Муҳоҷирати аҳолӣ

 

Мухочират – ин раванди чойизистивазкунии ахоли дар дохил ва берун аз сарзамини худ мебошад.

Чоизистивазкунии ахоли – кушода ва пушида сурат мегирад.

Ба ахолии кушода ахолии дехот ё шахр мисол шуда метавонад.

 Ахолии пушида бошад ахолии тамоми кураи заминро дар бар мегирад. Дар замони хозира тараккиёти иктисоди – ичтимои  махдудияти сарзаминхои алохидаро бархам дод, вале дар шароити хозира ахолии бисёр мамлакатхо бо мухочирати берунаи худ ба ахолии пушида наздик мебошанд.

Мухочирати ахоли чараёни мураккаби ичтимои буда, бо тагйиротхои сохти иктисоди ва чойгиркунии куввахои истехсолкунанда, бо инкишофи ичтимои ва мехнатии ахоли алокаи зич дорад.

Мухочирати ахоли аз руи як катор нишондихандахо тасниф карда мешавад:

1) Вобаста ба гузариши сархад мухочирати ахоли ба;

а) мухочирати  беруни,

           б) мухочирати дохили чудо мешавад.

1.Мухочирати беруни – бурида гузаштани сархадхои  давлатхоро мефахмонад(Казокистон, Узбекистон, Руссия).

2.Мухочирати дохили – чойивазкуни дар худуди як мамлакат байни нохияхои маъмури ва иктисоди – географии чойхои ахолинишинро дар бар мегирад.

Ба ин намуди мухочират- мухочирати ахолии деха ба шахр ва байнинохияви дохил мешавад.

Шаклхои мухочирати ахоли аз руи нишондихандахои вакт ба се  шакл ҷудо мешаванд;

*доими (бебозгашт)

* муваккати,

* мавсими чудо мешаванд.

Мухочирати бебозгашт бо чойивазкунии макони зисти доими алокаманд мебошад. Ба ин намуд мухочирати ахолии деха ба шахр мисол шуда метавонад.

Мухочирати  муваккати – ин мухочирати давомдори махдудро бо мухлати мукарраршуда, ки бо чои кор алокаманд аст, дар бар мегирад.

Мухочирати мавсими – ин шакли чойивазкунии харсолаи мардум дар давраи муайяни сол (кишоварзи, чамъовари махсулоти полези, сабзавот ва мева ).

Сабабхои асосии мухочирати ахоли сохахои гуногуни хаёти инсонро  дар бар мегиранд:

  • Иктисоди (чои кор, музди мехнат, дармади молияви, ивазкунии тарзи хаёт ва гайра)
  • Ичтимои (сатхи зиндаги, нафака, кумакпули, имтиёзхои ичтимои ва гайра)

3) Сиёси (таъкиби сиёси, нажоди, фишори дини ва гайра )

4) Харби (эвакуатсия, депортатсия)

Аз руи шакли ичрокуни мухочират ба чамъияти – муташаккил ва гайримуташаккил чудо мешавад.

Мухочирати чамъиятимуташаккил бо иштирок ва дастгирии иктисодии  органхои давлати ва чамъияти амали мегардад.

Мухочирати  гайримуташаккил бошад бевосита бо кувва ва воситахои мухочирон бе ёрии ягон корхона амали  мегардад.

Вобаста ба чойгиркунии мардум аз руи хохиши онхо ё ин ки

новобаста аз хохиши онхо мухочират ба ихтиёри ва мачбури

чудо карда мешавад.

  1. Сарчашмахои маълумот оид ба хачми мухочирати ахоли.

Тахлили  микдории мухочират бо муайянкунии хачми он алокаманд мебошад. Мухочирати ахоли ба мачмуи хоричшудагон

берун аз сарзамин ва ба мачмуи воридшудагон берун аз худудхои

он чудо мешавад. Яъне бо тарзи дигар гуем сухан дар бораи эмигратсия ва имигратсия (мигратсия) меравад. Фаркият байни микдори хоричшудагон ва микдори воридшудагон дар давраи муайян мухочирати холис номида мешавад. Чамъи микдори воридшудагон ва хоричшудагон мухочирати умуми номида мешавад.

 Хачми мухочирати ахолии додашуда ба дигар ахоли ба воситаи нишондихандахои зерин тавсиф мешавад:

  • Микдори воридшудагон
  • Хоричшудагон
  • Мухочирати холис
  • Мухочирати умуми

Таксимшавии мухочирати умуми аломатхои гуногун дорад.

Таксимкунии мухочират вобаста ба тавсифи гуногуни мухочирон:

1) Демографи

                    2) Вазъи ичтимои

3) Касби

Тибки ин таксимот мухочиршавии зан ва мард аз руи гуруххои гуногуни синну сол, истикоматкунандагони шахр ва деха муайян карда шудааст.

  1. Ташкил ва истифодаи роххои бакайдгирии ахоли.

Омузиши мухочират барои хисоби чори ва оянда шумора ва таркиби ахоли ва инчунин барои омузиши равандхои чойивазкунии ахоли ахамияти калон дорад.

Вазифахои бакайдгирии чории мухочирон аз инхо иборат аст.

  1. Мувофики маълумотхои бакайдгирии чории харакати табии ба даст овардани маълумотхои оид ба шумора ва таркиби ахолии ин ё он сарзамин дар лахзаи муайяни давраи баруйхатгири.

Инчунин муайян кардани таъсири мухочират ба таркиби ахоли аз руи чойи даромад ва баромади мухочирон.

  1. Маълумот оид ба мухочират барои омузиши чараёни чойивазкунии ахоли дар худуди як мамлакат (аз як нохия ба дигар нохияхо, аз деха ба шах рва баръакс), инчунин берун аз он зарур аст.
  2. Омузиши таркиби мухочирон ва конунияту равандхои чойивазкунии ахоли.

Чойивазкунии ахоли аз як чой ба чойи дигар хусусияти муваккати ё доими дорад ва он ба категорияи гуногуни ахоли дохил карда мешавад.  Чойивазкуни бо  тагйирёбии чойи истикомат – мухочирати доими, яъне мухочирати хам доими ва хам мавчуда мебошад.           

Дар шароити хозира бакайдгирии чори мухочирати  муваккати ва доимиро дар бар мегирад, лекин дар баъзе холатхо танхо бакайдгирии чори мухочирати доимиро ба хисоб мегирад, ки бакайдгирии мухочирати муваккати басер  душвор аст.

Хамаи шахсоне, ки ба синну соли муайян расидаанд, дар холатхои ивазкунии истикомати муваккати ё доими бояд хуччатхои ибтидоии кайдкуниро (аз кайдбарориро) пур кунанд.

Бакайдгирии мухочирати дохили дар асоси маълумотхои маъмури

оид ба бакайдгирии ахоли ва азкайдбарори дар як катор мамлакатхо дар соли 1924 сар шудааст. Дар соли 1932 бакайдгирии мухочирати дохилии хамаи шахрхо, шахракхо, чойхои ахолинишини дехаро дар бар гирифта буд. Соли 1953 бошад шакли ягонаи бакайдгирии мухочирати дохили чори карда шуд ва бакайдгирии он умуми кунонида шуд.

Системаи ягонаи кайдкуни ва бакайдгирии мухочират аз тарафи органхои корхои дохили дар асоси хуччатхои кайдкуни ва

азкайдбарори ташкил карда шуд. Хангоми кайдкуни ва аз кайд баровардан варакаи сурогави оид ба воридшави ва хоричшави ба шахсони синну солашон ба 16 расидаги пур карда мешавад. Ин варака барои кормандони милитсия ва идораи сурогави  таъин карда шудааст. Варакахои сурогавиро бе ивазкунии чойи истикомат тартиб додан  мумкин аст: ивазкунии насаб, ивзкунии шиноснома ва гайра. Дар баробари пур кардани варакаи сурогави инчунин талони омори барои коркарди омор истифода бурда мешавад, ки дар он мох ва соли таваллуд, чойи таваллуд, чинс, миллат, аз кучо ворид шудан ё ба кучо рафтани шахси мазкур, сурогаи он, максади омадан ё рафтан (ба кор, таълим) чойи пешинаи истикомат ва мухлати муайян, дарачаи маълумот, холати оилави инъикос меёбад.

Барои бехтар намудани сифат ва пуррагии бакайдгири аз тарафи органхои омори давлати хамрохи кормандони идорахои шинсномадихи тафтиши интихобии кайдгири ва азкайдбарори, инчунин дуруст пур кардани талохоро гузаронидан лозим аст.

  1. Коэфитсиентхои мухочирати ахоли.

Коэффитсиентхои мухочирати ахолии нисби буда, барои тахлили мухочирати ахолии истифода бурда мешаванд. Коэффитсентхои мухочират бо мукоиса кардани нишондихандахои мутлаки мухочират ва ахолие, ки дар байни он мухочирон пайдо мешавад, асос ёфтааст. Дар шакли умуми коэффитсиентхои мухочират аз руи формулаи зерин хисоб карда мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.