз нарина пухта мерасад. Бештар пеш аз модина пухта расидани нарина мушоҳида карда мешавад. Инҳодисаи дихогамия—протерандрия ва агар гаргирак пеш аз гарддон пухта рассад проторогиния номида мешавад. Дихогамия дар сохти гули растаниҳои салибгул, паслёнҳо, лабгул ҳодисаи муқаррарӣ мебошад.

Дар қатори дихогамия дар баъзе растаниҳои мевадиҳанда, хусусан як қатор намудҳои себ номувофиқиигаметаҳои нарина ва модина мушоҳида карда мешавад, ки дар натиҷаи ин гарди гули худӣ ва ҳатто растании мазкур модинаи худро гарднок карда наметавонад. Ин гуна навъҳои растанӣ худҳосилдиҳанда нестанд ё худстерелӣ (автостерелӣ) мебошанд. Дар таҷрибаи боғдорӣ ба таври эксприменталӣ барои ҳар яки ин навъҳои гардноккунанда интихоб карда шудаанд. Аз ин сабаб дар вақти ташкил додани боғ ҳамроҳи навъҳои худстерелӣ баъди як ё ду қатор навъҳои гардноккунандаро мешинонанд.

Навъҳо ва ё ҷинсҳои растаниҳо, ки бо гарди худ гарднок мешаванд, автогамӣ (худмевакунанда) номида мешаванд.

Ҳодисаи гетеростилия ҳам боиси бо гарди гули як растанӣ гарднокшавии модинаи дигар растанӣ мешавад. Гетеростилия дар байни як намуд вомехӯрад. Баъзан сутунчаи гул дароз мешавад ва дар ин вақт ресмонҳои нарина кӯтоҳ буда, гарддон поёнтар аз гардгирак ҷойгир аст. Баръакс агар сутунчаи гул кӯтоҳ бошад, дар ин вакт ресмонҳои нарина дароз мешавад. ҳодисаи гетеростидия дар примула, сирен, марҷумак (гречка) ва ғайра мушоҳида карда мешавад.

Дар бисёр минтақаҳои мамлакатҳои тропикӣ, ки дар ин ҷойҳо растаниҳои махсуси дорои гулҳои калон мерӯянд, бисёр гулҳоро паррандаҳо хусусан калибрӣ ва асалхӯракҳо гарднок мекунанд. Колибриҳо парандаи хеле хурд буда, ҷинси бисёрии онҳо назар ба ҷисми замбӯр калон нест ва дарознӯл мебошанд. Ин паррандаҳо тобистон нектар ҷамъ карда мехӯранд ва бо сари худ мебаранд.

Протсесси гарднокшавии растаниҳои обӣ ба воситаи об мегузарад. Аз ин сабаб ин растаниҳо мутобиқати гуногун доранд. Гарди растаниҳои обӣ аз ҷиҳати сохт ва хусусияти биологӣ хеле фарқ мекунанд. Онҳо пардаи берунӣ – экзина надоранд. Вазни хоси гарди бисёр растаниҳои обӣ вазни хоси об баробар аст ва аз ин сабаб бо ҷараёни об кашонда мешавад. Гулҳои наринаи дигар растаниҳои обӣ назар ба модина аз боло ҷойгиранд, гард бошад назар вазни қиёсии об вазнинтар мешавад ва оҳиста ба гардгираки модина мерезад. Роҳи сеюми ба гардгирак афтодани гард аз ҷиати биологӣ диққатҷалбкунанда мебошад, ки онро дар мисоли валленснерия мушоҳида кардан мумкин аст. Ин растании дуҷинса буда, гули модинааш дар поягули дарози печутобхӯрда месабзад. Дар вақти пухта расидани гул поягул тоб мехӯрад ва гул ба рӯи об мебарояд. Гули нарина ҳам дар зери об инкишоф меёбаду вале поягули кӯтоҳ дорад.

Гули наринаи пухтарасида аз тӯдагул канда мешавад ва дар шакли курачаҳо дар рӯи об шино мекунад. Дар ин вақт он кушода мешавад ,гулбаргҳо роли завравқро адо мекунанд, ки аз онҳо ду наринаи гардҳои часпакдор дароз кашида мешаванд. Ин гулҳои нарина ба воситаи ҷараёни об ба назди гардгираки модина оварда гарднок карда мешаванд. Баъди гарднокшавӣ поягули гули модина аз нав тоб мехӯрад, гул дар зери об мечӯкад, ки дар ин ҷо мева пухта мерасад.

Нектардон. Бисьёр растаниҳо нектардон ҳам доранд, ки он аз пайдоиши ғадудӣ иборат мебошад. Нектардон дар ҷинсҳои чудогонаи растанӣ шаклан гуногун мешаванд. Вазифаи асосии нектардон ҷудо кардани шираи махсуси—нектар аст, ки он барои ҳашарот ғизо ва аз ин рӯ мулӯҳ мебошад.

Нектардон дар қисмҳои гуногуни гули растанӣ ташкил мешавад. Дар баъзе растаниҳо он берун аз гул инкишоф меёбад. Бештар нектардон дар дарунтари гул ҷойгир аст, ки ин барои нағзтар гарднок шудани он ба воситаи ҳашарот ёрӣ мерасонад. Нектардон дар ҷои ба думча пайвастшавии (каду,геран), дар асоси ресмони нарина (горчица, черника, клюква), дар асоси (печак), косабарг (липа) ҷойгир шуда метавонад. Бисёр вақт онҳо шакли теппача доранд.

Нектардонҳои берун аз гул дар акасияи сафед, лӯбиёгӣ, нахӯди киштӣ, пахта олуболу, гелос ташкил меёбанд, ки дар думчаи баргҳо ҷойгиранд.

Нектар аз қанд, глюкоза фруктоза бой аст ва ба миқдори начандон зиёд моддаҳои сафеда, минералӣ ва витаминҳо дорад. Аз ин сабаб асале, ки барои ба вуҷуд овардани он замбӯр нектарро фоида мебарад , серғизо ва дорои бисёр витаминҳо мебошад.

test

Добавить комментарий