Главная / Фанни Туризм

Фанни Туризм

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Туризм

Илми бостоншиноси ва ахамияти он дар пажухиши таърихи Панчакенти

Ин навиштаи мухтасар – конспект дар асоси асрҳои зерин иншо шуда: Ғафуров Б. гуфтааст “Гузаштаи ғании таърихии халқи тоҷикро омӯзед”. Омӯзгор дар назди худ мақсад мегузорад, ки баъд аз Инқилоби Кабири сусиёлистии Октиябр чи гуна инкишоф ёфтани илми бостоншиносиро ба хонандагон пешниҳод намояд. Ин нуқтаро бо масоили пажуҳиши таърихи Панҷакенти қадим алоқаманд бояд намуд, то талабагон бидонанд, ки кадом олимон дар тадқиқи ин масоил шуғл варзидаанд. Махсусан бояд қайд кард, …

Читать дальше »

Рудаки кай ва дар кучо зода шудааст?

Деҳаи Рӯдак дар ду соҳили дарёчаи Уроч дар байни дараи хушманзара, ки бо куҳҳо иҳота шудааст, мавқеъ дорад. Абӯабдуллоҳ Рудакӣ дар ҳамин ҷо соли 858 милодӣ (243 ҳиҷрӣ ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 941 вафот карда дар ҳамин ҷо гузаронида шудааст. Дар бораи ҳайёту фаъолияти ин шоири барҷаста маълумоти каме боқи мондааст .Дар тадқиқи қисмати Рӯдакӣ кашфиёти кофиласолори адабиёти шуравии тоҷик Садриддин Айни нақши ҳалкунанда бозид. Баъди …

Читать дальше »

Ҳолати ҳозира ва дурнамои туризми кӯҳӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93-фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ишғол кардаанд. Пайдоиши релефи он натиҷаи инкишофи бисёрмиллионсолаи қишри замин мебошад. Симои онро асосан қаторкӯҳҳои баланд ва дарраҳои тангу ҳамвориҳои байникӯҳӣ муайян мекунанд.Масоҳати ҷумҳурӣ аз сатҳи баҳр дар баландии аз 300 то 7495 м воқеъ гардидааст. Кӯҳҳое,ки зиёда аз 3000 м баландӣ доранд, қариб 62 фоизи қаламрави Тоҷикистонро ишғол менамоянд. Қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ба се системаи бузурги кӯҳӣ дохил мешаванд:Тиёншон,Ҳисору Олой ва Помир. …

Читать дальше »

Хусусиятҳои релеф, хамчун омили асосӣ барои тараққиёти туризми кӯҳсор

Табиати кӯҳсор пур аз тақозоҳо ва гуногуниҳост. Кӯҳҳо, ҳам ҷангалҳои мулоим ва қолини рангоранги кӯлҳо, биёбонҳои сангзори беканор, барфҳои дар офтобӣ ҷилодиҳанда, вулқонҳои оташфишон, пиряхҳои дароз, дарраҳои беохир, платои рости васеъ, мавзеи шаршараҳо, хазинаи асосии обҳои равон мебошанд. К ӯ ҳ ҳ о – ин чашмаҳо, чарогоҳҳо, анборҳои яхини оби ширини бебаҳоянд. Кӯҳҳо аз захираҳои гуногуни табии: минералҳо, обҳо, заминҳо, наботот, чангалҳо хеле бойанд. Дар даҳсолаҳои охир намуди асосии туризм …

Читать дальше »

Хусусияти сохтори системаҳои кӯҳҳои Осиёи марказӣ

Пасткӯҳҳои Қазоқистони марказӣ : Дар минтақаи майдатеппаҳои Қазоқистон, ки қисми калони Қазоқистони марказиро дарбар мегирад, дар натиҷаи нишонаҳои начандон тӯлонии бардоштагиҳои тектоникӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи пасткӯҳҳо паҳн шудаанд. Пештар ба онҳо ҳамчун боқимондаҳои системаҳои кӯҳии герсшакл назар мекарданд, аммо онҳо ҳамчун ҳудуди нави бардоштагиҳо мувофиққат мекунанд. Ба баландиҳои муқоисанашаванда нигоҳ накарда,дар ноҳияҳо релефи кӯҳӣ ҳукмфармост, ки дар ҳудуди хеле васеъ тақсим шудаанд ва характери нишебиҳои бузурги нӯгтез, ҷариҳои сангин ва …

Читать дальше »

Фаъолияти тураператорӣ ва оҷонсии туристӣ

Муассисаҳои туристӣ ва шаклҳои онҳо Дар таҷрибаи байналмилалӣ одатон муассисаҳои бизнеси туристиро аз рўи хусусиятҳои қонеъгардонии талаботи туристӣ ба чор гурўҳ тақсим менамояд; муассисаҳои миёнарав ва ташкили туризм (тураператорҳо ва турагентҳо); муассисаҳои нақлиётӣ; муассисаҳои, ки раванди фаъолияти ҳаётии туристонро дар вақти сафар (ҷойгиркунонӣ ва хўроки умум) таъмин менамояд; муассисаҳои хадамоти дорои ҷолибият буда (гузаронидани чорабиниҳои фароғатию саргармӣ).   Муассисаҳои гурўҳӣ аввал ҳамчун фурўшандагони хизматрасонии туристӣ ва муассисаҳои гурўҳҳои 2-юм, 3-юм …

Читать дальше »

Фаъолияти саёҳатӣ

Саёҳат шакли хизматрасониест, ки ҳангоми тарҳрези ин ё он барномаи туристӣ пешниҳод мегардад. Ғайр аз ин саёҳат асоси туризми маърифатӣ маҳсуб меёбабад. Маҳз барои ҳамин дар таркиби унсурҳои индустрияи туристӣ, саёҳат нақши муассир дорад. Мафҳум ва моҳияти саёҳат – мувофиқи матлабе, ки дар «Қомуси турист» оварда шудааст, «саёҳат» ин ташрифи фардӣ ва гуруҳӣ ба маконҳои ҷолиб осорхонахо ва гайра бо максади бардошти маърифат ва ё фархангию ҷаҳонбинӣ зери назари роҳбалад …

Читать дальше »

Турист ҳамчун субъекти туризм

  Якчанд навъи муайянкунандаи турист вуҷуд дорад, ки аз рўи аснодҳои меъёрӣ ва манфиатҳои иқтисодии давлат, ҷиҳати мутааллиқ будан ба ин ё он соҳа, ҷудо мешавад. То ҳанўз турист ифодаи комили худро пайдо накардааст, зеро то ҳоло коршиносон ба мафҳуми мазкур ифодаҳои гуногунро марбут медонанд. Аввалин маротиба мафҳуми турист соли 1937 аз ҷониби кумитаи махсуси коршиносон оид ба масъалаҳои омори лигаи Миллатҳо матраҳ шудааст. Туристон чунин хусусиятҳоро доро мебошанд: – …

Читать дальше »

Туризми байналмилалӣ ва аҳамияти он

Омилҳои рушди туризми байналмилалӣ ва мавсимнокӣ дар туризм Туризми байналмилалӣ дар нимаи дуюми асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI ба яке аз самтҳои афзалиятнокӣ иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии аксарияти кишварҳо ва минтақаҳои олам табдил ёфт. Индустрияи туристӣ бошад, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи таркиби истеъмолӣ ва фаъолияти иҷтимоии бештари аҳолии олам гардид. Гарчанде захираҳои туристӣ дар ҳудудҳое ҷойгиранд, ки аз лиҳози саноатӣ ва кишоварзӣ ғайри қобили истифодаанд, вале маҳз ҳамин ҳол туристонро …

Читать дальше »

Таснифот, намуд ва шаклҳои туризм

Туризм аз рўи меъёрҳои қабулшуда таснифот гардида, он ба намуд, хел, шаклҳою категорияҳо ҷудо мешавад. ТУТ СММ таснифоти туризмро аз рўи чунин намудҳо пешниҳод намудааст: дохилӣ, воридӣ (фаъол) ва содирӣ (ғайрифаъол). Яке аз талаботҳои асосии таснифот убури марзҳои давлатӣ мебошад. Туризми дохилӣ- саёҳати ашхосон дар дохили кишвари зисти хеш; туризми содирӣ саёҳати ашхоси муқимӣ дар Тоҷикистон ба дигар мамлакат. Туризми воридӣ (ғайрифаъол) –саёҳати ашхосон дар ҳудуди Тоҷикистон, ки аслан маҳалли …

Читать дальше »