Омилхои абиотики

Роли омилҳои иқлим. Дар ҳаёти растанӣ равшанӣ роли муҳим мебозад. Дар киштзорҳои ғавс камқувват шудани пояҳои ғалладона боиси ба рeи замин хобидани растанӣ мегардад. Ин бештар ба нарасидани равшанӣ вобастааст. Равшанӣ ба растанӣ на танҳо дар процессҳои физиологӣ ба инкишофу сабзиши он таъсир мерасонад . Fайр аз ин равшанӣ ба сохти дарунии растанӣ таъсир расонда, ба тағъирёбии шакли он низ роли муҳим мебозад. Реҷаи равшанӣ аз равшании рост ва парешон, миқдору сифати он ташкил меёбад. Реҷаи равшанӣ вобаста ба арзи географӣ, фасли сол ва шаборeз баландӣ нисбат ба баҳр, релъеф, вазъияту обу ҳаво, хусусияти растаниҳо тағъир меёбад. Миқдори равшанӣ аз тарафи қутб ба экватор зиёд мешавад. Дар минтақаҳои шимолӣ аз сабаби абрнокии зиёд равшании парешон афзалият дорад. Дар минтақаҳои баландкeҳ равшанӣ миқдори зиёди шуоҳои ультрафеолетиро зиёдтар дар бар мегирад. Дар пастхамиҳои ҷангал равшанӣ назар ба заминҳои кушод дигаргун аст. Азбаски баргҳои растанӣ на ҳамаи қисмҳои спектрро якхела фурe мебарад,ҳангоми гузаштан аз баӣни шоху барги дарахт тартиби равшанӣ сифатан тағьир меёбад.

Мутаносибан ба равшанӣ растаниҳои дар соя (растаниҳои соягӣ ), ва растаниҳои дар ҷоӣҳои кушод (растаниҳои равшандeст) рeянда ва растаниҳои баӣни гурeҳии дар ҷоӣҳои кушод нағз сабзида, ба соя ҳам тоб меоранд, фарқ мекунанд. Растаниҳои сояги ва равшанидeст бо як қатор аломатҳои анатомӣ – морфологӣ ва физиологӣ фарқ мекунанд. Агар дарахтонро ба қатори ба соя тобоварии онҳо гузорем, пас чунин тартиби онҳоро мебинем: листвинница, тeс қарағайи оддӣ ,санавбар, дарахти булут, шунг, заранг, липа,ель, пихта, тис.

ҳарорат. ҳарорат бо равшанӣ зич алоқаманд аст. Зеро паҳншавии ҳарорат дар рeи замин ба дохилшавии энергияи шуодори офтоб вобастааст. ҳарорат ба гузаштани процессҳои асосии ҳаёти организми растанӣ (фотосинтез, нафасгирӣ, транспиратсия) таъсир мерасонад. Он ба сабзишу инкишоф ва ба шаклдароии растанӣ таъсир расонда, яке аз омилҳои тақсимоти минтақавии растанӣ мебошад. Азбаски миқдори радиацияи офтобие, ки ба воҳиди рeи замин рост меояд, аз сабаби кам шудани кунҷи афтиши шуоҳои офтобие, ба ин тараф паст мешавад, ҳарорати миёнаи солона аз экватор ба қутбҳо ҳам паст хоҳад шуд. ҳангоми ҳаракат аз ҷануб ба шимол ҳарорати миёнаи солона ба ҳар як дараҷаи географӣ 0,5 паст мешавад. Баъди ҳар як 100 метр ба кeҳ боло баромадан 0,56 паст шудани ҳарорат мушоҳида карда мешавад. Дар минтақаҳои ҳамвори хeшкӣ мувофиқан ба тағъирьёбии мавсимии радиацияи фарқияти ҳарорати фаслҳои сол аз экватор ба қутбҳо зиёд мешавад. Дар нимкураи ҷануби фарқияти мавсимӣ чандон калон нест. Ин ба майдони на чандон калони хeшкӣ ва таъсири мулоимкунандагии уқъёнус вобаста аст. Дар асоси фарқияти режими гармӣ участкаҳои гуногуни замин ба якчанд минтақаи гарми таксим мешаванд: тропики, субтропики, гарми муътадил, хунуки муътадил ва хунуки қутбӣ. Ба ҳар як растанӣ мутобиқи ҳамон минтақа мебошад: тропики, субтропики, суббореалӣ, бореалӣ, арктикӣ. Ба хусусияти растании ҳар як минтақа омилҳои дигар ҳам таҳсир мерасонад: намии хок, таркиби химиявӣ ва механикии он ва ғайра. Режими ҳарорат ҳатто дар доираи як минтақа тағьр меёбад. Нисбат ба нишебиҳои шимолӣ дар пастхамиҳои ҷанубии кeҳҳо гармӣ зиёд аст. Дар даруни ҷангал тағироти ҳарорат назар ба марғзори он хеле кам аст. ҳадди ҳароратии мавҷудияти растани хеле калон аст. Ба паст шудани ҳарорат то ба дараҷаи пасттар аз нуль бисёр растаниҳо тоб оварда метавонанд. Зеро дар протсеси инкишофи таърихи дар онҳо қобилияти махсуси мувофиқшави кор карда бароварда шудааст ки онро аз таъсири зарарноки ҳарорати паст муҳофизат менамояд. Таҳсири ҳарорати паст дар базе мавридҳо боиси ташаккули ба худ хоси намуди зоҳирии растани мегардад: шакли хобидаи дарахтон, буттаҳо, шакли болишт монанди растаниҳои баландкeҳ. Шароитҳои ниҳоят экстремали боиси кор карда баровардани қобилияти мувофиқшавии ба ҳам монанди растаниҳои минтақаҳои гуногун шуда метавонад: ташкилёбии пeкаи қафс, ҷудокуни мум, қатпасти ва ғайра. Ин гуна қобилияти мувофиқшавиро ҳам дар растаниҳои мамлакатҳои хунук ва гарм дидан мункин аст.

Барои ҳар як растани лаппиши (амплитудаи) гармии бо худ хос мавҷуд аст. Вале растани дар ҳарорати муфовиқ нағз инкишоф меёбад.

ЛАППИШИ ГАРМИИ БАЪЗЕ РАСТАНИҳО

Обсабзи барфин… аз –34 то +4 с

Обсабзи чашмаҳои гарм аз +70 то +93

Нахeд ………………….. аз –2 то +44

Каду …………………… аз +14 тго +46

Спораҳои замбeруғ ва бактерияҳо қобилиятноканд, ки ба ҳарорати –273 тоб оварданд.

Режими гармии хок. Ҷабидани об ва моддаҳои минералӣ, сабзиш, нафасгирии решаҳо, қобилияти ҳаётии микробҳо, замбeруғҳо, обсабзҳо, процесси таҷзияшавии боқимондаҳои органикӣ, сабзиши тухм на танҳо ба ҳарорати муҳит, балки ба хусусиятҳои физикии хок ҳам вобаста мебошад. Хоки гилноки иқлими мулоим нисбат ба хоки замини регдор хунуктар мебошад. Хоки заминҳои растанидор нисбат ба хоки заминҳои берастанӣ ва хоки заминҳои намнок нисбат ба заминҳои хушк хунуктар аст. Хокҳои структури нисбат ба хокҳои ғайриструктурӣ дар мавсими баҳор зудтар гарм мешавад. Хокҳои сиёҳтоби аз гумус бой бештар гарм мешавад. Табақаи болоии хок тобостону зимистон нисбати ҳаво ҳарорати хеле баланди миёна дорад. Дар чуқурии хок ҳарорат хеле суст тағир меёбад. Аз ин сабаб ҳам ҳарорати хок нисбат ба ҳаво камтар тағир меёбад. Таносуби ҳарорати хок градиенти ҳароратро ташкил медиҳад. Дар процесси эволюция растаниҳо ба ҳарорати манфии градиентӣ қобилият пайдо карда ва нағз сабзида инкишоф меёбад. Муайян карда шудааст, ки агар ҳарорати хок нисбат ба ҳарорати ҳавои кушод баландтар бошад, ҳосил кам мешавад (масалан, дар гармхонаҳо). Дар кори хоҷагии қишлоқ ҳамаи инро базар гирифтан лозим аст. Азбаски тухмии навъҳои гуногуни растани дар ҳарорати ҳархелаи хок месабзад, мeҳлати кишти тухмии растаниҳои зироатии гуногун ҳам ҳар хел мебошад.

Тухми ҷуворимакка дар ҳарорати +8- +100С, тарбуз, харбуза, бодиринг дар ҳарорати +140С месабзад. ҳарорати устувори +140С дар минтақаи миёна дар нимаи моҳи июн ҷорӣ мешавад, ки ин муддати кишти полизиро дар ин районҳо муайян мекунад.

Сабзиши зерибарфии растаниҳо. Баъзе растаниҳои гулкунанда қобилият доранд, ки дар ҳарорати нисбатан паст сабзанд. Ин растаниҳои баландкeҳ, қутбӣ ва баъзе растаниҳои баҳорӣ барвақти мебошад.

Аксари ин растаниҳо қоболияти дар зери барф забзиданро доранд. Ин растаниҳо баҳори барвақт, ки барф дар баъзе ҷойҳо ҳанeз об нашудааст, гул мекунанд. Онҳо зерибарфӣ (бойчечак) номида мешаванд. Сикли инкишофи ин растаниҳо зуд тамом шуда, барги онҳо дар аввали тобистон хушк мешавад ва то баҳори оянда аз ин растаниҳо лундаҳои реша, пиёзак ё поя боқӣ мемонад. Аз сабаби хеле кeтоҳ будани давраи инкишофёбӣ ин растаниҳоро эфемер ва эфермериодиҳои баҳорӣ меноманд. Ба растаниҳои эфемероидҳои баҳорӣ бойчечак, лола дохил мешавад.

Об. Омили асосии фаъолияти ҳаётии растанӣ мебошад. К.А.Тимирязов оберо, ки ба организми растанӣ дохил мешавад ба оби муташаккил (он бо организм пайваст мешавад) ва ба оби сарфшаванда, (ба воситаи барг бухор мешавад) тақсим карда буд. аз 1000 гр. обе, ки растанӣ ҷабида мегирад, 990 гр бухор шуда 10 гр дар организми растанӣ нигоҳ дошта мешавад. 50-93% ҷисми растанӣ аз об иборат аст. Тамоми процессҳои физиологӣ бо иштироки об ба амал меояд. Бинобар ин об яке аз омилҳои асосии экологи мебошад.

Растани обро аз хок ва ҳаво мегирад. Вале миқдори об дар минтақаҳои хушки як хел нест (ботлоқ ва биёбон). Аз ин сабаб дар растани қобилияти гуногуни мувофиқшавиро дидан мумкин аст. Бисёр вақт растаниҳои ҷойҳои хушк обро аз хок мегиранд. Дар ин кор ба онҳо системаи решаи нағз инкишофъёфта ёрӣ мерасонад. Решаҳо дар хок то чуқурии обнигоҳдор ҷой гирифта, хеле дароз мешаванд. Дар биёбонҳои регдор обе, ки дар шакли шабнам мерезад, аҳамияти калон дорад. Дар растаниҳои ин ҷойҳо решаҳои борики дар қабати болоӣ рег паҳншударо мушоҳида кардан мумкин аст.

Баъзе растаниҳои ҷойҳои ниҳоят хушк барои намиро дар организм ва дар пояҳои ширадор (кактусҳо, молойчаҳо) ё баргҳо, алоэ, агава, очитка, молодила ва ғайра нигоҳ доштан, қобилият пайдо кардаанд. Намуди зоҳирии ин растаниҳо хеле гуногун аст .

Боришҳои атмосфера ҳам роли мусбат ва ҳам манфӣ мебозанд. Пeшиши барфӣ растаниҳои тирамоҳиро аз хунукзанӣ муҳофизат менамояд.Дар районҳои баландкух ва шимоли дур , дар ин чойхо барф кисми зиёди сол об намешавад, растанихои ба давраи кушоди вегетация кобилият пайдо кардаанд. Барф ва чола ба растани таъсири миханики мерасонад, баъзан зарари калон хам меоварад. Барои растани тақсмоти бориш дар давоми давраи вегетационӣ аҳамияти калон дорад. Дар районҳои, ки тобистонаш хушку баҳораш нам аст, растаниҳо сикли сабзиши худро то дохил шудани давраи хушкӣ ба охир мерасонанд. Дар давраи хушки онҳо дар қаъри замин дар шакли пиёзак ё танареша (ефемероидҳо) паноҳ шуда ё дар шакли тухми (ефемерҳо) нигох дошта мешаванд. Барои гирифтани хосили баланди ғалладона боронгарии моҳҳои май ва июнь ахамияти калон дорад.

Вобаста ба нами се гурӯҳи асосии растанихои экологиро дода мебароем. Гигрофитҳо, мезофитҳо ва ксерофитҳо .

Гигрофитҳо растанисои ҷоиҳои нихоят сернаму сероб мебошанд. Кутикулаи ин растаниҳо борик буда косачаи дохилии барг ва поя ниҳоят инкишоф ёфтааст. Лаъличаи барги ин растанихо тунук аст, дар баргҳои махсус гидатотҳо (дахончаи обгузаронӣ), мавҷуд аст ки об ба воситаи он ҷудо мешавад. Ин растаниҳои ҳино, подмареники ботлоқӣ, себарга ва ғайра мебошад.

Мезофитҳо растаниҳои ҷойҳои намаш миёнаанд. Ба ин аксари растаниҳои марғзор ва ҷангал дохил мешаванд. Ксерофитҳо растаниҳои ҷойҳои камнаму хушк. Ин растаниҳо кобилияти гуногуни мутобиқшавӣ доранд ва ба хушки тобоваранд. Онхо узвҳое доранд, ки обро аз хок чабида, дар давраи тулонии беоби захира кунанд. Онхо кобили он мебошанд,ки транспирацияро кам кунанд. Кам кардани транспирация бо усулхои гуногун ба амал бороварда мешаванд. сатхи барг танг шуда, кабати кутикула инкишоф меёбад, дар баргхо муякхои зич пайдо шуда, дар мезо-фили дахонча чукур чоигир шуда, хучайрахои паренхимагии баргхо зич мечаспанд. Барои аз хок чабида гирифтани об системаи решахо нагз инкишоф ёфтаанд, чунки онхо ба замин чукур реша рондаанд (решаи янток то чуқурии 18-20 м инкишоф меёбад). Захираи об дар бофтаи обзахиракунии баргхо (алоэ, очитка, агава) ё поя (кактусҳо) нигоҳ дошта мешавад. Аз рeи қобилияти гуногуни ба камнамӣ мутобиқшавии растаниҳо скелерофитҳо ва суккулентҳоро фарқ мекунанд. Барг ва пояи скелерофитҳо сахт буда, одатан тамоми растанӣ паст ё боқабати зичи мeякҳо пeшонда шудааст. Суккулентҳо растаниҳои сергeшту шираноканд.

Дар районҳои заминашон хушк боз як гурeҳи ксерофитҳо паҳн гардиданд. Инҳо эфемерҳо ва эфемероидҳоанд. Растаниҳо на танҳо дар ҳолатҳои кам будани об дар хок ба он мeҳтоҷӣ мекашанд, балки ниҳоят шeр будани замин ва концентрацияи баланди намакҳои ба осонӣ маҳлулшаванда ҳам дар вақти серобии хок қувваи ҷабидагирии решаҳоро суст мегардонанд. Ин ҳолати хокро бар хилофи хушкии физикӣ хушкии физиологӣ меноманд.

Растаниҳои обӣ гидрофитҳо гурeҳи махсуси экологиро ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо ратаниҳоро, ки то нисфи тана ё қисман- қамиш, стрелолист,баъзе решаҳо ва ғайра дар об ғутиданд ва растаниҳоеро, ки пурра дар об ғутида месабзанд (дар руи об танхо гули онхо ё баргхо намоёнанд) рдест, кувшинка, фарқ мекунад. Дар байни ин гурухи растанихо онхоеро дидан мумкин аст, ки ба намуди зохирии онхо хаётгузаронии обӣ чи гуна таъсир расонидааст. Масалан, барги стрелолист ва найзабарг, ки дардаруни об ҷойгир мешавад, аз баргҳои дар рeи об шинокунанда ба кулли фарқ мекунад. Растаниҳои дар об мерeидагӣ хусусиятҳои хосе доранд: лаълича барги онҳо ,ки аз 2-3 ҳуҷайра иборат аст, ниҳоят тунук мебошад, пояи онҳо –алафмонанд, зарфҳои гузаронанда дар маркази поя ҷойгиранд, бофтаҳои механикӣ вуҷуд надоранд. Ин ба растанӣ имконият медиҳад, ки дар чуқурии об озодона қат шавад.

ҳeҷайраҳо фишори пастӣ осмотикӣ доранд. Растаниҳои ботлоқзор ва соҳилҳои дарьё қобилияти гуногуни мутобиқшавӣ доранд: баргҳои онҳо калону нозук вале ғафс буда,даҳончаҳодар ду тарафи барг ҷойгиранд: системаи реша дар хок чуқур дохил намешавад:пояҳояшон дорои узви ҳавогирӣ, зарфчаҳои гузаронанда бофтаи сустинкишофёфтаи механикӣдоранд.

ҳаво. ҳаво ба растанӣ дутарафа таъсир расонда метавонад: таъсири механики ва таркиби химиявӣ. Тааркиби химиявии ҳаво дар руӣ замин паҳншавии растании маҳдуд мекунад. Таркиби газии ҳаво доимӣ мебошад: 78 % ба нитроген, 21% ба оксиген 0,03% — ба дуоксиди карбон, 0,01% ба аргон ва қисми ками он ба омехтаҳои ғайридоими – амиак, дуоксиди гeгирд, бухори об, чанг, дуд ва ғайра рост меояд.

ҳиссачаҳои сахте ки дар ҳавои ифлос мавҷуданд, дар баргҳои растанӣ менишинанд ва шиддатнокии фотоситез ва нафасгирии растаниро суст мекунанд. Омехтаҳои аз корхонаҳои саноатӣ ба ҳаво дохилшуда ҳам ба растанӣ зарар мерасонанд. Таъсори онҳоро ҳамаи растаниҳо як хел ҳис намекунанд. Ифлосии ҳаворо хусусан лишайникҳо,дар байни дарахтон – сeзанбаргҳо (ел, қарағай) тез ҳис мекунанд. Ба ифлосии ҳаво черемуха , сафедор, липа, тeс тобоваранд. Дар вақти кабудизор кардани шаҳрҳо ва пунктҳои аҳолинишин дараҷаи ба ифлосии ҳаво тобоварии растаниҳо ба назар гирифта мешавад.

Дар ҳаво мавҷуд будани дуоксиди карбон барои фотосинтез аҳамияти калон дорад: аз он растанӣ карбон мегирад, ки он барои ба вуҷуд овардани моддаҳои органикӣ зарур аст. Дар ҳаво то андозаи муайян зиёд шудани микдори дуоксиди карбон барои бештар ба таври шиддатнок гузаштани фотосинтез ёри мерасонад, ки боиси ҳосилнокии растанӣ мегардад. Дар шароит табиӣ дуоксиди карбон аз ҳисоби таҷзия, нафасгирии растанӣ ва ҳайвонот,дар вақти оташфишонии вулқон,сухторҳо ва ғайра ҷудо мешавад.

Тасири механикии ҳаво ба растанӣ ба ҳаракати он вобаста аст. ҳаракати ҳаво – шамол транспирацияро пурзeр карда, мувозинати обро вайрон мекунад. Тобистон дар вақти шамол замин сахт хушк мешавад ва растанӣ баргҳои худро партофтан мегирад (хазонрезии тобистонӣ). Ин боиси паст шудани ҳосилнокии растанӣ мешавад. Мева ва тухми растаниҳо дорои қобилияте мебошанд, ки ба воситаи шамол аз ҷое ба ҷое кашонда мешавад қанотак,парашутча ва ғайра.

Шамол шоху барги дарахтонро ташаккул дода метавонад.ар бисёр минтақаҳои кураи замин шамол бештар ба як тараф ҳаракат мекунад. Дар натиҷаи ин растаниҳо шаклан байрақнамуд мешаванд.

Роли экологии хок

Хок дар натиҷаи фаьолияти якҷояи растаниҳо, ҳайвонот, микроорганизмҳо ва иқлим аз ҷинсҳои куҳй ташкил меёбад. Асосгузори хокшиносии генетикй В. В. Докучаев гуфтааст, ки хок ин функцияи ба вақт зарб карда шудаи ҷинсҳои кeҳй, иқлим ваорганизмҳо мебошат. Бар хилофи ҷинсҳои кeҳи хок хусусияти махсус- ҳосилнокӣ дорад. Хосилхезии хок, ин яьне қобилиятнокии он барои қонеь гардондани талаботи растанӣ ба моддаҳои физикавӣ ва режими оби хок вобаста аст. Тамои растаниҳои рeи замин аз хок об ва элементҳои ғизоӣ мегиранд. Аз ин сабаб хок баробари омилҳои иқлим аҳамияти калони экологӣ дорад. Хок ба растанӣ таьсири бевосита расонда метавонад. Таркиби химиявии хок паҳнншавни баъзе навъҳо ва баьзан гурeҳҳоитоми растаниро муайянменамояд. Дар заминҳое, ки ин ё он элементи химиявӣ зиёдтар мавҷуд

аст, шакли махсуси растаниро дидан мумкин аст(иллатноку баднамо, баргҳои гул ранги махсус дорад).

Баьзе навьҳои растанӣ, баьзан гурeҳи растанӣ дар ҷойҳои гуногун ҳар хел инкишоф меёбанд. Ингуна навьҳо ва гурeҳҳои растанӣ индикатори фоиданокмебошанд.

Дар заминҳои хокаш дорои моддаҳои зиёду ками минералӣ, шeрзаминҳо ҳам растаниҳот – индикаторҳоро ҷудо кардан мумкин аст.

Дар хокҳои, ки аз моддаҳои минералӣ боянд, пролескаҳо месабзанд. Ба растаниҳои эвтрофӣ инчунин растаниҳои биёбони сиёҳзамин ва ботлоқзорҳои пастхамӣ дохил мешаванд. Дар заминҳое, ки хокаш аз моддаҳои минералӣ камбағал мебошад, росянка, саблежник, подбел яъне растаниҳои болои ботлоқзор месабзанд. Дар заминҳое, ки хокаш аз нитроген бой аст, газна месабзад.

Бисьёрии растаниҳо дар заминҳои хокаш мeьтадил ё реакцияи хокаш камишқор мерeяд. Бисьёрии растаниҳо дар заминҳои хокаш мeътадил ё реакцияи хокаш камишқор мерeяд. Вале растаниҳое низ мавҷуданд, ки дар заминҳои хокаш ниҳоят туруш ё ишқордор мерeяд. Растаниҳои заминҳои хокаш мeътадил себарга, тимофеевка, овсянкаи марғзорӣ ва растаниҳои ҷангалҳои паҳнбарг мебошад. Ба растаниҳои хокаш, туруш вереск, бурунсинка, шилха, белоус дохил мешавад. Ба растаниҳои заминҳои ишқордор пролеска, лиственица, шунг дахл дорад. Аз рeи дараҷа ва хусусияти шeрии хок заминҳои шeр ва сернамакро фарқ мекунанд. Растаниҳои шуразамин шeра, сарсазан , мебошад. Растаниҳои заминҳои сернамак биюргун, явшони сиёҳ, явшони баҳри, прутняк мебошад.

Растаниҳои шeрзаминро галофитҳо меноманд.

Мутаносибан ба моддаҳои минералӣ дарахтонро ба гурeҳҳо тақсим кардан мумкин аст:

1.Шунг, вяз, бук:

2. Пихта ольхаи сиёҳ, липа, граб, дарахти булут, заранг.

3.Осинка, кедр ( қарағаи сибирӣ ), ели оддӣ:

4. Қарағаи оддӣ, тeс.

Ба ҳамин тариқ агар омилҳои иқлим минтақаҳои растанигиро муайян намоянд, пас омилҳои эдафикӣ тақсимотӣ растаниро дар ин ё он минтақаи иқлимӣ муайян мекунад. Вобаста ба таркибу хусусияти хок тақсимоти растанӣ ниҳоят гуногун аст. Аммо дар назар доштан лозим аст, ки худи хок маҳсули иқлим мебошад.

РОЛИ ЭКОЛОГИИ РЕЛЬЕФ

Дар байни ноҳамвориҳои сатҳи замин макрорельеф, мезорельеф, микрорельефро фарқ мекунанд. Рельеф ба растанӣ таъсири бо восита мерасонад.

Макрорельеф ин пастубаландиҳои калони рeи замин мебошад. Ба он кeҳҳо дохил мешаванд. ҳангоми ба кeҳ баромадан иқлим, хок ва дигар омилҳои экологӣ тағйир меёбанд. ҳамин тарз минтақаҳои растанигӣ ташкил меёбанд. Дар ин ҷо дар территорияи на чандон калон ҷинсҳои кeҳии аз рeи синну сол ва пайдоиш гуногунро дучор кардан мумкин аст, ки дар он хокҳои таркиби химиявиаш ва хусусиятҳои физикавиаш ҳар хел ташкил меёбад. Χариҳои кeҳсор, ориентацияи онҳо ба тарафи уфуқ низ ба тақсимоти растанӣ таъсир мерасонад. Дар нишебиҳои ҷанубии кeҳ назар ба пастхамиҳои шимолии он бештар растаниҳои гармидeст ва равшанидeст мерёянд. Ин растаниҳо аломатҳои ксерофит доранд. Барои растаниҳои баландкeҳ пояҳои кeтоҳ, баргҳои майда, нисбатан гулҳои калон, бештар мeякҳои зич характернок аст. назар ба районҳои ҳамвор дар ҷойҳои кeҳсор флора хеле бой аст.

Қаторкeҳҳо ба самти ҷараёни ҳаво таъсир мерасонанд. Қаторкeҳҳои кавкази калон ва кeҳҳои Қрим соҳили Баҳри Сиёҳро аз шамоли хунук нигоҳ медоранд. Аз ин сабаб зимистони соҳили ҷанубии Қрим ва Кавкази назди соҳили Баҳри Сиёҳ мулоим мебошад, ки барои инкишофи растаниҳои субтропикӣ ёрӣ мерасонад.

Рельефҳои на чандон калон (нишебиҳои обтақсимкунак, соҳилҳои дарёҳо, ҷариҳо) ҳам ба растанӣ таъсир мекунанд. Растаниҳои соҳили дарёҳо ва ҷариҳои биёбон аз растаниҳои биёбони ҳамвор ба куллӣ фарқ мекунанд. ҳатто дар нишебиҳои на чандон паст шароити микроитқлимии хос ба вуҷуд оварда мешавад.

Дар зироатчигӣ шароитҳои мезо ва микроиқлимро ба назар мегиранд. Барои боғдории минтақаҳои миёна участкахои нишебидор ё байни кисмхои нихоят экспозицияи ҷануби шаркй ё ҷануби ғарбиро интихоб мекунанд. Дар участкахои паст камар мешинонанд Дар колхозу совхозхо харитиа майдонхо мавҷуд аст ки он хусусиятхои хар як укасткаро нишон медихад.

ШАКЛҳОИ ҳАЁТИИ РАСТАНӣ.

Дар процесси инкишофи таърихӣ дар растаниҳо мувофиқи шароити ҳаётгузаронӣутобиқшавии гуногуни морфологӣ ва биологӣ пайдо шудааст. Ин мутобиқшавӣ дар растанӣ намуди муайяни зоҳирӣ пайдо мекунонад. Тадқиқотяиён дар систематикаи растаниҳо бо намудҳои он машғул мешавад, дар экология бошад, мо бо шаклҳои алоҳидаи ҳаётии растанӣ кор мебарем. ҳар як тарзи ҳаётӣ на танҳо бо намуди муайни зоҳирӣ, балки бо тартиби муайяни инкишофёбӣ тавсиф карда мешавад. Ба ҳамон як шакли ҳаёти намудҳои авлод ва ҳатто оилаҳои гуногун дохил мешаванд.

Шакли ҳаётӣ ин симои заҳирии организми растанӣ мебошад, ки бо таъсири муҳити таърихан юба вуҷуд меояд. Хулласи калом. Шакли ҳаётӣ мафҳуми экологӣ мебошад.

КЛАССИФИКАТСИЯИ РАСТАНИҳО

  1. Дарахтон растаниҳои бисёрсолаанд, ки дорои қисмҳои рeи заминии чeбшаванда мебошанд.
  2. Буттаҳо низ растаниҳои бисёрсолаи дорои қисмҳои рeизаминии чeбшавандаанд.
  3. Буттачаҳо. брусника ва вереск.
  4. Нимбуттачаҳо аз буттачаҳо бо он фарқ мекунанд, ки танҳо қисмҳои поёнии навҳояшон ба чeб табдил ёфта, қисмҳои поёнии навдаҳояшон ба чeб табдил ёфта, қисмҳои балоии онҳо мемиранд (явшон, дармана, тымьян, черника).
  5. Лианаҳо – растаниҳои дорои пояҳои хазанда, печанда ва часпандаанд (ангур, хмель, плющ, печак ва ғайра).
  6. Суккулетҳо – растаниҳои бисёрсолаи дорои пояю баргҳои ширанок, ки захираи обро нигоҳ медоранд (молодило, кактусҳо ва ғайраҳо).
  7. Растаниҳои алафӣ растаниҳои бисёрсола ва яксола, ки зимистон қисмҳои рeизаминии онҳо (алафҳои бисёрсола ва дусола) ё тамоми растанӣ (растаниҳои яксола) мемиранд.

Классификацияи минбаъдаи шаклҳои гуногуни растаниҳо бо нишонаҳои мутобиқшавии онҳо ба шароитҳои мавҷудият асос меёбад.

Дар байни мутахассисони ботаника классафикацияи олими К.Раункиер машҳур мебошад, ки таълимоти e ба вазъияти муғҷаҳо дар давраҳои ноқулай асос ёфтааст.

Фанерофитҳо растаниҳое, ки муғҷаҳои аз нав барқароршавии онҳо дар давраи ноқулай аз рeи замин баланд ҷойгиранд.

Хамефитҳо – растаниҳое, ки муғҷаҳои аз нав барқароршавии онҳо аз замин чандон баланд ҷойгир нестанд. Муғҷаҳои онҳо зимистон дар зерит барф мемонанд. Ба ин растаниҳо нимбуттачаҳо ва буттаҷаҳо (брусника, черника ва ғайра) дихил мешаванд.

Гемикритофитҳо растаниҳое, ки муғҷаҳои аз нав барқароршавии онҳо баробари рeи замин чойгиранд кисми дар болои замин чойгиршудаи онхо дар давраи нокулай хамеша намемиранд. Ба ин растанихо алааафхои бисерсола (коку, чинорак ва гайра) дохил мешавад. Криптофитхо растанихое, ки мугчахои аз нав баркароршавии онхо аз сатхи замин пасттар ҷойгиранд; қисми заминии дар баландии баробари муғҷа ҷойгирифтаи онҳо мемирад. Ба ин растаниҳо пиёзакдор (лолаҳо, пиёзҳо) бахмевагӣ (чистяк) ва растаниҳои танареша (марворидгул,исфаракҳо)-ро дохил мекунад.

Терофитҳо – растаниҳои яксолае, ки муғҷаҳои аз нав барқароршавӣ надоранд: танҳо ба воситаи тухм зиёд мешаванд.

test

Добавить комментарий