Танзими оила

 

Накша:

  1. Мохияти танзими оила.
  2. Усул ва воситахои танзими оила.
  3. Омузиши акидахои ахоли дар хусуси танзими оила дар .

 

  1. Мохияти танзими оила.

Танзими оила – ин аз тарафи оила кабул намудани карор оид ба теъдоди оила (микдори тавлид ва тарбияи фарзанд), ба фаъолияте, ки барои амали кардани чунин карорхо мусоидат мекунад.

Пояи ахлоки ва хукукии танзими оиларо рафтори бошууронаи волидайн ташкил медихад, яъне ба пешкаш кардани хукук доир ба муайян намудани теъдоди фарзандон дар оила, муайян кардани фосилаи вакти таваллуд шудани фарзандон.

Танзими оила на танхо барои таваллуд шудани адади дилхохи фарзандон дар оила ва хифзи онхо, балки барои муайян намудани вакти таваллуди фарзанд вобаста аз синну соли волидайн ва шароити ичтимои – иктисоди, танзими сохтани фосилаи байни таваллудшавии фарзандон ва рох надодан ба хомиладории гайридилхох низ ахамият дорад.

Танзими лила барои кам шудани фавти кудакон, тахкими саломатии модару фарзанд, камшавии безурётии дубора мусоидат мекунад. Дар баъзе давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали зери унвони банакшагирии оила барномахои танзими оила, ки баъзан онхо барномахои «Назорати тавлид» ном доранд, дониста мешаванд.

Барномахои кабулшуда пастравии тавлидро дар натичаи таъмин ва густариш додани  тачрибаи махдудкунии тавлид, маълумоти санитари, таъмини ахолии бо маводи зиддихомиладори, ташвики бартариятхои  оилахои камфарзанд бо усулхои маъмури ва иктисоди дар назар доранд.

Хукуки танзими оила ё хукук ба волидайни ихтиёри ва масъулиятнок хукуке мебошад, ки эътирофи байналмилали дошта хаки мусаллами хар як инсон аст. Ин хукук дар хуччатхои мухимтарини Созмони Миллали Муттахид  сабт гардидааст.

Модари дар Чумхурии Точикистон аз тарафи давлат ташвик ва химоя карда мешавад. Ба зан хукук дода мешавад, ки масъалаи модаршавиро мустакилона хал намояд.

Дар худуди собик Иттиходи Шурави, аз чумла, дар Чумхурии Точикистон катъи сунъии хомиладори (аборт) аз соли 1955 конуни карда шудааст.

23 ноябри соли 1955 Укази Президиуми Шурои Олии СССР « Дар бораи ботил сохтани манъи аборт» кабул шуд. Катъи сунъии хомиладори бо хохиши худи зан дар мухлати  хомиладории то то 12 хафта гузаронида мешавад, аз руи  нишондодхои ичтимои- дар мухлати хомиладории то 22 хафта, дар холати мавчуд будани нишондодхои тибби ва хохиши зан катъи сунъии хомиладори новобаста аз мухлати хомиладори гузаронида мешавад.Фехристи нишондодхои  тибби барои катъи сунъии хомиладори аз тарафи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, фехристи нишондихандахои ичтимои бошад, бо карори тадиккардаи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи саломатии ахоли» аз соли 1997, дастрас намудани маълумотро оид банакшагирии оила, аз чумла дар бораи аборт кафолат медихад (моддаи 33).

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи саломатии ахоли» зери раками 419, ки аз тарафи Мачлиси Оли 15 маи соли 1997 кабул шудааст, дар назар дорад, к ибо максади хифзи саломатии занон, бо хохиши худи онхо шавад ва усулхои муосири зидди хомиладори, ки ба манъи хомиладории гайричашмдошт равона шудаанд, ба онхо пешкаш карда мешаванд, аз чумла, стерилизатсияи тибби (моддаи 33).

Фехристи нишондодхои гузаронидани стерилизатсияи тибби аз тарафи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

  1. Усул ва воситаи танзими оила.

  Барои амали гардидани танзими оила усул ва маводхои гуногуни контрасептиви истифода мешаванд. Контрасепсия аз калимаи лотини – маънои зиддихомиладоршавиро дорад. Дар Чумхурии Точикистон  таъминоти контросептиви дар соли 1998 31% ташкил дод.

Мувофики маълумоти Созмони Миллали Муттахид аз 9 усул ва маводи эътирофшуда ва пахнгаштаи контрасептиви чои аввалро стерилизатсия (мардона ва занона) ишгол менамояд. Дар чахон дар байни давлатхои мутаракки структураи  контрасепсия гуногун аст. Дар Англия ва Амрико

чои аввалро стерализатсия ишгол менамояд ва дар Япония истифодаи

усули эхтиёт аз хомиладори дар чои аввал аст. Давлатхои Хитой, Въетнам, Куба, Германия, Белгия, Нидерландия, Австрия, Венгрия бештар ба стерилизатсия таваччуъ зохир мекунанд. Дар Япония, Финляндия ва Шветсия

истифодаи усули химояи омиладори бартари дорад.

Аз соли 1995 дар Чумхурии Точикистон усули стерилизатсияи хирурги, ки дар акса, ки дар аксари давлатхо бомуваффакият истифода мешавад, ичозат дода шудааст. Холо яке аз усулхои маъмули танзими тавлид контрасепсияи гармонали  ба шумор меравад.

Дар замони хозира контрасептивхои гармонали аз руи таркиб ва усули истифодабариашон ба 2 гурух чудо мешаванд:

  1. Препаратхои (дорухои) омехта, ки ба як, ду ва сефаза чудо мешаванд.
  2. Контрасептивхои гестагени.
  3. Дорухои посткоитали, ки аз микдори муайяни эстроген, гестоген ва карткостероид таркиб ёфтаанд.

Дар Чумхурии Точикистон усули маъмултарини контрасептиви ВМС мебошад, ки мувофики маълумоти расми дар соли 1998 онро 21,1% занон истифода бурданд. Мувофики пурсишхо35% занон хохиши истифдаи ин усулро доранд.

 

 

 

  1. Омузиши акидахои ахолии Точикистон дар хусуси танзими оила.

Оиди танзими оила  баъди солхои 80- 90 –ум  дар байни табакахои гуногуни ахолии акидахои хархела вучуд доштанд. Дар солхои охир бошад шумораи чонибдорони акидаи «танзими оила» меафзояд.

Президенти Чумхурии Точикистон Э. Ш. Рахмон дар суханронихои худ  ба зарурияти инкишофи танзими оила, бехбудии саломатии модару кудак, тарбияи кудакон ишора карда, кайд намудааст: «Акли солим такозо дорад, ки зан пеш аз таваллуди фарзанди навбати,бояд дар чойи аввал бояд саломатии худу кудакашро гузорад. Ин проблемахо, ба чузъ чанбахои иктисодиву ичтимоии номбаршударо, ахамияти сиёсию ахлоки низ дорад».

Танзими оила инчунин дар байни ходимони дини ислом чонибдорони худро

пайдо кардааст. Чихати ичрои максадхои фоидаовар оиди танзими оила дар чумхури тадкикотхои сотсиологи гузаронида мешаванд. Яке аз чунин тадкикотхо , ки аз чониби Академияи илмхои Чумхурии Точикистон соли 1997 дар байни 1500 нафар марду зан гузаронида шуд, аз руи натичааш

Консепсияи давлатии сиёсати демографии барои солхои 2003- 2015 амал мекунад. Дар саволномахо саволи зерин оварда шуда буд: «Дар Точикистон барои ба танзим даровардани оила зарурат аст ё не?». Натичаи коркарди маводхои пурсиш нишон дод, ки 65% чонибдори ба танзим даровардани оила; 14, 6% мухолифон ва 19,9% чавоби анике надоданд. Тарафдорони танзими оила бар он акидаанд, ки рузгори мардум душвор шудааст ва мебоист дар оила на зиёд аз 4 нафар фарзанд таваллуд ва тарбия карда шаванд. Кисми дигари посухдихандагон кайд намуданд, ки давлат бояд худро аз масъалахои оила канор нагирад. Чунки давлат, пеш аз хама, бо микдору сифати ахолии хеш пуркудрат аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.