Фанни Адабиёт

Рефератхо ва лексияҳои точики аз фанни Адабиёт

  • Ман Туғрали зори туям… .

    Бо барги рухсори гулат, эй гулбадан хорам макун, Нози ғаматро лоиқам, сӯзону дар норам макун… . Касе чунин мисраъҳоро аз назар мегузаронад, ҳис мекунад, ки чунин мисраҳои ҷолибро аз забони ноби худи муаллиф шунида истода бошад. Аз забони шоире, ки ошиқ аст ва ҳамеша дӯстдори ёру ғамзадаи кӯҳи ишқ мебошад.…

    Подробнее »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти ҚОРИ РАҲМАТУЛЛОҲИ ВОЗЕҲ

    ҚОРИ РАҲМАТУЛЛОҲИ ВОЗЕҲ Яке аз шоирони тавонои адабиёти нимаи дуюми асри XIX тоҷик Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ буда, соли 1818 дар шаҳри Бухоро дида ба дунё кушодааст. Возеҳ дар ибтидо дар дабиристони Қориён таҳсил намуда, баъди хатми таълимкадаи мазкур ба мадраса дохил мешавад. Яке аз устодони бонуфузи ӯ дар мадраса домулло…

    Подробнее »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти МУҲАММАДСИДДИҚИ ҲАЙРАТ

    МУҲАММАДСИДДИҚИ ҲАЙРАТ Яке аз шоирони тавонои ибтидои асри XX тоҷик Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат аст, ки бо эҷодиёти худ ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири муайян гузоштааст. Ҳайрат соли 1878 дар гузари Арӯсони Бухоро таваллуд ёфтааст. Номи шоир Муҳаммадсиддиқ буда, «Ҳайрат» тахаллуси адабии ӯст. Падари шоир дар масҷиди гузари Арӯсон муаззин буда,…

    Подробнее »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти ШАМСУДДИН ШОҲИН

    ШАМСУДДИН ШОҲИН Шамсуддин Муҳаммад махдуми Шоҳин соли 1859 дар Бухоро, дар оилаи мулло Амони Хатлонӣ таввалуд шудааст. Мулло Амони Хатлонӣ дар овони ҷавонӣ барои илмомӯзӣ ба Самарқанд омада, баъди ду соли таҳсил азми Бухоро намуда, дар ин маркази илмию адабии Мовароуннаҳр мадрасаро хатм мекунад. Пас аз хатми мадраса Мулло Амон…

    Подробнее »
  • АНВОЪИ ҚОФИЯ БО ҲУРУФИ ХУРУҶ, МАЗИД ВА НОЙИРА

    Донишмандони илми қофия вобаста ба иштироки ҳарфҳо, ҳаракатҳои қофия ва мавқеъи ҳарфи равӣ 25 навъи қофияи пурбаҳоро чудо кардаанд, ки дар шеъри шоирони гузашта ва имрӯзаи форс — тоҷик мавриди истифода қарор гирифтаанд. Мо дар дарси гузашта даҳ навъи қофияи пурбаҳоро бо мисолҳои шеърӣ шарҳ додем. Ҳоло понздаҳ навъи онро…

    Подробнее »
  • НАВЪҲОИ ҚОФИЯ

    НАВЪҲОИ ҚОФИЯ Дар боло гуфтем, ки вобаста ба ҳарфи равӣ ва иштироки ҳарфҳои дигар қофияро ба ду навъ ҷудо мекунанд: қ о ф и я и м у қ а й я д ва қ о- ф и я и м у т л а қ. Қофияи муқайяд ва қофияи…

    Подробнее »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти Абдулқодирхоҷа Савдо

    САВДО Яке аз шоирони хушзавқи нимаи дуюми асри Х1Х-1-8 Абдулқодирхоҷа Савдо дар рушди адабиёти давр саҳми сазовор гузоштааст. Ӯ асосан шоири ғазалсаро буда, дар таҳаввули навъҳои адабии дигар низ ҳиссагузор аст. Абдулқодирхоҷаи Савдо дар Бухоро ба дунё омадааст ва санаи валодати ӯро миёнаи солҳои 1823-1825 муқаррар кардаанд. Тибқи шаҳодати Возеҳ…

    Подробнее »
  • Дониш

    Ҳаёт ва эҷодиёти АҲМАДИ ДОНИШ

    АҲМАДИ ДОНИШ Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккир Аҳмад Махдуми Дониш, ки бо лақаби «Калла» ҳам шӯҳрат дорад, соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари Аҳмад Мулло Мирносир ном дошта, аслан аз тумани Шофирком буда, баъдҳо барои таҳсил ба Бухоро омада муқимӣ шудааст. Падару модари Аҳмади Дониш аз аҳли фазл буданд.…

    Подробнее »
  • САДОНОКҲОИ КУТОҲ (ҲАРАКАТҲО) ДАР ҚОФИЯ

    Дар системаи қофияи шеъри форсӣ — тоҷикӣ мафҳумҳои ҳ а р ф, ҳ а р а к а т ва ҳ и ҷ о мақоми махсус доранд. Ин қоида ба забоншиносӣ ва шеършиносии мо аз забони арабӣ омадааст. Дар алифбои арабӣ мафҳуми ҳарф ва мафҳуми ҳаракат аз ҳамдигар тафовут доранд.…

    Подробнее »
  • АДАБИЁТИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

    АДАБИЁТИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна Нимаи дуюми асри XIX дар ҳаёти халқҳои Осиёи Миёеа давраи нави сиёсӣ мебошад. Зеро Россия аз ибтидои асри XVII бо Осиёи Миёна робитаҳои тиҷоратӣ дошт. Аврупои Ғарбӣ низ ба Шарқ таваҷҷӯҳ мекард. Хусусан, Англия мехост нуфузи худро дар Осиёи Миёна бештар…

    Подробнее »