Тухм ва мева. Инкишофи тухм ва муғчатухм

Тухм ва мева баъди бордоршавӣ инкишоф меёбанд. Тухм аз муғҷатухм ва мева аз ғӯраки гул ба вуҷуд меоянд.

         Одатан тухми бисёр растаниҳои гулкунанда аз ҷанин ва эндосперм – (бофтаи дорои моддаҳои захиравӣ) иборат аст. Дар баробари тамом шудани бордоршавии дукарата аз ҳуҷайратухм ҷанини тухм, ва ядрои марказӣ тухммуғҷа – эндосперм ташкил меёбад. Интигументҳои муғҷатухм  ва пӯсти тухм табдил меёбанд. Инкишофи ҷанин ва эндосперми ратаниҳои  гуногун  ҳар хел аст.

        Аксар маврид зигота (ҳуҷайратухми  бо як сперма бордоршуда) аввал бо ҷилди хеле ғафс пӯшонда мешавад, ки баъди он давраи оромӣ ба амал меояд. Давраи оромии зиготаи  растаниҳои  гуногун  як хел нест ва он аз 3 – 4 соат то чанд моҳ давом мекнад. Зигота баъди гузаштани давраи оромӣ бо девораи кӯндаланг тақсим шуда, ду ҳуҷайраро пайдо мекунанд.

                            ИНКИШОФИ   МЕВА.

         Баъди   бордоршавӣ  ғӯрак-ба   мева  ва  муғҷатухм  инкишоф  ёфта, дар  дохили  мева мемонад. Мева  тухмро  аз таъсири  физикӣ  ва  механикии  зоҳирӣ муҳофизат  мекунад. Ҳар  ғӯрак ва ҳам  мева аз  мевабаргҳо  пайдо  мешаванд.  Мева аз   як  ё  якчанд  мевабарг иборат  шуданаш   мумкин  аст.

         Мева аз  ду  қисм  иборат  аст: Тухм   ва  пешмева. Пешмева  аз  деворчаҳои  ғӯрак  ташкил  мешавад. Пешмева  аз  ҳар  тараф  тухмро  иҳота  карда  мегирад. Тухми  қариб  тамоми  растаниҳо топухта  расиданаш  бо  пешмева  зич  пӯшонда  мешавад  ва  баъди  пухта  расидани  пешмеваи  баъзе  растаниҳо  кушода  мешаваду   тухм  пош  мехӯрад.  Аз  ин  сабаб  меваҳои   кушодашаванда   ва  вонашаванда   фарқ  мекунанд.

Пешмеваи растаниҳои пухтарасида  аз  се  қабат иборат аст: Экзокарпия,  мезокарпия  ва  эндокарпия. (расми  79) . Қабати  аз  ҳама берунтари  пешмева  экзокарпия  мебошад,  ки  аз эпидермиси  беруниидевори  ғӯрак  ташаккул  меёбад. Эпидермиси  дохилӣ  ба  қабати  дуюми  пешмева  эндокарпия  ибтидо  мегузорад. Эндокарпияи  пешмеваи  растаниҳои донакдор(олу, шафтолу,олуча  ва ғайра) аз  қабати  ҳуҷайраҳои  чӯбгардида-склерид  иборат  аст. Эндокарпияи   меваҳои  ин  растаниҳо  ба  пӯшиши  чӯбини тухм  табдил   ёфтааст,  ки онро  ба  таври  оддӣ  донак  ҷойгиршуда аз таъсири  шароити   номувофиқ  муҳофизат  карда  шудааст.  Ба туфайли  ин  ҷанини  тухм  қобилияти  сабзишашро    муддати  дароз  нигоҳ медорад. Қабати  пешмева, ки  дар байни  экзо  ва  эндокарпия  вуҷуд  дарод,  қисми  мобайнии  онро  ташкил  медиҳад  ва  мезокарпия  номида   мешавад. Мезокарпия бештар калон шуда, гӯштнок ваш иранок мешавад, ки дар натиҷа меваи сершира ташкил меёбад. Се қабати пешмева перикарпияро ташкил медиҳад.

         Классификатсияи мева аз рӯи хусусияти пешмева.

         Меваҳо ба меваи ҳақиқӣ ва меваи қалбакӣ тақсим мешаванд. Меваҳое  меваи ҳақиқӣ номида мешаванд, ки дар пайдоиши онҳо танҳо ғӯрак иштирок мекунад, меваҳое, ки дар пайдоиши онҳо ғайр аз модина дигар қисмҳои гул ҳам иштирок мекунанд (қисмҳои наздигул, гулгоҳ) меваҳои қалбакӣ номида мешаванд.

         Меваҷоти ҳақиқӣ ба меваи оддӣ ва тӯдамева тақсим мешавад. Агар гул фақат як модина дошта бошад, аз ғӯраки он баъди бордоршавӣ як мева ташкил  меёбад, ки он меваи оддӣ номида мешавад (донакмева, лӯбиё, ғилофак ва ғайра).

         Вобаста ба сохти пешмева меваҳои хушк ва меваҳои ширанокро фарқ мекунонанд.

         Меваҳои хушк вонашаванда ва вошаванда, яктухма ва бисёртухма мешаванд.  Ба меваҳои оддии яктухма донакмева, тухмак, қанотак, чормағз, желуд дохил мешаванд.

         Донакмева меваи хушки яктухмаест, ки пеш меваи он ё ба ҷилди тухм зич часпида меистад ва ё бо он якҷоя аст. Аз ин сабаб ҳам дар хоҷагии қишлоқ ин гуна меваро тухм ҳам меноманд. Донакмемак қариб ҳамаи растаниҳои ғалладона (гандум, ҷавдор, ҷуворимакка, ҷав, тимофеевка, костер ва ғайра) доранд.

         Тухмак меваи яктухмаи дорои пешмеваи пӯстнок мебошад, ки он ба тухм пайваста асту, вале бо он якҷоя намесабзад (офтобпараст, сафлор «маҳсар»). Тухми бисёр растаниҳо узви махсуси болмонанд дорад ва аз ин рӯ онҳо қанотакдор  (шунг қайроғоч) ва дуқанотакдор (заранг) номида мешаванд.

         Желуд меваи ба чормағз монанд буда, аз мевабарг ба вуҷуд  меояд.

         Баргакча (листовка), боб, ғилофак, қуттича  меваҳои оддии хушку бисёртухма мебошшшанд. Расми 80.

         Боб аз як баргмева пайдо мешавад. вале аз ду чок кушода хоҳад шуд.     Тухм бевосита ба стоворкаи мева пайваста аст, мева яклонагӣ  мебошад. Одатан бобҳо  меваҳои  бисёртухма  мебошанд (нахӯд, лӯбиё, нахӯди даштӣ, акатсия), баъзан як меваи  як ё  дутухма ҳам вомехӯрад (юнучқа, эспартсет).  Баъзан боб кушода намешавад (донник, арахис, баъзе навъҳои юнучқа). Меваи боб барои растаниҳои лӯбиёгӣ хос аст.

Ғилофак зоҳиран ва боб монанд аст. Вале бо ду мевабарг ташкил меёбад в аду лона дорад. Тухм на ба  створкаҳо балки ба девораи борики плёнкамонанди дар мобайни мева   ташкил ёфта мачаспад. Он ҳам аз ду чок кушода мешавад (карам, шалғам, сурепка, якушка).

         Қуттича  ин меваест, ки аз ду ё якчанд мевабарг ташкил ёфта, бо роҳҳои гуногун кушода мешавад: бо ёрии сарпӯшак, дандонаҳо, кафидан, вақте мешавад, ки тамоман кушода намешавад. Қуттича мумкин аст, ки яклонагӣ (пахта), дулонагӣ (банги девона), селонагӣ (лола), бисёрлонагӣ (заранг) шавад.

         Меваҳои  ширанок.  Баръаски   меваҳои  хушк  меваҳои  ширанок  пешмеваи  сершира  ва  ба  миқдори  зиёд об  ( 70-75) доранд. Онҳо ҳам яктухма (донак) ва бисьёртухма (ягодаҳо)  мешаванд.

         Донак-меваи  шираноки  яктухма (олуболу, олу, черёмуха,зардолу,шафтолу) мебошад. Якумаш  қабати берунӣ (экзокарпия)  ки  пӯсти  тунуки меваро ташкил  медиҳад, дуюмаш  ё худ  мобайни  қабати сергӯшт (мезокарпия)  ва сеюмаш  аз  қабати  сахт-донак  иборат, ки тухми дар дохили  он  мавҷуда (эндокарпия)-ро  муҳофизат  мекунад.

         Ягодаҳо- меваҳои  шираноки  бисьёртухма  мебошад, ки аз якчанд мевабарг ташкил  меёбад. Пешмеваи  ягода аз ду қабат  иборат аст;берунӣ  -пӯст  ва дохили-гӯшт,ки дар  дохили-гӯшт, ки  дар он тухм  ҷойгир аст,(ангур, клюква, картошка, помидор, боқило, ангури  сагак). Ягода  яклонагӣ  ва бисьёрлонагӣ  мешавад.

Меваҳои  қалбакӣ. Дар  пайдоиши  меваи  бисьёр  растаниҳо  ғайр  аз  ғӯрак  дигар  қисмҳои  гул  ҳам  иштирок  мекунанд:  косабарг, гулгоҳ,  нарина. Ин  гуна  меваҳо  қалбакӣ  номида  мешаванд. Меваҳои  қалбакӣ дар  растаниҳои  гулӣ  ғӯраки  поёнӣ дошта инкишоф меёбанд. Крижовник, садбарг, шоҳтути заминӣ, себ, биҳӣ, анор, (каду, тарбуз, бодиринг). Дар тармевамонандҳои қалбакии кадугӣ (каду, тарбуз) қабати берунии сахт аз ҳисоби сабзида  васеъ шудани гулгоҳ, қисми шираноку гӯштнок аз ҳисоби пешмева пайдо мешавад. меваҳои лимон, апелсин, мандарин  ҳам ба меваҳои ягодамонанд  дохил мешаванд.

         Себ, нок мевае доранд, ки қисми берунии мағзаш аз ҳисоби  сабзиши гулгоҳ ва  қисми дохилиаш аз ҳисоби ғӯрак пайдо мешавад.

         Тӯдамева ё меваҳои мураккаб. Дар вақти дар гул мавҷуд будани якчанд модина мева аз ҳар яки он инкишоф ёфта метавонад ва дар ин вақт дар як ҷои гулгоҳ якчанд модина вуҷуд дорад. Листовкаи мураккаб чинорак, костянкаи мураккаб (марминҷон, малина) ҳамин тавр  инкишоф меёбанд.

         Агар якчанд меваи аз гулҳои ҷудогона пайдо шуда якҷоя сабзида, гӯё як меваро ташкил диҳад, пас тудамева ташкил меёбад (тут, анҷир, лаблабу, ананас).

         Аҳамияти мева барои ҳаёти растанӣ аз он иборат аст, ки он пеш аз ҳама тухмро муҳофизат менамояд. Бисёр растаниҳо ба воситаи мева паҳн мешаванд.

         Усулҳои  паҳншавии  мева  ва  тухм.  Барои  аз  худ  кардани  территорияи  муайян  паҳн  шудани  меваҳо ва тухми  онҳо аҳамияти  калон  дорад. Дар паҳн кардани тухм ва мева об, шамол ва паррандаҳо фаъолона иштирок мекунанд.

         Тухми буттаҳои ҷангалӣ чунон сабук мешавад, ки дар андак шамол ба масофаҳои дурр парида меравад. Бо ёрии шамол тухмиҳои пӯпакдор, қанотакдор ҳам нағз паҳн мешаванд.

         Пӯсти тухми бисёр растаниҳои биёбон ва марғзор хорча доранд, к ибо ёрии онҳо ба пашми ҳайвонот, либоси одам часпида ба масофаҳои гуногун бурда мешаванд. Меваи дорои пешмеваи гӯшту ширанокро ҳайвонот ва паррандаҳо мехӯранд ва онҳоро ба воситаи ахлот паҳн мекунанд. Дар ин ҳолат тухми дар дохили мева мавҷуда аз узвҳои ҳозимаи ҳайвонот ва паррандаҳо бемалол гузашта, қобилиятисабзишро гумм намекунанд ва ба туфайли пӯсти сахт аз организм безарар мебароянд. Тухми растаниҳои соҳилӣ ба воситаи об паҳн мешаванд.

         Барои паҳн кардани тухмӣ растаниҳо мурчагон ҳам аҳамияти калон доранд. Тухм ва меваро аз ҳама хубтар ва бештар инсон паҳн мекунад.

         Аҳамияти мева ва тухми он ба ҳаёти одам. Меваҳо барои худи растанӣ ҳамчун муҳофизатчии тухм аз шароити нобоби муҳити беруна аҳамияти калон доранд. Мева ва тухми дар айни замон барои афзоиш ва паҳн кардани растанӣ хизмат мекунанд.

         Мева ва тухм барои ҳаёти одамон ҳам аҳамияти калон доранд. Онҳо дар хӯрок ва хӯрокии  чорво васеъ истифода карда мешаванд. Дар саноат ҳамчун ашёҳои хом истифода карда мешаванд (масалан, дар саноати нонпазӣ, равғанкашӣ, пивобарорӣ, ликёру арақ, барои гирифтани равғани эфир, барои тайёр кардани доруворӣ ва ғайра).

         Инкишофи ҷанин, тухм ва мева бебордоршавӣ. Барои растаниҳои пӯшидатухм пайдоиши тухм аз ҳуҷайратухми бордоршуда протсесси муқаррарӣ буда, амфимиксис номида мешавад. Дар баробари ин баъзан тухм ва меваи як қатор растаниҳо бебордоршавии пешакӣ  инкишоф меёбад. Ин ҳодиса апомиксис номида мешавад. Дар ин гуна ҳолатҳо ҷанин аз қисмҳои гуногуни муғҷатухм, масалан аз нутселлус интегументҳо, элементҳои халтаи ҷанин пайдо шуда метавонад.

         Якчанд  типҳои  апомиксисро  фарқ  мекунанд.

Ҳодисаи  аз  ҳуҷайратухми  бордорнашуда  пайдо   шудани  ҷанини   тухмро  партеногенез   меноманд.  Ду  шакли  партеогенез  мушоҳида  карда мешавад:  дар  ҳолати   якум  ҷанин  аз ҳуҷайратухми  гаплоидӣ, дар  ҳолати  дуюм  аз  ҳуҷайратухми  диплоидӣ  пайдо  мешавад. Холати  дуюм бе  тақсимшавии  редуктсионӣ  ба  амал  меояд.

         Протсесси  аз  синегрид  ё  антипод    пайдо  шудани  ҳуҷайратухм  апогамия  номида  мешавад.

         Дар  вақти  апогамия   ҷанин  аз  элементҳои гаплоидӣ  ё диплоидӣ  ба   вуҷуд  омада  метавонад.  Дар  ин  ҳолат  ҳам  тақсимшавии  редуктсионӣ  мушоҳида   карда  намешавад.

         Аз ҳуҷайратухми нутселлус ё интегументҳо ташаккул ёфтани  ҷанин  апоспория  ба амал  меояд. Аз ин сабаб  дар вақти  апоспория ҷанин  ҳуҷайраҳои ба таври  редуктсионӣ  тақсимнашударо ба  вуҷуд  меоварад.

         Партенокарпия.  Бе  тухм  инкишоф  ёфтани  мева  партенокарпия  номида  мешавад. Ба  меваҳои  партинокарпӣ  ангури  бедонаи  кишмиш, меваи бетухми  хурмо  ва тӯдамеваи  бетухми  анҷир ва  ғайраҳо  дохил  кардан  мумкин аст. Растаниҳои  партенокарпии  мевадиҳанда   танҳо  бо  роҳи  вегетативӣ   зиёд  мешаванд.  Дар  боғдорӣ  ба  даст  даровардани  меваи бетухми  бисёр  растаниҳо  комёбии  калон  мебошад.  Ин  масъалаи  ниҳоят   диқкатангези  боғдори  мебошад.

         Ду  шакли  партенокарпия  мушоҳида  карда  мешавад: вегетативӣ вастимулӣ. Дар вақти партенокарпияи вегетативӣ мева  бо  гарднокшавӣ  (ё бе гарднокшавӣ)  ба  вуҷӯд меояд.  Ноки  бетухм  мисоли  партенокарпияи  вегетативӣ  мебошад.  

         Партенокарпияи  стимулӣ  дар  вақти  бо  стимуляторҳои  гуногун  мутассиркунии гардгирак ба вуҷуд меояд. Бештар  ба сифати  стимулятор  гардгираки  ҳамҷинсии  пухта расидароистифода  мебаранд.   Масалан, гардгирак  себро бо  гарди  нок  бордор  мекунанд.

         Гардгиракро  бо  реагентҳои  химиявии  гуногун  ҳам   мутаассир  мекунанд.

         Ба  ҳамин  тариқ  таъсири  стимуляторҳо   боиси  партеногенези   ё партенокарпия  шуда  метавонад.

test

Добавить комментарий