Навруз ҷаҳони шуд

Навруз ҷаҳони шуд

Наврўз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Наврўзро, баҳорро ҳамчун ба зиндагии пас аз марг шабоҳат медиҳанд. Наврўз дар фарҳанги мо тоҷикон рўзи нав, рўзи зиндагии нав, рўзи шодӣ, рўзи адлу эътидол, рўзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рўзи оштӣ аст. Табиат, таърих ва инсон дар ин рўз ҷони тоза меёбанд.

Чуноне Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

Ин навшавӣ ҷузъи фарҳанги қадимаи мост, ки имрўз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват мекунад, дилҳо, андешаҳо ва дастҳо метавонанд аз ин рўз ва дар ин рўз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некўиро пеша кунанд.

19 феврали соли 2010 бо саъю кўшиши роҳбарияти Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон Қатъномае дар бораи Рўзи ҷаҳонии Наврўз таҳия ва ба Иҷлосияи 64 Маҷмаи Умумии Созмони Миллалӣ Муттаҳид пешниҳод гардид. Иҷлосия қатъномаро тасвиб намуд ва Наврўзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард.

Бисту як сол инҷониб Тоҷикистон Наврӯзи ҳуҷастапайро дар марҳилаи нави таърихи худ, яъне дар шароити истиқлоли давлатӣ, дар даврони созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувор таҷлил менамояд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомонию Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукӯҳи тоза бахшид.

Қадамҳои устувор барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз дар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Абу Даби аз 28 сентябр то 02 октябри соли 2009 баргузор гардида буд, гузошта шуданд.

Дар ин ҷамъомад аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода мешавад, дохил карда шуд.

Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо Наврӯз, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид -Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Ҳамчунин, Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, кӯшишҳои давлатҳо-аъзоҳоро, ки дар ҳудуди онҳо Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, ҷиҳати нигоҳ доштан ва ривоҷу равнағ додани фарҳангу анъанаҳои бо Наврӯз алоқаманд, дастгирӣ карда, даъват ба он намуд, ки оид ба Наврӯз маълумоти бештар пешкаш карда шавад, дар ҳолати зарурӣ ҷамъомадҳои ҳарсола бобати таҷлили ин ҷашн ташкил намоянд, таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашн бо мақсади паҳн кардани маълумот дар бораи аҳамияти Наврӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, ба давлатҳои манфиатдор ва Созмони Милали Муттаҳид, хусусан ба муаасисаҳои махсусгардондашудаи дахлдори он, Фондҳо ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳи оид ба масъалаҳои таҳсилот, илму фарҳанг, ташкилотҳои манфиатдори байналмилалӣ ва минтақавии дигар, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, таклиф намуд, ки дар чорабиниҳои давлатҳои Наврӯз ҷашнгиранда, иштирок намоянд.

Баъд аз қабули Қарори Юнеско оид ба ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз воситаҳои ахбори кишварҳое, ки наврӯзро таҷлил мекунанд, онро моли худ ва пешниҳод оид ба ҷаҳонишавии Наврӯзро низ ташаббуси худ эълом намуданд. Ҳатто баъзе расонаҳои хабарии кишвари мо ҳам, зери таъсири ахбори сайтҳои интернетии мамлакатҳои дигар ҳангома бардоштанд, ки Тоҷикистон ягон ташаббус нишон надодааст.

Ҳангоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Директори генералии Юнеско Коичиро Матсуура тирамоҳи соли 2002 дар Тоҷикистон ин масъала муҳокима гардид.

Зимни ин мулоқот сарвари кишвари мо ба директори генералии Юнеско дар бораи анъанаҳои миллии мо, кӯҳан будани фарҳанги кишоварзии тоҷикон, ҷашнҳои миллии меросмонда нақл кард. Аз он ҷумла дар бораи фарҳанги моддӣ, яъне ёдгориҳои таърихӣ ва мадании тоҷикон, фарҳанги ғайримоддӣ аз қабили мусиқии классикии шашмақом, ҷашни Наврӯз бо ифтихор ёдовар гардид.

Коичиро Матсура аз боздиди Қалъаи Ҳисор таассуроти хуб бардошта, ба ёваронаш таъкид намуд, ки тоҷикон таърихи ғанӣ доранд, кӯшиш кунед, ки ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддӣ барои дохил шудан ба феҳристи Юнеско оид ба ёдгориҳои фарҳангии ҷаҳонӣ пешниҳод гарданд.

Дар мавриди Наврӯз ҳамчун ёдгории ғайримоддии тоҷикон соли 2003 ҳангоми мулоқоти ҳайати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои Юнеско бо Коичиро Матсуура дар бораи ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддӣ дохил кардани Шашмақом ва Наврӯз ёдовар шуданд. Дар он вақт шашмақомро бе иштирок ва назардошти ҷониби Тоҷикистон баъзеҳо мехостанд чун моли худ дар феҳристи Юнеско дохил кунанд.

Комиссияи номбурда норозигии худро аз ин амамл ба директори генералӣ изҳор кард. Ниҳоят ин ёдгори мусиқии классикӣ ҳамчун моли тоҷикон ва баъдан ҳамчун мероси мусиқии ӯзбекон қабул гардид.

Оид ба Наврӯз гуфтугӯҳое бо ҳайати эронӣ ва афғонистонӣ сурат гирифта буданд. Соли 2004 Комиссияи миллии Юнеско, олими фарҳангшинос Аскаралӣ Раҷабовро ба ҷаласае, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, фиристонд. Дар ин ҷаласа намояндагони кишварҳои гуногуни ба Наврӯз алоқаманд ба як хулоса наомаданд. Соли 2008 ин масъала дар шаҳри Теҳрон бори навбатӣ дар ҳайати васеътар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он фолклоршинос Рӯзии Аҳмад аз ҷониби Комиссияи миллии Юнеско иштирок дошт. Дар ҷаласа ҳайатҳо ба хулоса омаданд, ки ҷашни Наврӯзро ҳамчун мероси ғайримоддии инсоният аз тарафи Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва якчанд давлатҳои дигар ба иҷлосияи 35 Юнеско пешниҳод намоянд. Ҳамин тавр Наврӯз ба феҳристи Юнеско дохил шуд.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба ҳайси давлати комилҳуқуқ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми худро дар фарҳанги ҷаҳонӣ гузоштааст.

Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи СММ ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз гувоҳи ин матлаб аст.

Иқдоми Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани Рӯзи умумиҷаҳонии Наврӯз барои густариши ин ҷашни бошукӯҳ дар ҷаҳон заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Ин иқдом аз бузургиву шаҳомати Наврӯз, ки минбаъд доманаи анъанаҳои он, чун пайвандгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳо густариш хоҳад ёфт, шаҳодат медиҳад.

Имрӯз мардуми бештар аз бист кишвари ҷаҳон Наврӯзро ҳамчун иди расмӣ ҷашн мегиранд ва ормону арзишҳои волои он ба тамоми инсоният тааллуқ доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон, дар маросими таҷлили сеюмин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ва ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ, 20 марти соли 2012, дар шаҳри Душанбе, қайд намуда буданд, ки Халқҳои Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон, ҳавзаи Баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Шарқи Наздик ва манотиқи дигар бо омад – омади Наврӯз расму анъанаҳои қадимаи худро ба ҷо меоранд.

Халқҳо ва мамлакатҳои ҷаҳон дар заминаи расму оинҳои наврӯзӣ роҳи сулҳу ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоиштаро пеш гирифта, муносибатҳои дӯстонаву мусолиматомезро дар саросари ҷаҳон таҳким мебахшанд.

Муаррихон менависанд, ки Тахти Ҷамшед ва дигар кохҳои даврони Куруши Кабиру Доро мазҳари қудрату шукӯҳи мардуми ориёӣ буданд, ки ваҳдату ягонагии ҷомеаи он давронро таъмин менамуданд.

То кунун дар Тахти Ҷамшед акси намояндаи сарзамини қадимии Суғд ба назар мерасад, ки дар қатори дигар намояндагон роҳи тӯлониро паймуда, барои шодбошии Наврӯз ба ҳузури шоҳ роҳ ёфтааст.

Тахти Ҷамшед аввалин қадамгоҳи устувори ҷаҳонишавии Наврӯз гардид, ки бо шукӯҳу шаҳомат дар сатҳи баланди давлатӣ баргузор мегашт.

Харобаҳои тахти Ҷамшед, ки шукӯҳи ҷашнҳои Наврӯзиро дар худ таҷассум намудаанд, ҳамчун тимсоли ақлу хиради нотакрори мардуми ориёӣ дар зери чархи гардун боқӣ монда, то ба имрӯз мардумони оламро ба ҳайрат мегузоранд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо кард. Давраи ҷаҳонишавӣ, Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, чунки он моҳияти ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист. Мо тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарин ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бошукӯҳ таҷлил менамоем.

Муҳимтарин маросимҳои ҷашни Наврӯз

«Хонатаконӣ»

«Оташи чаҳоршанбеи сурӣ»

«Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», («Ҳафтмим»,)

«Сездаҳбадар» мебошанд

«Хонатаконӣ». Пеш аз омадани Наврўз мардум хона ва маҳалли зиндагии худро пок ва хушбў месохтанд ва дилу ҷони худро аз кинаву хашм ва бадандешӣ пок месохтанд, то арвоҳи гузаштагон аз онҳо хушнуд гарданд ва хайру баракатро ба онҳо пешкаш намоянд.

«Маросими чаҳоршанбеи сурӣ».

Маросими чаҳоршанбеи сурӣ аз кай оғоз шудааст ва чӣ мафҳуме доштааст? Дар фарҳанги наврўзӣ чаҳоршанбеи охири сол, ки ба чаҳоршанбеи сурӣ маъруф аст, ҷойгоҳи махсус дорад, гўйё ин шаб охирин мўҳлат барои омодагӣ ба ҷашнҳои наврўзӣ аст ва ҳама инсонҳо, дар ҳар куҷо, ки ҳастанд, бояд кўшиш кунанд, дар шабе, ки омади Наврўз ҳисоб мешавад, сару пойи худро нав кунанд ва бо дуди оташҳое, ки ба ҳаво меравад, ҳар чиро, ки кўҳна ва вайрон шудааст, аз хона дур партоянд. Ақидае мавҷуд аст, ки дар Эрони бостон ҷашни сурӣ роиҷ будааст, аммо чаҳоршанберо дар аҳди ислом ба он афзудаанд.

Чаро маҳз чоршанбе, маълум нест. Ақидае вуҷуд дорад, ки ин ишорат ба чор фасли сол аст. Сурӣ бошад ба маънои оташ аст. Барпоии оташ дар ин рўз низ навъе гарм кардани ҷаҳон ва зудудани сармо ва пажмурдагӣ аз тан будааст. Дар бисёре аз фарҳангҳои ҷаҳон аз Бобули бостон гирифта то кишварҳои аврупоӣ маросиме монанди афрўхтани оташ дар поёни фасли бардошти ҳосил доранд. Усулан, афрўхтани оташ баъд аз анҷоми хирманчинӣ ҷузъи маросими бисёр маъмули ҷавомеи кишоварзон будааст.

Сездаҳбадар. Наврўзро бо чаҳоршанбеи сурӣ истиқбол мекарданд ва бо «сездаҳбадар», ки охирин рӯзи ҷашнҳои наврӯзист гусел менамуданд. Дар ин рӯз ғаму ғусса ҳаром аст ва ҳама мехоҳанд, ки ин рӯз ба тезӣ гузарад ва ба зиндагии ором бигзаранд.

«Ҳафтсин». Муҳимтарин маросими наврўзӣ шояд ҳамон паҳн кардани дастархони «ҳафтсин» аст. Чизҳое, ки дар суфра ниҳода мешавад, ҳар кадом пайвастагии махсусе бо одоби иҷтимоии ориёиҳо дорад ва ёдовари умури мушаххасест, ки дар суннатҳо ҷо кардааст.

Мардум дар ин вақтҳо хона меороянд, ҳама ҷоро пок мекунанд, либоси нав мепӯшанд, бӯйи хуш дуд медиҳанд, гулу шириниву шарбат мениҳанд ва дар дастархон ҳафт чиз, ки номашон бо ҳарфи «син» шурўъ шуда бошад, мисли сабза, себ, санҷид, сумалак, сирко, сир, сипанд мегузоранд.

2 Загрузки
test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *