Ҳифзи сирри давлатӣ

Моддаи 18. Низоми махсуси фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо

Низоми махсуси фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки бо сирри давлатӣ вобаста аст (низоми махфият), бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад.

Моддаи 19. Ташкили додани рухсат ба шахси мансабдор ё шаҳрванд ба маълумоти дорои сирри давлатӣ

1.Ташкили додани рухсат ба шахси мансабдор ё шаҳрванд ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба зиммаи роҳбари мақоми дахлдори ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассисаю ташкилот, инчунин ба воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ гузошта мешавад.

2. Роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо барои ташкил намудани чунин шароитҳо, ки ҳангоми онҳо шахси мансабдор ё шаҳрванд танҳо бо он маълумоти дорои сирри давлатӣ шинос мешаванд, инчунин ба андозае, ки ба вай барои иҷрои eҳдадориҳои мансабиаш заруранд, масъулияти шахси доранд.

3. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд дар ҳолатҳои мустасно дар асоси созишномаҳои байналмилалӣ ё амри хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ рухсат дода мешавад.

4. Рухсат ба сирри давлатӣ ба шаҳрвандони қобили амал доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни 18-солагиро пур кардаанд, дода мешавад, агар он, мувофиқи шароити хизматӣ ё фаъолияти тадқиқоти илмиашон зарур бошад ва онҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи ин Қонун ба сирри давлатӣ иҷозати дахлдор дошта бошанд.

5. Қарор дар бораи додани рухсат ба иттилооти мушаххас, ки сирри давлатӣ мебошад, аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое қабул карда мешавад, ки дар онҳо ин корҳо анҷом дода мешаванд ё манбаъҳои вобаста ба ин иттилоот нигоҳ дошта мешаванд.

6. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон надодани рухсат ба иттилооти мушаххаси дорои сирри давлатӣ фақат дар ҳолати набудани асосҳои дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда мумкин аст ва аз он ба мансабдори сатҳи болоӣ, ки мансабдори ба шаҳрвандон иттилооти мушаххаси дорои сирри давлатӣ рухсатнадода тобеи eст, шикоят кардан мумкин аст. Дар сурати қонеъ гардонида шудани шикоят шаҳрванд ҳуқуқ дорад оид ба рафтори ғайриқонунии шахсони мансабдор ба суд шикоят намояд.

Моддаи 20. Иҷозат ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба сирри давлатӣ

1. Иҷозат ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ бо тартиби ихтиёрӣ амалӣ карда мешавад.

2. Иҷозат ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсон аз ҷумлаи шаҳрвандони хориҷиро ба сирри давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

3. Иҷозат ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба сирри давлатӣ ба зиммаи худ қабул намудани eҳдадориро дар назди давлат оид ба паҳн накардани маълумоти дорои сирри давлатии ба e бовар кардашударо пешбинӣ менамояд:

а) розигӣ ба қисман ё муваққатан маҳдуд намудани ҳуқуқҳои онҳо мутобиқи моддаи 27 ҳамин Қонун;

б) розигии хаттӣ оиди аз тарафи мақомоти ваколатдор нисбати онҳо гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ;

в) муайян кардани намуд, ҳаҷм ва тартиби додани имтиёзҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;

г) шинос шудан бо меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ, ки ҷавобгариро барои вайрон намудани он пешбинӣ менамоянд;

д) аз тарафи роҳбари мақоми ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассисаю ташкилот қабул намудани қарор оид ба иҷозати шахси ба расмият даровардашаванда ба маълумоти дорои сирри давлатӣ.

4. Ҳаҷми чорабиниҳои санҷишӣ аз дараҷаи махфияти маълумоте, ки он ба шахси барои он иҷозат додашаванда пешниҳод мешавад, вобастагӣ дорад. Чорабиниҳои санҷишӣ дар мeҳлати як моҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Мақсади гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ аз ошкор намудани асосҳои дар моддаи 22 ҳамин Қонун нешбинишуда мебошад.

5. Мeҳлат, ҳолат ва тартибӣ аз нав ба расмият даровардани иҷозати шаҳрвандон ба сирри давлатӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

6. Тартиби иҷозати шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба сирри давлатӣ дар шароити эьлон намудани вазъияти фавқулодда аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад.

Моддаи 21.Тартиби махсуси иҷозат ба сирри давлатӣ

1. Дар давраи иҷрои салоҳияти худ ва eҳдадориҳои мустақими хизматӣ ба маълумоти фавқулодда муҳим, комилан махфӣ ва махфӣ бидуни мувофиқа бо мақомоти амнияти давлатӣ ба инҳо иҷозат дода мешавад:

а) аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

б) Сарвазир, муовини аввал ва муовинони e, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ;

в) Раис, муовинони раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иктисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони e;

д) Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони e;

е) Раис, муовин ва аъзоёни комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ж) шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд;

з) шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шeроҳои онҳо таьин карда мешаванд;

и) шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд;

к) Президент, Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

л) адвокатҳое, ки ба сифати ҳимоячӣ дар тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои вобаста ба маълумотҳои дорои сирри давлатӣ дошта иштирок менамоянд.

2. Шахсони номбурда дар бораи ошкор накардани сирри давлатӣ, ки ба онҳо ҳангоми иҷроиши салоҳияти худ маълум мегардад, дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан дар ҳолати ифшои он огоҳонида мешаванд ва дар ин бора аз онҳо забонхати дахлдор гирифта мешавад.

Моддаи 22. Асосҳо барои надодани иҷозат ба сирри давлатӣ

Ба шаҳрванд дар ин ҳолатҳо ба сирри давлатӣ иҷозат дода намешавад:

агар шаҳрванд ба кор бо иттилооти дорои сирри давлатӣ зарурати асоснок надошта бошад;

дар рафти санҷиши шахс вобаста ба иҷозат дода шудани e ба сирри давлатӣ ошкор гардидани ҳодисаҳои ҳамкории e бо фаъолияти ғайриҳуқуқии мақомоти давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ё иштироки вай дар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ки фаъолияташон хилофи қонунгузорӣ бошад ва ё тариқи суд манъ карда шудааст ё худ eҳдадориашро оид ба маҳфуз доштани сирри давлатӣ, ки қаблан ба e бовар карда шуда буд, бо ҷо наовардааст;

аз тарафи шаҳрванд ба зимма нагирифтани eҳдадорӣ оид ба маҳфуз доштани сирри давлатӣ, ки ба e бовар карда мешавад ва ё розӣ нашудани e ба маҳдудиятҳои ҳуқуқаш вобаста бо иҷозат ба сирри давлатӣ;

доштани доғи судӣ барои ҷиноят, ки мувофиқи тартиби муқаррагардида он барҳам нахурда ё бардошта нашудааст;

бемории шахс, ки метавонад ба ҳифзи сирри давлатӣ мутобиқи номгeи тасдиқкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;

ҳангоми гирифтани иҷозат ба сирри давлатӣ аз тарафи шаҳрванд пешниҳод шудани маълумоти варақавии (анкетавии) ошкорро дурeғ;

ба таври доими дар хориҷа зиндагонӣ кардани шаҳрванд ё аз ҷониби e барои истиқомати доими дар хориҷа таҳия кардани ҳуҷҷатҳо;

дар натиҷаи тадбирҳои санҷиши ошкор гардидани аъмоли шахсӣ ба сирри давлатӣ рухсатгиранда, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Моддаи 23. Санҷиши шахсоне, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дода мешаванд

1. Санҷиши шахсоне, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дода мешаванд, аз тарафи мақомоти амнияти давлатӣ мувофиқи шарту шароит ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Ба мақоми санҷишкунанда мувофиқа кардан барои шахсони мансабдоре, ки ба қабули қарор оид ба иҷозат додан ба сирри давлатӣ ваколатдоранд, ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 24. Шикояти шаҳрванд аз дода нашудани иҷозат ба сирри давлатӣ

1. Шахси мансабдоре, ки барои додани иҷозат ба сирри давлатӣ ваколатдор аст, вазифадор мебошад, ки ба шаҳрванд сабабу асосҳои иҷозат надоданашро хабар диҳад.

2. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад аз дода нашудани иҷозат нисбати мансабдоре, ки ба e иҷозат ба сирри давлатӣ надодааст, ба мансабдори сатҳи баландтар шикоят кунад. Агар шикояти шаҳрванд қонеъ гардонида нашавад, e ҳуқуқ дорад аз рафтори ғайриқонунии шахсони мансабдор ба суд шикоят намояд.

Моддаи 25. Бекор кардани иҷозат ба сирри давлатӣ

1. Бекор кардани иҷозати қаблан ба сирри давлатӣ додашуда дар ҳолатҳои зайл мумкин аст:

а) ба амал омадан ё ошкор гардидани ҳолатҳое, ки дар моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинӣ гадидааст;

б) риоя накардани eҳдадориҳои худ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ;

в) бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ (агар яке аз асосҳо иҷозат ба сирри давлатӣ бошад), аз ҷумла озод кардан аз кор (хизмат).

2. Қарори бекор кардани иҷозат ба сирри давлатиро шахсони мансабдор, ки барои додани чунин иҷозат ваколатдоранд, қабул мекунанд.

Нисбати ин қарор тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 24 Қонуни мазкур шикоят кардан мумкин аст.

3. Бекор кардани иҷозат ба сирри давлатӣ шахси мансабдор ва шаҳрвандро аз иҷрои eҳдадориҳояш дар бораи фош намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ озод намекунад.

Моддаи 26. Eҳдадориҳои шаҳрванд барои нигоҳ доштани сирри давлатӣ

Шаҳрванде, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дода шудааст, eҳдадор аст:

сирри давлатиро, ки ба e бовар карда мешавад ё худ вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз он хабардор мегардад, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ошкор намояд;

дар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ки фаъолияташон хилофи қонунгузорӣ бошад ё аз тариқи суд манъ карда шудааст, иштирок накунад;

дар фаъолияти зиддиҳуқуқии мақомоти давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ иштирок накунад;

талаботи низоми махфӣ буданро, ки мувофиқи моддаи 18 Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, ба ҷо оварад;

ба шахси мансабдоре, ки барои e ба сирри давлатӣ иҷозат додааст, аз вазъу ҳолатҳое, ки ба нигоҳ доштани сирри давлатӣ ба e боваркардашуда монеъ мегарданд, хабар диҳад.

Моддаи 27. Маҳдуд намудани ҳуқуқи шахси мансабдор ё шаҳрванд дар давраи ба расмият даровардани иҷозатнома, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дода шуда ё пештар иҷозат дода шуда буд

1. Шахси мансабдор ё шаҳрванд, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дода шуда ё пештар иҷозат дода шуда буд метавонад, ки ҳуқуқҳояш муваққатан маҳдуд карда шавад.

2. Маҳдудкуниҳо метавонанд дахл дошта бошанд:

а) ҳуқуқи баромада рафтан ба давлати хориҷӣ барои истиқомати доими то ошкоркунии иттилооти дахлдор, вале на зиёда аз 5 сол аз вақти бекор намудани иҷозатнома ба сирри давлатӣ;

б) ҳуқуқи баромада рафтан аз ҳудуди давлат ба мeҳлати пешбининамудаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳангоми ба расмият даровардани иҷозатнома ба сирри давлатӣ;

в) ҳуқуқ ба истифодаи кашфиёт ва ихтироотҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ дошта ва барои паҳн намудани чунин маълумот;

г) ҳуқуқ ба дахолатнопазирии ҳаёти шахси ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ дар давраи ба расмият даровардани иҷозатнома ба сирри давлатӣ.

3. Баромадан аз ҳудуди давлат, аз ҷумла барои истиқомати доими ба давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо созишнома оид ба ҳифзи сирри давлатии тарафайн ё дигар созишномаҳои байналмилалӣ дорад, ки чунин баромада рафтанро пешбинӣ менамоянд, маҳдуд карда намешавад.

Моддаи 28. Маҳдудияти интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум

Корхона, муассиса, ташкилот ва шаҳрвандон ҳангоми ба чоп тайёр кардани мавод дар матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма, интишор додан ё аз сарҳад гузаронидани онҳо барои ҳифз намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд дар асоси ин Қонун ва санадҳои дигари қонунгузорӣ амал кунанд.

Риояи қонунгузорӣ дар масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор ёфтани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин дар маводҳое, ки барои ба хориҷа бурдан пешбинӣ гардидаанд, аз тарафи  Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 29. Маҳдудиятҳо дар хусуси ба давлати дигар ё ташкилотҳои байналмилалӣ додани сирри давлатӣ

1. Маълумоти дорои сирри давлатӣ дар сурати мавҷуд будани хулосаи  Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи имконпазирии ба дигар давлатҳо ё ташкилотҳои байналмилалӣ додани ин маълумот дода шуда метавонад.

2. Қарор дар бораи додани маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

3. Eҳдадориҳои тарафи қабулкунанда оид ба ҳифзи маълумоти ба вай додашаванда дар созишномае, ки бо он баста мешавад, пешбинӣ карда мешавад.

Моддаи 30. Маҳдудиятҳо оид ба истиқомат ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷойгир намудан ва тағийр додани ҷои объектҳо ва воситаҳои техникии онҳо

Маҳдудиятҳо оиди истиқомат ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷойгир намудан ва тағийр додани ҷои объектҳо ва воситаҳои техникии онҳо мувофиқи қонунгузории дахлдор муайян карда мешавад.

Моддаи 31. Хусусиятҳои иҷрои вазифаҳои судӣ, назоратӣ, назоратию тафтишотӣ ва вазифаҳои дигари мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар муносибат бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо бо сирри давлатӣ алоқаманд аст

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва назоратию тафтишотӣ бо мақсади пешгирӣ намудани эҳтимоли ошкоршавии сирри давлатӣ бояд бо мувофиқаи  Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби махсуси иҷрои вазифаҳояшонро дар муносибат бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, пешбинӣ намоянд.

2. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, ҳуқуқ доранд ба ин мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттилоот надиҳанд, ё қарорҳои дигари онҳоро ба ҷо наоваранд агар онҳо тартиби мазкурро муқаррар накарда бошанд ё худ онро риоя накунанд.

Сабаби ин радкунӣ бояд дар айни замон ба  Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шавад ва  Саридораи мазкур бояд дар давоми як моҳ оид ба асоснокии он қарор қабул намояд.

Агар  Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин радкуниро тасдиқ намояд, пас мақоми дахлдори ҳокимияти давлатӣ метавонад нисбати он ба суд шикоят кунад.

Моддаи 32. Хусусиятҳои танзими муносибатҳои вобаста ба ошкор кардани манбаъҳои маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, ҳифзи маълумот ҳангоми тағйир ёфтани субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ

Шароити аз махфӣ будан баровардани манбаъҳои дорои сирри давлатӣ, иҷрои дархостҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон, ки бо маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманд мебошанд, ҳамчунин ҳифзи ин маълумот ҳангоми тағйирёбии функсияҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ба тартиби муқарраркардаи низомномаи дахлдор сурат мегирад, ки он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 33. Тадбирҳои инженерию техникии ҳифзи сирри давлатӣ

1. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, вазифадоранд барои ҳифзи техникии иттилоот, воситаҳои муҳофизатшудаи коркард, интиқол нигаҳдории иттилоот ва асбобҳои техникии ҳифзи онро, ки ба меъёрҳои ҳифзи техникӣ мувофиқат кардани ин воситаю асбобҳо тасдиқ шудааст, истифода намоянд.

2. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи дахлдор фаъолияти вобаста бо истеҳсол ва хизматрасонии системаю воситаҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониро, ки ҳифзи техникии сирри давлатиро таъмин мекунанд, ба роҳ монанд.

3. Воситаҳои ҳифзи маълумот бояд сертификат дошта бошанд, ки мутобиқати онҳоро бо талаботҳо оид ба ҳифзи маълумоти дараҷаи дахлдори махфият тасдиқ намоянд.

4. Ташкили сертификатсияи воситаҳои хифзи маълумот ва додани иҷозатнома ба зиммаи  Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи вазифаҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиммаи онҳо буда, гузошта мешавад. Сертификатсия дар асоси талаботҳои стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, амалӣ карда мешавад.

5. Ҳамоҳангсозии фаъолияти оид ба ташкили сертификатсияи воситаҳои ҳифзи маълумот ва додани иҷозатнома ба зиммаи  Саридораиҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонгузошта мешавад.

Моддаи 34. Тадбирҳои криптографии (хати рамзии) ҳифзи сирри давлатӣ

Тадбирҳои криптографии (хати рамзии) ҳифзи сирри давлатӣ бо тартибе, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, амалӣ мегардад.

Моддаи 35. Тадбирҳои оперативии ҳифзи сирри давлатӣ

Тадбирҳои оперативии ҳифзи сирри давлатиро мақомоти  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ, ки мувофиқи қонунгузорӣ дорои ҳуқуқӣ чунин фаъолият мебошанд, дар рафти корҳои разведкавӣ, контрразведкавӣ ва оперативӣ – ҷустуҷӯӣ амалӣ мегардонанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №690)

Моддаи 36. Назорат ба таъмини ҳифзи сирри давлатӣ

1. Роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо вазифадоранд, ки мунтазам ба таъмини ҳифзи сирри давлатӣ назорат кунанд.

2. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки супоришҳояшонро ба пудратчиҳо мефармоянд, ҳуқуқ доранд ба ҳолати ҳифзи сирри давлатӣ, ки онро вобаста ба иҷрои супоришҳо ба пудратчиҳо вогузоштаанд, назорат кунанд.

3. Мақомоти давлатие, ки ба онҳо ҳуқуқ дода шудааст, масъалаи бо ягон иттилооти мушаххаси дорои сирри давлатӣ воқиф гардиданро ҳаллу фасл намоянд, вазифадоранд ҳолати ҳифзи сирри давлатиро дар ҳамаи корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, ки корҳои бо сирри дахлдори давлатӣ алоқамандро ба ҷо меоваранд ё худ манбаъҳои дорои чунин иттилоотро нигоҳ медоранд, назорат кунанд.

4.  Саридораи  ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ доранд ҳолати ҳифзи сирри давлатиро дар ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз шакли моликияташон, таҳти назорат қарор диҳанд.

Хулосаҳои  Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санадҳои расимии санҷишҳо аз рeи натиҷаҳои санҷиши ҳолати ҳифзи сирри давлатӣ баён ёфтаанд барои иҷро аз тарафи шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошанд.

5. Назорати риояи қонунгузорӣ ҳангоми таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва қонунӣ будани қарорҳои дар ин маврид қабулшударо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни ваколатдори махсуси тобеи e ба ҷо меоранд.

Барои шахсоне, ки назорати прокурориро ба eҳда доранд, дастрас намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ мутобиқи моддаи 31 Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.

БОБИ VI. Маблағгузорӣ барои тадбирҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот, махфӣ гардонидан ва ҳифзи онҳо

Моддаи 37. Маблағгузорӣ барои тадбирҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот, махфӣ гардонидан ва ҳифзи онҳо

1. Маблағгузорӣ барои чораҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот, махфӣ гардонидан ва ҳифзи онҳо аз ҳисоби буҷети давлат, маблағи корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, сурат мегирад.

Маблағ барои тадбирҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот, махфӣ гардонидан ва ҳифзи онҳо дар корхонаҳои шакли моликияташон ғайридавлатӣ дар асоси шартнома бо корхонаи супоришдиҳанда оид ба иҷрои корҳои бо сирри давлатӣ алоқаманд аз ҳисоби корхонаи супоришдиҳанда ҷудо карда мешавад.

2. Ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ вобаста аст, метавонад имтиёзоти андоз ва имтиёзоти дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дода шавад.

Моддаи 38. Додани ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон бо рухсат ба сирри давлатӣ алоқаманд аст

Агар шаҳрванд бинобар шароити фаъолияти касбии худ ҳамеша бо маълумоти дорои сирри давлати сарукор дошта бошад, ба вай барои дар шароити маҳдудиятҳои низомӣ кор карданаш бояд ҷубронпулии дахлдор дода шавад, ки навъ, андоза ва тартиби додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Модаи 39. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи сирри давлатӣ

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандоне, ки муқаррароти ҳамин Қонунро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

БОБИ VII . Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 40. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи сирри давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 23, моддаи 364) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 41. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                      Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  22 апрели соли 2003

№ 4

test

Добавить комментарий