Фанни Забони точики

Рефератхо ва лексияҳои точики аз фанни Забони точики

Манбаъ ва роххои инкишофи забон

  Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои на танҳо оилаи ҳиндуаврупоӣ, кулли забонҳои дунё ба шумор меравад. Таърихи он ба “Авасто” ва, ҳатто, бештару пештар аз замони ин бостонитарин сарчашмаи хаттии эрониён мекашад. Дар дарозои сарнавишти худ забони тоҷикӣ ба оҳистагӣ марҳилаҳои рушду инкишоф ва таҳаввулоту пешрафтҳои хешро сипарӣ намуда, …

Читать полностью......

Аломатхои китобатии дохили ҷумла

Аломати нохунак. Аломати мазкур дар чунин мавридҳо гузошта мешавад: а) Ҳангоми навишти нутқи айнан нақлшуда. Як мавриди корбурди аломати нохунак, аллакай, дар боло нишондод шудааст. Чунонки аз муколамаи қаҳрамонҳои маснавии Низомӣ дида мешавад, гуфтугӯйи айнани онҳо дар дохили аломати нохунак гирифта шудааст. Аз ин ҷиҳат, муколама ва гуфтугӯйи миёни чанд …

Читать полностью......

Аломатхои китобат ва ахаммияти онхо дар навиштан

  Аломатҳои китобат дар навиштор аҳаммияти бас бузург доранд. Бе риояти аломатҳои китобат дар хатти кириллиасоси тоҷикии мо, аввалан, тартибу низоми ҷумлаҳо хуб ба роҳ монда намешаванд, сониян, фикрҳо дар хат пароканда сабт мегарданд. Аз ин ҷиҳат, дақиқӣ ва мушаххасии фикр ва мавзӯи мавриди навиштор қароргирифта аз байн меравад. Аломатҳои …

Читать полностью......

Имлои хиссахои ёвари нутк

  Ба ҳиссаҳои ёвари нутқ пешоянду пасояндҳо, пайвандакҳо, ҳиссача ва нидо дохил мешаванд. Имлои пешояндҳо. Баъзе пешояндҳо бандаки изофӣ мегиранд ва аз тариқи ин бандак бо вожаи пасини худ алоқа пайдо мекунанд. Намунаҳо: пеши (хона), паси (дар), лаби (ҷӯй), сари (кӯча), сӯйи/ суви (хона), монанди (гул), ранги (вай). Пешояндҳои арабӣ …

Читать полностью......

Имлои зарф

Имлои зарф Зарфҳое, ки якҷо навишта мешаванд, якҷошавии онҳо ба воситаи пешвандҳо, пасвандҳо, миёнвандҳо ва баҳамойии чанд реша, ки гунаҳои сохтаву мураккабро ба вуҷуд меоваранд, сурат мегирад. 1. Тасассути пешвандҳо. Тавассути пешвандҳои бо -, ба -, бар -, бе -, дар -, но – зарфҳо гунаи сохтаро мегиранд. Намунаҳо: бодиққат …

Читать полностью......

Имлои феъл ва шаклхои феъли

  Феълҳои сода замони ҳозира ва гузаштаи наздик месозанд: рав, гӯй, хон, соз, рафт, гуфт, хонд, сохт … Якҷо навиштани феълҳо   1. Тавассути пешвандҳо гунаи сохта гирифтани феълҳо. Ин навъи феълҳо тавассути пешвандҳои феълсози ме (ҳаме) -, ни -, би -, бар -, дар -, на (ма) -, ме …

Читать полностью......

Имлои сифат, шумора ва чонишин

Имлои сифат. Баъзе аз сифатҳои шаклан сода ду ё чанд тарзи навишт доранд, ки ҳарчанд ҳама шакли онҳо дар забони адабии имрӯз корбурд нашаванд, дар адабиёти клосикӣ истифода шудаанд ва ё баъзан дар лаҳҷаҳо ба кор гирифта мешаванд. Намунаҳо: сиёҳ- сияҳ, сапед-  сафед/ испед- исфед, арғувон- арғавон, равшан- рӯшан Сифатҳое, …

Читать полностью......

Имлои исм

Имлои исм            Вобаста ба сохтмони исм метавон тарзҳои навишти онро муайян намуд. Аз рӯйи табақабандии морфологии имрӯз исмҳо дар забони тоҷикӣ ба чаҳор қисм ҷудо карда шудаанд: сода, сохта, мураккаб ва таркибӣ. Исмҳои сода аз як реша иборатанд. Аммо, ин сохти исмҳо бархе бо ду гуна ва, ҳатто, се …

Читать полностью......

Имлои харфхои мушаддад

Имлои ҳарфҳои мушаддад.  Тақсими вожа ба ҳиҷо Мушаддад маънии ташдидгирии овоз ё шиддатнок талаффуз шудани онро дорад. Мушаддад, ташдид ва шиддат– ҳар се вожаи арабӣ буда, аз решаи феълии шадда дар маънои такрор шудан пайдо шудаанд. Бад- ин маънӣ, ҳар се вожа, дар умум, дар маънои такрор шудан корбурд мешаванд. …

Читать полностью......

Ходисахои савт

  Савт овозро гӯянд.Дар ҳар забон ҳодисаҳои гуногуни савтӣ- овозӣ ба вуҷуд меоянд, чун талаботи табиии ҳар забон рӯ ба ин дигаргуниҳои савтӣ дорад. Инсоният ҳамеша хостгор ва дар пайи осониву суҳулат аст ва забон низ моли инсон ва дар ихтиёри инсон аст. Аз ҳамин ҷиҳат, инсонҳо вожаҳои забони худро, …

Читать полностью......