Саволу масъалаҳои тест аз фанни таърих

Саволҳои фанни таърих барои довталабони маркази милли тести.

Худро бисанҷед! Диққат!!! Барои дидани натиҷаи саволҳо аз шумо хоҳиш карда мешавад,ки саволҳоро як ба як ҷавоб дода ва натиҷаи онро баъди ба охир расонидани саволҳо хоҳед дид.

Саволу масъалаҳои тест аз фанни таърих

Кадом воқеа БАЪДТАР ба амал омадааст?
Дар солҳои 760 – 784 кадом воқеа ба амал омада буд?
Воқеаи соли 751‐ро муайян намоед.
Сухан ба кӣ тааллуқ дорад: “Давлатмандон аз ҳисоби дигарон бой шудаанд, бинобар ин онҳо бояд ҳаққи мардумонро гардонида диҳанд”?
Сухан дар бораи кӣ меравад: “...соли 705 бо лашкари бисёр аз Ому мегузарад ва ба Пайканд ҳуҷум меоварад. Дар лашкари ӯ дастаҳои Балхиён ва Чағониён низ ширкат доштанд“?
Ардашери Бобакон ба кадом давлат асос гузошт?
Ардашери Бобакон кадом намуди ҷазоро бекор кард?
Соли 539 то милод кадом давлат ба мавҷудияти давлати Бобул хотима гузошт?
Куруш дар ҷанг бо кадом қабила ҳалок гардид?
Дар аҳди Аббосиён замин бойгарии асосӣ буда, онро ба одамони содиқи худ тақсим карда медоданд. Чунин замин чӣ ном дошт?
Кӣ соли 539 то милод Бобулро фатҳ кард?
Кӣ пас аз сарнагун гардидани Дорои III Хашёршоҳи Осиё эълон гардид?
Камбуҷия кӣ буд?
Соли 222 милод кадом воқеа ба амал омада буд?
Кӣ ба хирбади хирбадон Тансар фармуд, ки “Авесто”‐ро гирд оварда, китобат намояд?
Сухан дар бораи шоҳони кадом империя меравад: “Подшоҳ Канишка ба шофар Нукунзук фармон медиҳад, ки маъбаде барои худоён бисозад ... Ва боз дар фармон гуфта мешавад, ки ҳайкалони шоҳони зерин: шоҳ Куҷула Кадфиз, бобокалонаш шоҳ Вима, Такту бобояш, шоҳ Вима Кадфиз падараш ва худаш – Канишкаро тайёр карда, дар ибодатгоҳ гузоранд.” ?
Кадом воқеа БАЪДТАР рӯй додааст?
Сухан дар бораи чӣ меравад: “Самарқанд 2 миллион дирҳам ҷарима ва 1000 марди солим ба сифати ғулом дод. Қутайба фармон баровард, ки ҳар суғдие, ки бо худ силоҳ гирад, ба қатл хоҳад расид”?
Сухан дар бораи кадом шӯриш меравад: “Соли 806 дар Самарқанд шӯрише сар зад, ки ба вай набераи Насри Сайёр роҳбарӣ менамуд. Шӯриш дар Чоч ... қувват мегирад” ?
Асосгузори хилофати Умавиён кист?
Академияи (маркази илмӣ) Гунди Шопур дар давраи ҳукмронии кадом сулола таъсис дода шуда буд?
Лашкари кадом давлат соли 53 то милод сипоҳи императори Рим Красро дар шаҳри Ҳаррон шикаст дод?
Кадом сол “халифа Ҳорунаррашид аз нуфузу эътибори афзуда‐ истодаи ин сулола ба воҳима афтода, барои ба қатл расонидани ин хонадон амр кард”?
Муҳорибаи Гавгамел чӣ пайомад дошт? .
Пас аз кадом воқеа Бесс Хашёршоҳи Осиё эълон гардид?
Кадом ҷавоб ДУРУСТ аст?
Солшумории мусулмонии ҳиҷрӣ аз кай сар шудааст?
Сосониён худро вориси кадом давлат меҳисобиданд?
Кадом шӯриш ба муқобили Умавиён равона шуда буд?
Кадом сулола дар Порт то соли 224 ҳукмронӣ намуда буд?
Саволу масъалаҳои тест аз фанни таърих
Вы получили {{userScore}} из {{maxScore}} верного ответа
{{title}}
{{image}}
{{content}}

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.