Сиёсати демографи

 

Накша:

  1. Мохияти сиёсати демографи.
  2. Принсипхо ва усулхои сиёсати демографи.
  3. Сиёсати муосири демографи дар баъзе мамлакатхои хоричи.

 

Мафхуми «сиёсат» аз калимаи юнонии «politika» гирифта шуда,

маънои санъати идора кардани корхои давлатиро дорад.

Мохияти асосии сиёсат – ин забт намудан, нигох доштан ва истифодабарии хокимияти давлати мебошад.

Сиёсат сохаи фаъолиятест, ки ба муносибатхои табакахо, манфиати онхо робита дорад. Таркиби мухталифи ичтимоии чамъият хама вакт дар сохахои асосии фаъолияти давлат зарурати дохил намудани унсурхои сиёсиро ба миён меоварад. Аз ин ру сохахои гуногуни сиёсат вучуд доранд:

а) Сиёсати иктисоди, б) Техники, в) Милли, г) мадани, д) ичтимои,

е) демографии ва гайра.

Аз замонхои кадим олимон ба сиёсати демографии давлат ахамияти калон медоданд. Аз чумла, Афлотун ва Арасту хануз дар чамъияти гуломдории Юнони кадим масъалаи сиёсати демографиро омухта, афзоиши ахолиро сабаби бетартиби, норозиги ва чнояткори дар чамъият нисбат медоданд. Онхо тарафдори микдори муътадили ахолии буданд, ки махз он асоси муваффакиятхои  ичтимои хисоб мешуд.

Афлотун пешниход мекард, ки калонияхо ташкил карда шаванд.

Ба мардхо фарзанддори аз сини 30 то 55 солаги муайян гардад.

Арасту акидахои Афлотунро давом дода таклиф мекард, Конун оид ба акди никох кабул карда шавад. Аз руи ин конун занхо аз 18 ва мардхо аз 37 солаги хукуки фарзанддориро бояд пайдо намоянд.

У пешниход мекард, ки кудакхои касали ва кудакхои «зиёдати» нобуд карда шаванд ва барои хар як оила нормаи муайяни кудактаваллудкуни таъин гардад.

Яке аз асосгузорони назарияи гайриилмии буржуазии оид ба масъалахои зиёдшавии ахолии- иктисодчи, рухони англис Томас Роберт Малтус (1766 – 1834) мебошад. Мувофики таълимоти Малтус махсулоти зиндаги, маводхои хурдани хамеша аз афзоиши ахоли кафо мемонанд: махсулот- 2+2 =4; ахоли- 2 х 2 =4; 2+3=5; 2х3=6.

Барои хамин чанг, касалихо, ходисахои табиат ва камбагалиро хамчун воситаи камшавии ахоли мешуморид. Дар Иттиходи Шурави сиёсати демографи як чузъи асосии сиёсати давлат ба хисоб мерафт. Сахми олимони ИДМ дар ин соха хеле калон аст, аз чумла А. Я.Боярский, А. И. Антонов, В. М. Медков, Д. И. Валентей, А. Я. Кваша, А. Г. Вишневский ва дигарон.

Дар Чумхурии Точикистон масъалаи сиёсати демографиро  дар асархои олимони точик Исломов С. И., Коситов О., Папенко Ю. С., Хочибоев А. Г., Хакимова С. А. гирд оварда шудааст.

Тахлили хаматарафаи сиёсати демографии минтакави якумин маротиба  дар асари Исломов С. И. «Демография Таджикистана» (1985) акс ёфтааст.

Конунхои демографиро шартан ба гуруххои зерин чудо кардан мумкин аст:

  • Конуниятхои бозтавлиди ахолии, 2) Конуни никох ва талоки

ахоли, 3) Конуни фавти ахоли, 4) Конуни урбанизатсия ва

мухочирати ахоли, 5) Конуни шугли ахоли, 6) Конуни чойгиршавии ахоли ва гайра.

Сиёсати демографии ин шакли истифодабарии конунхои тараккиёти демографии буда, танзимкунии равандхои демографиро таъмин мекунад. Сиёсати демографиро ба 2 равия чудокардан мумкин:

  1. Умумичумхурияви, ки барои ба даст овардани максадхои дарозмуддат равон карда шудааст.
  2. Нохияви, ки ба сиёсати умуичумхурияви илова буда, хусусиятхои коркарди чорабинихо дошта, максади хал кардани масъалахои наздикро дорад.

 

  1. Принсипхо ва усулхои сиёсати демографи.

     *Сиёсати демографи бояд ба принсипхои зерин такя намояд:

  • Аз нуктаи назари илми асоснок кардани максади сиёсати демографи,
  • Сиёсати демографии бояд характери комплекси дошта бошад,
  • Самаранокии сиёсати демографи,
  • Инсонпарварии сиёсати демографи,

Сиёсати демографи вазифахои зеринро бояд ичро кунад:

  1. Махдудсозии протсессхои демографии,
  2. Хавасмандкунии ривоч додани протсессхои демографи,
  3. Устуворсозии протсессхои демографи.

 

Вазифаи махдудсозии сиёсати демографии дар он зохир мегардад, ки ба воситаи чорабинихои сиёсати демографии ба протсессхои демографии тамоили ба максад мувофик муайян карда мешавад (чорабинихои паст кардани таваллуди ахоли, пешгирии мухочирати мехнатии ахоли ва гайра).

*Усулхои сиёсати демографи – ин мачмуи усулхои махсус буда, ба воситаи онхо протсессхои демографиро идора мекунанд.

   Усулхои сиёсати демографиро ба гуруххои зерин чудо кардан мумкин аст:

  1. Ичтимои – ичтимои
  2. Тарбияви – психологи
  3. Хукуки

* Ба  усулхои ичтимои – иктисоди чорабинихои баланд бардоштани шароити мехнат, шароити маишии оилахо, вазъи шароити иктисодии оила баъд аз таваллуди кудак, мустахкамшавии оила, хавасмандкуни ё ин ки пешгири кардани мухочирати ахоли ва гайра дохил мешаванд.

* Чорабинихои тарбияви – психологи хамаи чорабинихои воситахои пропагандаи оммавиро дар бар мегирад, к ибо ёрии он дар шуури ахоли баркарор кардани идеалхои нави демографи, яъне ташкил кардани шуури демографии зарури – чамъияти.

  * Чорабинихои хукукии сиёсати демографи – ин мачмуи хамаи конунхо оид ба демография мебошад, ки барои ба даст овардани максадхои демографии чамъият кабул мешаванд.

Кисми асосии сиёсати демографи – ин муайян кардани максаднок истифода бурдани нерухо ва самаранокии харочотхои  чорабинихои сиёсати демографии мебошанд.

 

  1. Сиёсати муосири демографи дар баъзе мамлакатхои хоричи.

Холо дар бисъёр мамлакатхои дунё барномаи муфассали шаклхои сиёсати демографи амал мекунанд. Максаду усулхои халли  проблема бештар ба имконоти иктисодии давлат ва сиёсати пешбурдаи он иртибот дорад.

 Дар як катор кишвархо сиёсати демографи пеш аз хама ба камшавии таваллуд, дар давлтхои дигар ба пастшавии фавти кудакон ва майли дарозумри, дар гурухи сеюм ба боздоштани равандхои мухочират равона карда шудааст.

Дар ШМА сиёсати ягонаи демографии умуидавлати  гузаронида намешавад. Ин масъалахоро хар як штат мустакилона хал мекунад.

Кумакхои моддию имтиёзхо барои хамаи хохишмандон дастрас аст.

Дар Олмол аз сабаби паст будани дарачаи таваллуд барои таваллуди фарзанд сиёсати хавасмандкуни гузаронида мешавад. Баробари таваллуд кардани фарзанд камаш 100 марка пешбини шудааст. Кумакпулии мохона ба андозаи 50 марка, ба кудаки аввал 100 марка, ба кудаки дуввум 200 марка ва ба фарзандони баъдан низ ин кумакпули дода мешавад.

Дар Фронса аз сабаби паст шудани дарачаи таваллуд ба занхои омиладор, ки аз се назорати тибби гузаштаанд, дар 15 хафтаи аввал ба микдори  2800 франк кумакпули дода мешавад. Пас аз таваллуд кумакпулии алохида дар 8 рузи аввал ба микдори 2590 франк ва агар фарзанди сеюм ё минбаъда бошад, дар он сурат 5810 франкро ташкил медихад. Кумакпулии якмоха ба 2 фарзанд -513 франк ва 3 фарзанд -1153, 4 фарзанд -1803, 5 фарзанд -2435 ва 6 фарзанд- 3076 франкро ташкил медихад.

Дар Британияи Кабир занон якбора баробари таваллуди фарзанд ба микдори 25 фунт стерлинг кумакпули мегиранд. Кумакпулии 1 моха 16 фунт стерлингро ба хар фарзанд ташкил медихад. Вай то 19 солагии фарзанд амал мекунад. Падару модар метавонанд ариза навишта барои нигохубинии кудак 15 фунт стерлинг дар як хафта талаб кунанд.

Дар Япония проблемаи нуфус ба ду чанба – пиршавии ахоли ва чойгир кардани нобарории он нигаронида шудааст. Кумакпули ба оилахои имтиёзнок ба андозаи 5000 иен барои фарзанди сеюм ва минбаъд рухсати ба сабаби хомиладори ва хам дар мухлати 6 хафта пешаз он, инчунин додани кумакпули ба микдори 60% музди кори якмоха муайян карда шудааст.

Дар давлати Чин танзими таваллуд хамчун сиёсати асосии давлат хисоб меёбад. Аз соли 1981 дар мамлакат Кумитаи давлатии  ба накшагирии таваллуд амал мекунад. Ёрдами давлат факат ба оилае, ки факат як фарзанд

дошта бошад, мерасад. Ба як фарзанд давлат мукофотпули, хизматрасонии ройгон, нафакапулии нисбатан зиёд, имтиёз ба гирифтани хона ва дигар шароитхоро фарохам меоварад.

Максади сиёсати демографи дар Хитой коэффисиенти афзоиши табии ахоли мебошад. Дар соли 1980 синну соли номиналии оиладоршави барои харду чинс 2 сол зиёд карда шуд, ки холо барои мардон дар 22 солаги ва барои занон дар 20 солаги муайян карда шудааст. Бо назардошти ахамияти баланди иктисодии фарзандон дар дехот аз соли 1984  ба мардуми дехот таваллуди 2 фарзанд ва двр шахр таваллуди 1 фарзанд ичозат дода шуд.

Дар Хиндустон дар сохаи танзими оила ташвики оилахо дорои 2 фарзанд ва танзими  тавлиди дарачаи бозтавлиди одди ба рох монда шудааст.

Дар Ирок вазифаи бехтар гардонидани сихатии модару фарзанд ва балнад бардоштани дарачаи некуахволии модар ба миён гузошта шудааст.Синну соли минималии оиладоршавии духтарон дар 18 солаги муайян шудааст. Дар аксари давлатхои Шарк  давлат ба  танзими дурусти таваллуд ва бехбудии зисту зиндагонии ахоли

сиёсати демографии худро равона месозад.

Дар Чумхури Точикистон хануз аз даврони Иттиходи Шурави

давлат ба оилахо, модарон ва фарзандон, тандурустии ахоли ва ташаккули хаматарафа  диккати махсус медихад. Дар даврони Шурави дар вакти таваллуди 2 ва ё зиёда фарзандон кумакпули ба хар кудак алохида дода мешуд. Ёрдампули барои нигохубини кудаки бемор дар давоми то 14 рузи таквими ба андозаи аз 50% то 100%  музди кор (вобаста ба собикаи кори) дода мешуд.

Дар шароити иктисоди бозори системаи чорабинихои  сиёсати демографи тагйир ёфт. Дар Чумхурии Точикистон сиёсати демографи ба оптимали  кардани бозтавлиди ахоли, бехтар намудани нишондихандахои сифатии ахоли ва зиёд кардани дарозумрии ахоли равона карда шудааст.

test

Добавить комментарий