Главная / Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Мтодикаи таълими забони Точики

МЕТОДИКАИ  ТАЪЛИМИ  СИНТАКСИС

  Синтаксис, ҳамчун қисмати дуюми грамматика, сараввал, таълимот дар бораи ҷумла аст, ки ин воҳиди забон, яъне ҷумла, дар ҷараёни нутқ воситаи асосӣ ва хурдтарин робитаи  (алоқаи) байни одамон ба шумор меравад[1]. Дар баробари ин, синтаксис илмест, ки дар он, ба ҷуз ҷумла, аз охирҳои солҳои 60-ум ва ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ хусусиятҳои гуногуни ибора низ (дар забоншиносии тоҷик) мавриди омӯзиш қарор дорад[2]. Бинобар ҳамин ҳам, дар барнома ва …

Читать дальше »

Ҳиссаҳои нутқ

  Омӯхтани ҳиссаҳои нутқ ба хонандагон барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани меъёрҳои грамматикии нутқи адабӣ кӯмак мерасонанд[1], ба шарте ки аз ин пеш масъалаҳои марбути фонетика, калима (луғат ва луғатомӯзӣ), сохт (калимасозӣ) ва таркиби калима самаранок таълим дода шуда бошад. Дар ин бобат, чунон ки маълум аст, омӯзиши ҳар як ҳиссаи нутқ, масалан, исм аз баёни таърифи он – «Исм ҳиссаи нутқест, ки предметро мефаҳмонад» – ва шарҳу …

Читать дальше »

МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ МОРФОЛОГИЯ

  Дар фасли «Масъалаҳои умумии таълими грамматика» таъкид намуда будем, морфология як қисмати грамматика буда, дар мактаб масъалаҳои мавриди омӯзиши он аксар дар алоқамандӣ бо фаслҳои қисмати дуввуми грамматикӣ, яъне дар алоқамандӣ бо мавзӯъҳои таркибии фаслҳои синтаксис таълим дода мешаванд. Яъне ин ду соҳаи забон – морфология ва синтаксис – дар яклухтии том сохтори грамматикаи забони тоҷикиро муаррифӣ менамояд, ки қариб масъалаҳои якеро бе алоқаманд намудан ба масъалаҳои дигаре таълим …

Читать дальше »

Оид ба истилоҳоти грамматикӣ

  Яке аз роҳҳои аз тарафи хонандагон шуурона азхуд намудани мавзӯъҳои назариявии забони тоҷикӣ ин аст, ки агар дар ҷараёни баён мафҳумҳо ё худ истилоҳоти забоншиносии марбути ин ё он мавзӯъ низ шарҳу эзоҳ дода шаванд. Чунки «Истилоҳоти грамматикӣ чун ҳама гуна истилоҳоти илмӣ калимаҳои басо мушаххас ифодакунандаи мафҳумҳои махсус буда, бо мафҳумҳои дигар ивазнашавандаанд…».[1] Зеро ки «ҳар як истилоҳи илмӣ, дар асл, қатъиян дорои як маънои муайян мебошад».[2] Аз …

Читать дальше »

Омӯхтани таърифу қоидаҳои грамматикӣ

  Чунон ки маълум аст, ҳар як мафҳум ё ҳодисаи забон (фонетикӣ, лексикӣ, грамматикӣ), дар мадди аввал, бо шарҳу тавзеҳи мисолҳои барҷаста ва ҳатман бо баровардан ё худ гуфтани таърифу қоидаҳои мантиқан мувофиқ баррасиву ҷамъбаст карда мешавад. Аз ин ваҷҳ, амали мазкур – дар алоқамандӣ бо таърифу қоидаҳои грамматикӣ маънидод намудани мафҳумҳо (истилоҳот)-и забон ва мисолҳои марбут ба он мафҳумҳоро бе ягон иштибоҳ метавон яке аз принсипҳои доимоамалкунанда дар таълими …

Читать дальше »

Принсипҳои асосии таълими грамматика

  Дар фасли «Принсипҳои умумидидактикии таълими забони тоҷикӣ» таъкид намуда будем, ки дар таълими забони тоҷикӣ муаллим бояд ба принсипҳои муайяни таълим такя намояд, ки онҳо дар амал санҷида шуда, натиҷаҳои ҷамъбасти илмии психологию педагогӣ бошанд. Дар ин бобат, яъне марбут ба хусусиятҳои ҳар яке аз он принсипҳо (принсипи илмӣ ва системанокӣ, принсипи алоқаи назария бо амалия, принсипи алоқаи қисматҳои гуногуни забони модарӣ, принсипи бошуурона ва фаъолиятнокӣ, принсипи аёният, принсипи …

Читать дальше »

Аҳамият ва мавқеи грамматика дар омӯзиши забони тоҷикӣ

    Дар илми фалсафа таъкид мешавад, ки фанни мазкур, яъне фалсафа, «сутунмӯҳраи илмҳои ҷамъиятӣ» ба шумор меравад. Марбут ба ҳамин нукта хато намекунем, агар гӯем, ки фанни забони модарӣ (тоҷикӣ) дар мактаб низ дар байни дигар фанҳои таълимӣ чунин мақомро доро мебошад. Ва беҳуда нест, ки дар нақшаи таълими мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар байни фанҳои дар ҳар синф таълим додашаванда фанни забони модарӣ дар сархати аввал номбар мешавад. Ин …

Читать дальше »

Воҳидҳои фразеологӣ (таъбирҳо)

    Маълум аст, ки воҳидҳои фразеологӣ ва ё худ таъбирҳо дар маҷмӯъ ба калимаҳои маҷозӣ аз рӯи ифодаи маъно қаробати хеле наздик доранд. Чунки воҳидҳои фразеологӣ  ҳам ба монанди калимаҳои  маҷозӣ дар нутқ ба маънои ғайриҳақиқӣ омада, барои пуртаъсиру пуробуранг намудани фикр дар гуфтори, хусусан, одамони як андоза таҷрибаи кору зиндагӣ дошта хизмат мекунанд. Аммо фарқи асосии воҳидҳои фразеологӣ аз калимаҳои маҷозӣ ин аст, ки инҳо, яъне воҳидҳои фразеологӣ, …

Читать дальше »

Калимаҳои шевагӣ ва соҳавӣ

  Дар як ё ду дарси навбатӣ бахшида ба таълими калима (луғат)  (дар синфи VII) ба хонандагон дар бораи калимаҳои шевагӣ ва соҳавӣ маълумот дода мешавад. Барои дастраси хонандагон намудани масъалаҳои мазкур, пеш аз ҳама, фаҳмонидан лозим аст, ки барои дараҷаи истеъмоли калимаҳоро дар нутқ ва навиштаҷот муайян намудан онҳоро  (калимаҳоро) ба се гурӯҳ –калимаҳои маъмул (ё худ умумистеъмолӣ),  шевагӣ ва соҳавӣ  ҷудо мекунанд. Чунки намояндагони  ин ё он  халқу …

Читать дальше »

Калимаҳои аслан тоҷикӣ ва иқтибосӣ

  Чунон ки  маълум аст, мувофиқи барномаи солҳои охир идомаи боби «Калима (луғат)» дар синфи VII  таҳти унвони «Калима ва фразеология (таъбирҳо)»* зимни 14 соат таълим дода мешавад, ки бо истифода аз ин миқдори соатҳо ба хонандагон дар бораи калимаҳои аслан тоҷикӣ, иқтибосӣ, калимаҳои шевагӣ ва соҳавӣ (касбӣ), таърихи  баромад (этимология)-и баъзе калимаҳо, воҳидҳои фразеологӣ  (таъбирҳо) ва фарқи онҳо аз таркибу ибораҳои озод, манбаъҳои пайдоиш ва аҳамияти онҳо, яъне таъбирҳо, …

Читать дальше »