Дурнамои (пешгуихои) демографи

Накша:

 

  1. Пешгуихо оид ба микдори ахоли.
  2. Дурнамоии шумораи ахоли бо низоми дигаргун гардидани вазъи бозтавлиди ахоли.
  3. Пешгуии сабабхои марги ахоли.
  4. Дурнамои микдори ахоли ва мухочират.

 

  1. Дар чамъият кадом сохаеро, ки мо ба накша бигирем: хох инкишофи истехсолоти як намуди мол ё хизмат, хох таркиби ичтимоии чомеаро

вобаста ба андоза ва хайати оила – дар хама холатхо, моро лозим меояд, ки пеш аз хама микдор ва хайати иштироккунандагони  ин равандхои ичтимоиро аз руи чинс ва синну сол муайян намуда, ба хисоб гирем.

 Дар ин раванд пеш аз хама донистани микдори ахоли ва бо мурури замон ба таъгиротхо дучор шудани он таваччухи демографхоро бештар чалб мекунад.

Пешгуии микдори умумии ахоли барои бахо додани баъзе окибатхои алохида ва холатхои демографие, ки дар огози давраи пешгуихо ба миён меояд, нихоят мухим ва зарур мебошад.

Дар асоси чунин пешгуихо тахминхо ва фарияхое зам мешаванд,ки дар бораи мушохида намудани тагйиротхо ё микдори афзоиши ахоли маълумоти сахех медиханд. Вобаста ба ин микдори ахоли аз руи пешравии геометрие тагйир меёбад, ки ба воситаи формулаи  зерин ифода карда мешавад.

А1 = А0 ∙ е

Дар формулаи мазкур А1– микдори умумии ахолиро дар анчоми давраи пешгуихо ифода менамояд, А0 – микдори умумии ахолиро дар огози давраи пешгуихо мефахмонад, е – асоснокии логарифми натурли, к – коэффисиенти

тахмини буда, афзоиши ахолиро дар давраи пешгуихо нишон медихад,

t – андоза ва муддати давраи пешгуихо мебошад.

Аз руи ин формула мо метавонем микдори умумии ахолиро дар анчоми давраи пешгуихо  ба кадри имкон муайян намоем, гарчанде ин натичаи дилхох набошад хам, лекин  имконият медихад, ки микдори  ахоли дар давоми  20- 30 соли оянда чи гуна сурат мегирад: меафзояд ва ё баръакс кам мешавад, муайян намоем.

Дар Чумхурии Точикистон  микдори ахоли тибки пешгуихо дар охири асри 20 то андозае коиш ёфтааст. Сабаби асосии кам шудани мкдори ахоли ба  аз байн рафтани сохтори Шурави , чанги шахрванди дар чумхури ва мухочирати мехнатии шахрвандон вобаста мебошад.

  Тадкикотхои илми ва сотсиологи нишон медиханд, ки пешгуии микдори умумии  ахоли он кадар ахамияти мухим надошта, арзиши ахбори доранд.

Бинобар хамин , бахри ба накша гирифтани сохахои иктисоди ва ичтимои пешгуихо дар навбати аввал марбут ба ояндаи хайати ахолии ахамияти басо мухим дорад. Чунин пешгуи аз чихати техники мураккаб нест. Ин пешгуи  бо метод ва ё усули «пешгуии синну сол» ё «фарзияхои синну соли» гузаронида мешавад. Мохияти асосии ин метод аз он иборат мебошад, ки микдор ва таркиби ахолии дар оянда аз хисоби фавтидахо кам мегардад ва аз хисоби тавлиду одамони  воридшуда пурратар мегардад. Одатан, чунин пешгуи имконияти муайян кардани микдор ва хайати ояндаи ахолиро каблан надорад, зеро раванди демографии зуд тагйир меёбад. Максади чунин намуди пешгуи, пеш аз хама, бахо додан ба имкониятхои окибати муддати тулони махфуз доштани холати вазъиятхо, далелхои демографи мебошад, ки дар асоси пешгуи гузаронида мешавад.

  1. Дурнамои шумораи ахолии бо низоми дигаргун гардидани вазъи бозтавлиди ахоли.

Ба хисоб гирифтани низоми дурнамои шумораи ахолии бо дигаргунихо

дар оянда ва вазъи тавлидот масъалаи басо мураккаб аст.

Дар бораи тагйиротхои ояндаи  нишондихандахои калонсолон, тавлидот ва фавт бо дар назар доштани тачрибаи гузашта тахмин кабул кардан мумкин аст.  Афзоиши тавлид ва зиёд гардидани фавт аз мувофикати миёнаи нишондихандаи афзоиши гурухи чудогонаи ахолии ичтимои, шахри ва амсоли ин гувохи медихад, хар як нишондиханда аз гурухои алохидаи ахолии ва аз муносибати микдории онхо вобастаги дорад.

Тагйиротхои охирини инкишофи хочагии халк, пеш аз хама ба мувозинати  дурнамои мехнат вобаста аст.

Яъне ахолиро ба гуруххои алохидае, ки нишондихандахои тавлидот бештар фарк мекунанд, чудо мекунанд – шахри ва ахолии дехот; гуруххои чамъияти- коргарон, мехнаткашон, хизмачиён ва гайра.

Барои гирифтани натичаи дилхох аз нишондихандахои ин гуруххо лозим меояд, ки онхоро  аз руи вазн ба хисоб гирифт.  Барои дурнамои шуморааи низоми афзоиш лозим меояд, ки таносуби вазни онхоро ба тагйиротхои хайати ахоли иваз намуд.

Масалан, агар аз руи баруйхатгирии соли 1979 ахолии шахр 62% – ро ташкил дихад, он гох хар як нишондихандаи  афзоиши тавлид ва хар як коэффисиенти зиёд гардидани фавт мумкин аст ба хисоби миёна  бо таносуби нишондихандахои  ахолии шах рва дехот дар вазни62 ва 38% – ро ташкил медихад. Рохи дигаре,ки ба тарзи автомати баркашидан  таъмин мегардад, дар он аст, ки хамаи маълумотхои дурнамои шумораи ахолии на факат аз руи гуруххои синну соли  ва ё чинси, балки бо дигар сифатхояшон: синну сол, чинс, шахр, дехот ва гайра, бо назардошти таваллуд, фавт ва гузариш ба дигар гурухи синну соли, санчида мешавад. Ин намуди кор ба масъалаи мухочират низ дахл дорад. Дар заминаи тахлили  хаматарафа бахо додани нишондихандахо дар давраи охирин ва ба даст овардани натичаи хамаи фаркиятхо басанда аст. Дар вакти ба хисоб гирифтани шумораи фавтидагон коэффисиенти бокимондаи онхо хатман бароварда шавад.

  1. Пешгуии фавтидагон бо сабабхои бемори.

Чуноне ки дар саволхои кабли кайд гардид, мушкилоти  муайян намудани шумораи ояндаи ахоли на дар хисоботи техники, балки дар кабули бештари чунин тахминхое, ки дар муносибати низоми бозтавлиди ахолии меафтад. Хангоми пешгуии фавт имконияти нисбатан бевоситаи ба хисоб гирифтани

пастрави ё кам гардидани амалиёт ва ё сабабхои фавитидан пайдо карда мешавад. Мохият ва ахамияти чунин чорабинихо аз он иборат аст, ки  барои бардавомии  хаёти одамон чахд кунанд ва аз окибати баъзе нохушихо чомеаро огох намоянд. Зеро хар як пешгуии вокеи ба мукобили сабабхои асосии  фавтидани одамон  ва гуруххои алохида – кудакон, калонсолон, занонон ва гайра, нигаронида мешавад. Фавтидан аз сабаби беморихои мухталиф ва омилхои дигари чамъияти амик муайян карда мешавад. Кам гардидани беморихои гузаранда ва хавфнокро  дар натичаи гузаронидани  ин ё он чорабинихои профилактики мумкин аст дар як катор мавридхо шумораи онхоро муайян намояд. Баъзан бо рохи тоза намудани обанборхо, кабул намудани карорхои пешакии дахлдор ва дигар чорабинихо хифзи сихати ва солимии чомеа нигох дошта мешавад. Зимни ташхис ва дар беморхона  хобондани беморони ба касалихои гузаранда гирифторшуда, чомеа метавонад пеши рохи пахншавии беморихои хавфнок ва гузарандаро гирад.

  1. Дурнамоии микдори ахоли ва мухочират.

Хар як чомеа бояд чунин холатхои  хаёти иктисоди – чун мухочират бояд дар алокаманди бо  хамаи дигар накшахои хочагии халк ба хисоб гирад.Накша пеш аз хама барои таксимоти куввахои мехнати ва умуман ахолии  байни худуди чумхуриро бояд дар назар дошта бошад, ба шарте, ки ин барои инкишофи босуръати хочагии халк зарур бошад. Замоне, ки дар накша чойивазкунии хайати мехнати аз як чой ба чои дигар дар назар дошта шудааст, вазифаи хисобот дар он аст, ки чойгиршавии умуман, ахолиро муайян намояд ва дар хисоби дурнамои худ ба назар бигирад. Бод гуфт, ки

Вазифаи аввалидарача махсус  омухтани гурухи мухочиринро талаб менамояд. Хайати он хусусиятхои хосро дорост:

  • кисми бештари мухочирон бо хайати бештари оилави алокадор аст ва аз онхо ва хамсояхо дил канда наметавонанд,
  • хатто оилаи мухочиршаванда аз руи андоза ва хайат аз оилахои дар чояшон монда фарк мекунад.

Мухочирон аз чихати синну сол ба гуруххои зерин кисмат мешаванд:

  • гурухи кобили мехнат марбут ба шумораи асосии чавонон,
  • гурухе, ки кобили мехнат нестанд ва кисми ахолиро ташкил медихад.

Дурнамои хисоботи дар шакли яклухт ва дар мавриди дигар гузаронида мешавад. Аз руи худуди минтака(бо назардошти тавлид ва умри он) чойивазкуни барои як сол гузаронида мешавад. Низоми бозтавлиди мухочирон аксар мавридхо  аз руи далелхои онхо – хичрати кисми оила, душвории чои нав, канда шудани алока бо чои пешина ва гайра муайян карда мешавад.

add

Один комментарий

  1. мавзуъхои нихоят чолиби диккат махсусан барои ихтисоси география ва иктисод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.