Фанни Адабиёт

Рефератхо ва лексияҳои точики аз фанни Адабиёт

Зарбулмасалу мақолҳо

Зарбулмасалу мақолҳо яке аз жанрҳои мустақили адабиёти шифоҳӣ буда, барои мӯъҷазу рангин баромадани фикру андеша ба инсон хизмат мекунанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим халқ зарбулмасалу мақол эҷод карда, онҳоро дар мавридҳои лозимӣ истифода мебурд. Пас зарбулмасалу мақолҳо ба эҷодиёти адибон дохил шуда, вариантҳои мухталиф пайдо кардаанд. Зарбулмасалу мақолҳо доир ба …

Читать полностью......

Латифахо. Латифа чист?

Латифа яке аз жанрҳои маъмули адабиёти шифоҳӣ буда, ҳанӯз дар замонҳои қадим дар байни халқ пайдо шудааст. Латифа хусусиятҳои хоси худро дорост. Латифа ҳаҷман хурд буда, дар он воқеа ба тезӣ огоз ёфта, ба авҷи аъло мерасад ва ҳамоно хотима меёбад. Латифа жанри ҳаҷвист. Дар он кирдорҳои ношоистаи одамон, зулму …

Читать полностью......

Образи бадеӣ

Образ калимаи русӣ буда, маънои сурат, симо ва нақшро дорад. Нависанда маҷмӯи хислату характери ашхоси алоҳидаро омухта, пас онҳоро дар симои як шахси алоҳида дар раванди ҳодисаю воқеаҳои мухталиф нишон медиҳад. Ба ҳамин восита адиб образи инсонро меофарад. Чунон ки В.Г.Белинскиӣ мегӯяд: «Адиб бо образҳо фикр мекунад, вай ҳақиқатро исбот …

Читать полностью......

Муболиға чист?

Муболиға яке аз санъатҳои маъмули адабиёти хаттӣ ва шифоҳист. Дар забони гуфтугӯӣ бештар истифода мешавад. Масалан, имузгор шогирдеро таъриф карда гӯяд: – Қодир бисёр бачаи доно, ҳамаи асарҳои бадеиро хондааст. Албатта, Шумо сари андеша меоед, ки омӯзгор аз ҳад гузаронд, муҳобот кард, муболиға намуд. Қодир ҳамаи асарҳои бадеиро хонда наметавонад. …

Читать полностью......

Афсона чист?

Афсона яке аз жанрҳои қадимии эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Бисёр муҳаққиқони фолклоршинос пайдоиши жанри афсонаро ҳануз ба оғози ҷамъияти ибтидоӣ нисбат додаанд. Афсонаҳои қадим мувофиқи тахайюлоти оддии одамон дар бораи ҳодисаю воқеаҳои хаёлангез ва дур аз ҳақиқат эҷод шудаанд. Дар онҳо деву аҷина ва дигар ашёҳое, ки …

Читать полностью......

Фарки адабиёти шифохи аз китоби

Адабиёти бадеӣ асосан ду навъ мешавад: а) адабиёти шифоҳӣ; б) адабиёти китобӣ. Дар ҷомеа аввал адабиёти шифоҳӣ, яъне фолклор замонҳое, ки ҳанӯз хат вуҷуд надошт, пайдо шуда буд. Одамон ғаму шодӣ, орзую омоли хешро даҳонӣ, бадоҳатан дар нақлу ривоятҳо, афсонаю асотирҳо, суруду таронаҳо баён мекарданд. Ин гуфтаҳо аз авлод ба …

Читать полностью......

Сайидои Насафӣ

Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар, Омад ба шеру гуфт, ки: Ай Рустами замон! Аз иттифоқи мӯрчагон ғофили магар В–арна чаро ҳақир шуморию нотавон? (Сайидои Насафӣ) Тарҷумаи ҳол Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбҳои ҳунармандӣ пешаи бофандагӣ ривоҷ дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосвориҳои арзонбаҳое тайёр мекарданд, …

Читать полностью......

Қофия ва радиф

Қофия калимаи арабӣ буда, маънои луғавиаш пушти сар, охири ҳар чиз, аз пай раванда мебошад. Дар забони тоҷикӣ баъзеҳо калимаи пасованд (шакли мухаффафи он пасванд)-ро ба маънои қофия ба кор бурдаанд. Шоири асри ёздаҳ- Лабибӣ мегӯяд: Ҳама ёва, ҳама хому ҳама суст, Маъонӣ аз чакова то пасованд. Дар илми забоншиносӣ …

Читать полностью......

Шавкати Бухороӣ

Ба худ кардам гуворо талхии айёмро, Шавкат, Ба ширинӣ даҳони морро тунги шакар кардам. Яке аз суханварони боистеъдод, навпардозу борикандеш Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ аст, ки дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми шоиста дорад. Ӯ тақрибан солҳои 20-уми асри XVII дар хонадони сарроф (заршинос), ки басо илмдӯсту ихлосманди шеъру адаб будааст, ба …

Читать полностью......