Омўзиши демографии шумора ва таркиби аҳоли

Накша:

  1. Ахамияти омузиши демографии шумораи ахоли.

2.Тарики муайян намудани шумораи мутлак ва миёнаи  ахоли.

3.Таркиби ахоли.

Кайд кардан чоиз аст, ки аксарияти масъалахои демография ба хаёту  зиндагии хар як одам бевосита дахл дорад. Равандхои демография на танхо ба масъалахои иктисодию ичтимоии мамлакат алокамандии зич доранд, балки ба хушбахтии одамон, манфиати онхо низ хавасмандии калон доранд.

Тавсифи хар давлат аз баёни шумора ва хайати ахоли- мухимтарин сарвати у шуру мешавад, зеро ахоли сарчашмаи пурра намудани кувваи коргарии хамаи зинахои тараккиёти чамъият мебошад.

Маълумотхои пурра ва дакик оиди шумора ва таркиби ахоли барои ба танзим даровардани тараккиёти истехсолот ва баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли заруранд. Хангоми тартиб додана накшаи истехсоли галла ё истехсоли металл, истехсоли либос , пойафзол ё сохтмони мактаб дар хисобхо хатман шумораи

умумии ахоли, ё шумораи у аз руи синну соли гуногун вобаста мебошад, чунки истехсоли зиёди молхои гуногуни ниёзи мардум

дар асоси шумораи ахоли муайян карда мешавад. Дар шароити иктисоди бозори мохияти демографияи байналмилали меафзояд.

Агар мо дар мукоиса шумораи умумии ахолии Чумхурии Точикистон, ки дар соли 2000- ум ба руйхат гирифта шудааст

  1. 127, 6 хазор нафарро ташкил дода буд. Баруйхатгирии ахолии

соли 2010 – ум бошад шумораи умумии ахолии чумхуриро 7. 616 хазор нафар нишон дод ва дар таърихи 6 феврали соли 2013 ба 8 миллион расид.

Хар як давлат мувофики нишондихандахои демографи тараккиёти иктисодии худро ба накша мегирад, ки тибки он ба хисоби миёна  ба сари  хар як нафар ахоли махсулоти умумии дохили ва дигар харочотхо  рост биёянд.

Тараккиёти маориф, тандурусти ва сохахои ичтимои низ аз руи нишондихандахои махсуси демографи ва накшаи бахисобгирии

шумора ва таркиби табакахои чамъият ба тартиб дароварда мешавад.

Омори демогафии Точикистон бояд органхои  маъмури, накшагири ва ташкилотхои хочагиро бо хамаи маълумотхои дакик оид ба шумора ва таркиби ахолии таъмин намояд.

Вазифахои асосии фанни демография ин гирд овардан ва коркарду тахлил намудани ракамхои аник оид ба нишондихандахо мебошад:

1)Шумораи умумии ахолии ва чойгигшавии он дар худуди муайян

2)Хайати ахолии аз руи чинс, синну сол, холати оилави, дарачаи маълумотноки, миллат, шугл, сохахои хочагии халк ва гуруххои чамъияти.

Манбаи мухимтарини маълумот дар бораи ахоли усули баруйхатгирии он мебошад.

2.Тарики муайян намудани шумораи мутлак ва шумораи миёнаи ахоли.

     Хусусияти аз хама хостарини  омузишии демографии ахолии дар он мебошад, ки шумораи он бефосила мунтазам микдоран ва сифатан дар натичаи тавалуд ва фавт тагйит меёбад. Инчунин дар худуди нуктахои ахолинишин  боз бо сабаби харакати он аз як чой ба чойи дигар.

Дар вакти ба хисоб гирифтани ахоли то давраи муайян дар худуди хар як пункти ахолинишин фарк намудани ду категорияи ахолии зарур аст:

а) ахолии доими,

б) ахолии мавчуда

Ба ахолии доими хамаи он шахсоне дохил мешаванд, ки дар хамон нуктаи ахолинишин (шахр, деха ва дехот, посёлок ва гайра) доимо зиндаги мекунанд, яъне чои мукимии онхо ба хисоб меравад.

Ба ахолии мавчуда чунин шахсоне дохил мешаванд, ки хакикатан дар хамин нуктаи ахолинишин дар лахзаи бахисобгирии ахоли зиндаги мекунанд.

Агар шумораи ахолии доимиро бо аломати АД, шумораи ахолии мавчударо бо АМ, шумораи ахолии муваккатан гоибро бо АМг ва шумораи ахолии муваккатан зиндаги мекардагиро бо АМз ифода намоем, дар он маврид шумораи ахолии доимиро бо муодилаи зерин нишон медихем:

АД  = АМ – Амз + АМг

Ахолии мавчуда бошад бо формулаи зерин ифода мешавад:

АМ =АД + АМз + АМг

Афзоиши мутлаки ахоли дар Точикистон дар давоми 11 сол

(1989-2000) – Ао = А – А

6127- 5109=+ 1018 хазор нафар афзудааст, яъне ахоли

20% зиёд шудааст.

Барои дуруст ба хисоб гирифтани шумораи ахолии шахру дехот хам ахолии доими ва хам ахолии мавчуда дар бораи хайати чойхои истикомати маълумотхои дуруст зарур мебошанд.

Маълумотхои демографи нишон медиханд, ки шумораи ахолии чахон  дар асри ХХ- 26 маротиба, дар хазорсолаи охир 20 маротиба ва дар 25 соли охир ба зиёда аз 7 млрд (дар соли 2011) расидааст.

3.Таркиби ахоли.

а) Таркиби чинсии ахолии.

Дар вакти омузиши хайати ахолии демография аз руи  аломатхои

демографии зерин чудо карда мешавад:

– аломатхои умумидемографи (чинс, синну сол, хайати оилави),

– аломатхое.ки дарачаи  мадании ахолиро нишон медиханд(маълумот, таълим),

– аломатхое, ки таркиби миллиро нишон медиханд (миллат, забони  модари, холати шахрванди)

– аломатхое, ки захирахои мехнатиро нишон медиханд (шугл, чои кор, тахассус),

– аломатхое.ки  ичтимоии ахолиро нишон медиханд (сарчашмахои воситахои зиндаги, гуруххои чамъияти ва гайра).

Омузиши хайати ахоли аз руи чинс  ахамияти махсуси ичтимои,

иктисоди, демографии, сиёси ва биологи дорад.

б)  Таркиби синну соли ахоли дар хамаи чараёнхои чамъияти роли фаъолро мебозад ва ба хами нишондихандахо таъсир мерасонад.

Агар таркиби синну соли ахоли чавон бошад, пас дарчаи басти никох ва таваллуд зиёд мешавад. Бинобар ин синну сол аломатест, ки бо гузаштани вакт ноилоч ва баробарандоза зиёд мешавад.

Лекин синну сол нисбат ба чинси ахоли тагъирёбанда мебошад, ки бебозгашт одам ба тарафи пиршави харакат мекунад.

  • Хайати оилавии ахоли ё ин ки хайати хочагии хонагии ахоли

Фарки байни мафхумхои «хочагии хонаги» ва «оила» чунин мебошад: а) хочагии хнаги метавонад аз 1 одам, аммо оила бояд

аз 2 шахс иборат бошад, б) аъзохои хочагии хонаги шарт нест, ки хешу табор бошанд, вале дар аъзохои оила бошад хешу табори

шарт мебошад.

  • Хайати миллии ахоли

Аломати мухимтарини миллат ин забони модари ва худшиносии миллат мебошад. Дар вакти гузаронидани  баруйхатгирии умумии ахолии Чумхурии Точикистон хар ду аломат ба хисоб гирифта мешавад. Дар дунё кариб 3000 халку миллат вучуд дорад, ки махз ин аломатхо мавкеи аввалро чой доранд.

  • Хайати маълумотнокии ахолии

Дар чамъият хачм ва сатхи дониш, инчунин тачрибахои тахассуси аз насл ба насл ба воситаи системаи маориф дода мешаванд. Бинобар хамин дар демография  омузиши дарачаи маълумотноки ва саводноки дар тараккиёти чамъият ахамияти беандоза дорад.

Дар Чумхурии Точикистон дар назди илми демогрифия боз самтхои мухимтарини дарачаи моддии ахоли, ки бояд омухта шаванд, чунин мебошанд:

Таъмин будани ахоли бо маълумоти зарури, дарачаи тараккиёти муассисахои истирохати ва саёхати, варзишию санъат ва маданият.

   Омузиши ин масъалахо бояд дар асоси системаи нишондихандахои демрграфи тахлил гардида бахо дода шаванд.          

add

Один комментарий

  1. рахмат, хами адабиётоша добавить кн !!!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.