Худро бисанҷед! Cаволу масъалаҳои тест  аз фанни химия  

Саволҳои химия барои довталабони маркази милли тести.

Худро бисанҷед! Диққат!!! Барои дидани натиҷаи саволҳо аз шумо хоҳиш карда мешавад,ки саволҳоро як ба як ҷавоб дода ва натиҷаи онро баъди ба охир расонидани саволҳо хоҳед дид.

Cаволу масъалаҳои тест аз фанни химия

Дар кадом қатор танҳо моддаҳои содда ҷойгир шудаанд?        
Массаи молярии газеро, ки зичиаш нисбат ба нитроген ба 2 баро‐ бар аст, муайян намоед.
Дар кадом моддаҳо валентнокии хлор ба V баробар аст?      
Дар кадом қатор ҳамаи элементҳо валентнокии доимӣ доранд?                
Ҳиссаи  массаи  нитрогенро  бо  фоиз  дар  таркиби  селитраи  аммоний ҳисоб кунед.          
Кадом омил ба суръати реаксия таъсир намекунад?
Дар кадом модда дараҷаи оксидшавӣ ва валентнокии карбон бо қимати мутлақашон баробаранд?
62 грамм фосфати калтсий чанд молро ташкил медиҳад?
Ҳангоми 2 маротиба кам кардани ҳаҷм суръати сӯхтани метан чанд маротиба меафзояд?
Дар 3 мол кислотаи сулфат чанд атоми ҳидроген мавҷуд аст?
Оксидҳоеро, ки танҳо бо кислотаҳо ба реаксия дохил шуда, намак ва об ҳосил мекунанд, чӣ меноманд?
Байни кадом моддаҳо реаксияи ҷойгирӣ метавонад гузарад?
3,01∙1023 молекулаи СО2 чанд миқдори (мол) моддаро ташкил медиҳад?
Моддаҳоеро, ки суръати реаксияи химиявиро метезонанду худашон сарф намешаванд, чӣ меноманд?
Чӣ тавр аз маҳлули обӣ хлориди калийро ҷудо намудан мумкин  аст?
2 мол оксиген чанд молекула дорад?
Зичии кадом газ нисбат ба ҳидроген ба 22 баробар аст?
Дараҷаи оксидшавии атоми карбонро дар кислотаи мӯрча муайян кунед.
Воҳиди миқдори моддаро муайян кунед.
Моддаҳои кристаллиеро, ки дар таркибашон оби химиявии пайвастшуда доранд, чӣ меноманд?
Массаи молярии газеро, ки зичиаш нисбат ба ҳидроген ба 15 баробар аст, муайян намоед.
Муодилаи термохимиявии сӯзиши карбон чунин аст: С + О2 = CO2 + 402 кҶ. Ҳангоми сӯхтани 48 г карбон чӣ қадар гармӣ хориҷ мешавад?
Дар кадом моддаҳо дараҷаи оксидшавии нитроген якхела аст?
Кадом ҷавоб ба ҳодисаҳои химиявӣ мансуб нест?  
Дараҷаи оксидшавии манганро дар KMnO4 муайян намоед.                
Ҳангоми 2 маротиба баланд кардани фишор дар реаксияи ҳосилшавии аммиак аз нитроген ва ҳидроген суръати реаксия чанд маротиба меафзояд?
Массаи молекулавии моддаеро, ки ҳангоми электролизи маҳлули обии нитрати мис (II) дар маҳлул боқӣ мемонад, муайян кунед.
Баҳамтаъсирии оҳан бо сулфур ба кадом намуди реаксия мансуб аст?
Ҳиссаи массаи фосфорро (бо %) дар кислотаи ортофосфат муайян  кунед.                
Кадом моддаҳо байни худ ба реаксия дохил мешаванд?
Cаволу масъалаҳои тест аз фанни химия
Вы получили {{userScore}} из {{maxScore}} верного ответа
{{title}}
{{image}}
{{content}}
test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *